Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Нозироти андоз ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротии ноҳия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2021 хабарнигори МТЖТ бо сардори ин ниҳод Назарализода Зуҳуршо Назаралӣ сӯҳбат анҷом дод.

Дар оғози сӯҳбат сардори Нозироти андоз Назарализода З. Н. изҳор дошт: «Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади коҳиш додани хароҷотҳои субъектони хоҷагидор ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсонӣ аз соли 2018 оғоз намуда, аз ҷониби Кумитаи шакли нави хизматрасонии электронӣ – Тартиби бо реҷаи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҷорӣ намудани тартиби мазкур шароит фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон ва андозсупорандагон бо истифода аз “Утоқи шахсии андозсупоранда” ҳуҷҷатҳои заруриро барои бақайдгирии давлатӣ ба барнома дохил карда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории худро дастрас намоянд».

Назарализода З. Н. иброз намуд, ки Нозироти андоз дар ноҳияи Рӯдакӣ Қарору фармоишҳои Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳнамои кори худ қарор дода, баҳри таъмини иҷроиши қисми даромади буҷети ноҳия, пурра ва барзиёд иҷро намудани нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021”, инчунин барои вусъат бахшидан ба рушди соҳибкории хурду миёна тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.

Мавсуф қайд намуд, ки иҷроиши нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ барои 6-моҳаи соли 2021 аз тарафи нозироти андоз таъмин гардид ва аз рӯи контингенти умумӣ бо дар назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 132,3% иҷро гардида, ба ҷои 56,9 млн сомонӣ ба буҷет 75,2 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 18,3 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи андозҳо дар ин давра ба андозаи 121,8% иҷро гардида, ба ҷои 51,6 млн сомонӣ ба буҷет 62,8 млн сомонӣ ворид карда шудааст, ки нисбати нақша 11,2 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 234,5% иҷро шуда, ба ҷои 5,3 млн сомонӣ ба буҷет маблағи 12,4 млн сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 7,1 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Аз тарафи Нозироти андозсупорандагони калон нақшаи қисми даромади буҷет дар маҷмӯъ ба андозаи 122,0% иҷро карда шуд, ки аз ин ҳисоб ба буҷет маблағи 9,1 млн сомонӣ ворид гардидааст.

Аз тарафи нозироти андоз бошад, ба андозаи 133,9% иҷро карда шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет маблағи 66,2 млн сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша ба буҷет 16,8 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Назарализода З. Н. дар идома изҳор дошт, ки вобаста ба иҷрои сифатнокии нақшаи андозҳо бояд қайд намуд, ки дар ин давра иҷроиши ҳамаи намуди андозҳо пурра таъмин карда шудааст.

Ба 1-уми январи соли 2021 бақияпулиҳои андози андозсупорандагони тобеи нозироти андоз маблағи умумии 6,5 млн сомониро ташкил намуда бошад, ин нишондиҳанда ба ҳолати 1-уми июли соли 2021 ба маблағи 4,8 млн сомонӣ расидааст, ки нисбат ба аввали сол ба андозаи 1,7 млн сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Тибқи маълумотҳои аз барномаи компютерии СИА “Идоракунӣ ва мониторинги қарзи андозҳо” дастрасшуда, дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади кам намудани бақияи қарзи андозҳо ва татбиқи минбаъдаи чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо, дар асоси талаботҳои моддаи 72 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони ҳуқуқии қарздор 250 адад огоҳномаҳо оид ба пардохти бақияи қарзи андозҳо ба маблағи умумии 36,2 млн сомонӣ ва ба 435 нафар соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи умумии 1,0 млн сомонӣ ирсол карда шудааст, ки аз ин ҳисоб ба буҷет дар маҷмӯъ маблағи 5,7 млн сомонӣ ворид гардидааст.

Дар идомаи сӯҳбат мавсуф зикр намуд, ки дар натиҷаи инвентаризатсияи гузаронидашуда ба ҳолати 01.07.2021 дар ноҳияи Рӯдакӣ дар маҷмӯъ баҳисобгирии 44725 адад хоҷагиҳо ва нуқтаҳои тиҷоратӣ таҳти азнавбаҳисобгирӣ қарор дода шуд, ки 123,0%-ро ташкил медиҳад. Ба ҳолати имрӯза маълумотҳои 43394 адад хоҷагиҳо ба барномаи компютерӣ дохил карда шудааст, ки масоҳати молу мулки ғайриманқули онҳо 119,0% ва масоҳати замин 120,0%-ро аз шумораи умумии андозсупорандагони дар ноҳия мавҷудбуда ташкил менамояд.

Дар ҳудуди ноҳия 14 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавҷуд мебошад, ки нақшаи андозҳо аз молу мулки ғайриманқул ва замини шахсони воқеӣ барои соли сипаришуда 3,2 млн сомонӣ муқаррар шуда, иҷроиши он 4,6 млн сомонӣ ё 141,0%-ро ташкил менамояд.

Мутобиқи талаботи моддаи 100 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба даромад аз иҷораи молу мулк» дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 628 нафар шахсони воқеӣ, ки молу мулки ғайриманқули худро тариқи шартномаҳои дутарафа ба иҷора додаанд, ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи даромади умумии иҷорапулӣ аз ин ҳисоб дар як сол 6,4 млн сомониро ташкил медиҳад.

Хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ

Назарализода З. Н. қайд кард, ки дар Гурӯҳи хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқии Шӯъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони нозироти андоз ба ҳолати имрӯза 7 нафар корманд фаъолият намуда, ба онҳо 1053 андозсупорандагон бо назардошти филиалу намояндагиҳо ва РСБ вобаста карда шудааст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як корманд 148 андозсупоранда рост меояд. Аз шумораи умумии андозсупорандагони мазкур 201 адад ташкилотҳои буҷетӣ, 575 адад ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва 257 адад филиалу намояндагиҳоро ташкил менамояд.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида ба гурӯҳи мазкур дар нимсолаи аввали 2021 ҷамъоварии 44,6 млн сомонӣ андозҳо вобаста карда шуда, дар ин давра маблағи 47,1 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба нақшаи вобасташуда 105%-ро ташкил менамояд.

Иҷроиши нақшаи вобасташуда дар ин давра аз ҷониби Асадуллозода Х. 107%, Қаюмов Н. 102%, Қодиров Қобил 107%, Қаюмов Ш. 103%, Рустамов Ш. 101%, Ҷумаев А. 101% ва Гулов Ф. 102%-ро ташкил менамояд.

Маблағи андозҳои пардохтгардида 47,5 млн сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 3,7 млн сомонӣ ё ин, ки 16,4% зиёд гардидааст.

Хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродӣ

Номбурда изҳор дошт, ки дар гурӯҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродии шӯъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони нозироти андоз 5 нафар корманд фаъолият намуда, ба онҳо 5045 андозсупорандагон бо назардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста карда шудааст, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як корманд 1009 андозсупоранда рост меояд.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида ба гурӯҳи мазкур дар нимсолаи аввали соли 2021 ҷамъоварии 6,5 млн сомонӣ андозҳо вобаста карда шуда, дар ин давра маблағи 6,6 млн сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба нақшаи вобасташуда 101,5%-ро ташкил менамояд.

Нақшаи вобасташудаи ҷамъоварии андозҳо дар ин давра аз ҷониби шахсони мутасаддӣ Мирзоев Илҳом 102,0%, Бойбеков Дилшод 101,0%, Сайлоев Муслим 101,0%, Қаландаров Сайҳомид101,0% ва Қурбонов Шеравган 100,0%-ро ташкил менамояд.

Дар давраи ҳисоботии сипаригардида тибқи маълумотҳо аз барномаи компютерӣ маблағи андозҳои ҳисобнамудаи андозсупорандагон 5,4 млн сомониро ташкил менамояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 200,0 ҳазор сомонӣ зиёд карда шудааст.

Маблағи андозҳои пардохтгардида бошад, 5,8 млн сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 300,0 ҳазор сомонӣ зиёд карда шудааст.

Санҷиши андоз

Назарализода З. Н. дар идомаи сӯҳбат изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандони нозирот дар фаъолияти 74 андозсупорандагон санҷишҳои риояи қонунгузории андоз ва санҷишҳо оид ба қатъи фаъолият гузаронида шудааст, ки маблағи барилова ҳисобшуда 782,2 ҳазор сомониро ташкил менамояд.

Шумораи санҷишҳои гузарониданишуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 38 адад ва маблағи барилова ҳисобшуда 630,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ин маблағҳои барилова ҳисобшуда 2,1 млн сомонӣ эъломия пешниҳод шуда, ба маблағи 350,0 ҳазор сомонӣ тавзеҳоти асоснок пешниҳод гардид.

Ба ҳолати 1-уми июли соли 2021 мутобиқи маълумотҳои барномаи компютерии системаи иттилоотии андоз дар қайди нозироти андоз 832 адад андозсупорандагони шахсони ҳуқуқӣ, 811 нафар соҳибкорони инфиродӣ, 4231 нафар соҳибкорони инфиродии ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғулбуда ва 1940 нафар шахсони бо патент фаъолияткунанда арзи вуҷуд доранд.

Ҳамчунин, ҳамсӯҳбати мо зикр намуд, ки аз шумораи умумии шахсони ҳуқуқӣ 201 адад корхонаҳои буҷетӣ ва 114 адад иттиҳодияи ҷамъиятӣ мебошанд. Шумораи секторҳои ғайридавлатӣ 603 ададро ташкил менамоянд. Аз ин миқдори умумии корхонаю ташкилотҳои дар қайд буда 128 ададашон супорандагони андози арзиши иловашуда, 13 ададашон супорандаи андози ягона, 94 ададашон ҳамчун филиалу намояндагиҳо ва 607 супорандагони андозҳои маҳаллӣ мебошанд.

Дар нимсолаи аввали соли 2021 дар Бахши бақайдгирии давлатии  шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 19 адад шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, бо рақами ягонаи мушаххас таъмин гардидаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 151 нафар соҳибкори инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ки аз ин 75 нафар соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ва 76 нафар хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ 278 нафар соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти худро тибқи патент ба роҳ мондаанд, ба қайди давлатӣ гирифта шуданд.

Бояд қайд намуд, ки ба ҳолати 1-уми июли соли 2021 шумораи субъектҳои хоҷагидорӣ нисбат ба аввали сол ба 99 адад зиёд гардид, ки аз он шахсони ҳуқуқӣ 10 адад, соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда 44 адад, хоҷагиҳои деҳқонӣ 44 адад ва соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда 1 адад зиёд шудааст.

Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон аз 1-уми июни соли 2021 дар нозироти андоз терминали хизматрасонии электронӣ ба андозсупорандагон таъсис дода шуд, ки дар он як нафар ба хизматрасонии андозсупорандагон машғул буда, ҳамзамон аз давраи оғози фаъолияти он ҷиҳати бақайдгирии соҳибкорони инфиродӣ ва гузариш ба шакли электронии пешниҳоди ҳисоботҳо низ дар мувофиқа ба Кумитаи андоз ба роҳ монда шудааст.

Дар як моҳи фаъолияти терминали хизматрасонии электронӣ ба андозсупорандагон 51 адад шахсони ҳуқуқӣ ва 22 нафар соҳибкорони инфиродӣ бо истифода аз хизматрасонии марказ эъломияҳои худро тариқи электронӣ пешниҳод намуданд, ҳамзамон бо мусоидати шахси мутасаддии хизматрасонии терминали мазкур 21 адад андозсупорандагон ба шакли электронии пешниҳоди эъломияҳои андоз гузаронида шуданд.

Дар 6 моҳи соли 2021 бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои қарорҳои ҳайати мушовараи Кумитаи андоз оид ба рафти тартиб додани санадҳои муқоисавӣ ва рӯёнидани бақияи қарзи андозҳо як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Назарализода З. Н. изҳор дошт, ки дар натиҷаи тартиб додани санадҳои муқоисавӣ аз шумораи умумии 8015 (бо РСБ) андозсупорандагон бо 6597 адади онҳо санадҳои муқоисавӣ тартиб дода шуд, ки аз ин ҳисоб қарзи андозсупорандагон ба маблағи 3395,9 ҳазор сомонӣ ва изофапулиҳо ба маблағи 1943,6 ҳазор сомонӣ кам карда шуданд.

Ба санаи 1-уми июли соли 2021 аз 1033 адад шахсони ҳуқуқии ба қайд гирифташуда бо 851 андозсупоранда санадҳои муқоисавӣ тартиб дода шуданд. Дар натиҷаи тартиб додани санади муқоисавӣ аз ҳисоби бақияи қарзи андозҳо 3193,0 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби изофапулиҳо 1879,0 ҳазор сомонӣ кам карда шуданд.

Инчунин, дар ин давра аз 811 соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда бо 597 андозсупоранда санадҳои муқоисавӣ тартиб дода шуда, дар натиҷаи ин амалҳо аз ҳисоби бақияи қарзи андозҳо 137,6 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби изофапулиҳо 62,0 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.

Дар ин давра аз 4231 хоҷагиҳои деҳқонии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда бо 3642 андозсупоранда санадҳои муқоисавӣ тартиб дода шуда, дар натиҷаи ин амалҳо аз ҳисоби бақияи қарзи андозҳо 137,6 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби изофапулиҳо 61,8 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.

Дар фароварди сӯҳбат Назарализода З. Н. қайд намуд, ки ҳамчунин, дар ин давра аз 1940 соҳибкорони инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда бо 1507 андозсупоранда санадҳои муқоисавӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб бақияи қарзи андозҳо 65,4 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби изофапулӣ 3,3 ҳазор сомонӣ кам карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ тибқи талаботи сархати 20 қисми 1 моддаи 90 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботҳои Стандарти ягонаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон бо иштироки 335 нафар намояндагони андозсупорандагон 7 семинар – машваратҳо дар мавзӯҳои гуногун доир гардида буд.

Дар 6 моҳи аввали соли 2021 дар маҷмӯъ муроҷиати 1027 адад шаҳрвандон ва муассисаву ташкилотҳо ба нозироти андоз ворид гардида, муроҷиатҳои мазкур дар мӯҳлатҳои муқарраршуда мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба ҳамаи онҳо дар доираи талаботҳои қонунгузорӣ ҷавобҳои дахлдор гардонида шудааст.

 Бахтиёр АЛИМОВ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь