Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Нозироти андоз, ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиалӣ содиротии ноҳия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, хабарнигори МТЖТ бо сардори ин ниҳод Раҳматшоев Салим Раҳмоналиевич суҳбат анҷом дод.

Дар оғози суҳбат сардори Нозироти андоз Раҳматшоев Салим изҳор дошт: “Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади коҳиш додани хароҷотҳои субъектони хоҷагидор ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсонӣ аз соли 2018 оғоз намуда, аз ҷониби Кумитаи андоз шакли нави хизматрасонии электронӣ – Тартиби бо реҷаи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҷорӣ намудани тартиби мазкур шароит фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон ва андозсупорандагон бо истифода аз “Утоқи шахсии андозсупоранда” ҳуҷҷатҳои заруриро барои бақайдгирии давлатӣ ба барнома дохил карда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории худро дастрас намоянд” Ҳамчунин тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври ғайри нақдӣ пардохт кардани маблағи андозҳо як қатор корҳоро ба анҷом расонида шудааст”.

Раҳматшоев Салим иброз намуд, ки Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қарору фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати андоз дар вилояти Хатлонро роҳнамои кори худ қарор дода, баҳри таъмини иҷроиши қисми даромади буҷети ноҳия, пурра ва барзиёд иҷро намудани нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024”, инчунин барои вусъат бахшидан ба рушди соҳибкории хурду миёна тадбирҳои мушаххас андешида барзиёд иҷро намуд.

 Иҷроиши нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоӣ буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ

Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дар давраи 12-моҳи соли 2024, дар маҷмуъ ба маблағӣ 138 миллиону 348 ҳазору 700 сомони пешбинишуда буд, дар асл иҷроиши он ба маблағӣ 152 миллиону 901 ҳазору 544 сомони таъмин гардид, ки ба андозаи 111,0 фоиз ва нисбати нақшаи пешбиншуда ба маблагӣ 14 миллиону 552 ҳазору 845 сомони андозҳо барзиёд ба буҷет ворид карда шудааст. аз он ҷумла:

Андозҳо

Нақшаи андозҳо ба маблағӣ 92.857.700 сомонӣ, иҷроиши андозҳо ба маблағӣ 103.396.742 сомонӣ, фисад 111,0, фарқият +10.539.042 сомонӣ.

Ҳамагӣ: андози иҷтимои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ

Нақшаи иҷтимои ба маблағӣ 45.491.000 сомонӣ, иҷроиши иҷтимои ба маблағӣ 49.504.803 сомонӣ, фисад 109,0, фарқият +4.013.803 сомонӣ.

Буҷетӣ

Нақшаи иҷтимои бучетӣ ба маблағӣ 27.545.000 сомонӣ, иҷроиши иҷтимои буҷетӣ ба маблағӣ 29.079.439 сомонӣ, фисад 106,0, фарқият +1534439 сомонӣ.

Ғайрибуҷетӣ

Нақшаи иҷтимои ғайрибуҷетӣ ба маблағӣ 17.946.000 сомонӣ, иҷроиши андози иҷтимои ғайрибуҷетӣ ба маблағӣ 20.425.364 сомонӣ, 114- фисад, фарқият +2.479.364 сомонӣ.

 Воридоти андозҳо дар Нозироти андоз

Дар давраи соли 2024, нақшаи андозҳо аз ҳисоби Нозироти андоз бо назардошти уҳдадориҳо ба маблағи 84.719823 сомони пешбини гардида, иҷроиши он бошад ба маблағи 85419129 сомонӣ таъмин гардидааст, ки мутаносибан 100,8 фоизро ташкил медиҳад.

 Шуъбаи ташкил ва назоратӣ иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ба шахсони ҳуқуқӣ

Маблағҳои ҳисобшудаи андозҳо ба назардошти андози иҷтимои ғайрибуҷетӣ дар давраи 12-моҳи соли 2024, маблағи 70.722.454 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давра соли гузашта ба маблағӣ 12.637.359 сомонӣ зиёд мебошад, ки мутаносибан 121,7 фоизро ташкил медиҳад. (соли 2024-70.722.454 сомонӣ- соли 2023-58.085.095 сомонӣ=12.637.359 сомонӣ)

Маблағҳои пардохшудаи андозҳо ба назардошти андози иҷтимои ғайрибуҷетӣ дар давраи 12- моҳи соли 2024, маблағи 69.357.435 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағӣ 13.362.822 сомонӣ зиёд буда, мутаносибан 123,8 фоизро ташкил медиҳад. (соли 2024-69.357.435 соли 2023-55.994.613=13.362.822)

Дар давраи 12-моҳи соли 2024, даромади умумии дар шакли музди меҳнат маблағи 50.685.517 сомонӣ ва шумораи кормандон 3581 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давра фонди музди меҳнат 7.791.930 сомони зиёд гардидааст, яъне фонди музди меҳнатӣ дар давраи 12-мохи 2024, ба маблағи 50.685.517 сомонӣ ва фонди музди меҳнатӣ дар давраи 12-моҳи соли 2023 ба маблағи 42.893.587 сомониро ташкил медиҳад ва шумораи кормандон дар ин давра 783 нафар кам гардидааст, яъне шумораи кормандон дар давраи 12-моҳи 2024, 3581 нафар ва шумораи кормандон дар давраи 12-моҳи соли 2023, 4364 нафар ( 3581-4364)=783 нафар кам гардидааст.

Дар ин давра шумораи кормандон асосан аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ (КТ Н.Бегов ва КТ С.Ҷумаев) кам гардидааст.

Дар ин давра шумораи андозсупорандагони дар низоми умумии фаъолияткунанда 36 адад ва дар низоми соддакардашуда 119 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб (7- адад истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, 22 адад сифрӣ, 69 -адад бе фаъолият, 69 -адад фаъолияткунанда ва 8 – адад бе масъулият).

Шуъбаи ташкил ва назоратӣ иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ба соҳибкорони инфиродӣ

Маблағҳои ҳисобшудаи андозҳо ба назардошти андози иҷтимои ғайрибуҷетӣ дар давраи 12-моҳи соли 2024, маблағи 14.335.111 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ба маблағӣ 2.432.504 сомонӣ зиёд буда, мутаносибан 120,4 фоизро ташкил медиҳад. (соли 2024-14.335.111- соли 2023-11.902.607=2.432.504)

Маблағҳои пардохшудаи андозҳо ба назардошти андози иҷтимои ғайрибуҷетӣ дар давраи 12-моҳи соли 2024, маблағи 11.422.411 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағӣ 2080130 сомонӣ зиёд буда, мутаносибан 119,7 фоизро ташкил медиҳад. (соли 2024-14.339.431 соли 2023-11.979.076=2.360.355)

Дар давраи 12-моҳи соли 2024, бо назардошти (х/д) даромади умумии дар шакли музди меҳнат ба маблағи 21.961.447 сомони ва шумораи кормандон 8870 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давра фонди музди меҳнат 5.005.046 сомонӣ зиёд гардидааст, яъне фонди музди меҳнат дар давраи 12-моҳи соли 2023 ба маблағи 16.956.401 сомонӣ, шумораи кормандон 7615 нафарро ташкил медиҳад. яъне шумораи кормандон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1255 нафар зиёд гардидааст. (2024-8870-2023-7615)=1255.

 Корҳои назоратӣ

Аз тарафи Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар давраи 12-моҳи соли 2024, баҳри дарёфти манбаҳои нави андозбандӣ ва таҳти назорати доими қарор додани андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ва ҷиҳати давра ба давра зиёд намудани даромади умумии андозсупорандагон ва риоя накардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ дар фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ барои надодани чипта ба миҷозон як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст. Дар ин давра дар асоси фармоишҳои Сардори Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, нисбати 20 -адад андозсупорандагон ҷиҳати риояи талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муоинаи хронометражи гузаронида шудааст, ки дар натиҷа даромади умумии андозсупорандагон 261517 сомонӣ зиёд карда шудааст, ки нисбати даромади умумии давраҳои гузашта мутаносибан 96,35 фоиз зиёд карда шудааст. Дар давраи 12-моҳи соли 2024, тибқи фармоиши сардори Нозироти андоз дар ҳудуди ноҳия, 6 – маротиба санҷишҳои амалиётӣ гузаронида шуда, дар натиҷа аз ин ҳисоб 327 нафар шахсони воқеӣ, ки бидуни қайд ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд.

Инчунин нисбати 19 нафар шахсони воқеие, ки бе ҳуҷҷати соҳибкори ба фаъолияти соҳибкори машғул буданд, дар асоси талаботи моддаи 617 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 96480 сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда аз ин ҳисоб ба маблағи 75100 сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст ки мутаносибан 77,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар рафти гузаронидани санҷиши амалиётӣ дар нуқтаҳои санҷида шуда шумораи кормандони кироя 180 нафар зиёд карда шуда ва аз ин лиҳоз 150480 сомонӣ андозҳои иловагӣ ҳисоб карда шуда, ба буҷет ворид карда шуд. Дар рафти санҷиши амалиётӣ 19 нафар соҳибкори инфиродӣ бо ДНХ таъмин карда шуд. Дар ин давра барои риоя накардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ дар фаъолияти 6 нафар соҳибкорони инфиродӣ барои надодани чипта ба миҷозон хариди назоратӣ гузаронида шуда, дар асоси талаботи моддаи 614 ва 615 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 123840 сомонӣ ҷарима баста шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлат 80360 сомонӣ ворид карда шудаст, ки мутаносибан 64,8 фоизро ташкил медиҳад

Раҳматшоев Салим дар охир изҳор дошт, ки кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ӯҳдадоранд, ки минбаъд фаъолияти худро дар сатҳи зарурӣ оид ба корҳои назоратию фаҳмондадиҳӣ дар байни андозсупорандагон пурзӯр намуда, баҳри иҷрои нақшаи андозҳои давраҳои ояндаи соли 2025 саҳми арзандаи худро гузоранд. Бояд зикр намоям, ки дар воқеъ кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, масъулиятшинос буда, дар кори худ содиқона хидмат менамоянд ва албатта, баҳри пешрафти соҳа тамоми донишу малакаи худро истифода мебаранд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь