Наздики нимаи шаб. Занги телефон. Баъди салом мусоҳибам, ки як зиёии соҳибмансаби водии илму адаб аст, аз банда хоҳиш мекунад, ки коғазеро тарҷумаву дуруст кунам. Хеле оҷил. Мефаҳмонамаш, ки ҳоло вазъи равониам хуб нест, дар чунин ҳол кори дурусте карда наметавонам. Ба санҷиши ҳоли банда мегузарад:

– Чаро озурдаӣ?

– Бинед, ки дар он сӯйи Ому тоҷик чӣ ҳоли зоре дорад…

– Эҳ, сода, унҳо як умр ба ҷанг одат кардагӣ, ҳоло мебинӣ, ки боз соз мегиранд…

– Чӣ хел соз мегиранд? Магар намедонӣ, ки тоҷикони Панҷшер нобуд шуда истодаанд, тоҷиконро мекушанд…

– Хайр, ба ману ту чӣ… Ҳар рӯз дар олам ҳазор-ҳазор одам мемурад.

– О, инҳо тоҷик-ку, наход дилат насӯзад? Ба Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи қаҳрамон ҳам дилат намесӯзад? О, дар як баромадат дар ҳаққаш шеър ҳам гуфта будӣ-ку…

– Вобаста аз вазъият-да… Лозим шавад, боз шеър мегӯем… Биё, мон ин гапҳоро… Мову ту тинҷем, ҳамин бас. Проблемаи афғонҳоро бигзор худашон ҳал кунанд. Мову ту – пешка… Калоно ҳастанд, ягон гап меша. Гӯш кун, мекунӣ кора ё не?

– Не, ҳоло наметавонам.

– Хайр, ту мотам гирифтан гир, ман саду як кор дорам. Хайр!

Ин буд мухтасари суҳбате, ки наздики нимашаб шуд. Баъди ин гуфтугӯ хеле андармони фикр шудам, хобам гурехт, ҳарчанд дору хӯрда будам ва бояд дароз мекашидам, нашуд… Ӯ аз ман хафа шуд, аммо банда аз ӯ сад бор хафатар… Ӯро намунаи як зиёии мунофиқу садрӯ дарёфтам. Ҳарчанд пештар ҳам медонистам, ки дар сухан як чиз, дар амал фақат ба манфиати худаш машғул аст. Охирин “проблемааш” ҳамин буд, ки писари хурдиашро илоҷе карда дар як мақоми ба қавли худаш “зиндагиро таъмин мекардагӣ” ҷой кунад… Хона, дача, фарзандон рӯйи кор, мошину пошин, дигар чӣ лозим хӯрдани ғами тоҷикони Афғонистон?

Ин зиёии “замонавӣ” шеър ҳам мегӯяд, боре дар маҳфиле дар бораи иттиҳоди тоҷикон аз як минбар шеър ҳам гуфт, чунон кафк мепаронд, лабу даҳан, дасту панҷа меҷунбонд, ки гӯё ғамхортарин фарди ин миллат бошад… Баъдан… соҳиби мукофоти калон ҳам шуд!

…Ҳоло фикр мекунам, ки ин гуна зиёиҳо дар мо хеле зиёданд ва сафашон афзудан дорад. Бигзор бошанд. Ҷомеа бе инҳо ҳам намешавад, дар ҳама давру замонҳо чунинҳо буданд ва хоҳанд буд. Гап сари ин нест, гап сари он аст, ки ҳадди ақал дар рӯзҳои душвору мушкил сухани худро идора кунанд… Бо банда ошкортар гуфт, аммо бовар дорам, ки бо касони дигар ҳатман хоҳад гуфт, ки “ҳамин шаб хобам набурд, ғами тоҷикони Панҷшер обу адоям кард, ҳатто аз даруни дили сӯзонам шеър ҳам пайдо шуд…”. Ва он шеърашро ҳатман дар ягон ҳафтанома чоп ҳам мекунад! Ва бидуни навбат!

…Миллатҳои мутамаддин дар рӯзҳои фоҷиа устувортар мешаванд, таърих ба ин гувоҳ аст. Ҷангал, ки оташ гирифт, хушку тар месӯзад… На сарнавишти тоҷикони Панҷшер ва на тақдири тӯдаи сияҳкори “толибон” проблемаи танҳо Афғонистон нест. Мушкили ҷумла башарият аст. Ҳоло баъзеҳо ба ин назаранд, ки гӯё “толибон” танҳо бо сохтани иморати худ банд шуда, ҳар коре кунанд, дар диёри худ мекунанд, ба дигарон нарасанд, шуд. Ҳам Русия ва ҳам Чин чунин хаёли ботил дар сар доранд. Принсипи сиёсати хориҷии ин ду абарқудрати минтақа доиман ҳамин буд: душмани душмани ман дӯсти ман аст. Амрико ҳам аз ин усул истисно нест. Банда сад дарсад ба ин боварам, ки Амрико рӯзе ба ин сарзамин бозгашт хоҳад кард, вақте ки ду-се инфиҷор дар шаҳрҳои озодаву ободи он мамлакат аз дасти ин “толибон”-и малъун агар содир шавад.

Ҳоло ин тӯдаи гургон ваъдаҳо медиҳанд, мардумро ором карданӣ мешаванд, машруияти давлаташонро мехоҳанд. Вақте ки давлатро ором карданд, он вақт мегузаранд ба татбиқи сиёсати аслии хеш – фарох кардани қаламрав, экспорти идеяҳои асримиёнагӣ, ҷалби ҳамфикрон аз кишварҳои ҳамсоя…

Суҳбатро аз як зиёии мунофиқи тоҷик оғоз кардам ва бо ӯ анҷом медиҳам. Ду сол пеш хонаи ҳамсояи моро об зер кард: қубури об кафида буд, аммо ҳамсояро чунон хоб бурда, ки ҳатто шилдирроси обро пайхас ҳам накардааст. Ҳангоме бедор шуд, ки об андаруни хона то буҷулаки по баланд шуда буд, об то ду ошёнаи поин шорид. Ҳама ҷамъугир шуда, обро бастем ва шурӯъ кардем ба ислоҳи вазъият. Ҳатто кормандони ошхонаи “Чӯҷаҳо” ҳамагӣ ҳамроҳ шуданд. Соҳибони ду хонаи поини обрасида “гунаҳкор”-ро бахшиданд: насиб будааст, ҳеч гап не, қасдан нашудааст-ку…

Вазъи Панҷшер низ чунин такопӯву ҳамдиливу ҳамназариву ёрии амалиро мехоҳад. Хонаи панҷшериёнро об не, оташ зер кардааст, масъалаи ҳаёту мамот аст. Табиист, ки ӯзбаку қирғизу қазоқу туркман эҳсоси хатар намекунанд, чун нажодашон дигар аст, хунашон ранги дигар дорад… Аксар раҳбарони сиёсати Эрони охундӣ низ озариву турктаборанд, дар хунашон гемоглобини мазҳаб бартарӣ дорад…

Сарнавишти тоҷики бечораи мулки Панҷшер бо чӣ меанҷомад, намедонам… Аммо як чиз чун шуълаҳои офтоб рӯшан аст: агар панҷшериён пирӯз шаванд, пирӯзии мо, агар Худой нахоста, хуни ноҳаққашон бирезаду “толиб”-и аждаҳотабиат ғолиб ояд, доғи сиёҳе дар пироҳани тамоми порсизабонони олам хоҳад шуд.

Доғе, ки бо ҳеч собун шуста нахоҳад шуд!

Хоҳу нохоҳ рӯшноӣ пирӯз хоҳад шуд

Ҳамин як лаҳза пеш “Евронюс”, ки мудом як хабарро аз ду паҳлу мерасонад, гуфт, ки “толибон”  гӯё тамоми қаламрави Панҷшерро таҳти кунтрул гирифтаанд. Боз илова кард, ки аз дидгоҳи Чабҳаи муқовимат, ин хабар дурӯғи ошкорост. Онҳо як ҳафта боз бо ҷангиёни “толибон” дар набарданд ва таслим намешаванд. Илова шуд, ки гуфтугӯи намояндаи СММ бо “толибон” ба ин натиҷа расидааст, ки ёриҳои башардӯстона ба ин кишвар минбаъд расонида мешавад. Ангела Меркел гуфтааст, ки барои раҳоии собиқ афғонҳои ҳамкор бо нерӯҳои олмонӣ бо “толибон” суҳбат хоҳад кард. Тамом, се бор шуд, ки ҳамин як хабар дар ин расона мечархад, ягон чизи дигар набуд – на аз мудохилаи Покистон сухан шуду на аз вокуниши Эрон…

Боз мегӯянд, ки ин расона аз он расонаҳоест, ки ҳар хабарро санҷида медиҳад… Ба ин расона чӣ офат расидааст, ки навтарин хабарҳоро ё намедонад, ё дидаву дониста хомӯширо ихтиёр мекунад…

Ҳеч намефаҳмам, ки чаро чанд рӯзе пеш вазири хориҷаи Покистон ба Тоҷикистон омад? Ҳарчанд дар ин суҳбат мавқеи Тоҷикистон рӯшан шуда бошад ҳам, барқасди ин суҳбат Покистон ҷангиёнашро зидди тоҷикони Панҷшер равона кард… Ин гуна ҳолатро дар умури дипломатӣ чӣ мегуфта бошанд?

Мудохилаи Покистон ба вазъи Панҷшер чеҳраи аслии ин кишварро нишон дод: аз як сӯ – Покистон, аз сӯйи дигар – Қатар, ки офиси асосии “толибон” он ҷост, такягоҳи толибонанд. Русҳову чиноиҳо аллакай мавқеи худро мушаххас кардаанд: барои онҳо ҳар нерӯе, ки зӯртар аст, агарчи нерӯи фашистӣ ҳам бошад, қобили қабул аст. Барои инҳо муҳим як нерӯи ҳукмрон бошад, шуд. Муҳим – манфиатҳояшон ба ҳам мувофиқат кунад…

Дар ин кишвари офатзада фақат тоҷикон бекасу бесарпараст мондаанд. Фаронса ваъдадорашон кард, ҳанӯз гапе нест… Макрон бо проблемаҳои экология машғул аст, Меркел ҳамин шабу рӯзҳо ба мулкҳои аз обхезӣ зарардида равуо дорад, Урдуғон аз мавзӯи тоҷикони Панҷшер лаб накушодааст… Ӯзбекистон, ба шунидам, тактикаи хоси худро дорад ва майли суҳбат бо “толибон”-ро ҳам дорад… Гумон аст, ки тоҷикони Ӯзбекистон вокунише нишон бидиҳанд…

Абри сиёҳе болои Панҷшер фуромадааст, хавфи генотсиди тоҷиконро бархе пешгӯӣ мекунанд… Шояд вазъ дар ин шабу рӯзҳо тағйир кунад, шояд дар охирин лаҳза андешаи абарқудратҳо дигар шавад? Ҳеч намедонӣ, ки ба чӣ хулоса биёӣ…

Ё шояд абарқудратҳо сарнавишти тоҷикони Панҷшерро пешакӣ бо Покистон маслиҳат карда бошанд? Инро аз як суҳбати дипломати рус дарёфтам, ки мегуфт: бо як “фишори нарм” (мягкий нажим) тоҷикони ин минтақаро сари мизи сулҳ шинондан мумкин…

Намедонӣ, чӣ хулоса кунӣ…

Гӯё ин байтро махсус барои ҳоли тоҷикон-панҷшериёни сарафрохтаву сарбаланд, аммо бепушту паноҳ гуфта бошанд:

Модари даврон ба ҷойи шир хунам доду рафт,

Метавон донист аз оғози кор анҷоми кор

Аммо яқин аст, ки таърихи Афғонистон бо ҳукуматдории як гуруҳи сияҳкору сияҳандеша, ки “толиб” ном гирифта, тамом намешавад. Хоҳу нохоҳ рӯшноӣ ба торикӣ пирӯз хоҳад шуд…

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь