Болливуд дар ташаккули тасаввуроти ҷаҳонии Ҳиндустон нақши муҳим мебозад ва Осиёи Марказӣ аз он истисно нест, зеро филмҳои ҳиндӣ дар солҳои 1950-ум дар Иттиҳоди Шӯравӣ маъруфият пайдо карданд ва классикон ба мисли “Господин 420” (Shree 420) “Диско Тансор” (Disco Dancer ба тамошобинон таассуроти доимӣ гузоштанд, ки сюжетҳои онҳоро бо муҳаббат ба ёд меоранд.
Афзун бар он филмҳову сериалҳои муосири ҳиндӣ мардуми Осиёи Марказиро ҷалб кардаанду мекунанд ва сериалҳои ҳиндӣ дар ин минтақа маъруфият касб кардаанд. Дар давраи Ҷанги Сард Осиёи Марказӣ бо Ҳиндустон робитаҳои муҳими фарҳангиро инкишоф дод. Синамои ҳиндӣ таъсир ва маҳбубият дар байни мардуми кишварҳое ба мисли Қирғизистон ва Қазоқистон дошт. Махсусан таъсири доимӣ ва шуҳрати беназири ҳунармандоне чун Раҷ Капур дар фарҳанги кишварҳои мазкур ба чашм мерасид. Баръкси синамои ғарбӣ, Болливуд бо силсилафилмҳое, ки аксаран фарогири мавзуъҳои сотсиалистӣ буданд, дар байни тамошобинони ин минтақаҳо маъруф буданд ва ба анъанаҳои филмсозии кишварҳо таъсир гузоштанд.
Аз ин ҷост, ки қаблан Узбекистон омодагии худро барои ҳамкорӣ бо синамогарони ҳиндӣ барои таҳияи филмҳо дар кишвари худ нишон дода буд. Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ барои мизбонии санъати синамо, барои наворбардорт дар кишвари худ тамоъл нишон доданд. Филмофарони ҳиндӣ ин даъвати гармро пазируфтанд, то бо истифода аз мавзеъҳои меъморӣ, мазҳабӣ ва ғайра ба шакли васеъ ва амиқ муҳтавои филмҳоро ғановат бахшанд. Даъват аз ҷониби доктор Барно Унгбоева пазируфта шуд. Барно Унгбоева, мушовири директори генералии Агентии киноматографияи Узбекистон дар суҳбате, ки дар ҷараёни 53 –юмин фестивали байналмилалии синамои Ҳиндустон дар ГОА анҷом дод, масъалаи ҳамкориро пазируфт.
Чаро Болливуд ин қадар машҳур буд?
Ҳиндустон, алалхусус дар Осиёи Марказӣ дар замони Шӯравӣ як кишвари дӯст маҳсуб мешуд, ки дар он ҷо ҳамчун подшоҳи ҳамсоя дида мешуд. Баръакс Ҳолливуд калимаи дигарро пешниҳод кард. Болливуд, аз тарафи дигар, пайваста идеалҳои баландро, аз қабили арзишҳои оилавӣ ва ростқавлиро тарғиб мекард.
Ҳикояҳои он дар бораи пирӯзии некӣ бар бадӣ дар байни мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ садои маиқ пайдо карданд.
Ин як боқимондаи мероси Шӯравӣ буд, ки Ҳиндустон яке аз миллатҳои дӯстдоштатарин дар дили мардум буд. Ҳиндустон дар Осиёи Марказӣ, ки дорои таърих ва анъанаҳои ғанӣ аст, мақоми иҷтимоии махсус дорад. Махсусан Болливуд тоҷи ин анъанаҳои ғанӣ аст.
Ин ҷо баъзе оморҳо дар бораи санъати синамои Ҳинҳустонро зикр мекунем:
Дар соли 2024 даромад аз синамо ба 4, 63 миллиард доллар расид ва аз 5, 50%, ки дар натиҷаи ҳаҷми пешбинишудаи бозор то соли 2029, 6, 05 миллиард доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.
Воридшавии корбарон дар соли 2024 38, 7% ва интизор меравад, то соли 2029 ба 43, 5 % расад.
Интизор меравад, ки даромади миёнаи як тамошобин 8, 31 доллари амрикоиро ташкил диҳад.
Ташаббусҳои дигари фарҳангӣ
Шӯрои равобити фарҳангии Ҳиндустон ба фестивалҳои фарҳангӣ сарпарастӣ мекунад ва сафарҳои дастаҳои рақсу мусиқӣ дар саросари минтақаро маблағгузорӣ мекунад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ инчунин аз барномаҳои ҳамкории Техникӣ ва иқтисодии Ҳиндустон (ITEC) баҳра мебаранд, ки ба 161 кишвари ҷаҳон омӯзиш, дастгирии инфрасохтор ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табииро пешкаш мекунад. Дар аввалҳои солҳои 1990 ҳазорон нафар аз Осиёи Марказӣ дар барномаҳои такмили ихтисос ширкат карда ва барои таҳсил дар донишгоҳҳои Ҳинд бурсия дарёфт кардаанд. Туркманистон, ки бо бунбасти нисбии худ маъруф аст, ҳамасола тавассути барномаи ITEC 20 мутахассиси ҷавонро ба ҳиндустон мефиристад.
Муҳибуллоҳ Меликзода