(ба муносибати 90 солагии падари бузургворам, педагоги навовар ва ҷавонмарги тоҷик Давлатҷон Зайниддинов (1934-1966), аълочии маорифи халқи Шӯравӣ ва Тоҷикистон, дорандаи ордени «Нишони фахрӣ» бахшида мешавад)

– Падари азиз!

– Падари бузург!

– Падари некмард!

– Падари ҷавонмарг!

Инак баъди чандин солҳо ман писари хурдӣ ва нозпарвари Шумо, аз роҳи хело дур ба кӯҳистон, ба умеду назру ниёиш ва зиёрати манзили охирати Шумо, ба деҳаи аҷдодӣ омадам.

– Эй қиблагоҳ!

-Эй ҷадди бузург, инак ман дар сарманзили Шумо, канораи оромгоҳи сангини Шумо ҳарф мезанам. Даст ба дуо мебарам ва ҳамроҳ бо пайвандон ба хотираи рӯҳи поки Шумо падарҷон аз оятҳои Қуръони азиммушаън тилловат мекунем ва даст ба рӯй мекашем.

Дар ин тамузи тобистон ба ростӣ мазористон дар оғӯши гулу буттаҳо ва дарахтони сабз як табиати нотакрори баҳориро мемонад.

Дар ин оромии оромгоҳ танҳо садои шилдирроси шаршараи рӯ ба рӯйи мазор, ки аз канори харсанги беҳад азим поён мефарояд, бо садои хушнаво ва қақраи кабкони даштӣ муҳитро каме ноором месозад.

Падари азиз, аз поёни манзили охирататон ва ин қабристони бекарон, дарёи муқаддас ва хурӯшони Панҷ бо як оромӣ ва ранги пурҷилои нилуфарӣ каф зада мегузарад. Дарё даҳсолаҳо аз назди мазористон хеле ором равона гашта, ба назар мерасад, ки ин дарёи хело ҳам пурғурур назди рӯҳи поки Шумо ва дигар аҳли манзили хомӯшон бо нишонаи арзу эҳтиром ором гузар мекунад, то оромӣ ва ҳам хоби тӯлонӣ ва ҷовидонаи Шуморо халалдор насозад.

– Падари бузургвор он ватани бузуруг ва ягона, ки дар ёддоштҳоят аз он бо як ифтихор ва ҳурмату эҳтиром нигоштаӣ дигар арзи вуҷуд надорад. Дар ин асос, аз он чизе, ки оид ба худшиносии миллӣ ва истиқлолият дар он солҳои дури 60-уми асри пор гуфтаӣ, кунун рӯи об омада ва Тоҷикистони азизат, ки бо меҳр дар борааш навиштаӣ, имрӯз соҳибистиқлол аст!

– Падарҷони азиз!

Суханҳои қайдии Шумо оиди кам будани адабиёти бадеъӣ ва педагогӣ вобаста ба тарбияи оиладорӣ ва ин мушкилии муҳими педагогӣ баъди солҳои 90-ум ҳақиқаташро дар тамоми хоки Шӯравӣ ва Тоҷикистони азиз ёфт. Имрӯз андешаҳои педагогии Шумо оид ба тарбияи педагогии оиладорӣ чанд даҳсола боз дар хоки пасошӯравӣ чун фанни алоҳида омӯхта мешавад. Аз оне, ки Шумо як педагоги навовар ва хело ҳам ҷавони тоҷик дақиқкорона, солҳои пеш, яке аз аввалинҳо шуда дар империяи азими Шӯравӣ оид ба ин проблемаи педагогии мактаби Шӯравӣ амиқан ва ба таври касбӣ андеша намудаед, ман писари нозпарвари Шумо сахт меболам.

Қиблагоҳи бузург, эй шахсияти бароям аз ҳама азиз, аз ҳама қиммат, эй бахшандаи ҳаёти ман!

Чанде пеш ба он мактабе, ки сарвараш будӣ ва бо дастони худ ва ташаббуси худ охири солҳои 50-ум хишти аввалинашро худ гузошта, онро сохтед ва ин мактаби фаррох ва замонавӣ то имрӯз маркази бузурги маънавӣ ва омӯзгории ноҳия аст, қадам ранҷа кардам. Хушбахтона баъди солҳои зиёде, ба ҷои мактаби сохтаи Шумо, имрӯз на танҳо мактаби хушсохту замонавӣ, балки беҳтарин мактаб дар кишвар зери сиёсати наҷибона ва маорифпарваронаи Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин тангнои кӯҳистон қомат рост кардааст. Мактабат, ки он ҷо басо навоварӣ кардед ва номи худро то ба долонҳои Вазоратхонаҳои маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон бо навоварӣ, принсипнокӣ, дониши энсиклопедӣ ва чун зиёии пешқадам бурдаед ва мактабе, ки номи Сталинро дошт ва бо таку даву ташаббуси Шумо номи омӯзгори бани башарият Саъдии Шерозиро гирифта буд, имрӯз мактаби беҳтарин аст!

Ман писари кӯчаки Шумо бо роҳбаладии мудири шӯъбаи маориф ва дигар омӯзгорон вориди мактаби Шумо гаштам. Мактабатон падарҷон моро хуш қабул кард. Маро дар иҳота ва истиқболи гарми толибилмон ва омӯзгорон бо гулу гулдаста истиқбол гирифтанд. Дар дохили мактаб қадам мезадаму ҳушу ёдам ба ёди Шумо буд. Ба дарсҳо дар чанд синфхона даромада бо толибилмон сӯҳбат намудам, ба онҳо дарси хештаншиносӣ, ҳуқуқшиносӣ ва ватандориро гузаронидам. Фикр мекунам, ки суханҳои ман ба шогирдони имрӯзаи мактаб ва шогирдони Шумо – омӯзгорони собиқадор, ки кайҳо мӯйи сару абрӯ сапед кардаанд, бисёр хуш омад.

Баъдан дар толор бо омӯзгорон, ки байнашон шогирдони азизи Шумо, нафароне, ки аз мактаби барӯманди педагогии директори ҷавон ва навовар Давлатҷон Зайниддинов дарси педагогӣ ва мардонагӣ омӯхта буданд вохӯрда, суҳбати гарму ҷӯшоне оид ба сиёсати ҳуқуқии кишвар, тарбияи ватанпарастӣ, масъулияти шаҳрвандӣ дар марз ва сиёсати созанда ва наҷибонаи маорифпарварии роҳбари давлат доир намудам. Нутқам шояд бурро ва мазмунан хеле бой буд, ки омӯзгорони пир -шогирдони Шумо ва ҷавонон – омӯзгорон, шогирдони шогирдони Шумо онро бо кафкӯбиҳои пурмавҷ пазируфтанд ва баъдан маро дар иҳотаи худ чун сабӯ дар даст гуселониданд.

Оҳ, падари бузургвор!

Он дам ман худро хушбахттарин шахс мепиндоштам. Он рӯз, шогирдони меҳрубони Шумо бо як меҳру муҳаббат ва самимияти том дар бораи устоду роҳбари ҷавонмарги хеш сухан карданд.

Оҳ! Ман ба ростӣ дарёфтам, ки Шумо инсони заминӣ не, балки осмонӣ будаед! Аз ин рӯ ҷаҳони фарҳангӣ ва маънавии кӯҳистони тоҷикро дар 32 соли ҳаёти кӯтоҳу пурбаракати худ як такон додеду рафтед. Ба мактаб рӯзномаю маҷаллаҳои зиёди русӣ, тоҷикӣ, ӯзбекиро, ки дар бораи Шумо мақолаҳо чоп шуда буданд, тақдим кардам.

Сурати зебои Шуморо падарҷон ба мактабатон супоридам. Ҳоло акси зебои шумо дар лавҳи директорони мактаб қарор гирифтааст.

Падари бузургвор фаромӯш сохтам, аслан шарм медорам, ки оид ба ин масъала сухан кунам, зеро барои нигоҳдории хотираатон ҳеҷ коре накардам.

Бахшида ба 80 ва 85 солагии зодрӯзатон бо ташаббус ва иқдому пофишориҳои набераатон Нурангез аз зодгоҳ дафтарҳои ёддоштӣ ва фаъолияти директориятонро пайдо намудам. Баъди омӯзиш ва шиносӣ бо ин дастранҷҳои бо мурури замон зардгардида, дар бораи Шумо мақолаҳои зиёде бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ дар нашрияҳои бонуфузи ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ чоп кардам. Ҳаичунин дар бораи педагогҳои маъруфу дӯстдоштаи Шумо, ки номи онҳоро аз дафтари хотираҳоятон пайдо намудам, мақолаҳо дар маҷаллаву рӯзномаҳои кишвар ба нашр расонидам.

Дар бораи ҳаёти фаъолияти Шумо силсиламақолаҳо бо аксатон дар нашрияи маъруфу дӯстдоштаи Шумо «Советская учитель» (ҳоло «Учительская газета») дар Маскав, дар маҷалаи «Прокуратура и следствия странах СНГ» дар Маскав, «Учитель Дагестана» дар Махачқала, дар нашрияҳои шаҳри Оренбург, нашрияҳои «Граны культуры» ва «Экология и здоровье»-и шаҳри Волгоград мақолаҳо чоп намудам.

Падарҷони бузург, ҳамчунин меҳру муҳаббати бузург ва беинтиҳои Шуморо нисбати меҳани бузургатон Иттиҳоди Шӯравӣ ва эҳтирому эътиқодатонро ба адабиёти рус ва умуман халқи рус ба назар гирифта, дар маҷаллаҳои бонуфузи русиягӣ 2 мақолаи калонҳаҷмро дар бораи ҳаёту фаъолияти Шумо бо аксатон чоп кардам.

Мақолаҳо дар доираи фарҳангӣ ва педагогии Русия бисёр хуш пазируфта шуданд ва хосатан муаллимаҳои зебои русиягӣ ва доғистонӣ андешаҳои осмоние бароятон арзонӣ доштанд, ки аз ин ман як ҷаҳон ғизои маънавӣ бардоштам.

Росташро гӯям падарҷон, сухане роиҷ ҳаст, ки бузургони миллат, инсонҳои наҷибу законватманданд ва баъди вафоташон низ рисолати ҷавонмардӣ, накӯкорӣ ва фарҳангию зиёиёнаи худро барои миллату башарият давом медиҳанд.

Мисолу далели аниқ ва исботи ин суханро дар чопи мақолаҳо дар нашрияҳои сернашри русиягӣ ва андешаи мардуми рус нисбати Шумо дарёфтам. Яъне дар лаҳзаи ҳасоси ҷаҳонишавӣ ва айёми мардикории зиёди тоҷик дар ин кишвар, ному пайкори Шумо барои тақвияти дӯстии халқҳо, эҳтироми фарҳангу таърихи якдигар, муносибатҳои байналмилалӣ нақши мондагор мебозад.

Падарҷони азиз!

Бароятон як чиз, амалеро мегӯям: Шогирдони зиёд, вафодор ва донишманде тарбия кардаӣ! Дар куҷое, ки будам, чун шогирдонат дарёфтаанд, ки ман писари фалониям, яке вазиру яке кабир, чи раису чӣ сағир бо нияти арзи эҳтироми баланд нисбати устоди бузургу ҷавонмарги хеш аз ҷой бархоста садоқатмандона бо як эҳтироми хосса бо ман мулоқот кардаанд. Ҳол он, ки онҳо бароям баъзеашон падар мешаванд ва синну соли бузурге доранд!

Дар чунин ҳолатҳо падарҷони азиз меандешам, оё шарт ҳаст, ки инсон 100 сол умр бинаду коре барои ҷомеаю башарият ва миллати хеш анҷом надиҳад? Чун тандиси беҷон ва карахт ё бо аъмоли безории аҳриманӣ асре беш зияд ва чун даргузарад, рӯзи дигар мазори ӯ ва хотирааш ба нобудӣ ва фаромӯшӣ равад. Чунин инсонҳои дарозумри беамал ва зишткор фикр мекунам, ки ҳамон давра, ҳамон рӯзи таваллуд алакай мурдаанд!

Аз ин рӯ, Шумо бузургед. Шумо назаркардаи Худованди бузург ҳастед, ки бо умри кӯтоҳи худ, дар 32 баҳори зиндагӣ кореро барои якумра, барои як аср анҷом додед!

Шайх Саъдии бузугвор, муаллими башарият ва шоири дӯстдоштаи Шумо беҳуда нагуфтааст:

Ёд дорӣ,ки вақти зодани ту,

Ҳама шодон буданду ту хандон.

Ончунон, зи ки баъди мурдани ту,

Ҳама гирён шаванду ту хандон!

 Оре ин суханони Шайх Саъдӣ ба зиндагии Шумо барин шахсиятҳо таалуқ доранд. Медонед падарҷон, ман вақти тарҷума ва ба тоҷикон шиносондани бузургтарин ҳуқуқшинос, прокурор ва судяи русиягӣ, ҳуқуқшиносу адиби эҷодкор, ки Шумо дӯсташ медоштед ва ман ӯро пири маънавии худ медонам, устод Анатолий Фёдрович Конӣ ин шоҳбайти Шайх Саъдиро дар насри хотиравии ӯ дарёфтам!

Ин суханҳои Шайх Саъдии бузургвор, бузургворе чун Анатолий Фёдровичро низ бо мазмуни баланди мантиқӣ, этикӣ ва тарбиявии худ сахт ба риққат оварда! Ӯ низ сазовор ба ҳамин шоҳбайт зистааст!

Ба ҳар ҳол дар мақолаҳои маскавии худ, камина арзи эҳтироми Шуморо нисбати ин нобиғаи ҷаҳонии ҳуқуқшиносии рус иброз доштаам! Дар инҷо беихтиёр мисраи устоди равоншод Лоиқ ба ёд меояд:

 -Бузургонро бузургон зинда медоранд!

Оре ҳақ асту рост!

Хотироти Шумо оиди А.Ф.Кони, манро маҷбур сохт, ки чандин мақола дар борааш навишта, чанд мақолаю хотироташро барои аввалин маротиба дар Тоҷикистон бо тоҷикӣ ба нашр расонам ва тариқи барномаҳои садо ва симо дар борааш баромад намуда, бо иборае «Конишиносӣ»- ро дар кишвар ибтидо гузорам!

Ман писари Шумо, дар кору амал бо номи шумо ҳама вақт ифтихор мекунам ва эҳтиром мегузорам.

Шумо ором, дар ватани биҳиштосои худ, канори рӯди муқаддаси Панҷ- Пири дарёбод (ба гуфти дӯсту ҳамсабақатон, устоди бузурги шеъри порсии имрӯз устод Муъмин Қаноат) бихобед.

Ман давоми умри кӯтоҳ ва пурбаракати Шумо хоҳам буд!

Ман сояи қомати чун сарв болои Шумо, бо чеҳраи басо зебои тоҷиконаи Шумо ва дорои ифтихори басо баланди миллӣ ва хело пурғурур ба истеъдоди суханварӣ ва нотиқии Шумо низ каме ҳам бошад даст ёфтаам, сари ин масъалаҳо ташвиш накашед падарҷон!

Бӯи муаттар, чеҳраи зебо, сиратии зебои Шумо дар тани ман дар пайкари ман ҷойгир ва дар шараёни хунгарди ман ҷорист падарҷон!

Падари бузургу ҷавонмарг ва ормонии ман, 90 солагӣ муборак бошад ва чи тавре, ки дӯстонатон дар таъзияномаи хеш 58 сол муқаддам дар нашряҳои даврӣ навишта буданд: «Дар хоки ватан осуда бихобед Давлатҷони азиз, омӯзгори ҷавонмард, ҷавонмарг ва беҳамтои миллат!»

Варқа ЗАЙНИДДИН,

Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь