«Одамон доим гуноҳро ба вазъият вомегузоранд. Ман ба нерӯи вазъият бовар надорам. Дар ин дунё одамоне ба муваффақият ноил мегарданд, ки шароити созгор барои худро меҷӯянд ва агар намеёбанд, онро худашон месозанд.»

Бернард Шоу

Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, яке аз муассисаҳои таълимии кишвар дар самти омодасозии мутахассисони соҳаи саноат ва истеҳсолот ба ҳисоб рафта, бо роҳнамоии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф ва саноату истеҳсолот, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати баланд бардоштани касбияти мутахасисон, тақвияти заминаҳои моддӣ – техникӣ ва зарфияти илмии муассиса, ташкили озмоишгоҳҳои замонавӣ, кашф ва парвариши ҷавонони ихтирооткор, таъмини ҳамгироии илм бо истеҳсолот, мусоидат ба саноаткунонии босуръати мамлакат, татбирҳои омодасозии донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ миёни омӯзгорон ва донишҷӯён пайваста иқдомҳои тозаро рӯйи кор меоварад.

Фаъолияти таълимию методӣ ва заминаи кадрӣ

Департаменти илм ва татбиқоти муассиса мувофиқи нақша фаъолият корҳои илмиро дар кафедраҳои донишкада пурсамар ба роҳ монда, ҳар моҳ ҷаласаҳои назди департаментро доир намуда, масъалаҳои вобаста ба илм, мушкилотҳои дар самти илм ҷойдоштаро мавриди баррасӣ қарор дода, барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои илмӣ чораҳои мушаххас меандешад. Дар Департаменти илм ва татбиқот якчанд марказу шӯъбаҳо дохил мешаванд. Аз он ҷумла Шӯъбаи тайёркунии кадрҳои илмӣ – педагогӣ, Маркази рушди касбият, китобхонаи илмӣ-таълимии донишкада ва ғайраҳо. Яке аз заминаҳои рушди корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ин фаъолияти пурсамари кафедраҳои донишкада ба ҳисоб меравад, ки Департаменти илм ва татбиқот бо кафедраҳо робитаи зич дошта, моҳе як маротиба аз мудирони кафедра фаъолияти семинарҳои илмӣ- методӣ ва маҳфилҳои илмии донишҷӯёнро мавриди санҷиш қарор медиҳад.

Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар назди кафедраҳои донишкада маҳфилҳои илмӣ: «Молиячиёни ҷавон» (кафедраи молия ва иқтисоди рақамӣ), «Иқтисодчиён ва сайёҳони ҷавон» (кафедраи иқтисодиёт ва идора), «Химикони ҷавон» (кафедраи химия ва технологияи химиявӣ), «Метрологҳои ҷавон» (кафедраи мошинҳо, таҷҳизотҳои технологӣ ва стандартонӣ), «ҳуқуқшиносони ҷавон», «ҷомеашинос» (кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарӣ), «Энергияи сабз» (кафедраи шабакаҳои барқӣ), «Шифо» (кафедраи технологияи дорусозӣ ва биохимияи тиббӣ), «Технолог», «Нассоҷ» (кафедраи саноати сабук ва маводи хӯрока), «Кибернетик» (кафедраи технологияи барномасозӣ ва зеҳни сунъӣ), «Физик ва математикони ҷавон» (кафедраи физикаи умумӣ ва математикаи олӣ), «Русская речь», «Забономӯз», ва «Забоншинос» (кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои муосири хориҷӣ) ва «Муҳандис» (кафедраи сохтмон, заминсозӣ ва нақлиёт) фаъолият менамоянд.

Тибқи фаъолияти пешбурди кории МТОК бояд фоизи муайяни кормандон дорои дараҷа ва унвони илмӣ дошта бошанд (барои донишгоҳ 50% ва барои донишкада 35%). Ба ҳисоби фоиз бошад аз шумораи умумии 227 нафар омӯзгорони донишкада 17 доктори илм (8%), 45 номзади илм (20%), 62 саромӯзгор (27%), 103 ассистент (45%), -ро ташкил менамояд. Таносуби олимони унвон ва дараҷаи илмидошта аз рӯи равияҳо дар донишкада бо чунин тарз сурат мегирад: педагогӣ 10 (18%), тиббӣ биологӣ 6 (10%), табии-риёзӣ 7 (11%), техникӣ 13 (21%), гуманитарӣ 6 (10%), филологӣ 7 (11%), иқтисодӣ 13 (21%).

Дар соли 2024 шумораи умумии омӯзгорони донишкада 227 нафарро ташкил медод, ки аз ин 62 нафар дорои дараҷа ва унвони илмӣ дошта мебошанд. Аз он ҷумла 17 нафар докторони илм, ки аз ин 13 нафар кормандони асосӣ ва 4 нафар ҳамкорон мебошанд. Аз теъдоди умумии докторони илм 3 нафар зан ва 14 нафар мард мебошанд. Номзадони илм 45 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин 27 нафарашро кормандони асосӣ ва 18 нафарашро ҳамкорони беруна ташкил медиҳад, ки теъдоди умумӣ 10 нафарашон зан ва 35 нафар мардҳо мебошанд. Кормандони дорои дараҷа ва унвони илмидоштаи то сини 35 сола 7 нафар, сини 35-60 сола 30 нафар ва аз 60 сола боло 25 нафар мебошанд, ки дар умум 27,3%-и кормандони илмиро аз шумораи умумӣ ташкил медиҳанд.

 Омода кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ

 Дар Департаменти илм ва татбиқот аз рӯи нақшаи дурнамо барои солҳои (2023-2028) раванди омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ба роҳ монда шудааст, ки вобаста ба он дар зинаи магистратура аз рӯи 10 ихтисос 79 нафар, аз ин дар курси якум 34 нафар дар курси дуюм 45 нафар, докторантура PhD аз рӯи 10 ихтисос 8 нафар, аз ин 2 нафар дар курси якум, 6 нафар дар курси сеюм ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар соли 2024 6 нафар докторантон PhD аз рӯи ду ихтисос: иқтисодиёт ва метрология ин зинаи таҳсилро хатм намуда, барои ҷамъбасти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ вазифадор карда шуданд. Инчунин раванди иҷроиши корҳои илмӣ-таҳқиқотии унвонҷӯёни донишкада, ки 36 нафарро ташкил медиҳанд аз ҷониби Шӯъбаи омода нумудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ назорат бурда мешаванд.

Дар соли таҳсили 2024 4 нафар унвонҷӯён рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуда, дорои дараҷаи илмӣ гардиданд. Аз он ҷумла, Шарифова Дилором ва Адбурашидова Умеда (иқтисодиёт), Саидзода Рамазон (кишоварзӣ) ва Ахмедзода Зебо (методикаи таълимии физика). Бояд иброз намуд, ки вобаста ба нақшаи омода нумудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ 80% нақша иҷро гардидааст. Инчунин аз рӯи 7 равия 31 нафар донишҷӯён зинаи магистратураро хатм намуданд, ки аз теъдоди умумии хатмкунандагон 86,1% -ро ташкил медиҳад.

Шумораи унвонҷӯён вобаста ба равияҳо 15 нафар техникӣ, 10 нафар гуманитарӣ, 9 нафар иқтисодӣ, 7 нафар табии-риёзӣ, 4 нафар бошанд равияи ҳуқуқ ҳастанд. Дар донишкада бо мақсади мусоидат ба раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ Мактаби муштараки илмӣ бо қарори Шӯрои олимони донишкада аз 27.12.2019 №5 таъсис дода шудааст, ки дар он олимони шинохта аз дохил ва хориҷи кишвар шомил буда, барои вусъат бахшидан ба раванди корҳои илмӣ-таҳқиқотии унвонҷӯён, докторантон ва магистрон ҳамчун мушовир ва роҳбари илмӣ корбарӣ менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки 5 нафар унвонҷӯёни донишкада, Садиров М., Зуҳуров Ш., Валиева Ф., Амрохонов А., Фотина О.В. барои дифои рисолаи номзадӣ ва 1 нафар Ҷаъфарзода Ф. барои дифои рисолаи докторӣ, ҳимояҳои пешакии худро гузашта, барои ҳимояи ниҳоӣ омодагӣ дида истодаанд. Инчунин 12 нафар унвонҷӯёни дигар дар арафаи ҷамъбасти рисолаҳои илмӣ қарор доранд.

Чорабиниҳои илмӣ, дастгириҳои иқтисодӣ барои  чорабиниҳо ва дастовардҳои илмӣ

 Тибқи нақшаи баргузории семинарҳо, симпозиумҳо ва конфронсҳои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, аз аввали соли 2024 8-конференсияи илмӣ- назариявии донишкадавӣ, 3 конференсияи илмӣ- амалии байналмилалӣ, 2 конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва 3- семинарҳои омӯзишӣ аз ҷониби докторону профессорон дар мавзуъҳои мухталиф гузаронида шуд. Инчунин дигар чорабиниҳои илмӣ аз қабили 2 семинари илмӣ, 2 мизи мудаввар ва 14 чорабиниҳои дигари илмӣ дар донишкада гузаронида шудааст.

Барои гузаронидани чорабиниҳои илмӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишкада дар соли 2024 42000 сомонӣ ҷудо гардида буд, ки ин нисбати маблағи умумии муассиса 0,20% -ро ташкил медиҳад.

Барои нашри монографияҳо, китобҳои дарсӣ ва таълимӣ-методӣ: соли 2024 16840 сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки ин нисбат ба маблағи умумии донишкада 0,127% -ро ташкил медиҳад. Барои чопи мақолаҳои илмӣ: соли 2024 5000 сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ин 0,055% маблағи умумии муассисаро ташкил медиҳад. Дар сохтори Раёсати илм маҷаллаи илмӣ-техникӣ ва истеҳсолии “Илм ва технологияи асри ХХ1” фаъолият менамояд, ки чопи маҷалла аз ҳисоби маблағҳои муассиса ба роҳ монда шудааст. Аз ҳисоби маблағҳои махсус дар соли 2024 ягон маблағ ҷудо карда нашудааст.

Тибқи қарори Шӯрои олимони донишкада аз 29.12.2020 №5 барои дифои рисолаҳои илмӣ 5000 сомонӣ ва барои дифои рисолаҳои докторӣ 10000 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ муайян карда шудааст. Дар соли 2024 ба 4 нафар унвонҷӯён барои дифои рисолаҳои номзадӣ маблағҳои муайяншуда тибқи қарори Шӯрои олимони донишкада, дастрас карда шудааст.

 Таҳқиқотҳои илмӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот

Раванди корҳои илмии олимони донишкада, ки аксаран ба равияҳои техникӣ алоқаманд мебошанд бисёртар дар истеҳсолот сурат мегирад. Аз натиҷаи корҳои илмии бадастомадаи олимони донишкада 2 ихтироот дар соли 2024 мавриди татбиқ қарор дода шудааст.

Бояд иброз намуд, ки дар баробари бурдани корҳои илмӣ-таҳқиқотии инфиродӣ боз олимони донишкада рӯи лоиҳаҳои таҳқиқотӣ, ки аз ҷониби ҳукумати мамлакат маблағгузорӣ карда мешаванд, кор карда истодаанд.

Аз он ҷумла, Лоиҳаи илмӣ – тадқиқотӣ аз рӯйи мавзӯи «Таҳқиқи проблемаҳо ва захираҳои соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлони ҷумҳурии Тоҷикистон». Кори тадқиқотӣ дар давоми 5 сол ба иҷро расонида мешавад. Оғоз: январи соли 2022 интиҳо: декабри соли 2026, роҳбари лоиҳа н.и.к, дотсент Раҷабов И.Ҳ.; Лоиҳаи илмӣ–тадқиқотӣ аз рӯйи мавзӯи: «Таҳқиқи хусусиятҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва сиёсии муқовимат ба терроризм ва экстремизм дар шароити имрӯза. (таҳлили сотсиологӣ, таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ)». Кори тадқиқотӣ дар давоми 5 сол ба иҷро расонида мешавад. Оғоз: январи соли 2022. интиҳо: декабри соли 2026, роҳбари лоиҳа н.и.т, дотсент Исоев С.Қ.; Лоиҳаи илмӣ–тадқиқотӣ аз рӯйи мавзӯи: «Баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти агросаноатӣ бо усули кластерӣ дар минтақаи Кӯлоби ҷумҳурии Тоҷикистон». Кори тадқиқотӣ дар давоми 3 сол ба иҷро расонида мешавад. Оғоз: январи соли 2023. интиҳо: декабри соли 2025, роҳбар н.и.и, дотсент Исмоилзода С.; Инчунин 7 лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотии олимони донишкада аз экспертизаи АМИТ гузашта, барои маблағгузорӣ дар соли 2025 ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки аз он 4 лоиҳа барои буҷети соли 2025 маблағгузорӣ карда шудааст, ки аз январи соли 2025 кор дар лоиҳаҳои мазкур оғоз мегардад.

Иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳо

– Дар соли 2024 9 чорабиниҳои илмӣ дар байни омӯзгорон ва донишҷӯён дар шакли семинар, мизи мудаввар ва дигар намуди чорабиниҳо гузаронида шуда, ҷалби донишҷӯёнро барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳо тақвият бахшиданд.

Дар соли 2024 ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада дар озмуну олимпиадаҳо иштирок намуда, чунин натиҷаҳоро соҳиб гардиданд: Озмуни ҷумҳуриявии “Барномасози беҳтарин”, ки дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон санаи 02.03.2024 баргузор гардид, 2 нафар донишҷӯёни донишкада Нилуфари Садриддин ва Ятимов Худобахш иштирок намуда, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ муясар гардиданд; Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни МТОК, ки дар ДДТТ ба номи А.Сино санаҳои 17-18.05.2024 сурат гирифт, 14 нафар донишҷӯёни донишкада иштирок намуда, ба гирифтани 2 ҷойҳои ифтихорӣ-Ятимов Худобахш ҷойи 3-юм аз фани информатика ва Одинаев Шарифхон ҷойи ифтихорӣ аз фани таърих муясар гардиданд.

Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи равияҳои табиӣ-риёзӣ ва ҳуқуқ, ки санаи 20-21.05.2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳат ва соҳибкорӣ баргузор гардид, 2 нафар донишҷӯён-Исоев Ш. ва Нилуфари С. ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сарфароз гардиданд. Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” 45 нафар, аз ин 3 нафар омӯзгорон ва 42 нафар донишҷӯён иштирок намуда, ба даври вилоятии озмун 14 нафар, аз ин, 3 нафар омӯзгорон ва 11 нафар донишҷӯён ва ба даври ҷумҳуриявӣ як нафар омӯзгор Ҳакимов Искандар роҳхат гирифта, бо гирифтани ҷойи дуюм ноил гардида, бо ифтикорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” донишҷӯён ва омӯзгорони донишкада иштирок намуда, ба даври вилиятӣ 3 нафар донишҷӯён аз рӯи номинатсияи дизайн роҳхат гирифта, як нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта, дар даври ниҳоӣ муваффақ нагашт. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” чор нафар, аз ин 2 нафар омӯзгорон ва 2 нафар донишҷӯён ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифта, як нафар ба даври ҷумҳуриявӣ ва сазовори ҷойи сеюм гардида, бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуд. – мегӯяд Ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, д.и.т, профессор Шоҳиён А.Н.

Самти тарбия

Бо мақсади иҷрои барномаи 20 -солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ барои солҳои 2020-2040, эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун солҳои рушди саноат дар ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” чунин олимпиадаҳо ва озмунҳо аз ҷониби раёсати тарбия роҳандозӣ карда шуданд. Аз ҷумла: бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардони донишҷӯёни донишкада дар самти илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, ва ифтихори миллӣ, ғани гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишҷӯён, таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва дарёфти суханварони беҳтарин, лаёқатманд, соҳибмаърифат озмуни донишкадавии “Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат”, “Мавлонохони беҳтарин” дар мавзуи «Офтоби ишқу ирфон аст, Мавлонои мо», инчунин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ озмуни донишкадавии “Беҳтарин донандаи Конститутсия” баргузор карда шуд, ки донишҷӯёни зиёди донишкада иштирок намуда, ғолибон бо медалҳо ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи роҳбарияти донишкада дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Шоҳиён Алмосшоҳ қайд кард, ки ҷиҳати баланд бардоштани шавқу завқи донишҷӯёни факултетҳои донишкада ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмию техникӣ, бедор намудани шавқу завқи онҳо доир ба ҳалли масъалаҳои мураккаби илмӣ, озодона баён намудани фикр, инкишофи қобилияти эҷодӣ, истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир ва инчунин, муайян намудани донишҷӯёни лаёқатманд, бо мақсади дар оянда ҷалби онҳо ба соҳаҳои мухталифи илм ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ ва ҳавасмандгардонии беҳтаринҳо олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои “Физика, математика, химия, биология” баргузор карда шуд. Дар озмунҳои мазкур 267 нафар донишҷӯён иштироки фаъолона намуда аз тарафи комиссияи салоҳиятнок ғолибон муайян карда шуда, дар таҷлили Рӯзи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорнома ва медалҳо қадрдонӣ карда шуданд. Дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, донишҷӯёну омӯзгорон иштироки фаъолона намуда ҳакимов Искандар аз рӯи номинатсияи “Ихтирокорӣ ва навоварӣ” дар озмуни “Илм фурӯғи маърифат” сазовори ҷой дуюм, донишҷӯи курси сеюм Сураёи Тоирхон аз рӯи номинатсияи “Адабиёти классики тоҷик” дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сазовори ҷойи дуюм гардида, ҳарду ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 25000 – сомонӣ ва ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.

Бо ибтикороти раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон фестивали бозиҳои варзишӣ миёни муассисаҳои олии касбии ҳудуди вилояти Хатлон санаи 15.10.2024 баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаи футболбозони донишкада бо иштироки фаъолона ба гирифтани ҷойи дуюм сазовор гардида, бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ раёсати кор бо ҷавонон дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд. Муваффақияти дигар ин аст, ки дар шаҳри Душанбе чемпионати ҷаҳон аз рӯи намуди варзиши самбо миёни собиқадорон бо иштироки 13 давлати дунё санаи 28.10.2024 баргузор гардид. Дар ин чемпионат омӯзгори донишкада Маҳмадалиев Холмирзо иштирок намуда, ба гирифтани ҷойи сеюм шарафёб гардида, парчами давлатиро баланд бардошт.

Билоли ШАМС

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь