“Саломи гарму ҷӯшон аз номи як нафар фарзанди шумо, ки ҳоло дар як гӯшаи дури ватан хизмати ватан-модарро иҷро менамояд…”

Ҳамин гуна оғоз мешуд номаи аксар аскарони замони шӯравӣ, ки аз садҳо нуқтаву канорҳои давлати шӯравӣ ба Тоҷикистон меомад. Эпиграфи 99 фоизи мактубҳо дар як қолаб ҳамин хел оғоз мешуд.

Давлати шӯравӣ хурду андак набуд. 22,4 миллион километри квадратӣ масоҳат ва ҳудуди 200 миллион аҳолӣ дошт. Ҳазорҳо шаҳру ҳазорҳо қисми ҳарбӣ ҷавонони тоҷикро ба оғӯш мегирифт. Алоқаи ягона байни ин қадар шаҳрҳову давлатҳо ва деҳаҳои мо хаткашон (почталион) ба ҳисоб мерафт. Почталион дар замони шӯравӣ ибораи маъмулу серистифода буд.

– Это я, почталион Печкин: барои насли аз чилсола боло ҷумлаи хеле шиносу дилчасп аст.

Хаткашонҳо обрӯ доштанд ва дар назди падарону модарон соҳибэҳтиром буданд. Чӣ ҷои инкор, ки дар байни халқ номи маъмулашон на хаткашон, балки “почталион” буд

Аз ҳамсинфону ҷӯраҳоям мефаҳмидам, ки бародари кадоми онҳо дар куҷо хизмат мекунад. Москва, Ленинград, Саратов, Киев, Харков, Минск, Германия, Чехословакия, Тбилиси, Чита, Забайкалие ва ғайраву ҳоказо.

Почталионҳо доно ҳам буданд. Дар як деҳа чӣ қадар аскар аст, азёд медонистанд. Чанд вақт аз кадоми онҳо мактуб омаду наомад, ҳисобу китоби махсус доштанд. Ин тамаъ набуд, балки ба шодии хонадонро шарик шудани онҳо буд, вақте аз омадани хат шодиёна мегирифтанд.

Аҷаб замонҳое буданд. Ду-се сол волидайн фарзандони худро намедиданд. Ягона пурсупосу аҳвол дар чанд доираи маъмулӣ анҷом меёфт:

Хат мекунад

Хат менависем

Хат меояд

Модарон дар ҳама даврон бузургтарин шахсиятанд. Аз ҳама бештар мактуби аскаронро онҳо интизор буданд ва чун мактуби писарро мегирифтанд, онро мебӯсиданду болои дидаҳо мемолиданд.

Раҳматии бибиям ба ёдам меояд, ки аз писари хурдияш як халта мактуб ҷамъ карда буданд. Чашмонаш хуб намедиданд ва гоҳо аз ман хоҳиш мекард, ки мактубҳои кӯҳнаи писарашро хонам. Хомӯш ашки дидагонашро пок мекард, вақте мактубҳоро мехондам.

Тавре ишора гашт, баъди каме дертар расидани “мактуби саломатӣ” почталион аз модарони чашминтизор шодиёна мегирифт. Пул талаб намекард ва танҳо ба як пиёла чой, ё зиёфати хоксоронаи он хонадон мушарраф мегардид.

Ёдам ҳаст, деҳаи мо чанд почталион дошт. Собиқадортаринашон бо номи Абдулло солиёни дароз барои хурду калони деҳа шинос буд. Дар деҳаи дигар зиндагӣ мекард ва он касро калонсолон хубтар мешинохтанд. Тахминан 50-60 сол дошт, солҳое, ки почталиони деҳа буд. Аксар вақт харсавор ва баъзан бо асп хона ба хона гашта, газетаву журналҳову мактубҳоро тақсим мекард. Абдуллои почталион лақаб дошт.

Имиҷи Абдуллои почталион дар назари ман савори аспу хар будан буд. Зеро баъди солҳо боре ӯро пиёда дидаму ҳайрон шудам. Дар як маъракаи деҳа дидам, ки як пояш ланг буд. Аммо дар деҳа ҳама эҳтиромаш мекарданд. Пули нафақа меовард, “посилка”-ро мебурд, ҳуҷҷатҳои суғуртаро мерасонид ва билохира мактубу рӯзномаву маҷаллаҳоро ба мардум дастрас мекард.

Ба назарам менамуд, ки харсавор Абдуллои почталион тезтар роҳ мегашт. Хараш чақон ва йурға мерафт. Аспаш каме ландаҳур буд. Ба ҳар ҳол аспсавор салобаташ зиёдтар ба назар мерасид.

Медонед, суръати хару аспи он касро чӣ хел мефаҳмидем? Вақте ки мо кӯдакон хоҳиш мекардем, ки ягон газета диҳад, майлаш мегуфту аз болои аспу хар онро дароз мекард. Аммо дасти мо ба он нарасида, газетаро ба ақиб мекашид. Ҳамин тавр аз ақиби он кас хеле медавидему баъд газетаро мегирифтем. Аз ин завқ карда механдид, ё ҳангоми давиданамон ҳар гуна саволҳо медод. Ба ҳар ҳол инсони хуб буд ва аз ин амалаш намеранҷидем.

Хатнависӣ ҳам ҳунар буд. Дар деҳа рости гап на ҳама аз аскарон мактуби хуб менавиштанд. Забон ба забон мегашт, ки чӣ хел навиштааст. Намедонам, чӣ сабабе буд, ки шавқ доштам, ки мактуби аскаронро хонам.

Ман низ ба ину он наздикон мактуб менавиштам. Ду-се бор тозанавис карда варақҳоро даронида мепартофтам. Ҳаяҷонтарин лаҳза дар дохили лифофа (конверт) лабро тар кардану мактубро дохили он ҷо кардан буд.

Он замонҳо низ хабар дар деҳа зуд паҳн мегашт, ки аз кадом ҷавони деҳа мактуб намеояду аз кӣ зуд-зуд меояд. Сарчашмаву минбари хабар боз ҳам “занҳои лаби об” ва “сӯҳбати саҳариву бегоҳии сари пода” буд.

Як чиз дар он солҳо таън буд. Ба писарон падарону модарон мегуфтанд:

– Бачам, хондану навиштанро ёд гир. Пагаҳ аз хизмат чӣ хел мактуб менависӣ?

Ҳамин таъкид боис буд, ки танбалтарин бача низ чанд ҷумла навишта метавонист.

Бачаҳои деҳа ҳар гуна мактуб менавиштанд. Яке шӯхиомез, яке кӯтоҳ ва дигаре бо дарду алами зангирӣ, ки арӯсаш ӯро то ҳол интизор аст.

Замонаҳо дигар шуданд. Хатнависӣ нолозим шуда монд. Қуттиҳои почта оҳанпора шуданд, ки аксар дар маркази деҳаҳо буданд. Хаткашонҳо кори худро иваз карданд.

Медонед чӣ? Почталионҳо мардуми замони шӯравиро газетахон ҳам карда буданд. Қабл аз тақсим кардани рӯзномаву маҷаллаҳо худашон онҳоро мехонданд ва “АНОНС”-ро ба муштариён оҳиста ба гӯшашон пешакӣ мегуфтанд. Акнун интернет он ҳамаро раду бадал кард.

Акнун зинда бод телефони мобилӣ. Лозим шавад, ҳар ҳафта тариқи имову вотсап писару модар дидор мебинанд. Имрӯз таъин он аст, ки агар касе бо технологияи нав кор карда натавонад.

Модарони азиз ҳангоми говҷушӣ низ бемалол телефон дар гӯш бо фарзанди раҳдурашон дар тамос мешаванд. Дар замони шӯравӣ модари бечора аз деҳа ба шаҳр омадаву фармоиш дода, тавассути марказҳои алоқа дар ду сол 1-2 маротиба бо фарзандаш сӯҳбат мекард.

Як олам фарқ

Бахтиёр Қудбиддинов

P.S. (имрӯз филмеро тамошо кардам ва бо таъсири он рафтам ба суроғи солҳои рафта)

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь