Ҳасан Насруллоҳ яке аз шахсиятҳои муҳим ва шинохтаи сиёсат дар низоъҳои Ховари Миёна аст. Ӯ аз соли 1992 роҳбари ҳаракати “Ҳизбуллоҳ” мебошад, ки як созмони сиёсию низомӣ дар Лубнон мебошад. “Ҳизбуллоҳ” аз замони таъсисаш дар соли 1982 то имрӯз як нерӯи калидӣ дар сиёсат ва низомҳои минтақа боқӣ мондааст.
Ҳасан Насруллоҳ соли 1960 дар шаҳри Бейрут, пойтахти Лубнон, дар оилаи шахси камбағал таваллуд шуд. Ӯ аз ҷавонӣ бо таълимоти исломӣ сару кор дошт ва таҳсилоти ибтидоии худро дар мактабҳои мазҳабӣ гузаронид. Баъдан, дар замони наврасӣ ба ҳаракатҳои зиддиисроилӣ ҷалб гардид, ки ин равиш оҳиста-оҳиста ӯро ба арсаи сиёсат ворид кард. Ҳасан Насруллоҳ таҳсилашро дар шаҳрҳои Қум, Насаф дар Эрон ва Ироқ давом дод, ки ин шаҳрҳо марказҳои муҳимми таълимоти мазҳабӣ ҳастанд. Маҳз дар онҷо ӯ бо чеҳраҳои калидии ҳаракатҳои исломии минтақа, аз ҷумла роҳбарони Эрон, шинос шуд. Соли 1982, дар шароити ҷанг бо Исроил ва ишғоли қисматҳои ҷануби Лубнон, “Ҳизбуллоҳ” ҳамчун як ҳаракати муқовиматӣ таъсис ёфт. “Ҳизбуллоҳ” аз ибтидо бо дастгирии Эрон ва Сурия бар зидди нерӯҳои исроилӣ амал мекард.
Соли 1992, роҳбари пешинаи “Ҳизбуллоҳ” Аббос ал-Мусавӣ, ҳамсар ва писараш дар натиҷаи ҳамлаи чархболҳои Исроил дар Лубнон кушта шуда буданд. Ин ҳодиса боиси афзоиши шиддат дар муносибатҳои байни “Ҳизбуллоҳ” ва Исроил гардид, ва баъд аз марги Мусавӣ, Насруллоҳ дар 32-солагӣ ба сари қудрат омад.
Зери роҳбарии Ҳасан Насруллоҳ, “Ҳизбуллоҳ” ба як созмони муҳими низомӣ ва сиёсии Лубнон табдил ёфт. Он бо Исроил дар якчанд ҷангҳо, аз ҷумла ҷанги соли 2006, ворид шуд. Насруллоҳ бо истифода аз дастгирии Эрон ва Сурия тавонист “Ҳизбуллоҳ”-ро ба як нерӯи таъсиргузор дар минтақа табдил диҳад. Вай аз тактикаи ҷангӣ истифода бурда, тавонист мубориза бар зидди Исроилро идома диҳад, ки ин обрӯи ӯ ва “Ҳизбуллоҳ”-ро дар байни ҷомеа афзоиш дод. Илова ба фаъолиятҳои низомӣ, “Ҳизбуллоҳ” зери роҳбарии Насруллоҳ инчунин ба як нерӯи муҳим дар сиёсатҳои дохилии Лубнон табдил ёфт. Созмон дар парлумони Лубнон намояндагӣ дорад ва дар сиёсати дохилии кишвар нақши калидӣ мебозад. Ба ғайр аз муборизаҳои низомӣ, “Ҳизбуллоҳ” ба лоиҳаҳои иҷтимоӣ, кӯмак ба фақирон ва таъмини хадамоти тиббӣ машғул аст, ки ин маҳбубияти онро дар байни мардуми Лубнон афзун кардааст.
Ҳасан Насруллоҳ, роҳбари “Ҳизбуллоҳ”, рӯзи ҷумъа (27-уми сентябр) дар Бейрут, пойтахти Лубнон дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии Исроил кушта шуд. Ҳамла дар доираи низоъҳои шадиди байни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” сурат гирифт, ки пас аз ҳамлаҳои моҳи октябри соли 2023 оғоз шуда буд. Марги Насруллоҳ зарбаи ҷиддӣ ба “Ҳизбуллоҳ” ва ҳампаймононаш аст, зеро ӯ як раҳбари шинохта ва стратегии созмон буд. Ин воқеа метавонад танишҳо дар дохили Лубнон ва дар сатҳи байналмилалиро афзоиш диҳад. Марги ӯ ҳамчунин равобити Исроил бо Эрон ва шиддати низоъ дар сарҳадҳои ҷанубии Лубнонро боз ҳам мушкилтар хоҳад кард.
Марги Насруллоҳ ба ҷомеаи ҷаҳон чӣ таъсир мегузорад?
Марги Ҳасан Насруллоҳ як лаҳзаи муҳим дар таърихи “Ҳизбуллоҳ” ва ҷангҳои Ховари Миёна хоҳад буд. Ин метавонад ба давом ёфтани ҷангҳои байни Эрон ва Исроил сабаб шавад ва минтақаи Ховари Миёнаро ба нооромии бештари сиёсӣ ва низомӣ дучор созад. Бо марги ӯ эҳтимоли афзоиши нооромӣ дар Лубнон ва Ховари Миёна зиёд мешавад ва дар ҷаҳони дипломатия ҳамчунин паёмадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт. Мисол афзоиши шиддат байни Исроил, Эрон ва гурӯҳҳои мусаллаҳи минтақавӣ метавонад низоъҳои мавҷударо авҷ диҳад. “Ҳизбуллоҳ” метавонад барои интиқоми марги роҳбари худ амалиёти шадидтар анҷом диҳад, ки вазъи минтақаро боз ҳам ноором кунад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ, робитаҳои кишварҳои абарқудрат, аз ҷумла ИМА, Русия, ва Иттиҳоди Аврупо бо Эрон ва Лубнон низ метавонад ба мушкил дучор шавад. Ғарб ба афзоиши нуфузи Эрон дар Ховари Миёна боэҳтиёт муносибат мекунад ва марги Насруллоҳ метавонад дар ин муносибатҳо варақи тозае ворид созад. Агар вазъи нооромии Лубнон ва Исроил идома ёбад, метавонад мавҷи нави муҳоҷирати шаҳрвандон аз Лубнон ва минтақаҳои дигарро ба вуҷуд орад, ки ба кишварҳои ҳамсоя ва Аврупо таъсир мерасонад. Баъди марги Насруллоҳ, эҳтимол аст, ки роҳбарияти нави “Ҳизбуллоҳ” ё гурӯҳҳои дигар кӯшиш кунанд, ки дар муборизаҳо бо Исроил ва ҳимояи манфиатҳои Эрон фаъолиятҳои худро афзоиш диҳанд, ки метавонад ба бозсозии стратегияи низомӣ дар минтақа оварда расонад.
Кӣ чӣ гуфт?
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 28-уми сентябр кушта шудани Ҳасан Насруллоҳро барқарор шудани адолат дар баробари қурбониён, аз ҷумла ҳазорон амрикоӣ, исроилӣ ва ғайринизомии лубнонӣ хонд.
Бояд гуфт, ки Амрико “Ҳизбуллоҳ”-ро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо ҷиноҳ ё қаноати ҳарбии “Ҳизбуллоҳ”-ро ба феҳрасти сиёҳ ворид кардааст.
Расонаҳо дар Эрон эълом карданд, ки Алӣ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон дар робита ба кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ панҷ рӯз азои умумӣ эълом кардааст. Пеш аз ин Ироқ, Сурия, Ҳусиҳои Яман ва Лубнон ҳам барои куштани Насруллоҳ се рӯз мотам эълом карданд.
Дар ҳамин ҳол Фаронса хостори “таваққуфи фаври”-и ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон шуд. Вазири корҳои хориҷии ин кишвар рӯзи шанбе эълом кард, ки бо ҳаргуна амалиёти заминии артиши Исроил дар Лубнон мухолиф аст.
Жан-Ноэл Барро, баъд аз суҳбати телефонӣ бо нахуствазири Лубнон, ҳамчунин аз “Ҳизбуллоҳ” ва Эрон хост, аз ҳаргуна иқдоме, ки метавонад минтақаро бесуботтар кунад, худдорӣ намоянд. Пеш аз ҳамлаи Исроил ба Бейрут ва кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ, Фаронса ва ИМА дар ҳоли омода кардани тарҳе барои оташбаси 21 рӯза миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” буданд.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия низ рӯзи шанбе бидуни ишора ба кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ гуфт, ки Лубнон ва мардумаш “ҳадафи навбатии наслкуши”-и Исроил шудаанд.
Эрдуғон дар шабакаи “Икс” (Твиттер) навишт, ки Шӯрои амнияти СММ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар ҳарчӣ зудтар бояд иқдом кунанд ва ҷаҳони ислом низ мавзеи мустаҳкамтаре дар баробари ин ҳамлаи Исроил бигирад.
Муҳаммад Шиа ас-Судонӣ, нахуствазири Ироқ кушта шудани Ҳасан Насруллоҳро маҳкум кард. Оқои Судонӣ ҳамлаи рӯзи ҷумъа ба макони фармондеҳии “Ҳизбуллоҳ”-ро “ҳамлаи нангин” ва “ҷинояткорона” хонд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар аввалин изҳороташ пас аз қатли Ҳасан Насруллоҳ гуфт, куштани дигар фармондеҳони “Ҳизбуллоҳ” кофӣ набуд ва ӯ ба ин натиҷа расид, ки Насруллоҳ низ бояд кушта шавад.
Нетаняҳу таъкид кард, ки Исроил вазифадор аст бар душманони худ зарба занад. Ӯ аз Ҳасан Насруллоҳ ба унвоне нафаре ном бурд, ки дар пайи нобудии Исроил буд.
Кӣ Насруллоҳро иваз мекунад?
Шабакаи телевизионии “Ал-Арабия” бо такя ба манобеи худ менависад, ки Ҳошим Сафуиддин ба ҷои Ҳасан Насруллоҳ интихоб гардид. Хабаргузории “Ройтерз” навишта, ки Ҳошим Сафуиддин писари холаи Ҳасан Насруллоҳ – раҳбари кушташудаи “Ҳизбуллоҳ” аст. “Ҳизбуллоҳ” дар бораи интихоби раҳбари нав расман иттилоъ надодааст.
Хабаргузории “Ройтерз” қаблан навишта буд, ки Ҳошим Сафуиддин писари холаи Ҳасан Насруллоҳ раҳбари кушташудаи “Ҳизбуллоҳ” аст. Номбурда раҳбарии шӯрои иҷроияи “Ҳизбуллоҳ”-ро бар уҳда дорад ва ҳамчунин дар Шӯрои Ҷиҳод, ки амалиёти низомии ин гурӯҳро идора мекунад,аъзо аст. Сафиуддин аз ҳамлаи Исроил дар рӯзи 27 сентябр наҷот ёфт. Бояд гуфт, ки Вазорати хориҷаи Амрико Ҳошим Сафиуддинро соли 2017 ҳамчун террорист эътироф карда буд.
“ФАРАЖ”