Ҳамин тариқ, аз хонадоршавии Зол ва Рудоба дар Зобул-Систон-Нимрӯз – Ҳирманд – минтақае, ки бо чаҳор ном ёд мешавад, Рустам ба дунё меояд. Ҳаким Фирдавсӣ аз забони Рудоба сабаби номи Рустамро чунин овардааст:
Бигуфто, бирустам, ғам омад ба сар,
Ниҳоданд Рустам-ш номи писар.
Яъне Рустам гӯё аз «растан», “рустан” – раҳо шудан, халос шудан таркиб ёфтааст. Вале дар ин байт маънои номи Рустам ба хотири бозии сухан омадааст. Маълум аст, Рустам аз ду бахш – Рус ва Там сохта шуда, бахши дуввуми он, яъне Таҳамтан (Таҳам, Таҳм ва Там) маънои паҳлавонро дорад. Дар «Шоҳнома» бо чунин таркиб номҳои Густаҳам, Гаждаҳам ва ғайра вомехӯранд, ки ҳар яке ба сари худ маъное дорад. Рустам низ дар чанд маврид танҳо бо унвони Таҳамтан омадааст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, Рустам мисли таркибҳои кунунии, масалан, Тоҷикполвон сохта шуда, қисмати аввали он «Рус» дорои маъноест, ки баъдан шарҳ хоҳад ёфт. (муфассал дар ин бора ниг. «Тоҷикон ва русҳо: кадоме воқеан бародари калонӣ буд?», «Тоҷи заррини тоҷик») Ба қавли И. Пьянков (Помир, 7-8, 1992, Меҳрдоди Баҳор “Пажуҳише дар асотири Эрон”) дар забони паҳлавӣ ва баъзе сарчашмаҳои қадим номи Рустам ба гунаи Родастаҳм омада, маънои пурнеруро дорад. Дар «Шоҳнома» дар ҷое омадааст, ки Кай Ковус боре бесаброна чашм ба роҳи Рустам буд ва ҳамин вақт Рустам аз дур пайдо мешавад. Гев дар мушоаяти Рустам буд ва:
Равам, -гуфт, -огаҳ кунам шоҳро,
Ки паймуд Рахши Таҳам роҳро.
Дорои маънои мушаххас будани Таҳам, яъне Паҳлавон тақозо менамояд, ки бахши аввали ин вожа – «рус» низ бояд дорои маъное бошад. Дар «Шоҳнома» Рустам ба чандин гуна лақаб ва номҳо зикр гардидааст, ки Ҷаҳонпаҳлавон яке аз онҳост. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» Ҷаҳонпаҳлавон ҳамчун лақаби Рустам шарҳ ёфта, бо чунин мисол аз «Равзат-ус-сафо» тақвият дода шудааст: «Мо (яъне Кай Хусрав – М.Ҳ.) ӯро (Рустамро) Ҷаҳонпаҳлавон ва Таҳамтан лақаб додем».
Аммо чанде донишмандони дигар маънои қисмати аввали вожаи Рустам «рус»-ро аз «руд» донистаанд, ки ҳарчанд ин назар низ метавонад қобили қабул бошад, аммо воқеияти номи Рустам дигар аст. Меҳрдоди Баҳор маънои Рустамро аз Rodestahm Rautah.us-taxman «руде, ки ба берун ҷорӣ аст» гуфтааст. (ниг. Меҳрдоди Баҳор «Пажӯҳише дар асотири Эрон» саҳ.194)
Вале ба назари мо, қисмати аввали номи Рустам, аз решаи куҳани ориёии «Арта» баргашт шудааст. Дар забони ориёиҳои пешин вожаи муқаддасе вуҷуд дошт, ки ба шакли Рта (Rta), гунаҳои Рита, Арта ва ғайра ифода мегардид. Ин вожа, ки имрӯз дар забонамон ба гунаи Рост(ӣ) шакл гирифтааст, дар забон ва зиндагии мо хеле серистеъмол аст.
Бояд гуфт, ки як қоидаи овогардии барои баъзе вожаҳо то ҳол ошкорнашудаи забонӣ вуҷуд дорад, ки тибқи он дар як силсила вожаҳои забонҳои пешин (аз ҷумла санскрит, забони авестоӣ ва ғ.) овозҳои д ва т ба овози с ва дар баъзе маврид ба овозҳои ст бармегарданд. (мас. Каюмартан – Каюмарс, Нуатра – Нӯзар, нипота – нуваса (набера), Порт – Порс, тани – сан (писар, сын), навдара – навзара (фарзанд), Хванират – Хванирас (Хунирас), гот – госа, отар – озар ва ғайра, инчунин баргашти овозии т, д ба ст дар вожаҳои дотра – дост, натарван – настаран, мадҳа – маст (маза, дар русӣ мёд), отар – хокистар (хоки остар – хоки оташ), рада – раста ва ғайра дар ҳамин шуморанд) Рта ё Арта низ тибқи ҳамин қоида, яъне бо баргашти т ба ст ба шакли Рст (Арст)-Раст-Рост(ӣ) зоҳир гардид.) Рта ё Арта низ тибқи ҳамин қоида, яъне бо баргашти т ба ст ба шакли Рст (Арст)-Раст-Рост(ӣ) ва дигар шаклҳо, аз ҷумла рус, растан, рашт, род ва ғ. зоҳир гардидааст.
Арта ё Рта даври Коинотро ифода мекунад («Мифы народов мира» М.1991.т.1.,с.142, т.2.,с.384). Яке аз муҳаққиқони адабиёти ориёҳиндӣ С. Радҳакришнан дар ин бора гуфтааст: «Рта – ин асрор аст, қонуни ниҳон дар қонун аст. Фикри Рита (Рта, Арта-М.Ҳ.) касро аз гуноҳ пок мекунад. Рта қавист, комил ва зебост чеҳраи ӯ. Ба шарофати Рта мо аз ғизо баҳравар мешавем. Рта – Ростӣ қабл аз Коинот аз мавҷи оташ офарида шуд». (Радҳакришнан С., Индийская философия, СПб., 1994. т.1., с.62.)
Вожаи «арта» тибқи қоидаи маъмули баргашти овози т ба с ба «арса» ва баъдан ба «рус» (арас, рус) баргашт мешавад. Муҳаққиқони рус як тахмини баргашти вожаи «рус»-ро (дар баробари рот-рут-рус, яъне руд ва Рос – номи дарё, ҳамчунин сур-сурӣ ва ғ.) аз Арта медонанд. Аммо то кунун роҷеъ ба маъно ва ваҷҳи тасмияи Арта ҳеҷ гуна изҳори назаре сурат нагирифтааст. Бо назардошти ин санадҳо сайри таърихии вожаи русро чунин шаклҳо додан мумкин аст: Рта-Арта-Арса-Арас-Рус.
Рустам, яъне Арта+таҳам-Арса+там-Арас+там-(Родастаҳам)-Рустам. Яке аз паҳлавонони тӯронӣ Рус (ниг. «Бурҳони қотеъ») ном дошт, ки он низ аз ҳамин реша сабзидааст. Номи миллати Рус ҳамчунин метавонад аз тариқи Рта-Род (родмард)-Рос-Рус баргашт шуда бошад. Лақаби Рустам – сагзӣ низ баргашти Артакзик буда, баъдан ба шакли стакзи ва ниҳоят сагзӣ зоҳир гардидааст. (Дар ин бора далел зиёд аст, ки мо онҳоро дар мақолаи “Сарчашмаи маъноии вожаи тоҷик” зикр кардаем.)
***
Дар «Шоҳнома» нисбати ҷойгоҳи Албурзкӯҳ, Эрон, Зобул таъйиноти аниқе дода намешавад. Ҳаким Фирдавсӣ мабнӣ бар сарчашмаҳои қадим Албурз, Ҳинд, ҳамчунин Зобул, Систон ва Нимрӯзро дар мавқеиятҳои ҳамҷавор тасвир менамояд. Зобул дар «Шоҳнома» бори нахуст он гоҳ зикр мешавад, ки Сом Манучеҳрро аз пайдо кардани Сом писараш Золи Зар огоҳӣ медиҳад. «Зи Зобул ба шоҳ омад ин огоҳӣ» – ва дигар тафсилоте вуҷуд надорад. Шоҳ Манучеҳр писараш Нузарро барои табрики Сом ба Зобул мефиристад. Сом ва Зол ҳамроҳи шоҳ Нузар ба дидори Манучеҳр меоянд. Вале боз ҳам роҷеъ ба мавқеияти Зобул ва ҷойгоҳи Манучеҳр чизе гуфта намешавад. Ҳангоми бозгашт Сом ва Зол ба сарзамине бармегарданд, ки бо се ном Зобул – Нимрӯз ва Систон ёд мешавад.
Сӯи Зобулистон ниҳоданд рӯй,
Назора бар ӯ бар ҳама шаҳру кӯй.
Чу омад ба наздикии Нимрӯз,
Хабар шуд зи солори гетифурӯз.
Биёроста Систон чун биҳишт,
Гилаш мушки соро буду зар-ш хишт. 243.
Аксар вақт шоҳони эронӣ Сому Зол ва Рустамро ду манзил, ки тақрибан 80 километр дар шумор аст, гусел мекарданд.
Миёни Зобул (Систон, Нимрӯз) ва Эрони бостон ҳафтрӯза яъне 280-300 километр аст. Боре ҳангоме, ки Кай Хусрав мехост тарки дунё кунад, эрониён ба назди Золу Рустам рафта, хоҳиш мекунад, ки онҳо шоҳро аз ин нияташ гардонанд. Золу Рустам бо шитоб дар шаш рӯз аз Зобул ба Эрон (-и бостон) мерасанд.
Шашум ҳафтаро Золу Рустам ба ҳам
Расиданд бе кому дил пур зи ғам. 5.439.
Чу эрониён огаҳӣ ёфтанд,
Ҳама доғдил пеш биштофтанд.
Ин масофа нисбати айнияти Эрон – ба Лахшу Олой ё ҷануби водии Фарғона ва Зобул – Бадахшон мувофиқ меояд, ки тақрибан 300 километрро ташкил медиҳад. Масофаи миёни Эрони бостон ва Систон-Зобул-Нимрӯз аз роҳҳои кӯҳии мустақим тақрибан 300 километрро ташкил медод.
Ҳангоми меҳмонии Гуштосп дар Зобул Арҷосп ба Балх (воқеъ дар ноҳияи Лахш – М.Ҳ.) ҳуҷум мекунад. Ҳамсари Гуштосп тағйири либос карда, савори асп тозон роҳи Систонро пеш мегирад.
Аз охур чамон борае бар нишаст,
Ба кирдори туркон миёнро бубаст.
Аз айвон раҳи Систон баргирифт,
В-аз он корҳо монда андар шигифт.
Нахуфтӣ ба манзил чу бардоштӣ,
Дурӯза ба як рӯз бугзоштӣ. 6-171
Дар ин пора иқтибос низ тахминан масофаи миёни эрон ва Систон-Зобул таъйин гашта, масофаи зикршударо тасдиқ менамояд.
Дар як ҷанги эрониён ва турониён, ки шикасти эрониён наздик аст, лашкариёни эронӣ ба афсӯс мегӯянд:
Таҳамтан ба Зобулситон асту Зол
Шавад шаҳри Эрон кунун толу мол.
Яъне масофаи миёни Эрони бостон ва Зобул тавре гуфта шуд, як ҳафтаина роҳ буд ва рафту омад ду ҳафтаро дар бар мегирифт ва аз ин рӯ ташвиши эрониёнро фаҳмидан мумкин аст. Тавре дар мақолаи «Канобад (Конибодом) ва Райбад (Работ) дар «Шоҳнома» зикр шуда буд, аз Канобад – Конибодом ба самти шарқии Фарғона дар масофаи ҳафтрӯза роҳи савораи асп пойтахти Эрони бостонвоқеъ шуда буд, ки Кай Хусрав дар он шаҳр менишаст. Тавре мо дар мақолаи “Панҷ пойтахти Эрони бостон” мушаххас гуфтем, пойтахти кишвар дар замони Кайхусрав дар “Шоҳнома” Истахр гуфта шудааст, ки он бо номи Старғ (Старх) дар ноҳияи Ванҷ боқист.
Ҳумон, яке аз паҳлавонони туронӣ, ки ба назараш ғалаба наздик расидааст, лоф мезанад, ки сипоҳашро ба се гурӯҳ тақсим карда, чаҳор мулки асосии ирониён – Балх (воқеъ дар ноҳияи Лахш), Кобул (шарқи қаторкӯҳи Фарғона), Зобул (воқеъ дар соҳилҳои руди Панҷ – Бадахшон) ва Эронро (водиҳои Фарғонаву Олой) ба замин яксон мекунад:
Ба се баҳра ронам аз он пас сипоҳ,
Кунам рӯз бар шоҳи Эрон сиёҳ.
Яке баҳра з-эшон фиристам ба Балх,
Бар эрониён – бар кунам рӯз талх.
Дигар баҳра – бар сӯи Кобулситон,
Ба Кобул кашам хоки Зобулситон.
Саввум баҳра бар сӯи Эрон барам,
Зи туркон бузургону шерон барам. 4.80
Ҳангоме Бежан ба дасти турониён асир меафтад, боз ҳам Рустам бо даъвати шоҳи Эрон барои озод кардани ӯ ба Турон мешитобад. Рустам, ки ба сифати бозаргон тағйири либос карда буд, ба Манижа мегӯяд, ки ба Бежан бирасон, ки ӯ (яъне Рустам):
Зи Зобул ба Эрон, зи Эрон ба Тур
Зи баҳри ту паймуд ин роҳи дур. (ҷ.4 с.380)
Ин хатти ҳаракати Рустам ба шакли зайл сурат мегирад: Зобул (минтақаи Бадахшон) – Эрон – шарқу ҷануби Фарғона – Турон (Хутани Хитой). Ин хати ҳаракат як хати ҳаракати росту мустақим аст. Онро дар дигар маҳал татбиқ намудан имкон надорад. Агар ин ҳаракати Рустам аз Зобули кунунӣ дар Афғонистон ба Эрон ва баъд ба Турон сурат гирад, бояд роҳи давродавр тай карда шавад. Ин хати ҳаракатро низ худи Ҳаким Фирдавсӣ эҷод карда наметавонист, зеро тавре ки қаблан гуфта шуд, ӯ аз мавқеияти аслии Эрони бостон огоҳӣ надошт. Ва агар ӯ Эрони кунуниро дар назар медошт, хати ҳаракати Рустамро аз Зобули кунунӣ ба самти ғарб ва аз он ҷо дубора ба самти шарқ тасвир намекард. Вале азбаски дар сарчашмаҳои бостон ҳамин хати ҳаракат нишон дода шуда буд, ӯ низ онро бетағйир истифода намудааст.
Воқеияти шахсияти Рустам дар баробари он ки дар ҳодисаҳои муҳими миёни Эрону Турон ва дар таъйини мавқеияти ҷуғрофии кишварҳои «гумшуда» зоҳир мегардад, ҳамчунин дар ҷузъиёти зиндагии ӯ ва хусусиёти хоси маҳалли Зобул – Нимрӯз – Систон тақвият меёбад. Яке аз чунин ҷузъиётҳо аз ҷониби Рустам фатҳ шудани диж дар кӯҳи Сипанд аст. Барои чунин амал Зол Рустамро мефармояд, ки худро ҳамчун бозаргон биорояд ва корвонеро бо бори намак ба сӯи дижи Сипанд бикашад.
Ба пушти шутур-бар намак дору бас,
Чунон рав, ки нашносадат ҳеҷ кас,
Ки бори намак ҳаст он ҷо азиз,
Ба қимат аз он беҳ надоранд чиз.
Рустам низ:
Ба бори намак-дар ниҳон кард гурз,
Барафрохта паҳлавон ёлу бурз,
ба роҳ мебарояд. Рустам бо корвони намак дохили диж рафта, шабона бо ҳарбе онро тасарруф менамояд. Ин лаҳза агар решаи воқеӣ намедошт, Ҳаким Фирдавсӣ на бори намак, балки шояд бори дебои румӣ, ё дигар молро тасвир мекард. Намаки кӯҳи Хоҷа Мӯъмин, ки дар минтақаи Кӯлоб воқеъ аст, имкон дошт дар замони Рустам низ ба кишварҳои ҳамсоя бароварда мешуд.
Яке аз ҷузъиётҳои дигар он аст, ки вақте Рустам Сиёвушро барои тарбия ба Зобул мебарад, Сиёвуш:
Гаҳе шод бар тахти Дастон будӣ,
Гаҳе дар шикори найистон будӣ.
Яъне Сиёвуши навҷавон гоҳе рӯи тахти Рустам мебаромад ва гоҳе ба шикори найзор мерафт. Ин ҷо низ агар дар номаҳои куҳан воқеан найистон зикр намегардид, Ҳаким Фирдавсӣ ва муаллифони дигар асарҳо шояд барои шикор Сиёвушро ба дашт ва ё кӯҳ «мебурданд». Тавре маълум аст, имрӯз низ дар соҳилҳои дарёи Панҷ минтақаи Фархор ва ё минтақаи ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ (Бешаи Палангон), ки дар соҳилҳои ин дарёҳо харобаҳои қалъаи Золи Зар боқӣ мондаанд, найистонҳои шикоргоҳе вуҷуд доранд.
Ҳамчунин дар таъйини мавқеияти Систон-Зобул-Нимрӯз ва тасдиқи шахсияти воқеӣ-таърихии Рустам муайян намудани ду кишвари ба ин минтақа ҳамҷавор – Ҳинд ва Ҳомоварон нақши равшан мебозад. Тавре тазаккур рафт, Ҳинд қисматҳои ҷанубии Бадахшони кунунӣ будааст. Дар «Таърихи Систон» омадааст,- «Афросиёб гурез гирифт ва ба сӯи Чин шуд ва аз он ҷо ба Ҳиндустон омад ва аз он ҷо ба Систон омад…» Дар ин мисол низ хати гурези Афросиёб – Чин (Саена, ғарби Хитой, на Чини кунунӣ – М.Ҳ.) – Ҳиндустон (ҷануби Бадахшон) – Систон (Бадахшон) воқеӣ ва имконпазир хоҳад буд.
Мутаассифона, ҷуғрофияи рӯйдодҳо ва кишварҳои «Шоҳнома» ва дигар адабиёти ориёиронӣ то кунун саҳеҳ омӯхта нашудааст ва он чи ки дар ин боб чанде донишмандон изҳори назар кардаанд, на ҳамеша ба воқеият баробар меояд. Онҳо аксаран Туронро дар сарзаминҳои соҳилҳои рости Амударё ва Эронро дар соҳилҳои чапи ин руд гуфтаанд. Қабули он ки Зобул-Систон-Нимрӯз, ва аксари номҳои минтақаҳои Эрону Афғонистон ва Озарбойҷон дар нахуст дар минтақаҳои кунунии Тоҷикистон ва шимолу шарқии он воқеъ буданд, душвор, вале воқеият аст. Ҳамчунин қабули шахсияти воқеӣ – таърихӣ будани Рустам низ. Вале воқеият ҳамин аст, ки дар «Шоҳнома» чунин ҳол дар ҳар лаҳзаи рӯйдодҳо дар нисбати Рустам эҳсос мегардад. Баъзан байтҳое, ки дар онҳо номҳои кишварҳо оварда шудаанд, бидуни огоҳӣ аз ҷуғрофияи аслиашон ба назар берабт менамоянд. Масалан:
Ба Ҳиндустон андар оташ фурӯз,
Ҳама кохи Меҳроби Кобул бисӯз.
***
Ба роҳе, ки шуд Рустами шермард,
Баромад зи Ҳинду зи Кашмир гард
Кобул қисмати шарқу шимоли Бадахшон ва Ҳинд – қисмати ҷанубии он будаанд. Дар байти дуввум ҳаракат аз Барбар (сарзаминҳои резишгоҳи Сурхондарёи кунунӣ) ба сӯи қаторкӯҳҳои воқеъ дар шимоли Фарғона дар назар аст. Ҳинд ва Кашмир низ дар алоҳидагӣ номбар карда мешаванд, ки Ҳинд – Бадахшон ва Кашмир – Тошқӯрғони кунунӣ дар назар аст. Воқеан, дар «Таърихи Систон» ва адабиётҳои дигар омадааст, ки “Кашмирро Рустами Дастон кард ва хазоини хеш ва моли хеш он ҷо бинҳода буд. (“Таърихи Систон”, Теҳрон, 1382, с. 11). Ин ҷо бояд гуфт, ки барои Рустам ҳеҷ зарурате набуд, ки Кашмиреро, имрӯз маълум аст, бунёд кунад ва молу хазинаи худро он ҷо бигузорад. Воқеият он аст, ки Кашмире, ки Рустам бино кард, ҳоло бо номи Тошқурғон дар Сарикӯл, дар Бадахшони Хитой воқеъ аст. Дар “Бундаҳишн” омадааст, ки ду Кашмир вуҷуд дорад: Кашмири дохилӣ ва Кашмири берунӣ. Аз ҳамин ҷост, ки мувофиқи навиштаи шодравон Ҳасанбой Шарифов мардуми Сарикӯл оромгоҳи Рустамро дар Тошқӯрғон медонанд.
Муҳтарам ҲОТАМ