(I)

Пешгуфтор Аз замоне, ки мушаххас шуд сафаре бояд ба Амрико дошта бошам, андешаи навиштани сафардидаҳо пайдо шуд. Аз 15 то 26 июни имсол дар Амрико будам ва ҳамеша кӯшиши навиштани он чиро дидам, мекардам, вале фурсат пайдо намешуд. Дар фурудгоҳи Сан-Франсиско мунтазири парвоз ба сӯйи Франкфурт будаму навиштанро сар кардам ва идомаро дар Ватан менависам. Ба далели ин ки, як бахши калони дӯстон дар Амрико будаанд ва теъдоде аз ҳамватанон солҳост боз он ҷо зиндагӣ мекунанд, сафардидаҳоям барои онҳо шояд ҷолиб набошад, вале ман танҳо бардоштҳоямро аз сафар менависам. Шояд дар ҷойе воқеанигориро канор гузошта, бештар мушоҳидаҳоро нависам. Умедворам Шумо маро ҳамроҳӣ мекунед, чун баъзе бардоштҳое ҳастанд, ки хонандаи ватанӣ дар бораи онҳо бояд ҳатман донад. Дар умум, тасмим дорам, бардоштҳо аз сафарро дар се бахш нависам: якум, сафардидаҳо ва бардоштҳо аз Вошингтон (Ҳавзаи Колумбия), Ҳонолулу (Иёлоти Ҳавайӣ) ва Сан-Франсиско (Иёлоти Колифорниё); дуюм, дар бораи сиёсат ва сиёсатгузории Амрико дар бахши Осиёи Марказӣ; ва сеюм, дидгоҳи таҳлилгарону пажӯҳишгарони амрикоӣ ба сиёсат ва ҷойгоҳи Чин (нигарониҳои Амрико аз ноҳияи Чин ё перомуни саддгузории ҷаҳонии Чин). Ангезаи навиштани сафардидаҳо ба чунин нуктаҳо иртибот доранд: Якум, перомуни интихоб гардидан ба унвони иштирокдори барнома, суҳбату машваратҳо барои анҷоми сафар, ки дар Сафорати Амрико дар Душанбе зикр гардид; қабули иштирокдорон дар Амрико ва бархӯрд ба онҳо, заминасозӣ барои шаклгирии афкори мусбати онҳо дар бораи Амрико ва ғайра, ки раванди татбиқи неруи нарми ин кишварро ба хубӣ ба намоиш мегузорад; Дуюм, боздид аз Вошингтон, Ҳонолулу ва Сан-Франсиско, ки ҳарсе дар манотиқи гуногуни Амрико қарор дошта, вижагиҳо доранд ва дар шахс дидгоҳи ӯро перомуни ин кишвар ба вуҷуд меорад. Сеюм, шунидаҳо аз суханрониҳои масъулуни Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва мудофиа (маъруф бо номи Пентагон)-и Амрико, ҳамчунин, дигар дидорҳо дар шаҳри Вошингтон, ки то ҷойе манзараро перомуни амалкардҳои баъдинаи ин кишвар, аз он ҷумла дар Осиёи Марказӣ шакл медиҳанд. Чорум, дидор бо пажуҳишгарони муқими Ҳонолулу, ки асосан ба омӯзишу пажуҳиши Осиёи Шарқӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Устролиё ва Уқёнусия машғуланд. Муаррифии дидгоҳ ва таҳлилҳои пажуҳишарони амрикоӣ перомуни вазъи ин минтақаҳо барои хонандаи ватанӣ низ аз аҳамият холӣ нест. Панҷум, сафардидаҳо аз Иёлоти Калифорниё, ба вижа аз донишгоҳи дар ҷаҳон машҳури Стенфорд, муҳити ин муассисаи муътабар, пажуҳишҳои устодони он ва ғайра, ки ҷолиби диққат ҳастанд. Аслан ин сафар ба ман имкон дод, ки ба вазъи Осиёи Марказӣ ва сиёсати хориҷии кишварҳои он (i) ва рӯйкарди қудратҳои беруна нисбат ба минтақа (ii) аз зовияи дигар нигарам; барои пажуҳишҳои ояндаам нуктаҳои зарифро пайдо кунам (iii); ғайрисобит будани баъзе “пешфарзҳои собит”ро дарк созам (iv); ниҳоят, фаровон будани фурсатҳо барои густариши сиёсати хориҷӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии Тоҷикистонро дарк кунам (v). Сароҳатан зикр месозам, ки ин нуктаҳо мавзуи барномаи мо набуданд, балки ин мулоҳизаҳо дар асоси мушоҳидаҳо ва таҷрибаи кишварҳои дигар дар Амрико дар сарам пайдо шуданд. Дар ин силсилаи сафардидаҳои Амрико тасмим дорам, ки танҳо андешаҳо ва мулоҳизаҳои пайдошуда дар ҳошияи дидорҳоро баррасӣ кунам. Бо ҳамин мақсад тасмим гирифтам, ки ёддоштро аз рӯйи рӯйкарди Чатемҳаус нависам ва ному насаби касеро ишора намекунам. Умедворам чунин иқдоми маро мепазиред, чун мувофиқи назокатҳои таҳлили сиёсӣ – арзёбии худи андеша муҳим аст. Ҳамзамон, эҳтимол дорад ҳангоми навиштан баъзе паҳлуҳои дигар пайдо шаванд ё қисме аз сафардидаро муфассалтар нависам, ростӣ – ҳоло намедонам, чун Худо худаш подшоҳ аст

(II)

Сафар ба Амрико чӣ гуна фароҳам шуд?

Охири моҳи апрел буд, ки аз як корманди маҳаллии Сафорати Амрико дар Душанбе паём гирифтам. Аз ман пурсиданд, ки агар имкони сафар ба Амрико пайдо шавад, хоҳиши рафтан дорам? Агар ҳа, пас навиштаҳои нашршудаи худро перомуни мавзуи Чин равон кунам. Ин корро зуд анҷом додам. Дар даҳаи дуюми моҳи май як тан корманди дигари маҳаллии Сафорати Амрико дар Душанбе занг зада, хабар доданд, ки маро барои иштирок ба барномаи сафорат пешбарӣ кардаанд ва агар тасдиқ гардад, моҳи июн сафар хоҳем дошт. Ба эшон маълумоти лозим дар бораи худро равон кардам. Баъди як ҳафта занг зада, пур кардани пурсишномаро хоҳиш карданд. Ин корро ҳам кардам. Ниҳоят рӯзи суҳбат барои гирифтани раводид маълум шуд. Ба сафоратхона рафта, тамоми муқарраротро гузаштам. Азбаски сафари мо аз рӯйи барномаи Вазорати корҳои хориҷии Амрико “International Visitor Leadership Program (IVLP)” буд, бемушкил ва бенавбат раводид гирифтем. Ду нуктаро аз ин таҷриба мехоҳам ёд кунам: Нахуст, вақте ба сафоратхона ворид шуда, мунтазири суҳбат бо консул будем, дар телевизор, ки зоҳиран барои вақтгузаронии муроҷиин насб шудааст, барномаи яке аз телевизионҳои Русия мерафт, ки ривоятҳои ин кишваро паҳну пахш мекунад. Шояд ин кор тасодуфӣ буд ё худам чизеро дидам, ки диданашро тасаввур надоштам, вале дар дидорҳо дар Амрико чизҳои дигарро мушоҳида кардам ва онҳоро ҳам менависам. Чизе ҳаст нест – аслан аҷиб аст, чун ин ду кишвар дар ҳоли ҳозир рақобатҳои ҷиддие доранд ва дар сафоратхонаи яке аз ин кишварҳо дар хориҷ расонаи дигарро пахш мекунанд. Дуюм, консуле, ки ҳамроҳаш суҳбат кардам, шахси ҳамсоли худам менамуд, бо русӣ чанд савол дод, ки посухҳояш дар ҳолномаам навишта шуда буданд. Ба ҳамаи саволҳо кутоҳ посух додам ва баъди ишораи онҳо дар варақ, гуфт, ки раводиди ман тасдиқ шуд. Он вақт гумон кардам, ки ин кор як расмиётро мемонад, вале хато карда будаам. Чун дар Вошингтон бо гуруҳи дигари олимону пажуҳишгарон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ вохурдем. Онҷо фаҳмидам, ки яке аз онҳо танҳо дар суҳбати дуюм имкон пайдо кардааст, ки ба гирифтани раводид муваффақ шавад. Яъне, консул сарфи назар аз баҳонаи сафар дар тасмимгирӣ (худ)мухтор будааст. Бори дуюм ба сафоратхонаи Амрико барои суҳбати пеш аз сафар даъват карданд, нозукиҳои боздид, ба чӣ омода шудан ва ҳамчунин, барномаи комили сафарро пешкаш карданд. Ҳамин тариқ фаҳмидем, ки дар давоми 12 рӯз дар Амрико моро чӣ интизор аст ва дар иёлотҳо кай бо киҳо дидор мекунем. Инҷо лозим медонам, ки чанд нуктаро ишора кунам. Дар сафоратхонаи Амрико дар Душанбе ба мо, ки аз рӯйи барномаи IVLP, вале дар мавзуҳои гуногун сафар мекардем, чунин тавсияҳоро доданд: 1) дар ҳамаи дидору мулоқот иштирок кардану бо шабакасозӣ машғул шудан; 2) ёддошт кардани муҳтавои суҳбатҳо (чун дар аввал чунин метобад, ки ҳама чиз дар хотир ҳаст, вале баъдан фаромӯш мешаванд); 3) пеш аз харидани хӯрок аҳамият додан ба ин ки аз аз кадом гӯшт омода шудаанд (бо назардошти фаровон истифода шудани гӯшти хук); 4) қонунҳои Амрико ва қоидаи будубошро риоя кардан; 5) танҳо дар ҷойи муқарраршуда сигор кашидан (зоҳиран ин танҳо ба ман дахл дошт); 6) тарзи қабули мо дар фурудгоҳ аз сӯйи тарҷумонҳо (моро се тан тарҷумон ҳамроҳӣ мекарданд, вале кори фаротар аз тарҷумониро иҷро мекарданд); 7) имкони иштирок дар барномаҳои дигари сафоратхонаи Амрико дар Душанбе; ва ғайра. Ҳамзамон, ҳушдор доданд, ки дар Сан-Франсиско мардуми бехона бисёранд ва дипломати амрикоӣ гуфт, ки “мо чизеро аз Шумо пинҳон карданӣ нестем, то кишвари моро чӣ хеле ҳаст, ҳамон тавр бубинед”. Дар асл бештар мардуми бехонаро на дар Сан-Франсиско, балки дар Вошингтон дидам, ки зикраш дар поён хоҳад омад. Ҳамроҳони мо аз дигар кишварҳои минтақа гуфтанд, ки муҳтавои суҳбат бо онҳо комилан дигар буда, мавзуҳоеро барояшон матраҳ карданд, ки аслан ба сафар камтар иртибот доштанд. Кормандони Сафоратхонаи Амрико дар Душанбе ба мо чизҳоеро гуфтанд, ки воқеан дар рафти сафар ба ман кор дод. Барои чунин машваратҳои зинда аз эшон сипосгузорам.

Азбаски бори нахуст дар барномаи сафоратхонаи Амрико иштирок мекардам, тарзи интихоб, суҳбатҳо ва ироаи тавсияҳо бароям ҷолиб намуд. Чун зимни сафар ба кишварҳои дигар дар сафоратхонаҳои онҳо чунин нуктаҳоро нагуфта буданд. Ин ҳам онро нишон медиҳад, ки неруи нарми Амрико ба таври систематик роҳандозӣ мешавад ва нуктаҳои омӯзанда ҳам дорад, ки дар идома хоҳам навишт.

(III)

Дар бораи International Visitor Leadership Program (IVLP) 85 сол боз инҷониб иқдоми IVLP аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Амрико ва шариконаш аз ҳисоби созмонҳои масъули дипломатияи мардумӣ роҳандозӣ мешавад ва ташрифи мутахассисонро аз ҳамаи соҳаҳову кишварҳо ба ИМА дар назар дорад. Бархе аз ҳамватанони мо, ки ба Амрико пештар барои 2 ё 3 ҳафта сафар кардаанд, аз рӯйи ҳамин барнома рафтаанд (инро аз чанд нафаре фаҳмидам, ки пештар ба Амрико сафар доштанд). Мо 8 нафар пажуҳишгарон аз Осиёи Марказӣ (чор нафар аз Қазоқистон, ду нафар аз Қирғизистон ва якнафарӣ аз Тоҷикистону Ӯзбекистон) аз рӯйи мавзуи “Cultivating Scholarship in Central Asia” (Эҷоди бурсияҳои омӯзишӣ дар Осиёи Марказӣ)-и IVLP (бо таваҷҷуҳ ба пажуҳишҳои Чин дар Амрико, арзёбиҳои сиёсатҳои ин кишвар дар минтақаҳои гуногун ва ғайра) ба Амрико сафар кардем. Маблағгузори сафари мо Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба ҳисоб мерафт. Барномаи сафар бошад, аз ҷониби Маркази байналмилалии Меридиан (ҳамкори ВКХ-и Амрико) таҳия шудааст. Барномаи асосии сафари мо дидор бо роҳбарону масъулини муассисаҳои пажуҳишӣ ва таҳлилӣ дар се иёлот буд, ки дар барои муҳтавои онҳо дар идома муфассал менависам. Дар нахустин мулоқот, ки дар Вошингтон сурат гирифт, бо мо ду нафар: яке масъули Дафтари умури омӯзишӣ ва фарҳангии Вазорати корҳои хориҷии Амрико, ки мудирияти IVLP дар салоҳияти идораи онҳост ва дигаре – масъули Маркази байналмилалии Меридиан суҳбат карданд. Аз гуфташон бармеомад, ки ҳарду мутахассиси соҳаи дипломатияи мардумӣ ҳастанд. Агар пешдавӣ ҳам шавад, бояд гӯям, ки ин ду нафар, хосатан масъули Дафтари умури омӯзишӣ ва фарҳангии ВКХ-и Амрико кори худро дар сатҳи олӣ анҷом доданд ва ҳар лаҳза, бидуни нишон додани ҳузури худ – рафти сафар ва барномаи дидору тафреҳи моро мудирият мекарданд. Масъули Дафтари умури омӯзишӣ ва фарҳангии ВКХ-и Амрико гуфт, ки дар оянда онҳо якҷо бо Маркази байналмилалии Меридиан тасмим доранд боз чунин барномаҳоро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ карда, ҷалби бештари олимону пажуҳишгаронро аз кишварҳои минтақаи мо дар назар доранд, то бо ҳамкасбони амрикоии худ ошно шаванд, мубодилаи афкор кунанд ва ҳамкориҳои пажуҳиширо ба роҳ монанд. Дар ин дидор ин ду масъул – созмондиҳандагон аслан бо худи мо – иштирокдорони IVLP шинос шуданд, барномаи сафарамон ба Амрико ва интизориҳои худро муаррифӣ карданд. Инҷо мехоҳам ба чанд нукта ишора кунам, ки сароҳатан аз ҷониби созмондиҳандагон гуфта шуд: Якум, ҳадафи асосии даъвати мо иштирокдорон ин мубодилаи афкор буда, тағйир додани афкори моро дар назар надоранд. Дуюм, ҳамаи муассисаҳое, ки мо ба онҷо меравем, дар бораи мо маълумоти шарҳиҳолиро дар даст доранд ва нишастҳои кориро роҳандозӣ мекунанд, ки ҳадафаш густариши ҳамкориҳо аст. Сеюм, худро бояд тарзе муаррифӣ кунед, ки “оби зиёд” надошта бошад, то фурсати мавҷуда самаранок истифода гардад. Албатта, ин нуктаҳо ҷолибанд, чун пешфарз ин аст, ки дар рафти чунин барномаҳо тамоми кушиш ба он равона мегардад, ки афкори иштирокдорон нисбат ба кишвари қабулкунанда тағйир ёбад. Аслан ҳадафи ҳамоишҳои дипломатияи мардумӣ низ чунин аст. То куҷо ба ин даст ёфтанд, рости гап намедонам, вале дар назарам хеле “пешварзҳои собит” – ғайрисобит намуданд, ки як ҳадафи навиштани ёддошти сафар ҳам ҳамин аст (чиро дар назар доштанамро дар поён меорам). Бо назардошти зермавзуи сафари мо, ки ба пажуҳиши Чин ва сиёсати ин кишвар бахшида шуда буд, метавон хулос кард, ки Амрико аз рӯйкарди имрӯзаи Чин нигарониҳои муайян дорад. Ба назарам чунин намуд, ки ҳадафи асосии роҳандозии сафар – пеш аз ҳама шарик сохтани мавқеи пажуҳишгарони амрикоӣ бо мо – муҳаққиқони Осиёи Марказӣ буд. Ҳамчунин, мубодилаи афкор, ки як бахши муҳими ҳамаи дидорҳо буд. Дар умум, шунидани сухан “аз забони Луқмон хуш аст”, яъне дар бораи рӯйкард ва мавқеи Амрико нисбат ба Чин шунидани тафсир аз пажуҳишгарони амрикоӣ беҳтар аст, чун дидгоҳи дасти аввал пешкаш мешавад.

Шералӣ РИЗОЁН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь