Тавре иттилоъ дорем, рӯзҳои охир дар мамлакат, хоса роҳи Душанбе – Чаноқ бориши барф шиддат гирифта, тармафароӣ хеле зиёд буд.

Теъдоди тармаҳои хурду бузурги фаромада, қариб 70 адад буда,  барои бетаъхир бартараф намудани онҳо кормандони фили али “IRS” аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуданд. Баландии баъзе тармаҳои то 15 метр ва паҳноӣ зиёда аз 200 метр буд. Аз ин лиҳоз, мусофирон дудила буданд, ки дар рӯзҳои наздик роҳ шояд роҳ кушода нашавад.

Маҳз  азми қавӣ ва масъулиятшиносии кормандони ширкати зикршуда боис шуд, ки дар муддати кутоҳ монеаҳои мавҷуда бартараф гарданд. Барои зудтар рафъ намудани пайомадҳои ин офати табиӣ 36 техникаву механизмҳои “IRS”  сафарбар шуда, аз ҷониби “IRS”  ба ронандагону мусофирон озуқа тақсим гардид.

Муҳимтар аз ҳама, бартарафсозии тармаҳо ҳатто шабона низ қатъ нагардид. Ягона умед чароғҳои равшани техникаҳои пуриқтидори Ширкат буд, ки ба маънои томаш ба дили ронандагону мусофирон шуълаи умед мекиштанд. Ин муболиға нест, дар нимашаб, замоне ки  ҳама масти хобанд, кормандони Ширкат баҳри кушода будани роҳ шабзиндадор буданд.

Мардуми зиёд, ки  ҷаҳду талоши кормандони филиали Ширкатро шоҳиди ҳол буданд,  ба ин тадбирандешӣ таҳсин хонданд. Муҳимтар аз ҳама, ронандагону мусофирон эътироф карданд, ки маҳз ба шарофати кормандони масъулиятшинос ва техникаҳои пуриқтидоре, ки барои рафъи ин ҳолат аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» сафарбар шуданд, тармаҳо дар муддати кутоҳ бартараф гардид.

Хушбахтона, дар натиҷаи ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ  ва моддӣ нарасид.

Маркази матбуоти Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь