Рӯзҳои охир дар бозору фурӯшгоҳҳои вилояти Хатлон нархи як килограмм шакару қанди сафед якбора аз 6 то ба 10 сомонӣ ва 5 литр равған аз 60 то 80 сомонӣ боло рафтааст. Бо чунин суръат баланд шудани нархи маҳсулоти аввалия мардуми вилояти Хатлонро ба ташвиш овардааст. Масъулин омилро ба болоравии нархи он аз давлатҳои содироткунанда рабт доданд.
Сокинон: шакару қанд аз хориҷа меояд, тухму равған чӣ?
– Беш аз 15 рӯзи охир дар бозору фурӯшгоҳҳо ва марказҳои савдои вилояти Хатлон нархи қариб ҳама маҳсулоти озуқаворӣ, аз қабили шакар, қанди сафед, раған, тухми мурғ, орд ва дигар навъи маҳсулот яку якбора баланд шудаст,- гуфт Омина сокини бознишастаи вилояти Хатлон, ки ҳамаги 200 сомонӣ нафақа мегирад. “Хурсанд шудем, ки нафақаи мо аз моҳи сентябр 15 фоиз баланд шуд, аммо баробари баланд шудани нафақа нархи маҳсулот низ гарон шудаст”,- илова кард ӯ.
Ин зани солдида дар идома гуфт: “Қариб як сол боз бо сабаби баста будани роҳҳо фарзандам, ки ягона ноновари хонадони мо буд, дигар ба муҳоҷират рафта наметавонад. Ҳоло дар хонаҳои мардум кор карда, музди ночизе мегирад, ки бо он базӯр зиндагиамонро пеш мебрем. Агар нархҳо ҳамин хел баланд шудан гиранд, мо намедонем зиндагиро чигуна мегузаронем”.
Ҷаҳонгир – мусоҳиби дигари мо гуфт, ки моҳе пеш як килограмм шакар ё қанди сафед 6 то 7 сомонӣ арзиш дошт, имрӯз бошад, нархи онҳо то ба даҳ сомонӣ баробар гардидааст.
Иброҳим – сокини ноҳияи Кӯшониён низ аз гароншавии нархи шакару қанди сафед изҳори ташвиш карда, гуфт, ки “оилаи мо дар як моҳ то 10 кило қанди сафед истеъмол мекунанд. Бинед, агар моҳе пеш 10 кило қандро бо нархи 65 сомонӣ харидорӣ мекардем, ҳоло арзиши ин миқдор қандба 100 сомонӣ расидааст”.
Фарангис, ки дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар барои хариди маводи ниёзашон омада буд, бо таассуф мегӯяд: “Баландшавии нархи маҳсулоти воридотиро ба болоравии қимати он дар кишварҳои содиркунанда раби дода, баҳона мекунанд, вале тухму рағани пахта аксаран истеҳсоли ватаниянд. Айни замон мавсими ғунучини пахта аст ва пунбадона зиёд истеҳсол мешавад. Магар он дар кишварҳои хориҷӣ коркард мешавад, ки нархаш баланд бардошта мешавад? Тухми мурғ, ки пеш 90 дирам буд, ҳоло 1 сомониву 20 дирам шудааст. Равғани пахтаи 5-литра бошад, хубаш 60 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло 80 сомонӣ фурӯхта мешавад. Инсоф куҷост?!”.
Сокини дигари шаҳри Бохтарро боло рафтани нархи орд ба ташвиш овардааст. “Ман корманди идораи давлатиам ва маоши идораҳои давлатӣ ба ҳама маълум аст. Бо 600 сомонӣ маош ва 250 сомонӣ як халтаи 50 кг орд чӣ гуна метавон зиндагӣ кард? Ғайр аз орд дар оила дигар хароҷотҳо низ ҳаст”,- гуфт ин мусоҳиби мо.
Соҳибкорон низ дар ҳайратанд
Чанде аз фурӯшандагони бозору мағозаҳои вилояти Хатлон зимни суҳбат гуфтанд, ки “мо нархро аз пеши худ баланд накардем, аз боло нарх гарон шудааст, мо низ маҷбурем нархҳоро қимат кунем, то ин ки хароҷотҳои худамонро барорем”.
Шараф – фурӯшандаи яке аз бозорҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар зимни суҳбат гуфт, ки “ман 15 сол боз соҳибкорӣ мекунам ва бори аввал аст, ки нархи шакару қанди сафед аз 6 сомонӣ ба 9-10 сомонӣ баланд мешавад ё равғани 60-сомонӣ якбора ба 80 сомонӣ мерасад”.
Ин соҳибкор зикр кард, ки “мо пештар 50 кг шакарро бо нархи 310-320 сомонӣ мехаридем, ҳоло бошад, то ба 420 сомонӣ расидааст. Мо онро кило карда мефурӯшем, як килограмаш тоза 8 сомониву 40 дирам ба дасти мо мерасад. Маҷбурем 60 дирам болояш монда фурӯшем, то хароҷоти роҳ ва андозҳоямонро барорем”.
“То 20 дарсад гарон нашавад, дахолат карда наметавонем…”
Фирдавси Маҳмадсаид – муовини сардори Раёсати Хадамоти зидиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон яке аз омилҳои боло рафтани нархи шакар ва қанди сафедро дар бозору фурӯшгоҳҳои вилоят баланд шудани нархи он дар худи давлатҳои содиркунанда арзёбӣ намуд. Ӯ гуфт, як тонна шакар аз давлатҳои ба Тоҷикистон воридкунанда 361 доллар арзиш дошт, ҳоло бошад, 480 то 510 доллар шудааст. Аз ин ҳисоб соҳибкорон нархро баланд бардоштаанд. Дар идома ин шахси масъул зикр кард, ки ҳоло бо назардошти боҷҳои гумрукӣ, андоз, хароҷотҳои нақлиётӣ як килограмм шакар 8 сомониву 20 дирам арзиши аслӣ дорад.
– Мо ягон нафарро дар масъалаи баланд шудани нархҳо ҷарима накардем. Зеро мо танҳо он вақте дахолат карда метавонем, ки нархҳо 20 дарсад боло раванду он ҳам беасос бошад. Вақте ки маҳсулотро дар давлатҳои воридкунанда 200-300 доллар қимат мекунанд, мо ҳуқуқ надорем соҳибкоронро ҷарима кунем,- гуфт Ф. Маҳмадсаид.
Аз ҶДММ бозори “Ҳоҷӣ Шариф ” ба мо маълумот доданд, ки нархи маҳсуоти хӯрока, сабзавот ва меваҷот дар моҳи октябри соли ҷорӣ чунин арзиш дорад: як халта орд 225-245, 1 кг картошка 2 сомониву 80 дирам то 3 сомониву 30 дирам, пиёз 1 сомониву 40 дирам то 2 сомонӣ, равғани 5-литра 65-80 сомонӣ, шакар 8 сомниву 80 дирам то 9 сомонӣ, қанди сафед 9 то 10 сомонӣ.
Ҳамчунин аз ҶДММ “Фаровон-Қӯрғонтеппа”-и шаҳри Бохтар маълумот доданд, ки рӯзи 23-юми октябри соли ҷорӣ дар бозор нархҳо чунин буданд: як кг орд 4 сомониву 20 дирам то 5 сомонӣ, яъне 50 кг 210 то 250 сомонӣ, картоша аз 3 сомонӣ то 3 сомониву 50 дирам, пиёз 3 то 3 сомониву 30 дирам, шакар 8 сомониву 50 дирам то 90 сомонӣ, қанди сафед 9 сомониву 50 дирам то 10 сомонӣ.
Масъулони бозор зимни суҳбат гуфтанд, ки “мо пайваста нархҳоро назорат мекунем, то фурӯшандагон аз пеши худ нархро баланд набардоранд”.
Масъулон чӣ тадбир меандешанд?
Чанде пеш аз ҷониби масъулони МИҲД-и вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва кулли сохторҳои марбута дар бозорҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар оид ба танзими нарху наво санҷиш гузаронида шуд ва онҳо талош доранд, ки нархҳоро фурӯшандагон худсарона гарон накунанд. Вақт нишон хоҳад дод, ки пас аз санҷишҳои масъулон нархҳо поён мешаванд ё не?
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро дар баробари боло рафтани нархи маҳсулоти воридотӣ нархи маҳсулоти ватанӣ низ боло меравад? Оё Хадамоти зидиинҳисорӣ ва дигар мақомоти дахлдор метавонанд посухи мушаххаси ин суолро барои шаҳрвандон бигӯянд?