Андешаҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Э.С. бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи таърихӣ
Бо истифода аз ин фурсати муносиб хонандагони нашрияро бахшида ба ҷашнҳои миллию давлатӣ, аз ҷумла Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба Шумо саломатӣ ва дастовардҳои нави илмию эҷодиро таманно дорам.
Бояд зикр намуд, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16-уми ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст ва он ҳамчун рӯзи ид дар саросари кишварамон ҷашн гирифта мешавад.
Мансаби Президентӣ падидаи конститутсионии сиёсиву ҳуқуқӣ буда, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шуруъ намудани Президент муқаррар гардидааст. Мувофиқи Конститутсия Президент пеш аз шуруъ ба вазифаи худ дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад.
Аз таърих медонем, ки 16-уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шуруъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16-уми ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи сарнавиштсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне мувофиқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихоб ба иҷрои вазифа шуруъ намудааст.
Бо назардошти эҳтирому эътирофи пайваста рушдёбандаи давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардум ва болоравии обруву нуфузу Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмуъ, ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бастагӣ доранд, дар қонунгузории кишвар рӯзи 16-уми ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст.
Ногуфта намонад, ки дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар давраҳои муайяни рушд ва инкишоф, сарнавишти давлат ва миллат бо шахсиятҳои алоҳида пайвастагии ногусастанӣ пайдо карда, онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд. Масалан, то имрӯз мардуми Амрико ба эҳтироми Ҷорҷ Вашингтон рӯзи зодрӯзи ӯро ҳамчун Рӯзи Президент ҷашн мегиранд. Даҳҳо мисоли дигар овардан мумкин аст, ки дар давлатҳои алоҳида вобаста ба санаҳои ба шахсиятҳои таърихиву сарнавиштсоз рӯзҳои иди миллиро ҷашн мегиранд.
Шукрона, ки миллати тоҷик аз таърих офарандаи бузургтарин мардҳо ҳаст, фазои фарҳангии мо бузургтарин арзишҳоро умумибашарӣ гардонидааст, дар хуни мо, дар хотираи таърихии мо ин нақш баста аст. Сар карда аз бузургони қадим, аз ҷумла Куруши Кабир, ки нахустин конститутсионалист дар таърихи башарият эътироф шудааст, то абармардони давлатсозу мардумсолор, ба монанди Сосониёну Сомониён ва ҳазорҳо чеҳраҳои мондагор ҳамагӣ зодаи ҳамин сарзамини фарҳангхезанд.
Хушбахтона, ҳамин миллат дар лаҳзаҳои бениҳоят ҳассос шахсиятеро эҳдо намуд, ки пойдории сулҳу субот, ҳифзи ягонагӣ ва тамомияти арзии мамлакат, таъмини суботи сиёсӣ ва ҳамгироии ҷомеа, ислоҳоти конститутсионӣ, барқарор шудани давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ бо ӯ робитаи ногусастанӣ пайдо кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарафдории худро аз барпо кардани давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI таърихии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд. Ин андешаҳои Роҳбари олии сиёсии кишвар ва Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон минбаъд ҳамчун марому мақсадҳои конститутсионии мардуми тоҷик дар Конститутсияи Тоҷикистони навин инъикос гардида, ба идеяи миллии мардуми мо эътироф гардид. Дар ин робита, нуктаҳои асосии Муроҷиатнома минбаъд ба шиори таҳкимбахши фазои ҳуқуқии кишвар, ҷузъи таркибии пешрафти ҷомеа ва манбаи бунёдии озодии инсон, ҷавҳари мустаҳкам гардидани пояҳои истиқлолияти миллӣ мубаддал гардид.
Ҳамин тариқ, Пешвои маҳбуби миллат давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардум шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои устувор ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд. Ҳамаи дастовардҳои назарраси даврони Истиқлол бо ин Иҷлосияи сарнавиштсози таърихӣ иртиботи қавӣ доранд, ки дар сарчашмаи он ҳама дастовардҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд.
Таҷриба нишон дод, ки роҳи пешакардаи мардуми мо, яъне интихоб намудани шакли идоракунии президентӣ бозгӯйи мароми мо аст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо чунин шакли идоракунӣ дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати ташаббускор ва пешво дар ҳалли проблемаҳои ҷаҳониву минтақавӣ шинохта шудааст. Имрӯз дар арсаи байналмилалӣ Пешвои азизи миллати моро ҳамчун шахси сулҳофару фарҳангпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, мардумсолор ва хирадгаро мешиносанд.
Аз ин рӯ, ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин боварии мардум ба хизматҳо ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат мебошад. Воқеан, Пешвои муаззами миллат шахси таърихӣ ва сарсупурдаи миллати тоҷик аст, ки дар зарфи 33-соли Истиқлоли давлатӣ тавонист Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба як давлатӣ воҳид муттаҳид намуд ва дар арсаи ҷаҳон тоҷиконро бо он ҳама расму анъанаҳои сунатии қадима муаррифӣ кард.
Бояд зикр намуд, ки имрӯз мардуми шарафманди тоҷик бо Президенти маҳбуби худ ифтихормандона, бо сари баланду азми қавӣ, дасту дили пок ва руҳи шикастнопазир ба сӯйи фардои дурахшон, ободию шукуфоии Тоҷикистон қадамҳои устуворонаро ба пеш гузошта истодааст. Ба ин хотир, таҷлили ин рӯзро метавон иди баланд бардории ҳисси миллӣ, хештаншиносӣ, фараҳу шодкомӣ ва саодату шарафмандии ҳар як фарди ватандӯсти миллати тоҷик унвон кард. Имрӯз моро зарур аст, ки дар атрофи Президенти худ ҷамъ оем, эҳтиром ба корномаи беназири Пешвои миллат дошта бошем ва дар муқобили ҳар як ҷараёну таҳдидҳои ҷаҳони муосир бо донишу малакаи баланд сина сипар созем.
Бори дигар солгарди Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи таърихӣ муборак!