НОМИ МУҲТАШАМОНРО САНО КУНАД МАЪРУФ

Дар бораи Лолахон Сатторӣ бо ҳамин унвон матлабе навишта будам дар 60 -солагиаш, бо сабаби як гилае, ки мегуфт: ҳамаро тавсифномаи ҳаст ба ҷуз аз ман. Ва бисёр мехост ин корро банда ва ё Холмаҳмад Мавлон анҷом бидиҳем. Чун ҳарду ӯро солҳои тулонӣ мешинохтем. Ба поён нарасид навиштаам, ки устод Бобохонро намешуд ба як ранг тавсифу тасвир кард. Амалҳои хеле наҷибу арзанда дошт ва ҳам мавриде корҳое мекард, ки тамоми сифатҳоро ба хоки сияҳ яксон. Ва боре ҳам, ки суҳбатҳои мо бепарда сурат мегирифт, таъкид кардам: Аз зумрае ҳастӣ, ки дар сифаташ гуфтаанд: “Ӯро бо ҷабр бояд кушт ва дар маргаш ҳой – ҳой гирист.”

Аз ҷумлаи ҳунарҳои наҷибаш ровӣ буду ватандӯст, тарғибгари анъанаву оинҳо ва дӯсти содиқ ва мизбоне, ки тамоми сарваташро барои меҳмон масраф мекард. Ҳар куҷое аз худ бузургтар ва ҳамкору ошноеро бар мехӯрд, иззату икромро арзонӣ медошт. Он чи зикр мекунам, пур кардани саҳифа нест ва ҳамин гуна хислатҳоро кам инсонҳо доранд. Агар маблағ дар ҷайб намедошт, шиносномаашро замонат мегузошту ба эҳтироми чанд тане бошад ҳам, дасткушодӣ мекард. Дар бештари ошхонаву тарабхонаҳо, ки феълашро медонистанду ҳимматашро зарурат ба замонатро намеписандиданд.

Лолахон Сатторӣ беш аз 40 сол садри маъракаҳо ва зеби маҳфилу анҷуманҳо буд. Дар маҳфилу маъракаҳо суханашро бо тамоми нерӯе, ки дошт, аз шеъри Ғаффор Мирзо “Наҷмҳои мозию хуршеди истиқболи ман” оғоз мекард:

Тоҷикам ман,

Ифтихорам аз гузашта бо дами шамшер нест,

Ифтихорам тохтан не, сӯхтан не, ғорату тасхир нест,

Се ҷиҳозам буд аз рӯзи азал дар рӯзгор,

Се силоҳи зиндагонӣ хомаю ною сипор.

Бо расондани маънӣ ва моҳияти суханони шоир, имову ишора, даступокӯбӣ, ҳунару ваҷоҳати ровӣ мӯйи бадани шунаванда рост мешуд. Шеърҳои зиёде медонист ва худ шеър ҳам мегуфт. На шеъри арзанда, вале баробари дигарон буд. Аз эҳсоси масъулият буд, ки ифшо намекард. Ин ҳамаро дар матлаби нахустам навиштам ва баъзе ҳолатҳои дигарро низ, ки бо хоҳиши қаҳрамон буридам ва пасон андешидам ҷойи онҳо низ нест. Хоса аз хислатҳои нохушоянд, албатта аз нигоҳи банда, чизе намондам, дар заминаи мақоли русӣ: “О покойниках, либо хорошо, либо ничего!”

Ҳич маҳфилу маъракаҳои суру сурур ва маргу мотам бе ширкати Лолахон набуд. Нахуст ӯ огоҳ мешуд, худаш дар кадом соати шабу рӯз бошад, ҳозир мешуд, дигаронро ҳидоят мекард, нақлиёт омода менамуд ва то гӯру чӯб мемонд. Дили бузурге дошт ва ҳиммату садоқати беандоза. Шоҳидам, ки дар марги наттоқони шинохтаи русзабон тамоми ҷараёни мотамро сару бар шуда буд. Дар ифои вазифаи хидматиаш дар аёдати кормандони собиқадор ва хизматнишондода беназир буд. Маблағ пайдо мекард, ба дидору аёдаташон мерасид ва туҳфаҳо ва кӯмакҳо мерасонд. Саропо энержӣ буд. Бо ҳамон қаду баст ва вазни аз меъёр бештараш тез ҳаракат мекард ва мудом дар шитоб медидамаш. Ҳама вақт тозаву озода, поклибос ва расмӣ пушок мепӯшид.

Мегӯянд инсонро дар сафар мешиносанд. Борҳо бо устод ҳамсафар будам. Зимнан, ба хотири ошноӣ ба рӯзгори мардум журналистонро ба тамоми навоҳии Тоҷикистон ва Узбекистону маҳалҳои тоҷикнишини Қирғизистону Қазоқистон сафарбар намуда буд. Дар як сафар ба вилояти Суғд гурӯҳи наворбардории Худойдод Орифӣ ва банда низ ширкат доштем, ки филми мустанади телевизионии “Аспара” ҳосил шуд. На танҳо вохӯрӣ бо мардум, балки ҷойҳои таърихӣ, гузарҳои косибону ҳунармандон аз Истаравшан то Хуҷанду Конибодому Исфара дар нақшааш ворид буданд. Ҳине ки дар Конибодом ба хонаи собиқадори телевизион ворид шудем, огоҳ гардидам, ки дар рӯйхати устод Лолахон 19 нафари дигар зикр шудааст. Ман бори нахуст бо Гавҳар Мирҷумаева ва шавҳараш, кинорежиссёр Абдураҳим Қуддусов, ки бемории шадид дошт вохӯрдам. Абдураҳим Қуддусов муаллифи филми бадеии “Салом, Гулнора Раҳимова”, пас аз солҳои тӯлонӣ бо дидани ҳамкорон мегиристу мегирист. Ин сӯҳбати хотирмон дар ягон шабакаи телевизион пахш нашуд.

Воқеаи дигари хотирмон дар зодгоҳи Сайфи Исфарангӣ ба вуқуъ пайваст. Бо иллати вохӯрӣ ва аёдати собиқадорон бардоштани филм ба таъхир меафтод. Бинобар ин аз гурӯҳи журналистон бо сарварии Лолахон Сатторӣ, бо баҳонае гурехтем. Ӯ суроғу пай карда ба ҷойи наворбардорӣ омад. Банда ба хотири пурра дар экран намоён шудани хонаи лаклак, ки болои чанори азиме, рӯйи гӯри шоир бунёд шуда буд, аз болои сафили баланде стендап пахш мекардам. Лолахон Сатторӣ ҳамон ҷо ҳозир ва муддаӣ ба хондани шеър шуд. Ӯ дар як дам аз пажуҳишгари осори Сайфи Исфарангӣ, ки моро ҳамроҳӣ мекард, ғазале баргузида, омода карда буд. Шарт гузоштам, ки ғазалро рӯйи девор баромада, хонад. Мутмаин будам, ки бо чунин ҷусса ин кор аз дасташ намеояд. Аммо одам ёфта, чи корҳое карда, ба хондани ғазал муваффақ шуд. Ба қавли мардум хеле ҷонкан буд. Ҳамчун раиси Иттифоқи касаба сарашро ба сад дар мезад, ки ба нархи дастрас ба кормандон маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намояд.

Як хислати накӯи дигараш дар эҳтироми устодонаш зоҳир мешуд. Ӯ Меҳмон Бахтӣ, Абдурашид Ализода, Бурҳон Раҳмон, Ортиқ Қодирро аз муаллимони худ мешумурд. Нисбат ба дӯстон ва наздикон муроҷиаташ: “додари акабезор”, ё “акаи додарбезор”, “Апа ё хоҳари додару акабезор” буд. Агар сухане ё пешниҳоде маъқул шавад, бо ширинӣ мегуфт: “дар номи падарат ҷонам!” ва шавқ ба соне механдид, ки тамоми ҷисми бузургаш меларзиду меҷунбиду механдид. Ҳамин ҳолатҳо бароям хушоянд буданд.

***

Барои хонанда аз матлаби чанд сол пеш навиштаам ёд овардам. Ба суди ман буд, ки чанд сол қабл кумита барои таҷлили 60-солагии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, наттоқи дараҷаи олӣ Лолахон Сатторӣ иҷозат надод ва матлаби нокомил ва ба рӯйихотир матраҳ намудаам, нашр нашуд. Балки дар ин хусус гап накушоданд ва таъкиду таҳдид ҳам карданд, ки аз зодрӯз дар ҷойе ишора нашавад. Ба ҳар ранг ба қавле “тавсифнома”-ро ба дасташ дода, ҷонамро халос карда будам. Дар зодрӯзаш, ки моҳи феврал буд, чанд тани сарсахт ба табрикаш омадем ва дар рафти суҳбат ба матлаби ман ишора карданд, ки дар ҷойе Лолахон ва ҷойи дигар Бобохон зикр кардаам.

Ҳарчанд эҳсос мекардам, ки мақола ба дардаш нахӯрдааст ва комилан мунтазири навиштаи самимитарест, вале асрор намекушод. Варақҳои чопиро ба даст гирифту миннатдорӣ изҳор намуд:

– Эшон, дар номи падарат ҷонум, барои ман шуда хеле ҷустуҷӯ кардаӣ. Ман акнун фаҳмидам, ки ба ҷуз номи гулбуна Лола тоифае будааст аз курдҳо, номи чароғи булурин ва шоире аз қавми браҳманҳои Ҳинд. Рубоияш маъқулам шуд ва онро аз ёд кардам. – Бо ин варақҳоро як сӯ гузошту рубоии Лоларо қироат кард:

Дорем ҳавои васли он ёр, ки нест,

Хоҳем вафо аз он ситамгор, ки нест.

Дар фурқати ёр сабр ҷустему қарор

Овоз баромад аз дили зор, ки нест.

Ва ҳамин ҷо қоил шуд, ки шеър ҳам менависад ва чанд пора ҳам хонд. Чун суҳбат ба хушдилию хушзавқӣ оид буд бо шухӣ гуфтам, ки ба қавли устод Рӯдакӣ Лолахон номи сирф фархориён аст ва ба рангу табиататон мувофиқ:

Он бути айёрфитна, он бути фархор,

Он ба ду рухсор чун ду лолаи барбар.

Бо гузашти замон на Лолахон Сатторӣ ва на банда аз матлабу нашри он ёд наовардем. То он замоне, ки ман аз радио рафтам ва ӯро ба нафақа гусел карданд ва муддате ҳам сипарӣ шуд. Гоҳ-гоҳе, ки ба радио меомадам аз ӯ суроғ мекардам, ки ба қавле хонаи умед буд ва сухани мегуфтагӣ дошт. Ҳеҷ набошад меҳрубонӣ мекард ва сари як пиёла чой аз гузаштаву имрӯз ёд меовардему мегуфтем. Эҳсос мекардам, ки тавону қувваи пешинро надорад, алангаи фаъолияташро фурӯ нишондаанд. Чашмонаш мисли пешин намедурахшанд, вале боз ҳам асрор намекушод. Дар овоне, ки насл иваз мешуд талош мекардем, ки бо баҳонае вохӯрем.

Сабаби баргашт ба ёдномаҳо марги нобаҳангоми Лолахон Сатторӣ аст. Чанд ҳолатест, ки гумонам, маргашро тезонд. Вагарна акнун нола бар даҳонаш расида, ба қавли худаш “соҳиби ҷову пойи шармшикан” шуда буд, ки марги нобаҳангом ӯро аз миёни мо рабуд. Ин замон барои мо рафиқонӣ ҳисобӣ Лолахон Сатторӣ намерасад…

Овони рухсатӣ варақҳоямро ҷамъу гир мекардам, ки амонат – навиштаҳои пуршикояти Лолахон Сатторӣ рӯ зад. Бори дигар онро хондам ва аз он, ки дар зинда буданаш матлабе барояш иншо накардам, ҳолати рӯҳониашро дарк накардам ва бепарвоӣ зоҳир намудам… Ба ҳамин монанд андешаҳо дар мағзам чарх заданд. Пушаймонӣ суд надошт ва муште, ки пас аз ҷанг бардошта мешавад, бар сари худ бояд кӯфт.

 ХУНИ ДИЛИ ЛОЛА ДАР ДИЛИ ЛОЛА

Охирҳои моҳи апрел буд. Дар корхона будам, ки Лолахон Сатторӣ занг зад. Бо ҳамон садои марғуладор, аммо андаке хаста, пас аз дуруду паём пурсид, ки дар куҷоям. Гуфтам дар корхона.

– Дар номи падарат ҷонам, хезу як таксиро савор шаву ба пушти дармонгоҳи рақами 1 биё, ки ба Худо қасам, ки мекафам. Ҳолам хуб нест. – Пас аз андаке таҳаммул бо илтиҷо идома дод. – Рост мегум, гапамро шӯхи нафаҳм. Намедонам сарамро куҷо бизанам. Не нагӯ! Аз куҳнаву қадрдонҳо ҳар ду мондем. Ҳама мурд…

– Бобохон Саидович! – Барои пешгирии идомаи суҳбаташ, ба тариқи расмӣ муроҷиат кардам. – Фаҳмидам, вале андаке гирифторам. Муҳокимаи рисолаи як ҷавони нозанин аз шаҳри Бохтар мегузарад. Ман масъулам. Пас аз як соат ё бештар ба дидоратон шарафёб мешавам.

Таъкид кард, ки пеш аз корхона баромадан зангаш бизанам. Корҳоямро анҷом дода, огоҳаш кардаму ба нақлиёт нишастам. Ба ҷойи вохӯрӣ наздик мешудам. Яке чашмам ба суроби Лолахон Сатторӣ бархӯрд, ки миёни чанорзорони хиёбони устод Айнӣ бо сари хам, китфони овезон, ки гӯё бори вазине дошт, ба зӯр қадам мезад. Фаромадаму самимона вохӯрӣ кардем. Мӯйи сафеди ғулиашро бо панҷаҳои дастонаш ду бор шона заду изҳори сипос кард. Дар ошхонае, ки ғизоҳое тоҷикӣ мепазанд, таги дарахте нишастем. Рухсораҳояш варамида ва чашмонаш сурх буданд. Гумон доштам, ки шояд шаб дар маҳфиле нишаставу аз будаш зиёд нӯшида. Барои бехалалии хотираш, аз гумонам, бо як байти Салим ишора кардам:

Чу лола чашм сиёҳ аз хумор дорӣ сурх,

Пиёла то ба саҳар дӯш дар куҷо задаӣ?

Сарашро хам кард ва ба ҷойи ҷавоб болои рухсораҳои барҷаста ва чиндораш қатраҳои ашк равон шуданд. Дар тамоми солҳои ошноӣ ман Бобохон Сатториро дар чунин аҳвол надида будам. Албатта, дар марги дӯстон ва ҳамкорон шонашикан мегирист ва пинҳону ошкоро барои “беҳиракӣ” мазамматаш мекардем. Вале ин ҷо комилан дигар ҳолат буд. Дилам рӯйи дигар гашт, ки бояд ҳодисаи ҷиддие сурат гирифта бошад. Бароям имкони савол нагузошт.

– Пас аз марги ҷигарбандонам, ки болу пар ва қоматам шикаста буд, дигар ҳолатест, ки ба худ омада наметавонам. – хаста ба сухан оғоз кард ва миннатдорона эътироф кард. – Гапҳоят рост буданд, ки дар бисёри ҳолат мо ба манфиати роҳбарон кор мекардем, коргарони одиро дуюминдараҷа медонистем. Вазифаи асосӣ ҳимояи онҳо аз рӯйи қонун бояд сурат мегирифт. Вале аз рӯйи виҷдон ба дараҷаи зарурӣ амали дурусте анҷом надодем. Корҳои ношоиста ва ғайриқонунии роҳбаронро мепӯшидем. Онҳоро дӯсту бародар ва пушту паноҳи худ медонистем, ки ному сиёсати Роҳбари давлатро ба суди хеш истифода мекарданд. Аммо онҳо ҳаннотанду фиребгар.

Мани ҳайрон бо даҳони боз мунтазир будам, ки сарриштаи чигил дар куҷост ва роҳи рафт дар ин чорроҳа кадом тараф аст? Сухане намеёфтам, на барои савол ва на барои дилбардорӣ. Дар ҳамин ҳолат ӯ бастаи варақҳоро аз кисаи даруни костюмаш бароварду пешам ниҳод. Болояш навиштае буд: Ба раиси Федератсияи Иттифоқи касабаи мустақили ҶТ муҳтарам Неъматзода Маликшоҳ аз номи… Сатторов Лолахон Саидович… тел. 93 …66 33.

Ариза бо чунин суханон оғоз мешуд: “Дар давоми фаъолияти меҳнатии 45-солаам аввалин бор ба даст қалам гирифта, аз бобати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахсӣ ва касбиам ариза аз бевиҷдонию бемасъулиятӣ, қонуншиканию дурӯягии бархе аз роҳбарони Кумитаи ҷумҳуриявии Иттифоқи касабаи фарҳанг, иттиллоот, сайёҳӣ ва варзиши Тоҷикистон, чанд саҳифа аз сифоту сирату сурати роҳбари корношоямгаштаи дурӯяи аз касбу ҳунар ва фаъолияти журналистӣ фарсахҳо дур, навишта ба умеди ҳақро ба ҳақдор расонидан, муроҷиат намоям.”

– Вазифаи ман чист ва сухан аз боби кӣ ва чи ҳолат меравад? – пурсидам ва барои аз шиддати авзо баромаданаш, афзудам. – Чаро худатро азият медиҳӣ? Ҳоло барои миллату давлат даркор ҳастӣ. То мисли Шумо устоди касб ба камол мерасад, ки миёни чанд насл мешиканад. Хайр чӣ, ман рафтам, ту рафтӣ, дигарҳо ҳам меоянду мераванд. Ин низомро на тағйир асту на ислоҳ.

– Ҳамаашро хуб мефаҳмам, – каме руҳияаш бардошта шуд. Вале якбора оташ гирифт. Чеҳрааш хун пур кард. – Ман барои кор ва нафақа гусел кардан шикояте надорам. Одамеро, ки 45 сол собиқаи корӣ дорад ва 16 -сол раиси Иттифоқи касабаи кормандони кумитаи телевизион ва радио буд, Ҳунарпешаи ҶТ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илм, фарҳанг, матбуот, телевизион ва радиоро таҳқир карданд, фиреб доданд. Аз ин дида мезаданд, мекуштанд, сад бор беҳтар буд. Ҳамин хел ният ҳам доранд. Дилхунук шудам. Магар барои ҳамин рӯз умрамро зоеъ кардам. Маро аз ҷаласа пеш карданӣ шуданд. Мани собиқадорро дар пленуми Иттифоқҳои касаба 27 декабри соли 2023 шунидан нахостанд.

Шасташро омадани пешхизмат гардонд, ки чою ғизо овард ва бо самимият аз аҳволи устод пурсон ва гила ҳам кард, ки камдидор шудааст.

– Вазифаи Шумо Бобои Эшон ҳамин, ки дар давоми ҳамон мақолаат навис: Лолахон Сатторӣ, ки соҳиби ҳамаи унвонҳост, садояш 40 сол дар радиову телевизион танин меандохт, соли 1992 -1993 ҳама гурехта буданду дар радио танҳо монда, зери фишору таҳқир ба корхона меомад, қадри як саги бесоҳибро надорад.

Ба ҳоли шахси аламдида, ки бароям муҷассамаи устуворӣ, сабурӣ, тавоноӣ ва ҳар чизи хубу зишти дигар низ буд, дилам сахт сухт. Аз ман бадтар, дарун ба дарун оташ гирифта буд. Месӯхт. Ҳарос доштам, ки ба дарди бадтаре гирифтор мешавад. Ин ҳама умрашро кӯтоҳ хоҳад кард.

– Тасаввур мекунӣ, дар ҷаласа Амирқул Шохонов, ки дар радио барои дуздидани компютерҳо муттаҳам ва аз кор пеш карда шуд, нописандона, балки бо таҳқир, гӯё бо як сағераи кӯча, нописандона, гап мезанад, ки: Ҳа, Лолахон ту чӣ мековӣ? Туро ҳеч кас даъват накардааст! – Ӯ рӯймолчаашро аз ҷайбаш бароварда пешониву гардан пок мекунад ва бо нафрат илова мекунад:

Сагеро хуни дил додам, ки бо ман ошно гардад,

Надонистам, ки саг хун гар хурад, хунхор мегардад.

Ман гапро ба шӯхӣ гардонда, ваъда кардам, ки “достони бо сад дарду алам навиштааш”- ро дар хона мехонам. Фақат ором бошад. Аммо ӯ аспи дар давро мемонд, ки ба қура наздик мешуд. Аз шасташ намегашт ва ором намешуд. Дар миён пурсидам гила аз кумита дорад ё Федератсияи Иттифоқҳои касаба?

– Беҳурматӣ, беизаттӣ, амалҳои ғайриқонунӣ ва рафторҳои ғайриоинномавӣ аз ҷониби Ҳоҷиева Зарина Боймуродовна содир шуд, ки дар ариза ҳамааш зикр шудааст. – ваҷоҳатамро пай бурда, суханашро кӯтоҳ кард.

Бори дигар ба “Ариза” муроҷиат кардам ва яқинам шуд, ки сухан аз ҷаласае меравад, ки моҳи декабри соли 2023 баргузор шудааст. Бо ханда пурсидам, ки “Кор порсол шудааст, имсол қаҳрат омада?” Ӯро низ ханда омад, вале боз ҷиддӣ шуд:

– Аризаро пасон навиштам. Пас аз андеша хостам аз дили Раиса барорам, узр хоҳам. Охир умр кирои ин ҳама бадиҳоро надорад. Ва ҳам хостам қарори ҷаласаи ҳисоботиро дар бораи қадрониам гӯшрас намоям, ки омадааст: “Муддати сеюним моҳи бекорӣ аз 13-уми апрел то 17 -уми июли соли 2023 ҷуброн карда шавад.” Ва пас аз сабукдӯш шуданам вазифадоранд, ки музди семоҳа бароям бидиҳанд. Ба утоқи кориаш даромадам, он миқдор таҳқиру маломатро ба сарам рехт, ки ҳисоб надорад…

Ҳарчанд худро ором вонамуд мекардам, аммо дилам дар ҷояш набуд ва сарам дар фикри онҳое, ки барои фардои осуда ва рӯзгори боиззату арҷмандӣ талош варзиданд, ҳазор кӯҳу куталро тай мезаду пай мезад. Ёдам падарам омад, ки бо 55 -соли муаллимӣ 5 сомонӣ нафақа муқаррар шуду дер напоид. Ӯ умед дошт, ки дар пиронсолӣ муҳтоҷи касе нахоҳад шуд. Ҳамон андешаи 5 сомонӣ, ки натиҷаи заҳмати якумрааш буд, падарамро кушт. Бо ин андеша хона расидам ва идомаи аризаро хондам.

 КИСТ ЗАРИНА ҲОҶИЕВА?

Ин замон ҳангоми мутолиаи такрории “Ариза” ёдам меояд ҷараёни сӯҳбат бо Лолахон Сатторӣ.

– Ҳамоне нест, ки падарашро падар мехондию худашро хоҳар?

– Рост гуфтӣ. Падараш Боймурод Ҳоҷиев 27 -сол дар ҳамин муассиса Раис буду пас аз нафақа ҷояшро ба духтараш мерос гузошт. Ва Зарина Ҳоҷиева аз соли 2008 иҷрокунандаи раиси Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони маданият ва аз соли 2009 раиси Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг ва иттилоот интихоб шуд.

– Як замоне ба лагери хонандагон бо ҳамроҳии Ҳоҷиев рафта будем.

– Аз он лагер дигар ному нишон нест. Дар замони падараш хоку намаку обу лояш карданд. – Дар омади гап мегӯяд, Лолахон Сатторӣ.

Барои худам меандешам, бо ин ҳама бе қадрӣ ва беиззатие, ки нисбати корманди баландрутбаи ташкилот зоҳир шудааст, мешавад ба Қонуни ҶТ “Дар бораи Иттифоқҳои касаба” ва оинномаи он эътимод кард, ки саросар ба ҳифзу ҳимояи аъзои он бахшида шудааст. Агар дар заминаи қонунҳои мавҷуда амал мекунад, пас ивази роҳбарон дар муддати муайян мувофиқи мақсад нест? Ман ин нуктаро ҳамчун узви Иттифоқ мегӯям. Ва ба хотири муқаррар намудани иштибоҳ ва ғалатҳои зиёд дар фаъолияти Кумитаи ҷумҳуриявии кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ вориди масоил мешавам. Масъулону роҳбарони Иттифоқ, агар кормандони аз асрори ташкилот огоҳ ва ҳамқадами худро бифиребанд, хидмати онҳоро ба ҷаве нахаранд, сад войи мо – аъзои оддӣ. Худатон хулоса бароред.

Аз Лолахон Сатторӣ бо шӯхӣ мепурсам, ки сабаби ҷудоии Шумо кадом “хонахаробе” шуд? Аз сабабе, ки суханонаш айнан дар ёдам нест ба аризааш муроҷиат мекунам. Лолахон Сатторӣ домангир аз он аст, ки пас аз 7- рӯзи баромадан ба рухсатии меҳнатӣ 05.04.2023 бозхонд шуд, ки хилофи қонун аст ва пас аз як ҳафта, 13-уми апрели соли 2024 дар конференсияи ҳисоботии кормандони Кумитаи телевизион ва радио сабукдӯш гардид. Ҳарчанд аксари кормандон ба фаъолияти раиси Иттифоқи касаба баҳои хуб дода буданд. Тибқи ариза, гӯё ҷараён ва натиҷаи конфронс қаблан матраҳ шуда буд, ки Зарина Ҳоҷиева ба он ҳозир нашуд. Онро Лолахон Сатторӣ беэҳтиромӣ ба иттиҳодияи сернуфузи Кумитаи телевизион ва радио мешуморад.

Сабаби дигари тезутунд шудани муносибатҳои Раиса – Зарина Ҳоҷиева бо Лолахон Сатторӣ қарори раёсати Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг… аз 27.12. 2023 буда, ки фаъолияти Кумитаи мазкурро дар соли 2023 ғайриқаноатбахш ҳисобид. Ин қарорро Б. Сатторӣ низ дастгирӣ намуда буд. Бо вуҷуди ин ҳама Пленум, ки мувофиқи қарори ҷаласа бояд 04.01.2024 масъалаҳои ташкилиро баррасӣ мекард, баргузор нагардид ва Зарина Ҳоҷиева дар вазифааш устувор монд…

Барои равшантар кардани чеҳраи воқеии Зарина Ҳоҷиева муддаӣ менависад, ки дар муддати чанд соли охир, агар раиса борҳо ба Маскав рафта бошад (дар ин маврид маблағ ҳам гирифтааст), боре ҳам барои вохӯрӣ бо мардум ба Суғду Хатлону Бадахшон қадам нагузошта. “Дар моҳи май соли 2023 ба зиёрати хонаи Худо ба Арабистони Суудӣ рафтанд. Оё доир ба рӯзҳои дар кор набуданаш ҳуҷҷат доранд?”

Ҳамзамон Лолахон Сатторӣ аз раиси Федератсия хоҳиш мекунанд тафтиш шавад, ки 7 соли охир ҳангоми рухсатиҳои меҳнатӣ касеро ба ҷояш нагузошта, дар равандҳои санадгузорӣ (имзо, маблағситонӣ) ширкат варзидааст. Ва низ тақозо мекунад, ки бипурсанд, ки ҳамчун Раиси Кумитаи Ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ “Чанд китоб хондаасту кадомҳост ва дар Тоҷикистон чанд шабакаи радио ва телевизионӣ фаъолият дорад?” Ман низ мехостам бифаҳмам ва дигар узви иттифоқҳои касаба низ. Зеро дар муддате, ки озмунҳо бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад, мо сару садое аз ин ташкилоти ба қавле бонуфузу халқӣ, нашунидаем. Сухан аз боби қадрдонӣ ва ҳавасмандгардонӣ намеравад…

Барои чӣ бо тафсил дар ин бора менависам? Магар ба Зарина Ҳоҷиева ғарази куҳна дорам? На! Банда шарафу қадру манзалати дӯстамро ҳимоя мекунам. Ман дӯсти хирс нестам. Ва низ бояд пеши ҳамагуна қонуншиканиҳо гирифта шавад ва гунаҳгор муҷозот шавад. Ҳеҷ курсӣ моли меросӣ нест ва моликияти халқ бесоҳиб. Аз тарафи дигар, хоҳони онам, ки рисолатамро адо кунам, ҳақ ба ҳақдор бирасад, то рӯҳи дӯстам – устод Лолахон Сатторӣ ором ва осуда гардад.

Ҷонибек АСРОРИЁН,

 узви Иттифоқҳои касаба аз соли 1976

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь