Нишона ва далелҳое дар даст аст, ки достони биҳишти осмонии китобҳои муқаддаси адёни иброҳимӣ реша ва маншаи сумерӣ дорад. Сумер нахустин тамаддуни шаҳрнишин ва бостонӣ дар минтақаи таърихии ҷануби миёнрудон, ҷануби Ироқи имрӯза буда, қабл аз адёни иброҳимӣ дорои боварҳо ва эътиқоди хоси худ буд.
Биҳишти сумериён чуноне, ки дар навиштаҳои бостонии онҳо омада аст, дар ҷойе бо номи Дилмун қарор дошт ва ин макон дар ҷануби ғарбии Эрони имрӯза буд. Баъдан бобилиҳо ин минтақаро сарзамини зиндагон ва қароргоҳи мардони ҷовид номиданд. Тибқи далелҳои мавҷуд буда, биҳишти мавъуди “Таврот”, ки дар васфаш гуфта шудааст, боғе аст дар шарқи Адан ва чаҳор рӯдхонаи ҷаҳон аз ҷумла Даҷлаю Фурот аз он ҷо сарчашма мегиранд, дар асл ҳамон Дилмун ё биҳишти сумериён мебошад. Адабиёти сумерӣ асари амиқе ба адабиёти ибрӣ ниҳода буд. Бисёре аз мафоҳими мазҳабии “Таврот” аз ҷумла устураи биҳишту ҷаҳаннам таҳти таъсири Байнуннаҳрайн шакл гирифт ва баъдан ба динҳои дигар низ ворид гардид.
Муаррихон бар ин ақида ҳастанд, ки ин афсонаҳо дар замони асорати қавми Бани Исроил дар Бобил вориди мутуни “Таврот” шуда ва нависандагони “Таврот” бо бардошти комил ин афсонаҳо ва достонҳоро ба Мӯсо ва дигар паёмбарони Бани Исроил нисбат додаанд. Дар солҳои баъд ин достонҳои тахаюлӣ ба дигар адёни иброҳимӣ масеҳият ва ислом низ ворид гардиданд.
Бисёре аз пажуҳишгарон бар ин боваранд, ки пеш аз адёни иброҳимӣ дар тамаддуни сумерӣ ду афсона вуҷуд дорад, ки дар мавриди биҳишт қисса мекунад. Сомуел Кример дар китоби “Алвоҳи сумерӣ” дар саҳифаи яксаду бистуяк то яксаду бистуҳафт чунин навиштааст:
“Аввалин афсона афсонаи асри тиллоӣ аст, ки дар он мегӯям, дар он рӯзҳо на мор, на ақраб, на кафтор, на шер, на саги даранда ва на гурге вуҷуд дошт, як забон ҳамагӣ ситоиши Инлил, худои осмонҳо ва заминро мегуфтанд”.
Афсонаи дуюм ин афсонаи Дилмун аст, ки дар он мегуяд “Сарзамини Дилмун макони поку нуронӣ аст. Дар сарзамине, ки калоғҳо дар он бонг намезананд, шер касеро шикор намекунад, на гург бараро, на саги ваҳши бузеро медарад ва на гурози ваҳши маҳсулотро хароб мекунад.
Ҳеҷ кас дарди чашм ва дарди сарро намешиносад. Ҳеҷ марду зане аз пири ва нотавонӣ шикоят намекунад”.
Дар ривояти “Таврот” аз биҳишт, бештари аносури асотирӣ, ки дар устураҳои сумерӣ, бобилӣ ва канъонӣ ба онҳо ишора кардем, дубора зоҳир мешаванд.
Биҳишт дар тасаввури китоби муқаддас, маконе аст ки Худованд дар шарқи Адан бунёд карда ва маҳалли истироҳати ӯст ва одам ки офаридаи вай аст дар он сокин будааст. Ин макон бисёре аз мушаххасоти афсонаи Дилмун ва афсонаи асри тиллоии сумериро дошта бо он чӣ аз шарҳи афсона дидаем мутобиқат дорад.
Биҳишт макони амн ва ороме аст, ки инсон дар он осоиш ва оромиш дорад. Рисқу рӯзии фаровон бидуни кору заҳмат. Ҷойе, ки беморӣ, ғам ва марг вуҷуд надорад. Ин макон дар даҳонаи рудхонае қарор дорад, ки чаҳор рӯд аз он сарчашма мегирад. Дақиқан ба монанди биҳишти сумериён, ки худои Инлил парвардигори осмонҳо дар
саргаҳи он ду рӯд зиндагӣ мекунад. Ин ривоятҳо пас аз он, ки аз мутуни сумерӣ вориди “Таврот” гардиданд дар давраҳои баъди ба “Инҷил” низ ворид шудаанд. Ончи аз биҳишт ваъда дода шудааст, аз хӯрданиҳо, меваҳо, наҳрҳои равони шир, чашмаҳои оби зулол, шароб, қилмон ва ҳурии бокира иборат аст. Биҳишти ваъда дода шуда моҳияти комилан мардона дорад.
Он биҳиште, ки дар мавридаш сӯҳбат шудааст, биҳиште нест, ки як зани порсо, як нафари ҳунарманд, эҷодкор ва файласуф ҷойе дар он барои худаш бубинад. Он биҳишт фақат ҷойе аст барои лаззати ҷисмонӣ ва айшу нуши мардон, ки аз чаҳордаҳ қарни пеш ба хотири иштироки онҳо дар ҷанг ва фидои ҷонашон тарроҳӣ шудааст. Ин макон ба маънои хонаи ором ва ба маънои нишемангоҳи ростӣ ва боғҳои абадӣ тавсиф шудааст, ки паҳноии он ба андозаи осмон ва замин аст ва дар макони бисёр боло ҷой дорад. Дар он ҷӯйҳои зиёде равонанд. Чаҳор рудхонаи аслӣ дар он ҷараён дорад. Чашмаҳо аз замин меҷушанд ва чаманзорҳои он бо гулҳои рангоранг оростаанд. Биҳиштиён дар ин сарои ҷовидонӣ аз саодати абадӣ бархурдоранд. Меваҳои биҳиштӣ, нушиданиҳои фаровон, шароби пок ва ҳатто ҷигари моҳӣ тавассути ҳуриёни биҳиштӣ ба онҳо пешниҳод мегардад. Ҳуриёни сапедандом ва фарохчашм чун марворидҳое дар садаф, ки пеш аз он дасти ҳеҷ ҷин ё одаме бар онон нарасидааст ва ҳамеша бокираанд. Ҳамчунин писарони ҷавон ва ё ҳамон қилмон дар ҷомҳо бодаи гуворои бе дарди сар ва гуштҳои гуногун, ки биҳиштиён хоста бошанд ба наздашон меоранд. Биҳиштиён дар қасрҳои бошукӯҳ ва муҷаллал умр ба сар мебаранд. Дар китобҳо чунин матлабҳои сохтагӣ вобаста ба биҳиштро зиёд метавон пайдо намуд, ки гуё яке аз достонҳои ҳазору як шаб аст ва тавассути ровиён нақл мешавад.
Биҳишт дар адёни иброҳимӣ ҷойе аст, ки муъмин пас аз марг ба подоши ибодат ва аъмоли неки худ ба он ҷо меравад то дар он ҷо ҷовидона шавад. Агар аз дидгоҳи равоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ ба устураи биҳишту ҷаҳаннам дар адён нигоҳе биандозем бисёре аз ҳақиқатҳо ва розҳои он барои мо равшан мегардад.
Бардошт ва тавсиф аз биҳишт, реша дар ҷомеаи саҳронишинӣ дорад, ки мардуми биёбоннишин ба хотири шароити обу ҳавои хушк ва гармои тоқатфарсо доимо маҷбур буданд дар ҷустуҷӯи макони сарсабз зиндагии кучнишинӣ ва пурмашақате дошта бошанд. Орзуи ҳар бодиянишине ин аст, ки зиндагии пойдоре дошта бошад ва дар макони хушобу ҳаво, дур аз тобиши ҷонкоҳи хуршед зиндагии рӯзмараи худро идома диҳад. Дар мавриди занон ҳам бисёре аз муаррихон аз ҷумла Омиёнус Марсилинус муаррихи румӣ ба ҳарис будани беш аз ҳадди тозиён дар мавриди зан ишора мекунад, ки ин биёбоннишинон дар ҳасрати зан ва ба даст овардани он ҳамвора даст ба куштор ва ғорати якдигар мезаданд.
Ҷомеаи бодиянишини он замон, ки дар фақру тангдастӣ умр ба сар мебурданд, ба хотири шароити ҷуғрофиёӣ аз бештари хӯрокиҳо ва ошомиданиҳои гуногун маҳрум буданд ва ин биҳишти ваъда додашуда бо чандсад ҳурии биҳиштӣ ҳуш аз сари ҳар яке аз онҳоро мебурд. Ахиран низ як нафар руҳонии афғон итилооти наверо оид ба биҳишт дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳоди мардум намуд. Ин руҳонӣ идао дорад, ки дар биҳишт барои марди муъмин бештар аз бисту чаҳор милион ҳурии биҳиштӣ дода мешавад ва Худованд чунон қудратеро ба он марди муъмин медиҳад, ки дар як рӯз метавонад, бо ин 24 милион ҳурӣ алоқаи ҷинсӣ намояд. Дар воқеъ ин руъё ба унвони ҷуброни хаёлӣ он чӣ аст, ки дар дунёи воқеӣ ба даст намеояд. Аз ин аҳром ҳамвора дар режимҳои динӣ суиистифода шудааст, дар ҳоле, ки ҳокимони умматҳо худ ва атрофиёнашон ғарқа дар неъматҳои дунявӣ ва воқеӣ ҳастанд. Аммо ҳамвора мардумро ба сабр, қаноат, шукрона ва сипосгузорӣ ба валии амрашон ташвиқ мекунанд. Таҳқир, дилбезорӣ ва гурез аз ин дунёи воқеӣ ва ишқ ба охирати хаёлӣ ҳамвора аз сӯи ин ҳокимон таблиғ мешавад. Чуноне, ки дар боло зикр намудем, нуктаи дигар дар мавриди биҳишти тавсифӣ ин аст, ки усулан биҳишти ваъда додашуда барои мусулмонон муҳити комилан мардона аст ва фақат хостаҳои мардонаро бароварда мекунад. Маконе, ки мард дар онҷо озод буда ва бидуни издивоҷ робитаҳои ҷинсии сершуморе дорад. Дар мавриди ҳуқуқи занон бошад, ба мисли доштани озодии ҷинсӣ ҳаммонанди мардон сӯҳбате нашудааст. Гӯё, ки ин биҳишт танҳо барои хӯрдану нӯшидан ва пайваста ба амали ҷинсӣ машғул гардидани мардон офарида шудааст.
Дар натиҷа биҳишт ва ҷаҳаннам, ахлоқ ва имонро, бар асоси тарс аз оташ ва тамаъи биҳишт месозанд. Бинобар ин аъмоли нек аз як вазифаи ахлоқӣ инсонӣ ба тарс ва тамаъи ғаризӣ табдил мешавад. Гурӯҳҳои мазҳабии тундрав ба мисли толибон ва давлати исломӣ ба далели дарки хосе, ки аз биҳишт доштаанд, бо суистифода аз ин мавзӯъ фоҷеътарин ҷиноётеро рақам задаанд ва афродеро барои ин кор интихоб кардаанд, ки дар орзӯи расидан ба биҳишти хаёлӣ будаанд. Ба иборати дигар биҳишт ва ҷаҳаннам ҷуброни хаёлӣ барои ҳуқуқи аз даст рафтаи дунявии фақирону бечорагон аст.
Ҷалолиддин Оштиёнӣ дар китоби Маздисно ва Ҳукумат саҳифаи 253 менависад, ҳазору ҳашсад сол пеш аз мелоди масеҳ дини Зардушт сухани рӯзи қиёматро матраҳ карда ва оташгоҳ ва пардисро тавсиф мекунад. Рӯҳи мурда се рӯз дар канори ҷасад мемонад ва рӯзи чаҳорум саҳаргоҳон ба сӯи пули чинут равон мешавад. Пули чинутро баробар ба пули сирот дар дини ислом медонанд. Баъзеҳо бар он назаранд, ки пули сирот баргирифта аз пули чинут аст. Дар он ҷо дар додгоҳе, ки дар ҳузури Изадон баргузор мешавад, бо тарозу ба корҳои нек ва зишти ӯ расидагӣ мешавад, то битавон дид кадомин палаи тарозу сангинтар аст. Сипас инсони нексиришт аз роҳи нуронӣ ба сӯи пардис ва инсони гунаҳкор ба дузах меравад. Ин биҳишт ва дузах на дорои шакл аст ва на қобили таҷассум. Ҳеҷ гуна васфе аз он дар готҳо нашудааст. Ба замон ва макон вобастаги надорад, Макон, замон ва даврони он мушаххас нест. Дар бовари дини яҳуд низ биҳишту ҷаҳаннам тақрибан ба ҳамин шакл тасвир гардида аст. Баъдан дар дини масеҳият ва ислом ин бовар ба шаклҳои дигар вобаста ба шароити замонашон тағйир меёбад.
Дар бештари сурудаҳои Зардушт биҳишт ва дузах дар ҳамин ҷаҳон ва дар маниш ва виҷдони инсон барпо мешавад. Подош ва кайфар низ дар ҳамин зиндагӣ ба инсон боз мегардад. Бархе аз донишмандон ҳамчун Золстер муътақиданд, ки биҳишт ва дузах нахустин бор дар готҳо матраҳ шуда ва дигар адён аз он нусхабардорӣ намуда, бо каме таъғироту иловаҳо барои пайравони худашон пешниҳод намудаанд. Зигмонд Фройд падари илми равоншиносии навин устураи биҳиштро ба унвони бозтобе аз вазъияте, ки фард дар шиками модараш зиндагӣ мекард, тавсиф мекунад. Қарор гирифтани аввалин инсон дар биҳишт ва зиндагии осони ӯ бидуни сахтӣ, талош ва изтироб мушобеҳи тасвире аз вазъияти кӯдак қабл аз таваллуд аст, ки ба раҳими модараш часпида аст ва пас аз таваллуд субот, осудагӣ ва итминонро, ки дар шиками модараш дошт то замони марг аз даст хоҳад дод. Инсон дар тули зиндагӣ ҳамвора ин иштиёқро хоҳад дошт то дубора ба он осудагӣ, ки дар шиками модараш дошт боз гардад.
Ин дилтангии ӯ боис шуда инсон холиқи тамоми афсонаҳое бошад, ки ба таври нохудогоҳ дар вуҷуди ӯ ҳаст. Хаёли биҳишт пули расидан ба ин масир аст, ки пас аз поёни гирифториҳои ин зиндагӣ ба он баргаштан мехоҳад
Ҳотам Файзуллоев, адиб ва муҳаққиқ