Нори хандон боғро хандон кунад,

Суҳбати мардон-т аз мардон кунад.

Гар ту санги сахраву мармар шавӣ,

Чун ба соҳибдил расӣ, гавҳар шавӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Тоҷикистони азизи мо мавзеъҳои хушбодуҳавою назаррабоеро дорост, ки ҳусни таваҷҷӯҳи ҳазорон бошандагони ин рубъи маскунро ба худ ҷалб кардааст. Яке аз чунин мавзеъҳои зебоманзари мӯъҷизавӣ дараи Ҳафткӯл аст, ки аз ҳафт кӯли нозанин ва зеботар аз якдигар – Мижгон, Соя, Ҳушёр, Нофин, Хурдак, Марғзор ва Ҳазорчашма иборат аст. Дар соҳили ин кӯлҳо мардумони меҳнатқарину хирадманд манзил гузида, як умр бо меҳнати ҳалол, бо ҳунармандиву муздурӣ умр ба сар мебаранд. Яке аз деҳаҳои зебоманзари ин дараро Рашна меноманд.

Номи Рашна аз муҳити нотакрори ин кӯлҳо баромадааст. Дар “Ғиёс-ул-луғот” ин калима ба шакли “Рашҳа” омода, чунин тафсир шудааст: “Рашҳа – об, ки аз ҷое таровиш кунад ва ба ҷое чакад” («Ғиёс –ул – луғат», саҳ. 37.) Воқеан, Рашна дар поёни Ҳафткӯл воқеъ аст, дар маҳале, ки оби кӯлҳо таровиш ёфта, ба кули дигар мерезад. Бо гузашти солҳо дар талаффуз ҳарфи «ҳ» ба ҳарфи «н» табдил ёфта, Рашҳаи таърихӣ ба ба номи Рашна машҳур гаштааст.

Сокинони ин деҳа аз ниёгони хеш хушсуханӣ, шеъргӯӣ ва маъракаороиро мерос гирифта, бо ин хислатҳои неки хеш дар водии Зарафшон шӯҳратёр гаштаанд.

Маърака оростан аз суннати ниёгонамон аст, ки тавассути сухани ширину гуворо бо донишу хиради воло барпо мегардад. Воизи суханвар бояд, ҳалим, хушахлоқ, хушгуфтор, ростгӯй, покниҳод ва фикрҳои бикрашро бо далелу мисолҳои  бовариноку хотирмон оро дода тавонад. Маърака мавзеест, ки поку озода ва бехавфу хатар бошад, то воиз сухани хешро озодона гуфта, диққати самеонашро ҷалб карда тавонад:

Ком гӯю гузида гӯй чун дурр,

То з-андаки ту ҷаҳон шавад пур.

Лоф аз сухани чу дур тавон зад,

Он хишт бувад, ки пур тавон зад.

Об арчи басе зулол хезад,

Аз хӯрдани пур молол хезад.

Солҳои ҳафтодуми қарни гузашта зодагони деҳаҳои болооби Зарафшон меваҳои шаҳдбори ин маскани биҳиштосоро, ки дар лаззат ва тамъи шакарбор назир надоранд, ба шаҳрҳои Бухоро, Қаршӣ, Хева, Ашқобод, Марву Нукус бурда мефӯрухтанд ва сарфи рӯзгори хеш мекарданд.

Боре мо ҳам бо ҳамроҳии марди покниҳоди ҳунарманду корсоз Сулаймон бо ин мақсад азми шаҳри Бухорои бостонӣ кардем. Сулаймон марди ҳалим, ботадбир, донишманд, хоксору чашми кордон буд ва ҳамеша аз боби илму маърифат суҳбат меорост:

Ҳамнишине, ки латифу комил аст,

Роҳати рӯҳ асту ороми дил аст.

В-он ки нодониву ғафлат васфи ӯст,

Сӯҳбаташ монанди заҳри қотил аст.

Ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дар растаи назди “Чашмаи Аюб” сокинони Бухорои бостон ашёҳои пурқиммату нодири хешро, ки назир надоштанд, ба савдо мебароварданд. Мо бо ҳамроҳи Сулаймон ба бозори ин раста раҳсипор шуда, аз ашёҳои нодире, ки бухороиён ба савдо бароварданд, ба ваҷд омада, ғарқи тамошои он гаштем.

Растаи китобфурӯшӣ аз ҳама зебову дилкаштар буд, вале муштариёнаш ангуштшумор буданд, зеро он ганҷинаи бебаҳо бо ҳуруфоти форсӣ иншо шуда, таърихи хеле куҳан доштанд, аммо дар чанд даҳсолаи ҳукуматдории Шӯравӣ мардум аз ин хат дур шуданд.

Сулаймон бо завқ аз дасти хонуми ширинзабони паричеҳра китоберо гирифта мутолиа кард ва ба ман муроҷиат кард. Китоби «Ҷамеъ- ул- ҳикоёт» ном дошту аз ҳикояҳои дилкаш иборат буд. Ман аз Сулаймон хоҳиш кардам, ки аз он ду нусха харидорӣ кунад. Сулаймон ду нусха харид ва фурӯшанда бо шодию нишоти беандоза ба харидор миннатдорӣ баён кард. Шодӣ мекард, ки матои ӯ ба савдо рафт.

Хор шудани илму маърифат, асарҳои нодире, ки мулки Аҷамро ба ларза оварда буд, хору залил гашта буд.

Анбуҳи зиёди мардум дар ин сайргоҳ гашту гузор доштанд ва мо ба самти “Чашмаи Аюб” пештар равон шудем, ки мардуми зиёде дар атрофи раста ҷамъ омода суҳбати мардеро, ки вазъ мегуфт, гӯш мекарданд. Мо ҳам ба ин анбуҳ бо машаққат роҳ рафта, ба суханони воизе, ки маърака ороста буд, диққат кардем.

Марди резапайкари хушандом, ки дар тан ҷелак (яктаҳ) ва дар сар дастор дошт, бо муҳаббати зиёд, бо лафзи ширини гуворо, ки аз садои ӯ луълӯ мечакад, достони «Юсуф ва Зулайхо» -и Абдураҳмони Ҷомиро ба самеони хеш қироат мекунад. Вай ҳангоми ситоиши хислатҳои наҷиби Юсуф достони хешро баланд бардошта чун воизони касбӣ бо овози хеле хушу дилкаши ҷарангосӣ суханронӣ менамуд. Воиз барои тақвияти фикраш аз сураи «Юсуф» қироат карда, сомеонро моту маҳбут карда буд. Баъзе ашк мерехтанд ва баъзеҳо аҳсант мехонданд:

Худоро, эй фалак, бар ман бубахшой!

Ба рӯйи ман даре аз меҳр бикшой.

Агар нанҳӣ ба каф домони ёрам,

Гирифторам касе дигар наборам.

Вале чун буд дар сурат гирифтор,

Нашуд дар аввал аз маънӣ хабардор.

Зулайхо васлро меҷӯст чора,

Вале мекард аз он Юсуф канора.

Зулайхо баҳри як дидан ҳамесӯхт,

Вале Юсуф зи дидан дида медӯхт.

Баҳри тасдиқи фикраш аз ғазалҳои ба ин мавзуъ бахшида мисолҳо меоварду суҳбатро рангину ҷаззоб мекард:

Юсуф Канъони ман, Мисри малоҳат турост,

Мисри малоҳат турост, Юсуфи Канъони ман.

Ин дили ҳайрони ман волаву шайдои туст,

Волаву шайдои туст, ин дили ҳайрони ман.

Ман хеле диққат карда, аз шеваи гуфтораш ҳис кардам, ки ин воиз бухорогӣ не, балки рашнагист ва ин фикрамро ба Сулаймон таъкид кардам. Ӯ ҳам фикри маро тасдиқ кард. Чун маърака ба сомон расид, ҳама пароканда шуданд, мо пештар рафта, воизро пешвоз гирифта аҳсант хондем.

-Агар малоли хотиратон нашавад, суоле пурсем.  Шумо аз Рашна нестед? – гуфта пурсон шудем.

– Оре, муаллимҷон ман Шаҳобиддин, бародари Мулломаҳмуди соҳибдевони рашнагӣ ҳастам. Ман Шуморо мешиносам. Ман ҳангоми дар Заврондеҳ тамокукорӣ карданам, Шуморо дида будам, – посух дод воиз.

Мо ӯро ба ҳавлие, ки муваққатӣ истиқомат мекардем, таклиф карда овардем, то бегоҳ суҳбатамон гарму самимӣ гашт. Муллошаҳоб бо суҳбати гарму нарми худ, ки бо лаҳни ширину гуворо оро ёфта буд, хотири моро шод гардонд.

Субҳ аз ӯ хоҳиш кардем, ки қуттиҳои моро ба бозор барад. Ӯ розӣ шуд.

Ҳар субҳ бухорогии сарватманде, ки чойхона, тарабхона ва меҳмонхона дошт, ба бозор барои харид меомад ва аз ман хоҳиш мекард, ки ба хариди ӯ кӯмак расонам. Ӯ изхор мекард, ки чашми хоридориатон хеле писанд аст.

Ба ӯ изҳор кардам, ки як марди мусофири корҷӯй омадааст, ӯ бароятон ёрдам карда, борҳоятонро ба манзил расонад. Ӯ розӣ шуд. Муллошаҳобро фарёд карда ба ӯ шинос кардам. Борҳояшонро ба сабукрав бор карда ба хонааш бурд. Сарватманд хоҳиш кард, ки ӯро бегоҳӣ ба манзили зисташ барам. Бегоҳирӯзӣ мо меҳмони ин шахси сарватманд шудем. Дар ҳавлии барҳаво мардуми бисёре ҷамъ шуда буданд. Онҳо моро гарму самимӣ пазируфтанд. Дар наздикии ҳавлии ин мард масҷиди боҳашамати пурнақшунигор бино ёфта буд, вале ба он касе ворид намешуд.

Чун вақти намози аср шуд, ман аз соҳибхона хоҳиш кардам, ки Муллошаҳоб азон гӯяд. Ӯ хеле мамнун шуду зуд дари масҷидро боз карда, ӯро ба манора баровард. Муллошаҳоб бо садои ширини марғуланок азон хонд ва сомеон шодикунон вориди масҷид шуданд. Воиз дар фарҷоми намоз сураи «Арраҳмон» -ро бо лаҳни шевою бурро қироат кард.

Сомеон ба ваҷд омада, офарин хонданд ва сармоядор хоҳиш кард, ки бигзор ӯ дар ин масҷид ба мардум хизмат расонад ва ба ӯ музди калон таъин карда, ҷойи зист нишон доданд. Ӯ ҳунари сартарошӣ ҳам доштааст, ки дар назди масҷид ҳуҷраи сартарошӣ боз кард.

Рӯзи дигар Муллошаҳобро ба Ғиждувон бурда сару либоси фохира харида пӯшонидем. Дигар ӯ имомхатиби масҷиди Бухорои шариф – макони тамаддуни мулки Аҷам, дар гузашта бо мадрасаҳои пурнақшу нигор, китобхонаҳои машҳур, олимону шоирон, фақеҳони овозадор машҳур буд, гашт.

Булбул ба боғу чуғз ба вайрона сохта,

Ҳар кас ба қадри ҳиммати худ хона сохта.

Шояд аслу насаби Муллошаҳоб аслан бухороӣ ё Самарқандии шаҳрнишин, мардумони воломақрми аҳли илму ҳунар буданду тавассути ҳуҷуми риёкоронаи қавмҳои бодиянишини тангчашм, ки хуношом буданд фирор карда ба паси куҳҳои касногузар пинҳон шуданд, вале он илму маърифати азалии хешро фаромӯш накардаанд. Хираду дониши воло аз насл ба насл идома ёфт. Ӯ хатмкардаи ягон мактаби олӣ набуд, валекин истеъдоди фитрии аз ниёгонашон меросмонда, аз пушт ба пушт гузашт. Модари фарҳангпарвари тоҷик дар зери болини тифлаш китоби муқаддас мегузошт, то ӯро аз тамоми офату балоҳо эмин нигоҳ дорад. Расм буд, ки “Ҳафтяк” мехонд, сипас, “Чоркитоб” таълим мегирифт ва сипас девони Ҳофиз мехонд. Чун донишаш комил мешуд, девони Бедил мехонд. Истеъдодии фитрии ӯро водор мекард, ки ба омӯзиши дигар самтҳо шуғл варзад. Мардуми отифи ин макон бо бозуи меҳнатқарини хеш бо сохтани олоту асбобҳои ба мардум зарур дар водӣ овозадоранд. Онҳо ризқи ҳалоли хешро аз муздурӣ дарёб мекарданд.

Дар деҳаи Заврон боғе меросмондаи бобоиро обод карда дарахтонашонро нигоҳубин мекардам. Ва ҳар сол барои ғун кардани хасу хошок, буттаю алафҳои сабзидаи боғ Муҳаммад ном муздур аз ҳамин деҳаи Рашна ба ман кӯмак мерасонид. Рӯзе ду нафар олим барои ҷамъоварии эҷодиёти даҳонакии мардуми водии Зарафшон ба ин деҳа ташриф оварданд. Меҳмонони олиқадрро зери сояи дарахти зардолу рӯйи кат пешвоз гирифта хони неъмат оростем. Ҳангоми суҳбат мо дар бораи байте мубоҳиса мекардам:

Ёри мардони Худро бош, ки дар киштии Нӯҳ.

Ҳаст хоке, ки ба обе нахарад тӯфонро.

Муҳаммад дар лаби ҷӯйбори наздикии мо нишаста, дасташро дар об шуста хора кард ва ба суҳбати мо ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир карда монанди хонандаи мактаб рост ба назди мо омада бо лаҳни ширини гуворо иброз дошт:

– Муаллимҷон ҳамон хоке ки ҳарос надорад ҳазрати Нуҳ аст.

Офаридгор инсонро аз хок овард, вале ба ӯ ақлу хирад ато кард ва бо ин васила ба ӯ мартабаи паёмбарӣ ва подшоҳӣ дод. Дар “Чаҳоркитоб” гуфторе аст.

Сонеъ аз тин салотин мекунад,

Наҷмро рамзи шаётин мекунад.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар “Маснавии маънавӣ” фармудааст:

Эй мубаддал карда хокеро ба зар,

Хоки дигар кардаӣ Абдулбашар.

Дар сураи “Ар Раҳмон” омадааст: “Халақал инсони салсоли калфахор”, яъне одамиро аз гили таркида офарид, вале дар ӯ нури илоҳӣ таҷассум ёфт.

Баъди ин ҳарфҳо досашро Муҳаммад гирифту аз пайи машғулияти хеш рафт. Олимони ҷавон ба ин сухандонии муздури заҳматкаш аҳсант хонда дар тааҷҷуб монданд…

Ҳамин гуна мардуми отифи маърифатпарвар ва ганҷҳои кашфношуда, гарчи дар паси теппаву адирҳои касногузар пинҳон шуда бошанд ҳам, аз маърифату хиради ниёгонашон ҷудо нашуда китобро муътабартарин ашё баҳри андӯхтани илму маърифат медонанд.

Солҳои охир, тавассути кӯшишҳои хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри андӯхтани дониш, тарғиби китобхонӣ ва рушд маънавиёти мардум ҳар сол озумуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор мешавад, ки чеҳраҳои нав ба нав, ҷавонони суханвару донишманд зуҳур мекунанд ва баҳри рушду нумуъи маърифати ҷомеа заҳмат мекашанд.

Ҳамнишини беҳ аз китоб махоҳ,

Ки мусоҳиб бувад гаҳу ногоҳ,

Роҳатафзои ҷону роҳати дил,

Ҳар чӣ дилхоҳи туст аз ӯ ҳосил.

Нуриддин ШАРИФЗОДА,

омӯзгори собиқадор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь