Бешак, ҳамаи пешаҳо муҳимманду барои нафъи мардум ва ҷомеа зарур мебошанд. Дар адабиёти порсӣ истилоҳи шаҳрошӯб машҳур аст, ки он дар тавсифи пешаварон, мадҳи ҳирфа ва санъати онон аст. Як шоири тоҷик дар ситоиши кафшгари кӯйи худ ин рубоиро сурудааст, ки бо гузашти чанд садсола ҳам касро мафтун месозад. Таваҷҷуҳ кунед ба ин рубоӣ:

Зебобути кафшгар чу кафш орояд,

Ҳар лаҳза лаби лаъл бар он месояд.

Кафше ки зи лаъли шаккараш олояд,

Тоҷи сари хуршеди фалакро шояд!

Машҳуртарин шаҳрошуби муҳити адабии Мовароуннаҳр, ба Сайидои Насафӣ марбут аст. Шоирон гоҳе дар мазаммати баъзе ҳирфаҳо низ сухан гуфтаанд.

Соли гузашта вақте дар бораи тоҷирҳову бозаргонон як матлаб коштам, дӯсте хурда гирифт, ки чаро онҳоро ситоиш кардаам. Ончӣ маро дар навиштани он матлаб ангеза дод, сарвату мукнати бозаргонон набуд, чун на чашм ба сарваташон дорам на тамаъе дар молашон. Ҳар кӣ ноне аз роҳи ҳалол пайдо карда, нуши ҷонаш! Бештар ҷаҳонбиниву тафаккури ин тоифа ва ба рӯз будану бофаросату киёсати иддае аз онҳо маро шигифтзада кард. Афроде аз бозаргонон гоҳе дар шинохти ҳаводиси рӯзи кишвар ва олам ва арзёбии он аз як устоди донишгоҳ ва ё корманди идораи давлатӣ, ки кораш ҳамин аст пешгомтаранд. Ҳазорон осори хайру некӯкории онҳо мавзуи дигар аст.

Аммо ҳоло мехоҳам аз як табақаи ҷомеаи имрӯз сухан кунам. Ронандагони таксӣ! Ман бист соли охир бо мошини шахсӣ дунболи кору бозору дигар заруратҳои рӯзгор мегардам ва ба таксиҳо одатан кам муроҷиат мекунам. Аммо гоҳе аз хидмати онҳо низ истифода мекунам. Мехоҳам дар бораи таксистҳое ки дар масири байни шаҳру ноҳияҳо кор мекунанд сухан гӯям. Албатта, афроди лоиқу кордону наҷиб дар байни онҳо кам нестанд. Вале дар ин сию панҷ соле, ки мани деҳотӣ сокини шаҳр шудаму як поям ҳамеша дар роҳи деҳ аст, садҳо бор ба ронандагони беадаб, дурӯғгӯй, ҳарис, таммоъ, бадаҳд дучор омадаам. Ончӣ маро алъон дар ин моҳи муборак ба навиштани ин сатрҳо водор кард, ду ҳодисаи се рӯзи охир буд. Ҳамин ҳафта барои дуову фотеҳа ва таслияти даргузашти яке аз ошноён ба ноҳия рафтам.

Нахустин чизе ки касро дар истгоҳи ронандаҳои таксӣ ошуфта мекунад, ҳуҷуми ронандаҳо бо фарёдкашиданҳои дур аз адаби эшон аст. Аксар вақт онҳо барои як муштарӣ (ба қавли худашон КЛИЕНТ) ба ҳам дармеафтанду якдигарро носазову душном мегӯянд ва басо, ки кор ба занозанӣ ҳам кашида мешавад. Аз муайн кардани масири ҳаракат то таъйини қиммати роҳкиро ва истгоҳи зарурӣ низ суханоне мезананд, ки баъдан онро ба фаромӯшӣ месупоранд. Ин дувумин мушкил дар робитаи ронандаву муштарӣ аст. Савумин ҳаракати зишти ин тоифа он аст, ки ҳарчанд ҳамеша дар ҳаракатанд, аммо чун муштариёнашон ҷамъ омаданд, мераванд дунболи харидану рехтани маводи сӯхт (бензин, газ ва акнун барқ). Он ҳам аз ҳисоби вақти муштарӣ. Вақте инро ба ронанда мегӯйи ки охир чаро ҳамин корро аз қабл намекунӣ ва вақти моро талаф мекунӣ, гӯё кару гунг мешаванд ва бо хомӯш истодан мехоҳанд аз посухгӯӣ сар битобанд. Коре ки чеҳраи ин афродро зишттар мекунад. Чорумин амали ношоистаи ин тоифа (манзурам боз ронандаҳои беадабу бадахлоқу бадаҳд мебошанд, ронандаҳои хуб нороҳат набошанд) он аст, ки дар ҷараёни роҳ (ҳамаи роҳҳои дохилӣ, хосса Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Рашт, ки борҳо мушоҳида кардаам) бо суръати баланд ронандагӣ карда, ҳамзамон ҷавоб додан ба зангҳои телефонӣ ва гоҳе паёмакҳо (!!!) аст. Панҷумин зиштрафтории таксиситҳо пас аз ним шудани масири роҳ, тағйир дар масири ҳаракат ё нуқтаи ниҳоӣ аст, ки бояд муштариро расонанд. Дар як мошин барои ду масири аз ҳам дуру ҷудо муштарӣ савор мекунанд ва шуруъ мекунанд ба занг задану аз ҳамкасбони дигар имдод ҷустан ки “як муштарии маро намегирӣ, намерасонӣ, вручат намекунӣ” ва ғайра.

Шашум, дар роҳҳои кӯҳистонии мо баъзан 30-40 метр пас мушаххас нест, ки аз пеши рӯ мошине дар ҳаракат аст, ё на. Ақли солим тақозо мекунад, ки инсон дар чунин ҳолатҳо тавакал накунаду аз сабқат гирифтану муқобили ҳаракат баромадан бипарҳезад. Ду бор дар як сафар дар чандлаҳзаи фалокат қарор гирифтему Худованд моро наҷот дод.

Акнун аз одоби сухангӯии чунин ронандаҳои бетарбия ва мусиқиҳои зишту дилгиру бемаънӣ наменависам, ки сухан ба дарозо кашад. Агар нависам боз чанд банди дигар илова мешавад.

Дар ин чанд рӯзи охир ду ҳодисаи дигар иттифоқ афтод, ки хеле дардовар аст. Мошини як ронандаи беадабу бетарбия бо суръати болои 80 км/соат дар роҳи мумфарш ҳаракат мекард. Ҳарчанд намехостам ба рӯи ношуставу чашмони аз ҳирс барроқи ӯ назар кунам, ҳамин дам дар дилам гузаш, ки як бор баргарду нигоҳ кун. Шояд боваратон нашавад. Ин бор он махлуқ хоб буд. Дод задам сӯяш ки “ай аҳмақ ту хобӣ”. Мошинро боздошту рафту бо барф рӯйи чиркинашро шуст, то хобаш набарад. Дар охир ҳам мехост ба ман фаҳмонад, ки бо он роҳе, ки дар аввал қарор карда будем неву ба роҳи дигар равем. Аммо бар хилофи майлу хоҳиш дигар бо чунин кас намехостам муаддаб бошам, ба тундӣ гуфтам, ки маро ба ҷойи гуфтаам расон, ки дигар на рӯятро бинаму на овозатро шунавам. Вақте ба ҷойи таъйиншуда расидам, ба як дӯстам ки дар ҷараёни сафарам буд, паёмак навиштам, ки “бо мошинҳои роҳ дигар набояд сафар кард, ки хатарнок аст!”

Ҳодисаи охирин бо як ронандаи дигар дишаб иттифоқ афтод. Бояд амонатеро мерасонд. Вақти ифтор занг заду гуфт ман амонат овардам. Мебоист аз ин гӯшаи шаҳр то он гӯша равам. Гуфтам, хонаат куҷост, худам дунболат меоям, ҳар вақт ки расидӣ. Аз пеши худ ва бар хилофи тааҳҳуд, як таксии дохили шаҳриро киро мекунад (боз ҳам аз ҳисоби ман) ва вақте такси омад, нисфи амонатро ҷо гузошта буд. Вақте аз ӯ пурсидам, ки аз ту ки хост чунин кунӣ ва агар кардӣ, ин чӣ рафторест, ки нисфи борро таҳвил надодӣ. Гӯё чизе нашуда бошад, ҷавобаш ин буд, ки “хайр чӣ, саҳарӣ мегирӣ мондагиша”. Ба ёд оваред, вақти дар истгоҳ расидану доду фарёду талоши онҳоро.

Сари шуморо, ки вақт кардеду ин навиштаамро хондед, ба дард наёрам. Аҳд кардам, ки дигар …

Охир намешавад, бояд мо кори ҳамдигарро иҷро кунем, рӯзгор тақозо мекунад, ки дар як ҷомеа аз хидмати ҳам истифода барем. Аммо дигар аз рафтору муносибати таксиҳои байнишаҳрӣ чунон дилгиру малул шудаам, ки … ту напурсу ман нагӯям.

Сайфуллоҳ МУЛЛОҶОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь