Рушди технологияҳои навин ва гузаштан ба хизматрасониҳои рақамӣ яке аз талаботҳои асосии замони муосир буда, имрӯзҳо ин раванд дар кишвари мо низ босуръат идома дорад. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати рушди ҳукумати электронӣ ва гузаштан ба хизматрасониҳои рақамӣ Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро анҷом расонида истодааст.

Нозироти андоз дар ноҳияи Хуросон ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзунгардонии потенсиали содиротии ноҳия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Нозироти андоз дар ноҳияи Хуросон хабарнигори МТЖТ бо сардори ин ниҳод Қодиров Зафар. суҳбати ихтисоси анҷом дод.

Мавсуф нахуст афзуд, ки Нозироти андоз дар ноҳияи Хуросон дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро роҳнамои корӣ худ қарор дода, кӯшиш намуданд, ки дар 2024 вазифаҳои ба зимаашон гузошташударо бо сари баланд ба анҷом расонида, доир ба иҷрои нишондиҳандаҳои Қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025” ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, беҳтар сохтани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон, дар маҷмуъ мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ, чораҳои иловагӣ андешанд.

Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ

Дар маҷмуъ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 12-моҳи соли 2024 ба андозаи 107 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 46 млн 798 хазор сомонӣ аз нақшаи пешбинигардида 50 млн 241 хазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба нақша 3 млн 443 ҳазор сомонӣ ҷамъоварии андозҳо зиёд ворид гардидааст, нисбат ба хамин давраи соли гузашта 8 млн 607 хазор сомонӣ зиёд ворид гаштааст

Иҷрои нақшаи андозҳо

Иҷроиши нақша бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 12-моҳи соли 2024 ба андозаи 110 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 40 млн 70 хазор сомонӣ аз нақшаи пешбинигардида 43 млн 891 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба нақша 3 млн 820 ҳазор сомонӣ ҷамъоварии андозҳо зиёд ворид гардидааст, нисбат ба хамин давраи соли гузашта 7 млн 947 хазор сомони зиёд ворид гаштааст

Иҷрои нақшаи андози ичтимои ғайри буҷетӣ ва буҷетӣ

Дар 12 моҳи соли 2024 ба андозаи 107 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 26 млн 200 хазор сомонӣ аз нақшаи пешбинигардида 27 млн 930 хазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба нақша 1 млн 729 ҳазор сомонӣ ҷамъовари зиёд ворид гардидааст, нисбат ба хамин давраи соли гузашта 4 млн 492 хазор сомони зиёд ворид гаштааст.

Бақияпулиҳои андоз

Яке аз масъалаҳои дигар дар фаъолияти Нозироти андоз ин ҷой доштани маблағи бақияпулиҳои андоз мебошад.

Дар 12-моҳаи соли 2024 бо мақсади кам намудани бақияпулиҳои андоз тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Нозироти андоз дар фаъолияти як қатор андозсупорандагон чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Дар Нозироти андози ноҳия бақияи қарзи андозҳо ба санаи 01.01.2024 2112528 ҳазор сомонӣ буда, ин нишондод ба санаи 01.01.2025, маблағи 3889562 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали соли сипаришуда бо ҳисоби 1777034 ҳазор сомонӣ зиёд карда шудааст. Дар 12-моҳаи соли 2024 ба 1008 адад андозсупорандаи қарздор аз тариқи барномаи СИА “Идоракуни ва мониторинги қарзи андозҳо” ба маблағи 3 млн 264 ҳазор сомонӣ огоҳинома ирсол гардида, дар натиҷа аз ин ҳисоб ба буҷет ба маблағи 2 млн 486 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст. Дар ин давраи сипаришуда аз тарафи Нозироти андоз тибқи тартиби ғайрисудӣ оид ба маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо нисбати андозсупорандагони қарздор 280 адад маводҳо ба маблағи умумии 4 млн 871 ҳазор сомонӣ омода ва ба Раёсати андоз дар вилояти Хатлон пешниҳод гардидаааст, ки 364 адад қарорҳои дахлдор қабул карда шуда аз ин шумора 331 адад қарорҳо ба маблағи 4 млн 224 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид карда шудааст, ки 87% фоизи маблағи умумии қарорҳои қабулгардидаро ташкил медиҳад.

 Андозро бояд супурд

Новобаста аз оне, ки кормандони Нозироти андоз барои кам намудани бақияпулиҳои андозҳо чораҷуӣ намуда истода бошанд ҳам, яке аз сабабҳои асосии афзоиш ёфтани бақияпулиҳои андозҳо дар баъзан ташкилоту корхонаҳо аз бемасулияти ва хунукназарии роҳбарон ва масъулини ингуна ташкилоту корхонаҳо хулосабарори намудан мумкин аст, ки ба зиёд гардидани бақияпулиҳои андоз оварда мерасонад. Масалан ба санаи 01.01.2025 сол аз ҳисоби Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия -283 ҳазор сомонӣ, ҶДММ Рамзан Сохтмон-193 ҳазор сомонӣ, ҶСК Хуросонобсохтмон-112 ҳазор сомонӣ, ҶДММ “РАМАЗОН-2003” 231 ҳазор сомони ҶДММ Пахтаи Бехзод-316 ҳазор сомонӣ, ҶДММ Пахтаи Осиё-268 ҳазор сомонӣ, ҶДММ Файзи Давлат-703 ҳазор сомонӣ дар умум бошад бе назардошти фоизу ҷаримоҳо 2106 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барои сари вақт напардохтани андози иҷтимои нисбати 8 андозсупоранда бо моддаи 620-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуда, ва ба маблағи умумии 23040 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ карда шуда, аз ин ҳисоб то санаи 01.01.2025 ба маблағи 12140 сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда шудааст, ки 53,0 фоизи воридоти маблағи ҷаримапулиҳоро ташкил медиҳад. Сари вақт ошкор намудани қонунвайронкуниҳои андоз ва чораҷӯи намудан ҷиҳати пешгирии онҳо омили муҳим ва таъсирбахши таъминкунандаи интизоми андоз ва тартиботи ҳуқуқӣ буда бинобар ҳамин, солҳои охир аз ҷониби мақомоти андоз ба ин самти фаъолият бештар аҳамият дода мешавад. Дар 12-моҳаи соли 2024 аз тарафи Нозироти андоз 118 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шуда, нисбати онҳо ба маблағи умумии 273391 сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб 131203 ҳазор сомонӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид карда шудааст, ки 61 фоизро ташкил медиҳад. Қайд намудан ҷоиз аст, ки шумораи шахсони дар 12-моҳаи соли 2024 ба ҷавобгарии маъмури ҷалб карда шуда, нисбат ба давраи 12-моҳаи соли 2023, шумора 1 адад зиёд аст ва маблағи ҷаримаҳои татбиқгардида 103268 сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин воридоти маблағи ҷаримаҳои маъмури нисбат ба давраи 12-моҳаи соли 2023 дар ҳаҷми 41911 сомонӣ зиёд мебошад.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ

Нозироти андоз дар ноҳияи Хуросон тибқи талаботи сархати 20 қисми 1 моддаи 90-и Кодекси андоз ва талаботҳои Стандарти ягонаи хизматрасонӣ бо андозсупорандагон, аз тарафи кормандони масъули Нозироти андоз дар байни андозсупорандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, бо ҷалби шумораи зиёди соҳибкорону шахсони масъули муассисаву корхонаҳои ноҳия, дар мавзуҳои гуногун, аз қабили тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби нави пешниҳоди эъломияи андоз аз фоида, тартиби пешниҳоди суди саҳмияҳо ва дигар масъалаҳои ҳалталаб 19 маротиба семинарҳои омузиши гузаронида шуд. Бояд қайд намуд ки муроҷиатҳои ба суроғаи Нозирот воридгардида, дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба расмиятдароварда шуда, тибқи муҳлатҳои муқаррарнамудаи ҳамин қонун ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххасгардонида шудааст.

Дар фароварди суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки кормандони Нозироти андоз дар ноҳияи Хуросон, Шуморо бовар мекунонанд, ки минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва сатҳи хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ, кам намудани бақияи қарзи андозҳо, беҳтар намудани сифати корҳои назоратӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тамоми донишу малакаи худро истифода намуда, бо мақсади таъмини иҷроиши нақшаи пешбинишудаи воридоти андозҳо чораҳои таъхирнопазир андешида, иҷроиши нишондиҳандаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025”-ро таъмин намояд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь