Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо мақомотҳои он дар маҳал баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» фаъолияти худро ба роҳ монда, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.

Сардори раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак Раҳимзода Суҳроб Нурмаҳмад гуфт, ки пешбурди сиёсати буҷету андоз, таҳияи буҷети давлатӣ, ҷараёни иҷроиши буҷет, назорати истифодаи маблағҳои буҷетӣ, маблағгузории саривақтӣ ин вазифаҳои асосии кормандони молия ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, назорати фаъолияти молиявии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, хароҷоти босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи молиячиён дониста мешаванд. Ӯ қайд намуд, ки маҳз ҳамкориҳои судманд байни кормандони мақомоти молия ва нозироти андози шаҳр мебошад, ки нақшаи қисми даромади буҷети шаҳри Норак мунтазам таъмин гардида, дар оянда низ боварӣ дорем, ки бо мақсади рушди иқтисодиёти шаҳр ин ҳамкорӣ ривоҷ хоҳад ёфт. Баҳри пешбурди фаъолияти назаррас барои кормандони раёсати Вазорати молия дар шаҳри Норак шароиту имкониятҳои корӣ мувофиқи матлаб мебошад. Раёсати молия бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, шароити кории кормандон рӯз аз рӯз беҳтару хубтар шуда истодааст.

Иҷрои барзиёди қисми даромади буҷет

Афзоиши рушди воқеии иқтисодиёт дар шаҳр ба 127 фоиз баробар гардида, ҳаҷми ММД дар ин давра ба 964,3 млн. сомонӣ росонида шудааст, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, 204,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар 3 моҳи соли 2024 корҳои сохтмонӣ ва васлгарӣ 229,6 млн. сомонӣ иҷро гардида, нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта 129,6 млн. сомонӣ сомонӣ зиёд гардидааст. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 424,0 млн сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 0,5 фоиз ё ин ки 2,7 млн сомонӣ кам мебошад. Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ба 224,3 млн сомонӣ расонида шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 29,6 фоиз, хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ 67,8 млн сомонӣ иҷро гардида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш 65,4 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ ба 18,5 млн сомонӣ расонида шуда аз ин шумора ҳаҷми истеҳсоли чорвопарварӣ 17,7 млн сомониро дар бар мегирад.

Нақшаи қисми даромадии буҷети давлатии шаҳр дар 3 моҳи соли ҷорӣ 120 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 24929,6 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинигардида 4148,9 ҳазор сомонӣ ё ин ки 20 фоиз зиёд ва нисбати иҷроиши ҳамин давраи соли гузашта бошад 6535,9 ҳазор сомонӣ ё ин ки 36 фоиз зиёд мебошад. Нақшаи андози иҷтимоӣ дар ин давра 102 фоиз иҷро гардида, ба буҷети фонди ҳифзи иҷтимоӣ 12813,1 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст, ки нисбати нақшаи тасдиқшуда 259,2 ҳазор сомонӣ ё ин ки 2 фоиз зиёд мебошад. Барои ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилояти Хатлон 1428,3 ҳазор сомонӣ гузаронида шудааст, ки нисбати нақшаи тасдиқгардида зиёд мебошад.

Бақияпулии андозҳо дар Нозироти андози шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоӣ ба ҳолати 1 марти соли ҷорӣ 1835,9 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол ба маблағи 55 ҳазор сомонӣ кам шудааст.

Иҷроиши қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар ҳаҷми 98 фоиз ё 20482,1 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, нисбати нақшаи тасдиқшуда 2 фоиз ё ин ки 400,4 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Қарздории музди меҳнат вуҷуд надорад

Хароҷотҳо дар соҳаҳои буҷетӣ аз рӯи нақшаи пешбинишуда чунин аст:

– мақомоти роҳбарикунанда – 1641,4 ҳазор сомонӣ 98 фоиз;

– мудофиа – 152,1 ҳазор сомонӣ 100 фоиз;

– ҳифзи ҳуқуқ – 95,4 ҳазор сомонӣ 97 фоиз;

– маориф – 11386,0 ҳазор сомонӣ 99 фоиз;

– тандурустӣ – 5472,9 ҳазор сомонӣ 96 фоиз;

– хоҷагии манзилӣ коммуналӣ – 1083,5 ҳазор сомонӣ 97 фоиз;

– фарҳанг ва варзиш          – 533,9 ҳазор сомонӣ 93 фоиз;

– хоҷагии қишлоқ – 73,3 ҳазор сомонӣ 99 фоиз;

– нақлиёт ва комуникатсия -43,7 ҳазор сомонӣ 97 фоиз.

Аз маблағи 20482,1 ҳазор сомонии хароҷотшуда барои пардохти моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, аз ҷумла фонди музди меҳнат 15757,9 ҳазор сомонӣ ё ин ки 77 фоиз, ҷубронпулию кӯмакпулиҳо 152,3 ҳазор сомонӣ ё ин ки 1 фоиз, хизматрасониҳои коммуналӣ ва алоқа 986,1 ҳазор сомонӣ ё ин ки 5 фоиз ва барои дигар хароҷотҳо 3585,8 ҳазор сомонӣ ё ин ки 18 фоиз хароҷот карда шудааст. Музди маоши кормандони ташкилоту муассисаҳои аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда пурра пардохт шуда, қарздорӣ дар муассисаҳои буҷетии шаҳр аз ҳисоби музди маош ва андози иҷтимоӣ мавҷуд нест.

Хизмати софдилонаи кормандон

Кормандони раёсати молияи шаҳри Норак ба пуррагӣ ихтисосмандони соҳаи молия буда, мекушанд вазифаи бардӯшдоштаашонро содикона ва софдилона ба пуррагӣ иҷро кунанд ва барои иҷрои ҳар як дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» фаъолияти худро дучанд намоянд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь