Ба тамошои гули садбарг, ёсуману сабза ва хониши мурғакон касе чун ту ошиқона намебарояд ва гӯш намедиҳад. Чун ту касе намехонад:

Эй ҷамоли баҳру бар, шод омадӣ,

«Эй баҳори сабзу тар, шод омадӣ».

Ҳама дар гирдбоди ҳаводиси рӯзгори хеш афтодаасту дили озурдае дорад. Он гунае ки худ мегуфтӣ: «Рӯзе, ки дилам мурд, кафандӯзи дилам нест!», дигар мо чунин гардидем, ки дили мурдаи дар хоку хун оғуштаи хешро тамошо дорем ва ҳатто аҷал ҳам ба имдодамон намерасад ва ин манзумаро бо илтиҷо рӯзу шаб зери лаб такрор мекунем:

Ман ба мурдан розиям, пешам намеояд аҷал,

Бахти бад бин, к-аз аҷал ҳам ноз мебояд кашид.

Ва ту низ бо дард, бо сӯз, бо ниёиш мегуфтӣ: «Мурдан беҳ аст, аз чунин обишхурӣ залил», аммо ту рафтӣ, вале мо «ситорагони замин» ҳоло ҳам ба ҳам наомадем, ҳоло ҳам кинадӯзу бадхоҳи худем.

Аз рафтанат 23 сол сипарӣ гардид, вале то ҳол ҳаводоронат туро меҷӯянд ва хотираҳо иншо мекунанд ва рӯи варақи сафедро сиёҳ менамоянд, то тасаллое ёбанду гӯё зиндагиашонро аз рӯзе ба рӯзи дигар кӯр гардонанд.

Бигӯ, эй номусдори миллат, ба мо дигар кӣ ифтихори ватандориро меомӯзад!? Кӣ ба мо мегӯяд, ки «Сарҳои баланди тоҷикон паст мабод!»? Кӣ моро ҳувияти миллӣ доштанро нишон медиҳад? Кӣ дигар ба мо «Ҳар кӯҳи ватан сари баланди туву мост» мегӯяд? Кӣ ба аҷнабиёни хонабардӯш (тазоди вақтро бинед: айни ҳол соҳибхона) ва ба гадоёну ҳаннотҳои илму фарҳанг даст ба гиребон мешавад? Кӣ дигар ба мо бо камоли ифтихор мегӯяд: «Некам ё ки бадам, тоҷик ҳастам ва фахр дорам, ки тоҷик ҳастам»?

Хуни ифтихори миллатдории мо дар рагҳоямон шах шудааст, кӣ онро ба ҳаракат медарорад? Аз манзумаву рисолаҳои осори бузургон, чӣ касе баҳри мо мехонад? Кӣ дигар Зардушт, Бӯалӣ Сино, Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Форобӣ, Саноӣ ва ҳазорон бузургони дигари миллатро ба мо ошно мекунад? Кӣ мисли ту ба мо гуфта метавонад, «Мисли мо миллатпарастӣ, зинда бош!»? Ва беохир ҳасратҳое ҳастанд, ки мисли ту, чун ту, ба ҷои ту дар дили мо солҳо лона кардааст ва касе нест, ки ба ӯ ин ҳасратҳоро бигӯем. Барои мо сангин аст, ки бигӯем Лоиқ мурдааст. Аз куҷое шунида будем, кадом як олим гуфтааст, ки «ҳоло чанд садсола мегузарад, моро ҳамасрони Лоиқ ном мебаранд». Ба ин андеша мувофиқ ҳастем, то шояд дар қатори “ва ғайраҳо” исми моро ҳам гӯянд…

Чун ту касе зиндагӣ ва фалсафаи онро тасвир накардааст, аммо бадбахтона, мо ба ҳеч далеле пандомӯз нашудем. Ҷои афсӯс аст, ки аз афоризм ва ҳикматҳои бузургони мо дигарон баҳра гиранд, вале мо дар хоби ғафлат бошем. Ту будӣ, ки аз бедорӣ, аз хирадгустарӣ, аз маънавиёт ҳарф мезадӣ ва ҳамаро талқин мекардӣ. Ҳазар аз он касоне доштӣ, ки ифтихори пуч доранд. Барҳақ, нисбати ин тоифа гуфтаӣ:

Намедонем асли нодири хеш,

Намедонем шеъру шоири хеш.

Гаҳе онқадр бефарҳангу кӯрем,

Ки бошем ошкоро мункири хеш.

Ва ба ҳамин минвол, бидон, ки баъди ту дӯстиву рафоқат ва ошиқии замони мо ҳама маснуъӣ гардиданд. Дӯстиву бародарии одамон дурӯғин шудааст ва касе ба касе бовар надорад, гӯё самимият, садоқат, якдиливу якрӯӣ ҳама аз ин замона рахт барбаста бирафтаанд. Ку дигар касе то бигӯяд: «Ҳар дам ғанимат аст, одам ғанимат аст»? Ку касе, ки аз осори Мавлавӣ мисли ту бихонад:

Аз моҳ гирифта то ба моҳӣ моем,

Ганҷинаи асрори илоҳӣ моем.

Ту мегуфтӣ, ки мо вориси Хайём ҳастем, мо дилдодаи ҳамдигарем, дареғо ин ангораҳо аз забони ту гуфта мешуд ва бо ту ҳамсафар гардиданд. Муқаддасоте байни инсонҳо боқӣ намонд, ҳар қадар ба ҳам мададгорӣ мекунанд, вале дар паяш тамаъ доранд. Ту хуб медонистӣ инсонҳои разолатпешаро ва чӣ рӯшан сифаташонро кардаӣ:

Чист накуиву бадӣ, чист худиву бехудӣ?

Ишкаматон, ки сер шуд, баҳри шумо ҳама як аст.

Туро бештар шоири ишқиясаро (лирик) меноманд ва худат низ тасдиқ кардаӣ: «Ман аз азал шоири ошиқ расидаам»… Мисли ту касе ишқу муҳаббатро васф накардааст. Асоси зиндагиро дар он медидӣ ва ҳар сурудаат низ ишқу зиндагиро ба ҳам тавъам ифода менамоянд. Инсони беишқ чӯби хушкро мемонад. Ишқро ситоиш намудани ту ҳам бесабаб набуд, зеро танҳо ишқ метавонад одамонро як лаҳза аз дунёву шару шӯраш биосоёнад. Вале касе аз ту напурсид, ки чи гуна ишқро васф мекунӣ ва ту ҳам чизе нагуфта рафтӣ? Аз суоли додаамон тааҷҷуб мекунӣ? Бале, аз будаш зиёд ишқро ба мо гуфтӣ, аммо мо гӯши шунаво доштему дорем? Ақаллан заррае таваҷҷуҳ ба ишораҳои ту накардем. Оре, мо ҳам кӯр, ҳам кар шудем, ҳар кадомамон ба ҳар навъе. Яке дар ҳавои шуҳрату мансабпарастӣ, яке аз паи пулу моли дунё, дигаре машғули ҳусну виҷдонфурӯшӣ ва ба ҳамин тартиб дигарҳо низ гирифтори чунин беморианд. Гуфтаҳои ту дар ҷевонҳо дар зери чангу ғурбор нуҳуфта аст. Ку он «Хонуми зебои атласпираҳан…», ки васфаш мекардӣ? Ку он отифаи шеърҳои ошиқонаат, ки ба сад дунё баҳо намекардиаш? Шоири занҳо ном мебурданат ва ту ҳам аз ин меболидӣ, вале ҳоло агар мебудӣ, чунин мегуфтанат, мефахридӣ? Хатари найрангу бевафоиҳоро дар олами ишқ эҳсос мекардӣ, ки чунин ишораҳо кардаӣ:

Чаро ҳусне, ки сад бозоргир аст,

Ба дони арзане арзон фурӯшӣ?

***

Ман он якроҳу якрӯ будаму бо роҳи худ рафтам,

Ту, ки сад роҳу сад рӯӣ, маро дигар намеёбӣ.

***

Ошиқат дар либоси раҳзан буд,

Омаду бурд эътиқодатро.

***

Агар ишқи ту мардеро ба манзил бурд, хушбахтӣ…

***

Мағрур машав, ки меҳрубонони дурушт

Як гул бидиҳанду сад баҳорат бибаранд.

***

Ман ошиқи дили туам, на ошиқи ҷамоли ту,

Ман ошиқи ками туам, на ошиқи камоли ту.

***

Рӯзи аввал пеши пои ёр сар меафканем,

Рӯзи дигар бар сари ӯ сад қиёмат мекунем.

Аз муносибату гуфтугӯиҳои ошиқони ин давр беҳтар аст, ки ҳарфе нагӯям, фақат ҳаминро мегӯям, касе нест бо меҳр сухан аз кокулону сарви қад, аз чашму абрӯ ва рухсораву баёзу ғаб-ғабаш гӯяд… муҳол аст, чун ту фарде пайдо шаваду бериё бигӯяд:

Чаро бояд занам лофи муҳаббат,

Чаро осон диҳам фанду фиребат?…

Ҳоло ишқу муҳаббатро низ ба бозор ба фурӯш баровардаанд. Акнун барои ишқи худро пайдо кардан, андозаи маблағи ҷайбатро нигаҳ мекунӣ. Медонем, ки бо ҳеч далеле ин ҳарфҳоро қабул намекунӣ, вале дареғо, ки ҳамаи ин воқеият аст. Ҳама ин дурангбозиҳоро дар ишқ тақозои замон медонанд. Афсӯс, ки ин андеша худфиребист ва оқибати кӯрдилист, ки худро бо он фиреб медиҳанд.

Аҷабо, вақте осоратро варақ мезанем, аз дунёи поку мубаррои ту ҳеч майли баргаштан моро нест. Кас гумон мебарад, ки шояд дар дигар дунё зистаӣ, вагарна чӣ касе ин тур гуфта метавонад:

Эй ишқ, рӯ ба рӯи ту мардона будаам,

Қадри маро надонӣ агар, кӯр мешавӣ!

Чӣ ҷои доду фарёд аст, эй дилогоҳ, худ бидуни шикоятҳои мо низ огоҳиву шоҳид ҳам ҳастӣ, ки муҳтавои зиндагии мардуми имрӯзин хуру хоб асту дар андешаи имрӯз ҳамгинони худро фиреб диҳам ва чизе ба даст оварам… Ба гузаштаи дур агар дидаи таҳқиқ дӯзем ҳам, барои мо афсона метобад, гӯё ба андешаи одамони ин замона гузаштаҳо доно неву коно будаанд, ки ақлашон ба фиребу найрангу кинадӯзиҳои ҳам намерасидааст. Ҳақиқати ҳоле, ки мо дорем, ҳамин аст ва ту пеш аз дигарон ин бадалгардиданҳоро донистиву фаҳмидӣ, барои идомаи зиндагӣ баҳонае ҳам пайдо накардӣ, аз аспи Рахши Рустам, ки барояш дар “Илҳом аз Шоҳнома” нуктаҳо суруда будӣ, имдод хостӣ, он ҳам ба зудӣ ба додат расиду наздат омад ва ту савори Рахш шудиву чун барқ аз пеши мо рафтӣ…

Бале, сар то по аз меҳру вафо гуфтӣ, аз садоқат, аз саодати одамиён гуфтӣ, вале мо қадри суханҳоятро надонистем ва ё донистан натавонистем.

Намедонем, кадоме аз мушкилотҳои рӯзгорро бигӯемат. Аз мушкилоти забони модарӣ, аз беаҳаммиятии мардум, аз манқуртӣ, аз қашшоқии маънавӣ, аз дарди маҳалгароӣ, аз… аз… аз… Хуллас, шикоятҳо, арзу додҳои мо тӯл надоранд, ба андозае, ки танҳо ту метавонӣ ҳамаи онро ба забон наоварда, аз чашмамон бихонӣ. Ту худ гуфта буд, ки «Дар гӯр ҳам ман шуморо мешунавам» ва мо ҳам ба баҳонаи арафаи мелодат андаке аз ғуссаҳо ва дарди дили худ ба туи дардошно гуфтем, ба қавли мардум, “аз нӯги хамир фатир”.

Баъд аз шунидани арзу шикоятҳоямон мелоди хешро истиқбол ҳам намекунӣ. Дили ҳассосу ғампарваре доштӣ ва ҳоло аз мо бештар ин ҳама нобасомониҳоро шунида, дард кашидаистодаӣ. Моро бибахш, ки руҳи покатро ошуфта гардондем.

Эй шоири дардҳову маҳбуби дилҳо! Мавлудат хуҷаставу ёдат ба хайр бод! Ҳусни анҷоми суханро ба ту вомегузорем.

-Ман бо шумо будам,

Қадри маро надонистед,

Ё донистан натонистед,

Ва ман бо шумо бидруд гуфтаму рафтам,

Худо ёратон!

Равони ман бо шумост

Агар аз шумо равоне мондааст…

Зоҳири САЙФУЛЛО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь