Шоҳи футболи ҷаҳонӣ, 3 карат чемпиони ҷаҳон оид ба футбол (солҳои 1958, 1962 ва 1970) Пелеи машҳур баъди бемории вазинину тӯлонӣ   санаи 29-уми декабри соли 2022 дар шаҳри дӯстдоштааш Рио Де Жанейра дар беморхона дар иҳотаи аҳли оливу дӯстонаш даргузашт. Хабари марги Пелеи машҳур ҷаҳонро ларзонид. Ба хабари марги ӯ боварӣ  дорам, ки  90 фисади аҳолии   сайёра бо як амалу воқеъаи аҷибу фоҷиаовар муносибат намуданд ва ин низ аз нишонаи маҳбубияти ин шахсияти бузурги олами футбол гувоҳӣ  медиҳад.Чун ба зуди шахсиятҳои бузурги олами футболу варзишу сиёсатмадорон ба марги Пеле ашкномаву хотираҳо нашр намуданд дар рӯзу соати аввали маргаш, ин низ аз ҷозибаи зиндагию дахолати номаш дар ҳаёти инсони сайёра хуб гувоҳӣ медиҳад. Оре номи ин шахс ончунон дар зарфи зиёда аз 60 соли охир дар сайёраи мо машҳур гаштааст, ки номи ӯро ҳатто кӯдаки гаҳвора низ дар солҳои 60-ум хуб медонист. Ба бозии шевою муносибати фарҳанги тӯпронии ӯ, ки мӯъҷиза меофарид бо ҳайрат насли он давра ва наслҳои баъдина дида медӯхтанд.

Пеле бо бозии аълои  худ ва қудрати  азалию худовандии ба ӯ парвардигор атонамуда майдону самти тӯбро  дар замину   ҳангоми ба боло паридан дар осмон  зери назорат мегирифт ва бо амалҳои аҷиби худ ҳамроҳи рафиқони беҳтарини худ чун Гарринча, Вава, Диди ва дигарон афсонаи футболро меофарид. Афсонаеро, ки бозии ин шахсияту ҳамтоёнаш монанд ба як симфонияи бузурги ҷаҳоние буданд, ки чун симфонияи «Суруши Сталинград»-и волгоградиву итоливвиҳо рӯҳро ба ҳаракат медаровард ва аз одамизод, як қувваи қодиру беҳамтоеро дар майдони сабзгуни варзишӣ рӯи об меовард. Барои нахустин бор маҳз тими Пеле ба ҷаҳониён нишон дод, ки футбол ин на танҳо бозии маҳбуби варзишӣ ва аҷиб аст, балки дар ҳолати иҷрои комбинатсияҳои аҷиби футболӣ он ба як фарҳанги бузурги варзишӣ мубаддал мегардад.

Номи ин шахсро ҳанӯз аз овони 4 -5 солагиям охири солҳои 60-ум медонистам (дар шароити нанатехнологияи имрӯза дилхоҳ бозингари касбию ғарикасбӣ дар зарфи якчанд сония бо як гол ва ё як дриблинги худ  метавонад  машҳури ҷаҳон шавад ва номаш вирди забон гардаду номашро дар як лаҳза миллиардҳо одамон дар тамоми сайёра ба забон оваранд, аз ин рӯ  футболбозони имрӯзаро бо нанатехнологияи машҳургардияшон то обрӯи Пелеи бузургу ҳамтоёнаш  миллионҳо сол роҳ хоҳад буд, ки ин сазовори мавзӯъи алоҳида хоҳад буд).

Пеле барои насли калонсол, наслҳои солҳои 1900, 1910, 1920… таваллудгашта, баъди  соли 1958 як мӯъҷизаи иллоҳӣ, як шаддаи марворидии ҷангалзорҳои соҳилҳои Амазонкаи Бразилия гардид. Баъдан баъди бозию ғалабаҳои дурахшону   маротибаи саввум соли 1970 соҳиби унвони баланди Чемпиони ҷаҳон гаштанаш дар футбол ӯ ба зуди ба «Тахти шоҳии  ҷаҳони  футбол» нишаст. Дар ин муддат бо ному кору рафтораш дар тамоми хиттаи сайёраи  мо ба ӯ арҷи зиёде  мегузоштанд ва ӯ низ  барои варзиш, барои сулҳи байни халқу миллатҳо, барои пешгирии ҷангу ҷорӣ кардани сулҳ, инкишофи бозии дӯстдоштатарини мардуми сайёра футбол  номашу кораш як муҳабатномаю муҳабатхона  гашт. Миллионҳо ҷавонону наврасон дар сайёра бо кору амали Пеле ба варзиш машғул мешуданд ва дар зиндагӣ ҷою мавқеъи худро меёфтанд. Аз «трушобаҳо»-и Рио ва Сан-Пауло, ки одатан одамкушону роҳзанони зиёде мебаромад, ахиран ситораҳои бузурги футболу дигармардони бузурги  кору пайкор чун чағораи  баъди оташаки борони баҳорӣ баромадан гирифтанд, ки бо бозии зебои худ дили миллионҳо мардуми оламро шоду мардумро ба ободсозӣ даъват мекарданд.

Фалсафаи зиндагии ин шахсияти бузург, ки аз худ кору амали бузургеро барои башарият ба ҷой гузоштааст,  ин фалсафаи бузурги пири ҳакимони шарқиро ба хотир меоварад. Мероси гузоштаю номи дар ҳаёт гузоштаи ин шахсро дар ҷаҳон метавон танҳо бо эпоси «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ва Маснавии Манавии  Мавлои Рум ва ному кори онҳо баробар кард на чизи дигар ва инҷо бародарон ягон ҷои тардиде низ нест. Одатан як гурӯҳ  мухлисони навбаромад солҳои охир ину он футболбозро дар муқоиса бо дигараш мехоҳанд бологузар кунанд, ки ин комилан як кори ҳангомабозони дур аз фалсафаи футбол аст. Оре дар ҷаҳони футбол ситораҳои тобони зиёде дурахшидаанд  чун Гаринчи, Вава, Диди,  Пушкаш, Боби Чартлон, Кочиш, Яшин, Бест, Ейсебио, Круиф, Мюллер, Руминиге, Зико, Ван Бастен,  Марио Кемпес, Росси ва дигарон, ки бо бозии тобноки худ футболро такони ҷиддие бахшиданд, лекин ҳамаи онҳо  дар назди шӯҳрату бозии «Шоҳи футболи ҷаҳон» Пеле аз як ситорае бештар набуданд.

Дар ин миён солҳои 80-ум Марадонаи бузург, футболбози маъруфи аргентинӣ бо бозии зебою фарқкунандаи худ ҷаҳони футболро мунаввар сохт ва ба бозии Пелеи машҳур ранги дигар бахшид, лекин ин шахсият низ дар ҳеҷ давру замон ҷои Пелеро дар хидмат ба футболу умуман варзиш, дар ҳаёти ҷамъиятии ҷаҳон гирифта натавониста буд.

Ҳоло дар асри 21 бо ба миён омадани шароитҳои хубтари техникиву хурду хӯроку хизмати тиббии беҳтарину алоқаҳои фаврии кайҳонию тарақиёти телевизиони ҷаҳонӣ номҳои зиёде футболбозон баромадаанд, ки дар байнашон дар 20  соли охир Криштиану Роналду ва Леонел Месси   дурахшонтаринанд ва рақобати 9-солаи онҳо дар майдонҳои сабзи Ла-лигаи Испания  ва бозии тимҳои «Реал» ва «Барселона» ҷаҳонро ва инсониятро 20 соли охир тасхири худ сохт, ки барои ин амалашон мо ба онҳо таҳсин мегӯем. Шояд дар солҳои наздик чунин рақобату чунин шахсиятҳо дар футболи муосир пайдо нашаванд. Аммо, бо ҳама «тӯби тилло» ва «бутсии тилло» гирияшон ва рекордҳои бешуморашон  бе  ягон муҳоббот мегӯям, ки онҳо ҷои «Шоҳи футбол»  Пелеи бузург ва ҳатто валиаҳди тахти «Шоҳи футбол»  Марадонаро низ гирифта наметавонанд.

Пеле бо пайдошавию майдондорияш фалсафаи футболро дигар кард ва Марадона ба он чун Гаринчаи бузург каме обу ранг дод.Чунин обурангдиҳиро дар футболи муосир мо бисёртар боз дар бозии Круифи машҳур мебинем, ки ба футбол такон бахшид. Рекорди нав дар футбол маънои бузургию футболбози рақами 1-и сайёраи Замин шуданро надорад бародарон.

Фалсафаи футболбозе  чун Пеле ва ё худ Марадона хело боло ва волост ва он ҷаҳонро тағир дод, ҷаҳонеро, ки аз рӯи бозии онҳо имрӯз Роналду ва Месси  соҳиби «тӯби тиллоӣ»  мегарданд. Обрӯю нуфузеро, ки ин шахсият пайдо намудааст то имрӯз ягон шахсияти футболӣ надорад. Ба ёд оваред, ҷанги байниҳамдигарии вазнинро  дар Нигерия дар соли 1969, ки ба муносибати бозии рафиқонаи тими «Сантос», ки дар онҷо  Пеле бозӣ мекард тарафҳои даргир  дар шаҳри Лагос махсус сулҳу оштии дурӯза эълом намуданд то мардум тавонад аз бозии Пеле баҳравар шаванд! Оё метавонанд, роҳбароне имрӯз дар Мариуопол ва ё Бахмут барои омадани Месси  ва ё Роналду махсус ду рӯз ба сулҳу салоҳ раванд. Не ва сад бор ҳам не!

Мана чунин шахсият буд «Шоҳи футбол!» Аз ин рӯ қиёс кардани футболбозони навбаромада бо ин нобиғаи олами футбол аз як кори аблаҳонае беш нест!

Аз ин рӯ аминам, ки Пелеи бузург «Шоҳи ягонаи футболи ҷаҳонӣ» боқӣ мемонад   ва номи ӯ  наврасони ояндаеро чун Роналдо, Роналдинио, Ромарио, Блохин, Шевченко…  Месси, Роналду, Ҳоланд, Мбапе ва  дигарон илҳоми тозае дар майдонҳои сабзи футболи ҷаҳонӣ хоҳад бахшид.

Ҳоло бошад, таъзияи жарфи худро нисбати даргузашти Пелеи бузург ба тамоми мухлисони футболи ҷаҳон ва хосатан дӯстдорони футболи Тоҷикистони азиз мерасонам. Аминам, ки   модари тоҷик,  ахиран дар асри 21 тифлеро ба дунё хоҳад овард, ки он кас номбардори миллати арҷманди тоҷик ва довталаби тахти холимондаи шоҳии  футболи ҷаҳон хоҳад гашт!

Варқаи Зайниддин,

Узви ИЖ ҶТ, шаҳри Бохтар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь