«Пешбурди сиёсати оқилона ва устувори молиявӣ дар тамоми давру замон омили асосии суботи давлат мебошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Раёсати молияи маркази маъмурии вилояти Хатлон-шеҳри Бохтар хабарнигори МТЖТ бо сардори он Рустам Шарифзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Мавсуф дар оғози суҳбат зикр намуд, ки бахши молия соҳаи муҳими иқтисодиёти миллиро, ки ба фаъолияти институтҳои молиявӣ алоқаманданд, дар бар мегирад ва дар даврони соҳибистиқлолӣ як силсила қонунҳо қабул гардиданд, ки барои рушди соҳаи молия дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.
Номбурда илова намуд, ки Раёсати молияи шаҳри Бохтар дар соли 2022 баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” санаи 21-уми декабри соли 2021 баён доштанд, корҳои зиёдеро ба сомон расонд.
Ҳамчунин, ҳамсуҳбати мо афзуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар солҳои истиқлолият бахши молияи иқтисодиёти миллӣ дар асоси талаботи ислоҳоти бозорӣ ва бо назардошти таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ ташаккул ва инкишоф ёфт. Имрӯз соҳаи молия ба бахши муҳими иқтисодиёти миллӣ табдил ёфта, дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муҳим мебозад.
Нақша барзиёд иҷро шуд
Сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар Рустам Шарифзода гуфт, ки буҷети шаҳри Бохтар дар соли 2022 бо Қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 24 декабри соли 2021, № 87 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад ба маблағӣ 171,9 млн сомонӣ, аз он ҷумла ҳиссаҷудокуниҳо аз рӯи 2 намуди андозҳо ба буҷети вилоятӣ ба маблағи 57,7 млн сомонӣ, даромадҳои маҳаллӣ ба маблағи 114,2 млн сомонӣ ва хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба маблағи 114,2 млн. сомонӣ қабул карда шудааст.
Мувофиқи ҳисоботҳо дар соли 2022 нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр аз рӯи контингенти умумӣ ба андозаи 101 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 214,2 млн. сомонӣ нақшаи пешбинӣ гардида, ба буҷет 216,5 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 2,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Аз рӯи воридоти андозӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ иҷроиши нақша 100 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷойи 171,9 млн. сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷет 60,7 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,6 млн. сомони зиёд мебошад.
Қарздори музиди меҳнат нест
Дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба иҷрои қисми даромади буҷет накшаи ҳиссаҷудокуниҳо ба буҷети вилояти 100 фоиз таъмин гардид.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 100 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 114,2 млн. сомонӣ ворид гардидааст.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ бо дарназардошти тағйироту иловаҳо ба маблағи 120,7 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр ба маблағи 118,9 млн. сомонӣ равона гардидааст, пешбинигардидаро ташкил медиҳад, ки 99 фоизи нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботи музди меҳнати ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ пурра пардохт гардида, қарздорӣ вуҷуд надорад.
Кумакҳо
Дар соли 2022 фонди эҳтиётии раиси шаҳр ба маблағи 568,5 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ бо қарорҳои раиси шаҳр барои нигошдории Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат 52,9 ҳазор сомонӣ ва ба Шурои ҷанговарони Афғонистон ба маблағи 40,0 ҳазор сомонӣ, ба 35 нафар гирандагони стипендияи раиси шаҳр ба маблағи 7,0 ҳазор сомонӣ, барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва дигар хароҷотҳо 462,9 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ ба маблағи 562,8 ҳазор сомонӣст.
Маблағҳо ба соҳаи маорифу тандурустӣ ва роҳҳо
Иттилоъ дода шуд, ки барои таъмири муассисаҳои таълимию томактабӣ, омодагии онҳо ба зимистон, тозаю озода нигоҳ доштани шаҳр, таъмири роҳҳои шаҳр ва дигар самтҳо, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр дар соли 2022 маблағ ба нақша гирифта шуда буд, пурра пардохт карда шудааст.
Нақшаҳо неканд
Дар фарҷоми суҳбат сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар Рустам Шарифзода қайд кард, ки дар оянда низ мо фаъолияти худро боз ҳам пурзур намуда ва баҳри давлату миллати худ содиқона хизмат намоем.
Чунончи, Пешвои муаззами миллат аз кормандони давлатӣ тақозо менамоянд, ки бо дилу нияти пок ба давлату миллат хизмат намоед ва ин панди Пешвои миллат шиори мост ва албатта, тамоми донишу малакаи худро баҳри пешрафти давлату миллат сарф хоҳем намуд.
Дар ин баробар аҳли кормандони Раёсати молияи шаҳр барои хуб истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама талошҳои худро равона намуда, ният доранд ин санаи фархундаро бо дастовардҳои хуб истиқбол гиранд.
Раҳмоналӣ Додаррхуҷаев,
МТЖТ