Чунин ба назар мерасад, ки фиребу дурӯғ барои мо меъёр шудааст. 1 апрел дар дунё ҳамчун Рӯзи ханда ва ё дурӯғу фиреб шинохт дорад. Он аслан як иди ғайрирасмиест, ки дар ин рӯз мардум ба ҳамдигар шӯхӣ мекунанд, дӯстон ва наздиконро бо хабарҳои ҳазломез гӯл мезананд ва бо ҳазлу бозӣ фазои хушҳолиро эҷод мекунанд.

“Азия плюс” менависад, ки манбаи аслии пайдоиши Рӯзи ханда то ҳол дақиқ маълум нест, аммо чанд фарзияи маъруф вуҷуд дорад. Вобаста ба баробаршавии баҳор дар бисёр кишварҳо пештар 1 апрелро ҳамчун ҷашни баҳорӣ бо шӯхиву бозӣ таҷлил мекарданд. Дар асрҳои миёна Соли нав 25 –уми март оғоз мешуд ва 1 апрел ба анҷом мерасид. Баъди иваз шудани тақвим, баъзеҳо ба таҷлили ин Соли нави кӯҳна идома доданд, ки дигарон онҳоро “аблаҳони апрелӣ” меномиданд ва шӯхӣ мекарданд.

Фарзияи дигар чунин мегӯяд, ки Рӯзи ханда бори аввал дар Фаронса пайдо шудааст, ки дар он мардум ба ҳамдигар тӯҳфаҳои пучи хандаовар медоданд.

Дар Тоҷикистон ин рӯзро бештар ҳамчун Рӯзи дурӯғгӯӣ мешиносанд. Пас мо метавонем ҳоло бипурсем, ки аз ҳама бештар кӣ дурӯғ мегӯяд? Оё ҳеч шуда, ки ин саволро ба худатон дода бошед? Воқеан, фикр мекунед посух пайдо кардан ба ин пурсиш аҳамияти каме дорад? Ман чунин фикр намекунам ва боварии комил дорам, донистани он ки дар кишвар кӣ аз ҳама бештар дурӯғ мегӯяд, дар тасмимгириҳо ва хулосаҳои ҳар кадоми мо бисёр таъсиргузор хоҳад буд.

Аммо… чаро рӯзи якуми апрелро рӯзи дурӯғгӯӣ ё хандаву шухӣ меноманд? Оё чӣ зарурат дошт, ки як рӯзи вижае барои дурӯғгӯӣ ва хандидан барои дурӯғ ихтисос бидиҳанд? Охир дурӯғ чи кайфияту ҳаловате дорад, ки рӯзе барояш ҷудо кардаанд? Чаро рӯзи ростгӯӣ вуҷуд надорад? Ба назаратон мо фақат дар ҳамин як рӯз ошкоро дурӯғгӯӣ мекунему рӯзҳои дигар фақат рост мегӯем?

Ба Худо, ки не! Имрӯз чунин ба назар мерасад, ки дурӯғ гуфтан як усул ва меъёри рӯзмарраи зиндагии ҳар фарди ҷомеа шудааст. Ҳар кас ба навъе дурӯғ мегӯяд. Гӯё дурӯғ нагӯянд, рӯзашон намегузарад ё шикамашон сер нахоҳад шуд. (Чунин гуфтам, зеро имрӯз аксарият фақат дар фикри гузаронидани рӯз ва пур кардани шикам ҳастанд!)

Шояд бештарин дурӯғро дар Комиссияи марказии интихобот гуфта бошанд, ё баракс онҳое, ки дар интихобот ҳаққи худро зоеъшуда мебинанд? Ба ҳар сурат дар ин ниҳод ҳамеша дар бораи интихоботи демократӣ ва шаффоф мегӯянд ва фоизи иштироки раъйдиҳандаҳоро дар ин маърака беш аз 80 эълон мекунад. Аммо мардуми хеле зиёдро мебинем, ки мегӯянд аслан дар ин маърака ширкат надоштанд, ё як нафар ба ҷои чандин кас овоз додааст. Ҳарчӣ ҳаст ё не, мо намедонем кадоме аз ин қишри одамон бештар дурӯғ мегӯянд – онҳое, ки мегӯянд дар интихобот ширкат надоштанд, ё масъулони КМИР. Ҳол он ки донистани ин воқеият барои таъини ояндаамон хеле муҳим аст.

Як дурӯғи дигар дар мавриди шумори муҳоҷирони меҳнатӣ аст, ки омори як ниҳоди давлатӣ ба омори дигараш дар ин бора мутобиқат намекунад. Ин оморро аз 600 ҳазор дар Тоҷикистон ва беш аз 1 миллион дар Русия ҳадс мезананд. Як бор Путин ҳам зимни вохӯрӣ бо Эмомалӣ Раҳмон маълумоти дигаргунаро пешниҳод кард ва бинандаи он наворро ба фикрҳои гуногун бурд. Дар ин миён, ҳангоми интихоботи парлумонии соли 2020 собиқ раиси ҲСДТ шодравон Раҳматилло Зойиров шумори муҳоҷирони меҳнатиро 2, 3 миллион арзёбӣ кард.

Боз ҳам тазоду шояд дурӯғ ва фикр мекунед донистани он барои мо муҳим нест?

Дарвоқеъ, дурӯғ гуфтан дар эълони омор ҳамеша мушкили ҷомеаи мо будааст. Ин ҳам дуруст аст, ки мегӯянд 3 навъи дурӯғ ҳаст: дурӯғ, дурӯғи ошкор ва омор! Инро фаҳмидан мумкин. Ба ҳар ҳол, он ҷо манфиате ниҳон аст.

Аммо фаҳмида наметавонам, вақте ҳатто дар омор бархе беморонро кам нишон медиҳанд (даҳшатноктарин ҳолатро соли 2020 вақти пандемия дидем), яъне ошкоро дурӯғ мегӯянд. Аз ин чӣ фоида медида бошанд?

Як мушкили дигар, сарватмандон ба хотири камтар пардохтани андоз дар мавриди дороияшон дурӯғ мегӯянд ва инро ҳам фаҳмидан мумкин: меъёрҳои Кодекси андоз вазнин аст!

Кормандони Кумитаи андоз ҳам ба ҳама бо нигоҳи шубҳа менигаранд, яъне: яке барои напардохтан ё кам пардохтани андоз дурӯғ нагуфта бошад? Ҳарчанд медонад, ки як тоҷир чаро бояд дурӯғ мегӯяд ва агар дурӯғ нагуфт, маълум аст, ки аз нони хурданаш мемонад.

Дар баъзе намоишгоҳи маҳсулот молеро, ки аз дигар ҷо харида овардаанд, ҳамчун маҳсулоти ин ё он корхона ва ё хоҷагӣ пеши меҳмонони олиқадр ба намоиш гузоштаанд. Дурӯғ дар рӯзи равшан!

Нақл мекунанд чунин фиребгариҳо борҳо исбот шуда ва меҳмонон мебинанд, ки дар ҷӯяк ба ҷои маҳсулоти парварида меваҳои хушрӯи аз бозор харидаро гузоштаанд.

Мардумоне ҳам ҳастанд, ки на танҳо дурӯғгӯӣ мекунанд, балки бадбахтона ба номи Худо қасам мехӯранд. Яъне ҳамин қадар дурӯғгӯ шудаем, ки бе қасам бовар дорем касе боварамон намекунад.

Соҳибмансабонеро ҳам борҳо шоҳид будаем, ки барои наҷоти ҷойгоҳи худ ва барои берун рафтан аз вазъияти ногувор дурӯғ мегӯянд. Мисолҳо зиёданд. Онҳоро борҳо зикр кардаем.

Сухан кӯтоҳ, гӯё дар Тоҷикистон имрӯз дурӯғ гӯё ба як меъёр табдил шудааст.

Аммо саволи матраҳ ин аст, ки то кай?

Ҳол он ки дар асре зиндагӣ мекунем, ки тамоми дурӯғҳо ҳатман ба зудӣ маълум мешаванд. Имкони пинҳон кардани фиребу дурӯғ бисёр кам аст. Агар медонем, ки дурӯғамон ҳатман ошкор мешаваду новобаста аз ин аз гуфтанаш ор намекунем, ин чӣ маъно дорад?

Беорӣ? Пӯстғафсӣ?

Ё чӣ?

Раҷаб МИРЗО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь