Ваҳдат-шаҳрест дар қисмати марказии Тоҷикистон ва дар фосилаи 30 километрии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст. Шаҳр тобеи ҷумҳурӣ буда, 17 сентябри соли 1927 таъсис ёфтааст; то апрели 1936 ноҳияи Янгибозор, то 25.12.1991 ноҳияи Орҷоникидзеобод, то соли 2003 ноҳияи Кофарниҳон ном дошт. Аҳолии шаҳри Ваҳдат дар соли 2022 аз 54 400 нафар иборат мебошад.

Шаҳри Ваҳдат аз 10 ҷамоати деҳот: Баҳор, ба номи Абдулло Абдулвосиев (собиқ Кофарниҳон), ба номи Раҷаб Исмоилов (собиқ Худойқул), ба номи Карим Исмоилов (собиқ Эскигузар ва Дӯстӣ), ба номи Бозорбой Бурунов (собиқ Янгибозор), Ромит, Симиганҷ, Чорсӯ (собиқ Туғмазор), Чӯянгарон, Гулистон (собиқ Қаросу) ва ҷамоати шаҳрак (ба номи Нӯъмон Розиқ) иборат мебошад.

Шаҳри мазкур таърихи 1500-сола дошта, ба ҳайати давлати Чағониён тааллуқ доштааст. Дар асрҳои 6-7 водии Кофарниҳон, ки Ваҳдат низ вобастаи он буд, дар ҳайати давлати Кӯшониён ва Ҳайтолиён будааст. Дар асрҳои 9-10 ин мавзеъ ба ихтиёри давлати Сомониён гузаштааст. Зимни ҳафриёти бостоншиносӣ дар деҳаҳои Ваҳдат Қалъаи Шодмон (Симиганҷ), Қалъаи Ромит (Ромит), Чилтан (Чиртак), Андигон, марқади Холбойқара, Дашти Бед (ҷамоати деҳоти Абдулвосиев), Кӯҳи Ширбибӣ ва Қалъаи Тоҳир (ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов) кашф шудаанд. Дар маъхазҳои таърихӣ («Авесто»,«Ҳудуду-л-олам») оид ба шаҳрҳои Андигон ва Кофиёни водии Кофарниҳон, ки мавҷудияташон ба асрҳои 3-7 рост меояд, маълумот дода шудааст. Ваҳдат аз ҷануб бо ноҳияҳои Ёвону Норак, аз шимол бо ноҳияи Айнӣ, аз шарқ бо ноҳияҳои Файзободу Нуробод, аз ғарб бо ноҳияи Рӯдакӣ ҳамсарҳад аст.

Бо мақсади огоҳӣ аз рушди иқтисодиёт ва муваффақияту камбудиҳо дар соҳаҳои гуногуни шаҳри Ваҳдат, дар се моҳи соли равон, хабарнигори МТЖТ бо раиси шаҳр Исмоилзода Мирзо Иброҳим суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки фишурдаи он пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонда мешавад.

Дар оғози суҳбат раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо Иброҳим гуфт,  “Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар семоҳаи якуми соли 2023 фаъолияти хешро баҳри амалӣ намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, корҳои муайянеро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, дар ин давра баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва бахусус, нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа вохӯрию мулоқотҳои судманд гузаронида шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ ба таври ҳамешагӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин давра чорабиниҳои фарҳангӣ, ба монанди Иди “Сада”, рӯзи “Артиши миллӣ”, рӯзи “Модар” ва Иди байналмилалии “Наврӯз” баргузор карда шуд, ки хело хотирмон буд”.

Саноат

Соҳаи саноат яке аз соҳаҳои асосии шаҳри Ваҳдат маҳсуб ёфта, он дар ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоати нақши муҳим дорад.

-Новобаста аз ба кор андохтани корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхонаҳои расман ба қайд гирифташуда дар 3 моҳи соли 2023-юм 218 млн. 456 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар ин давра бо нақлиёти ҳамаи шаклҳои моликият 7 миллиону 806 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2022-юм 105,2 ҳазор нафар мусофир ё ин, ки 1,4 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми гардиши чаканаи мол, тибқи маълумотҳо, дар  3 моҳи соли 2023-юм 175 миллиону 169 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 миллиону 659 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 10,9 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ дар ин давра 55 миллиону 122 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн. 972 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 3,3 фоизро ташкил дод,-гуфт Исмоилзода М. И.

Ба иттилои раис, дар се моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат 497 ҷои нави корӣ ташкил карда шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 352 ҷой зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб дар соҳаи кишоварзӣ 100 ҷои корӣ (20,1%), сохтмон 294 (59,2%) ва дар соҳаи савдо 103 ҷои кор (20,7%) таъсиси дода шудааст. Дар се моҳи соли ҷорӣ 150 нафар шаҳрвандони бекор ба курсҳои кутоҳмудати гуногуни касбомӯзӣ ва бозомӯзи фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра 999 нафар шаҳрвандон дар самти бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ муроҷиат намуданд, ки 202 нафари онҳо ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, ба 273 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд, ки нисбат ба соли гузашта 17 нафар кам мебошад. Ҷиҳати дастгирии рушди соҳибкории хурду миёна ба 15 нафар ба маблағи умумии 28 400 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.

– Ногуфта намонад, ки дар доираи Барномаи давлати мусоидат ба шуғли аҳолӣ  дар ин давра 3  маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуд, ки дар баргузории ярмаркаҳои мазкур зиёда 68 идораю корхона иштирок намуда, 1137 нафар шаҳрвандони бешуғл муроҷиат намудаанд. Дар қиёс ба соли гузашта иштироки идораву корхонаҳо дар якмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ мутаносибан 22 корхона ва 33 нафар муроҷиаткунанда зиёд мебошад. Тавассути ярмаркаҳои баргузоргардида 70 нафар сокини шаҳр бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, 50 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 426 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд. Маркази ташхиси минтақавии “Тоҷикстандарт”-и шаҳри Ваҳдат дар 3 моҳи аввали соли 2023 179 нуқтаҳои хизматрасониро бо шаҳодатномаҳо таъмин намудааст,-иброз дошт раиси шаҳри Ваҳдат.

Лоиҳаҳои сармоягузорӣ

Тибқи иттило, айни ҳол дар шаҳри Ваҳдат 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 79 млн. 729 ҳазор сомонӣ мавриди амал қарор доштааст, маблағи азхудкардашуда 14 млн. 139 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар 3 моҳи соли 2023 аз тарафи бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо 43 нафар шаҳрвандон оид ба истифодабарии амволи давлатӣ шартномаҳо баста шуда, 60,6 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷети маҳаллӣ ворид карда шудааст. Дар ин давра дар шаҳр 13263 нафар соҳибкорон фаъолият доранд, ки аз онҳо 1299 нафарашон бо патент, 2198 нафар бо шаҳодатнома, 9007 адад хоҷагии деҳқонӣ ва 759 ададро шахсони ҳуқуқӣ ташкил медиҳад. Тавассути бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳанда дар ин давра ба соҳаҳои хоҷагии халқ ба маблағи 105 млн. 642 ҳазор сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 28 млн. 196 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

-Кормандони муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангали Ваҳдат ва Ромит дар давраи ҳисоботи дар самти нигоҳубину парвариши ҷангалҳо корҳои ба зимма доштаи хешро дар сатҳи зарурӣ ба анҷом расониданд. Хоҷагии Ҷангали Ваҳдат ба мақсади сабзу хуррам гардонидани талу теппаҳои шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат – Душанбе ва минтақаҳои хоҷагии ҷангал дар масоҳати 8 гектар 5751 бех ниҳолҳои гуногун шинондаанд, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта, 4415 бех ниҳол зиёд мебошад. Ҳамзамон дар ин давра майдони 10 га ҷангалзорҳои кӯҳнаро барқарор намудаанд, ки баробари 100 фоизи нақша мебошад. Муассисаи давлатии хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмонии шаҳр фаъолияти кории худро аз рӯи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида ва супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба роҳ монда, ҳамарӯза барои тоза намудани кӯчаҳои шаҳр, ҷӯйборҳо, роҳравҳо ва баровардани партов аз партовгоҳҳо бо ҷалби 69 нафар рӯбанда, 4 адад техникаи боркаш ва 1 адад техникаи партовбардор машғули кор мебошанд. Ҳамарӯза зиёда аз 30 ҳазор метри мураббаъ роҳу хиёбонҳо рӯфта шуда, 482,1 м3 партов аз партовгоҳҳои доимӣ бароварда мешавад. Дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 48250 бех ниҳоли гулу гулбуттаҳо, гулҳои ороишӣ, 344 бех дарахтони ороишӣ ва сояафкан шинонда шуда, нигоҳубин ва обёрӣ шуда истодаанд, – гуфт Исмоилзода М. И.

Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Дар Раёсати Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 27 234 нафар нафақагир ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб гирандагони нафақаи меҳнатӣ 18 820 нафар ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ 8 361 нафарро ташкил додааст. Маблағи моҳонаи талаботи нафақаи нафақагирон 8 миллиону 331 ҳазор сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як нафақагир 296 сомонӣ рост меояд. Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷиксуғурта”-и шаҳри Ваҳдат дар давоми 3 моҳи соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи намудҳои суғурта ба маблағи 255,6 ҳазор сомонӣ пардохтҳои суғуртавӣ ворид намудааст, ки баробари 130,0 фоизи нақшаи пешбинишуда буда, дар қиёс нисбати соли гузашта 5,9 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 5 фоиз зиёд будааст.

Кишоварзӣ

Кишоварзӣ дар ҳама давру замон аз соҳаи калидии таъмини амнияти озуқавории мамлакат буда, дар ин самт тамоми чораҳо андешида мешавад. Дар семоҳаи аввали соли равон дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 125 млн. 455 ҳазор сомонӣ маҳсулоти умумии кишоварзӣ истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 17 млн. 948 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 16,7 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 2 млн. 433 ҳазор сомонӣ ва чорводорӣ 123 млн. 21 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки суръати афзоиши онҳо мутаносибан 1,9 ва 17 фоизро ташкил медиҳад. Соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳри Ваҳдат 24 тонна сабзавот, 3854 тонна гӯшт (бо вазни зинда), 8 205 тонна шир, 21 млн. 403 ҳазор дона тухм ва 165,4 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол карда шудаст, ки дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта, суръати афзоиши онҳо аз 1,5 фоиз то 4,5 баробарро ташкил медиҳад. Тибқи дурнамо соли 2023 хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонии инфиродии шаҳр бояд дар майдони 13 930 гектар кишти тирамоҳӣ ва баҳорӣ гузаронанд.

Кишоварзон баҳори имсол бояд дар майдони 8 492 га, аз он ҷумла дар майдони 1900 га зироатҳои ғалладонагию лӯбиёгӣ, 480 га пахта, 1350 га картошка, 3100 га сабзавот, 15 га тухми сабзавот, 1200 га зироатҳои равғандор, 160 га полезӣ, 253 га зироатҳои хӯроки чорво ва 33 га дигар зироатҳоро кишт намоянд. Ба ҳолати 1 апрели соли 2023 кишоварзон дар майдони 4 622 га кишти баҳорӣ гузарониданд, ки 54,4 фоизи дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 881 га зиёд мебошад. Аз ҷумла, дар майдони 103 га ҷав, 900 га лӯбиёгиҳо, 185 га ҷуворимаккаи дон, 1184 га картошка, 1307 га сабзавот, 18 га сабзавоти тухмӣ, 903 га зироатҳои равғандор ва 23 га зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шудааст. То 1 апрел дар ҳудуди шаҳр 16 510 бех ниҳолҳо, аз ҷумла 2 310 бех ниҳоли сояафкан, 7 980 бех ороишӣ, 6 220 бех мевадиҳанда, 14 220 бех қаламча ва 122 700 дона гулу буттаҳо шинонда шудааст, ки 151,3 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад,-иброз намуд раиси шаҳри Ваҳдат.

Чорводорӣ

Ин соҳа ҳам яке аз соҳаҳои таъминкунандаи ғизоии аҳолии кишвар ба ҳисоб рафта, Ҳукумати мамлакат барои рушду пешрафти ҳамасола чораандешӣ мекунад. Ба иттилои раис, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳри Ваҳдат дар се моҳи соли равон 82 517 сар чорвои калони шохдор, аз он 49 476 сар модагов, 188 723 сар бузу гӯсфанд, 1 млн. 219 сар парранда, 1 270 сар асп ва 16 544 сар оилаи занбури асал ба қайд гирифта шуда, парваришу нигоҳубин карда шуда истодааст. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ суръати афзоиши саршумори чорвои калони шохдор 2,6 фоиз, модаговҳо 2,9 фоиз, бузу гӯсфанд 16,6, парранда 39,3, асп 2,7 ва оилаи занбури асал 4,7 фоизро ташкил додааст. Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр барои дар соли 2023 бо оби полезӣ таъмин намудани кишоварзон дар майдони 8 858 га шартномаҳои дуҷонибаро бо субъектҳои хоҷагидорӣ ба имзо расонидааст, ки баробари 100 фоизи нақшаи пешбинишуда мебошад.

Резервати биосферии “Ромит”

Резервати биосферии “Ромит” ҳудуди махсус ҳифзшаванда ба ҳисоб рафта, дар майдони 16 493 га доман паҳн кардааст. Дар ин ҳудуд 8 намуд ҳайвоноти нодири ваҳшӣ, 8 намуд ҳайвоноти ғайринодири ваҳшӣ давраи зимистонро гузаронида, сипас ин ҳудудро тарк менамоянд. Дар ҳудуди резерват инчунин, 4 намуд набототи нодир ва 4 намуд набототи ғайринодир мерӯяд, ки аз ҷониби кормандони Резерват нигоҳубин карда мешавад. Ба мақсади зиёд кардани кардани саршумор дар резервати биосферӣ 9 сар оҳуи бухороӣ ва 50 сар кабки дарӣ таҳти парваришу нигоҳубини махсус қарор доранд. Дар фасли зимистони сарди имсола кормандони Резерват ҷиҳати эмин нигоҳ доштани ҳайвоноту паррандаҳо корҳои биотехникӣ гузаронида, 8600 кг алаф, 1706 кг ғалладона, 1600 кг сабзавот ва 2960 кг шохчабаргро истифода намудаанд. Дар ин давра барои сайру саёҳат дар ин минтақаи хушманзара 11 нафар сайёҳ ташриф овардаанд. Кормандони хоҷагии ҷангали Ромит дар ин давра дар майдони 18,5 гектар ҷангал бунёд кардаанд, ки баробари 92,5 фоизи нақша мебошад. Аз ҷумла, дар майдони 4,5 га ниҳоли чормағз шинонда шудааст, 45 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Сохтмон

Дар соҳаи сохтмон ҳаҷми корҳои пудратӣ 25 млн. 350 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 баробарро бештар аст. Маблағгузориҳо дар соҳаи сохтмон 18 млн. 572 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,6 %-ро дар бар мегирад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 166,6 ҳазор сомонӣ ва буҷети маҳаллӣ ба маблағи 106,4 ҳазор сомонӣ корҳои нигоҳдории роҳҳои ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 81,1 ҳазор сомонӣ дар масофаи 756 метр чуқуричаҳои роҳи автомобилгарди Ваҳдат-Ромит ва ба маблағи 25,2 ҳазор сомонӣ дар масофаи 236 метри квадратӣ чуқуричаҳои роҳи автомобилгарди Ваҳдат – Кӯлоб – Хоруғ бо мумқири гарм аз таъмир бароварда шудааст, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 106,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар маркази шаҳри Ваҳдат шуруъ аз соли 2014 сохтмони 80 иншооти баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурӣ бо маром идома дорад. Дар давраи хисоботӣ аз тарафи Муассисаи давлатии «Сохтмони асосӣ» 18 иншоот ба истифода қабул карда шудааст, ки масоҳати умумии онҳо 8068 м2-ро ташкил дода, 14 млн. 476 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст. Дар ин иншоотҳо 15 нафар сокини шаҳри Ваҳдат соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд,-қайд намуд Исмоилзода М.

Ҳифзи муҳити зист

Ба мақсади тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва беҳ кардани ҳолати экологии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ бо ташаббуси шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр 6 маротиба аксияи “Тозагии маҳал – 2023”, 6 маротиба аксияи “Тозагии шоҳроҳ-2023” ва 2 маротиба аксияи “Тозагии соҳил-2023” гузаронида шудааст, ки дар онҳо 1328 нафар сокини шаҳр иштирок намуда, 103 м3 партовро ба партовгоҳи марказӣ интиқол додаанд.

Маориф

Соҳаи маориф дар самти таълиму тарбияи насли наврас, омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона ва дар замирашон ҷой намудани ҳисси худогоҳӣ, хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ нақши асосӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин соҳаро аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятноки ҳаёти мамлакат шуморида ҳамасола ба он диққати махсус зоҳир менамоянд. Айни замон дар шаҳри Ваҳдат дар 152 муассисаҳои таълимӣ, 3890 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи 90936 нафар мактаббача машғули кор мебошанд. Дар баробари ин дар 17 муассисаҳои томактабии шаҳр 92 нафар муррабияҳо 2360 нафар кӯдакони синни томактабиро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Шумораи омӯзгорону мураббияҳо ва мактаббачагон, ки маҷмуъан 97278 нафарро ташкил медиҳанд, баробари 26,3 фоизи аҳолии шаҳр мебошанд. Дар самти иштироки хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаҳои фаннии минтақавӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта назаррас мебошад. Дар доираи талаботи Низомномаи озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-ватани азизи ман”, “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат”, “Шоҳномахонӣ” ва “Илм-фуруғи маърифат” дар сатҳи муассисаҳои  таълимии шаҳр даври якум баргузор гардида, довталабон ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифта истодаанд,-иброз дошт раиси шаҳри Ваҳдат.

Тандурустӣ

Мувофиқи маълумоти пешниҳодшуда, кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ваҳдат тибқи талаботи рӯз хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ ба роҳ мондаанд. Дар муассисаҳои табобатии давлатии шаҳр, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мегарданд, 361 нафар табиб, 1369 нафар корманди миёнаи тиб, 526 корманди хурди тиб ва 170 нафар дигар кормандон ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Сатҳи дараҷанокии табибони муассисаҳои табобатии давлатии шаҳр дар 3 моҳи 2023 ба категорияи олӣ 46 нафар, категорияи якум 40 нафар, категорияи дуюм 49 нафар, кормандони миёнаи тиб ба категорияи  олӣ 143 нафар, дараҷаи якум 122 нафар, дараҷаи дуюм 209 рост меояд. Дар қиёс нисбат ба шумораи умумии табибон дар муассисаҳои табобатии зикргардида сатҳи дараҷанокии табибон бо категорияи олӣ 12,7 фоиз, категорияи якум 11,1 %, категорияи дуюм 13,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар 3 моҳи соли 2023-ум 1759 нафар занон таваллуд кардаанд, ки нисбати соли гузашта 107 нафар кам мебошад. Аз шумораи умумии таваллуд 1703 нафар (97%) дар таваллудхона ва 56 нафар (3%) дар хона ба миён омадааст. Дар қиёс нисбати соли гузашта сатҳи таваллуд дар таваллудхона 2 фоиз афзоиш ёфта, дар хона 2 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар давраи ҳисоботи фавти кӯдакони то 1 сола дар қиёс нисбати соли гузашта 2,1 фоиз кам шуда, кӯдакони то 5 сола 0,8 фоиз ва то 18 сола 2 нафар зиёд шудааст. Хушбахтона, дар давраи ҳисоботи фавти модарон ба қайд гирифта нашудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба шуъбаи қабули Беморхонаи марказии шаҳр 1654 нафар сокини шаҳр муроҷиат кардаанд, ки аз он 1128 нафараш (68,2%) ҳамчун бемор бистарӣ карда шудаанд. Дар шуъбаи қабули КАТС бошад, 58324 нафар муроҷиат намудаанд, ки он 50854 нафарашон (87,2%) ҳамчун беморон ба қайд гирифта шудаанд. Дар қиёс нисбати соли гузашта шумора муроҷиаткунандагон дар Беморхонаи маркази 176 нафар ва дар КАТС бошад, 30892 нафар кам гаштааст.

Рушди сайёҳӣ

Сайёҳӣ аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёди кишвар ба шумор рафта, дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат чораҳои судманд андешида шуда истодааст.

-Аз ин рӯ, бахши рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар заминаи амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва нақшаи чорабиниҳои “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барои солҳои 2019-2023” чораандешӣ намуда, ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ, таблиғи мавзеъҳои сайёҳию таърихӣ ва ба ҳамин васила рушди соҳаи сайёҳӣ дар байни аҳолӣ 15 вохӯрию мулоқот доир намудааст. Феълан, дар шаҳри Ваҳдат ду ширкати сайёҳӣ “Карон-тур” ва “Канаск-тур” фаъолият намуда истодааст. Тибқи маълумот, дар семоҳаи аввали соли 2023-юм  6390 нафар сайёҳ ба шаҳри Ваҳдат ташриф овардаанд.

Фарҳанг

Ба мақсади пурра намудани фазои фарҳангии ҷомеа густариши ҷаҳони маънавии шаҳрвандон ва ба ин васила баланд бардоштани ҳисси худогоҳию худшиносӣ ва ватандустии қишрҳои ҷомеа дар ин давра кормандони муассисаҳои фарҳангии шаҳр 225 чорабиниҳои фарҳангӣ, вохӯрию мулоқот, конференсияҳо ва озмуну викторинаҳо гузаронидаанд, ки дар онҳо 45 ҳазор нафар сокинони шаҳру деҳот иштирок намуданд. Кормандони муассисаҳои фарҳангӣ шаҳр рӯзи 21 марти соли 2023 дар варзишгоҳи марказӣ ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз барномаи идонаи театрикунонидашударо манзури 25 ҳазор нафар тамошобин гардониданд.

Ҷавонон ва варзиш

Бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Ваҳдат дар ҳамкорӣ бо як қатор ташкилоту муассисаҳо, дар се моҳи якуми соли 2023, 9 аксияҳои тарғиботию ташвиқоти таҳти унвони “Либоси миллӣ-рукни фарҳанги миллӣ”, “Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мегардонем” ва “Ба муҳофизати Ватани маҳбубамон омода бош” доир намуда, зиёда аз 800 маводи тарғиботиро дастраси аҳолӣ гардонидааст. Дар ин давра ба муносибати ҷашни 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду давр озмуни ҳарбию ватандӯстии “Ватанпарвар” гузаронида шуда, ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва диплому ҷомҳои варзишӣ қадрдонӣ карда шудаанд. Варзишгарони шаҳри Ваҳдат дар семоҳаи 2023 дар 7 мусобиқаи шаҳру навоҳии тобеи марказ, шаҳри Душанбе ва ҷамъиятҳои варзишӣ иштирок намуда, соҳиби 22 медали тилло, 19 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ гардиданд.

Ҷавонон ва Артиши миллӣ

-Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар қарзи имонию виҷдонии ҳар ҳар ҷавонмарди баору номус мебошад. Дар даъвати баҳории имсола 460 нафар ҷавонписарони шаҳри Ваҳдат бояд ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шаванд. Дар рӯзи аввали даъват-1 апрели соли 2023, ба сафи Артиши миллӣ 329 нафар ҷавонони шаҳри Ваҳдат сафарбар карда шуданд, ки 71 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар давоми ҳашт рӯзи моҳи апрел ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Гулистон, Баҳор, Б. Бурунов, Чӯянгарон, Р.Исмоилов ва Н. Розиқ нақшаи даъвати баҳориро сарбаландона иҷро намуданд. Ба ҳолати 9 апрели соли 2023 дар маҷмуъ 420 нафар ҷавонписарони шаҳри Ваҳдат ба сафи Артиши миллӣ гусел карда шуданд, ки баробари 91,5 фоизи нақша мебошад, -гуфт раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода М. И.

Муроҷиати шаҳрвандон

Мувофиқи маълумот, дар давраи ҳисоботӣ ба шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони Дастгоҳи Раиси шаҳр 2034 адад аснод ворид гардид, ки 1042 адади онро (51,2 фоиз) муроҷиати хаттӣ 303 ададашро (14,9 фоиз) муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ва боқимонда 689 адади дигарашро (33,9 фоиз) дигар аснодҳо ташкил медиҳад. Дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи муроҷиатҳои хаттию шифоҳии шаҳрвандон 180 адад кам гаштааст. Дар давраи ҳисоботӣ 61 адад муроҷиати шифоҳии шаҳрвандони шаҳри Ваҳдат аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ворид гардидааст, ки дар қиёс нисбати соли гузашта 7 адад зиёд мебошад. Дар ин давра аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 пешниҳод, 14 амр, 20 эътироз ва аз ҷониби Прокуратураи шаҳр 2 пешниҳод, 9 амр ва 3 эътироз вобаста ба масъалаҳои гуногун ворид гардидааст, ки ҳамаи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, нисбати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо чораҳои дахлдор андешида шудааст.

-Дар давраи ҳисоботӣ масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, воҳидҳои сохторӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва дигар сохтору мақомотҳои марбута дар фаъолияти хеш корро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияҳо, Стратегияҳо, Барномаҳои соҳавӣ ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳр ба роҳ монданд. Аз ҷумла, вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат, ки рӯзи 10 ноябри соли 2022 баён доштанд, нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат иборат аз 16 банд таҳия ва тасдиқ гардида, барои иҷро ба сохтору мақомотҳои марбута дастрас карда шудааст. Тазаккур бояд дод, ки иҷрокунандагон ва масъулон 8 банди нақшаи чорабиниро мунтазам ва 8 банди дигарашро давоми солҳои 2022-2025 бояд амалӣ намоянд. Зимни гузаронидани таҳлил маълум гардид, ки аз 16 банди нақшаи чорабинии мазкур дар 14 банд корҳо оғоз гардида, ҷараён доранд. Ёдовар бояд шуд, ки айни замон дар шаҳри Ваҳдат нисбат ба 11 Консепсия, 26 Стратегия ва 99 Барномаҳои соҳавӣ сохтору мақомотҳо, шуъбаю бахшҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корбарӣ шуда истодааст,-гуфт Исмоилзода М. И.

Дар фарҷоми суҳбат Раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Исмоилзода Мирзо Иброҳим бо қатъият иброз намуд, ки “Барои беҳбуд бахшидани кор дар ҳамаи самту соҳаҳо ва иҷрои босифату саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моро зарур аст, ки дар иҷрои вазифаҳои хеш ба халқу ватан содиқона хизмату кор намоем”.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь