Дар оянда Ваҳдат бояд ба шаҳри азими агросаноатӣ ва минтақаи сайёҳии пешрафта табдил ёбад

 

Фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат баҳри таъмини волоияти Қонун, риояи талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равон гардида, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳ кардани сатҳу сифати зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи меҳнатию фароғатии мардум ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ медиҳад. Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон зимни як сафари корӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва дурнамои рушди ин шаҳри аз ҷиҳати иқтисодиву саноатӣ пешрафтаи кишвар, ки дар таъмини бозори истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти кишоварзии хушсифату нисбатан арзон саҳм дорад, шиносоӣ пайдо намуд.

Тадқиқот ва мушоҳидаҳои мо собит намуданд, ки тайи 5 – 6 соли охир шаҳри Ваҳдат ба куллӣ симояшро тағйир дода, дар ин муддат садҳо иншоотҳои хурду бузурги хуштарҳу замонавӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Бешак ин иншоот дар таъмини аҳолӣ бо ҷои кори шоиставу доимӣ, рушди соҳибкорӣ ва вазъи некуаҳволии мардум мусоидат хоҳанд кард.

Тавре зимни суҳбат роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода иброз дошт, ин ҳама ба шарофати ғамхориҳои доимии Пешвои муаззами миллат – Эмомалӣ Раҳмон, ки борҳо ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварда, ҷиҳати рушди инфрасохтории ин шаҳри канори пойтахт дастуру ҳидоятҳо доданд, ва инчунин, малакаи роҳбариву кордонии раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода даст додааст.

Аз ҷумлаи ин иншоотҳои бузург Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат мебошад, ки соли 2013 бо ҳузури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ санги асоси он гузошта шуда, дар рӯзи таҷлили 20 – солагии Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Қобили зикр аст, ки варзишгоҳи мазкур мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ёфта, дар ҳудуди Осиёи Марказӣ камназир мебошад ва барои 26500 нафар тамошобин пешбинӣ шудааст. Ҳамакнун дар ин варзишгоҳи овозадор мусобиқаҳои варзишиву ҷамъомадҳои фарҳангӣ дар сатҳи олӣ баргузор мегарданд, ки намунаи барҷастаи он дар сатҳи хеле баланд бо ҳузури Ҷаноби Олӣ таҷлил гардидани ҷашни 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.

Ҳамзамон дар панҷсолаи ахир бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва саноату фарҳанг, ки аз ҳадафҳои калидии Ҳукумати кишвар ба шумор мераванд, муассисаҳои таълимиву табобатӣ ва фароғативу истеҳсолӣ, аз қабили мактаб дар деҳаи Ҳуснободи ҷамоати деҳоти Гулистон барои 1200 нафар хонанда дар ду баст, мактаб дар деҳаи Лиҷаки ҷамоати деҳоти Чӯянгарон барои 1200 нафар толибилм, беморхонаи хусусии “Парастор” барои дар як вақт қабул кардани 400 нафар, фабрикаи ғанигардонии маъдан дар деҳаи Покрӯди ҷамоати деҳоти Ромит, корхонаи коркарди металҳои ранга дар ҷамоати деҳоти Баҳор, 2 корхонаи истеҳсоли семент дар ҷамоатҳои деҳоти Карим Исмоилов ва Чорсӯ, 2 боғчаи хусусӣ дар ҷамоати деҳоти Гулистон, бинои мактаб ва хобгоҳ дар деҳаи Варваи ҷамоати деҳоти Ромит, бинои мактаб дар ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоилов, бинои мактаб барои 600 нафар хонанда дар маркази шаҳр, бинои сеошёнаи Маркази ҳунарҳои мардумӣ бо таъсиси беш аз 30 ҷои кори доимӣ, бинои дуошёнаи меҳмонхонаи хурд барои сайёҳон барои 15 нафар дар як вақт дар деҳаи Тангаии ҷамоати деҳоти Симиганҷ, бинои дуошёнаи маркази савдо ва хизматрасонӣ, ду ошхонаи миллии дуошёна барои сайёҳон дар дараи Ёси ҷамоати деҳоти Чӯянгарон, бинои дуошёнаи маркази савдо ва хизматрасонӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Симиганҷ, бинои дуошёнаи ошхонаи миллӣ барои қабули 60 нафар дар як вақт бо таъсиси 10 ҷои кори доимӣ дар ҷамоати деҳоти Симиганҷ ва даҳҳо иншооти дигар бунёд ва мавриди истифодабарии аҳолӣ қарор гирифтанд, ки чи дар таъмини аҳолӣ бо шуғли доимӣ, таълиму тадриси дастрас ва чӣ баҳри ҷалби оммаи васеъ ба корҳои бунёдкориву созандагӣ ва ба ин васила дур шудани ҷавонону наврасон аз амалҳои номатлуб мусоидати бештаре менамоянд.

 

Иҷрои барномаҳои давлатӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба шароити торафт мураккаб ва шиддат гирифтани буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ нигоҳ накарда, дар соли 2018 низ ҷиҳати иҷрои нақшаҳо ва барномаҳои давлатии рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр иқдомҳои бунёдкоронаву созандаро идома бахшида, корҳои ба зимма доштаи хешро дар доираи талаботҳо дар сатҳи зарурӣ анҷом доданд.

Дар иҷро гардидани нақшаю барномаҳои давлатӣ ва ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ саҳми хоҷагиҳо, корхонаю ташкилотҳо, хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, аҳли зиё ва дигар фаъолон назаррас мебошад.

Соли 2018 вобаста ба иҷрои талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дувоздаҳ маротиба машваратҳои моҳонаи назди раиси шаҳр гузаронида шуда, масъалаҳои мубраму ҳалталаби рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин давра 3480 адад қарорҳои раиси шаҳр ба тасвиб расиданд, ки паҳлуҳои ҳаётан муҳими рӯзро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, бо қарорҳои раиси шаҳр ба 686 нафар эҳтиёҷмандон қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шуда, 635 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ-инфиродӣ ташкил карда шуд.

 

Муроҷиати шаҳрвандон

Тибқи иттилои роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Ваҳдат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри ҳалли муроҷиатҳои шаҳрвандон ва дигар асноди мақомотҳои болоию маҳаллӣ тибқи талабот чораандешӣ намуда, ба ин минвол, дар соли сипаришуда ба дастгоҳи раиси шаҳр 13114 адад аснод ворид гардид, ки аз он 7869 ададашро муроҷиатҳои хаттӣ ва 3124 ададашро муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон ташкил медиҳад.

Дар рӯзҳои қабул аз ҷониби раиси шаҳр 2120 нафар шаҳрвандон қабул гардидаанд, ки нисбати соли гузашта 200 нафар зиёд мебошад.

Бо мақсади таҳлили вазъи сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии соҳаҳо, андешидани чораҳои фаврӣ ва қабули қарорҳои дахлдор дар давоми сол зиёда аз 70 маротиба маҷлисҳои назоратии раиси шаҳр бо масъулини сохтору мақомотҳои марбута ва роҳбарону фаъолони соҳаҳои мухталиф баргузор гардид. Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби гуруҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни сокинони шаҳру деҳот вохӯрию мулоқотҳои зиёди судманд ба анҷом расонида шуд, ки дар баланд шудани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва маърифатнокии аҳолӣ саҳми муносиб гузошт.

 

Соли пурфайзи 2018

Аз маълумотҳои оморӣ бармеояд, ки дар соли сипаригардида вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳр рӯ ба афзоиш ниҳода, дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,1 баробар, ҳаҷми корҳои пудратӣ 4,1 фоиз, ҳаҷми гардиши чаканаи мол 89,5 фоиз, маҳсулоти умумии кишоварзӣ 7,8 фоиз, истеҳсоли моҳӣ 3 фоиз, маблағгузориҳои сохтмонӣ 2,1 баробар афзоиш ёфта, ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ нисбат ба соли 2017 ба андозаи 0,2 фоиз кам гардид.

Дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ соли 2018 дар майдони 17347 гектар кишти асосӣ ва дар майдони 3415 гектар кишти такрории зироатҳо ба роҳ монда шуда, дар маҷмуъ 46030 тонна ғалла, 77246 тонна сабзавот, 17931тонна картошка, 14924 тонна мева, 9161 тонна ангур, 1324 тонна зағир, 3070 тонна полезӣ ва 92813 тонна хӯроки чорво ба воҳиди хӯрока истеҳсол намуданд, ки суръати афзоиши онҳо ба ғайр аз пахта аз 0,2 то 15 фоизро ташкил дод.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории шаҳр саршумори чорвои калони шохдор 79608 сар, моли майдаи шохдор 155704 сар, паранда 559541 сар, асп 1177 сар ва занбӯри асал 15180 оиларо ташкил дод, ки суръати афзоиши онҳо дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта аз 0,1 то 0,7 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра чорводорони ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ 11889 тонна гӯшт (бо вазни зинда), 44 тонна гӯшти моҳӣ, 33295 тонна шир, 64 млн. 743 ҳазор дона тухм, 30 тонна пилла, 72 тонна пашм ва 248 тонна асал истеҳсол намуданд, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли пешина суръати афзоиши онҳо аз 0,2 то 56,1 фоизро ташкил медиҳад. Хурсандиовар аст, ки имсол дар қиёс нисбати соли гузашта паррандапарварон ба миқдори 23 млн. 743 ҳазор дона тухм зиёд истеҳсол карданд, ки натиҷаи беҳтарини сол ба ҳисоб меравад.

Дар соли 2018 ҷамъи даромадҳои маҳаллӣ 118 млн. 86 ҳазор сомонӣ ва ҷумҳуриявӣ 70 млн. 3 ҳазор сомониро ташкил дода, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли 2017, даромадҳои маҳаллӣ ба маблағи 4 млн. 345 ҳазор сомонӣ ва ҷумҳуриявӣ 7 млн. 21 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ 128 млн. 63 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷети маҳаллӣ аз худ карда шудааст, ки дар қиёс нисбати соли 2017 109 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ буд, ки соли 2018 дар қиёс нисбати соли пешина бақияпулиҳои қарзи андоз, 3 млн. 440 ҳазор сомонӣ кам гардида, қарзи музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ аз байн бардошта шуд.

 

Идомаи бунёдкориҳо

Бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2018 аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар ҳудуди шаҳр 8 адад хонаҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгир кардани марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, 4 адад истироҳатгоҳҳои оммавӣ, 2 адад ошхонаи миллӣ, 2 адад меҳмонхона, 1 адад маркази ҳунарҳои мардумӣ, 3 адад ҳаммоми замонавӣ, 1 адад маркази ташхиси тиббӣ – судӣ, 1 нуқтаи хизматрасонии тиббӣ дар деҳаи Гулрези ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев, 2 бунгоҳи тиббӣ дар деҳаҳои Ғускефи ҷамоати деҳоти Ромит ва деҳаи Сӯфиёни ҷамоати деҳоти А. Абдулвосиев, 1 бинои иловагии қабули беморони касалии асаби кӯдакона дар Маркази ташхисию табобатии “Шафқат”, 24 адад марказҳои савдо, 4 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 7 нуқтаҳои хизматрасонӣ, 8 адад иншоотҳои варзишӣ ва 1 адад анбори нигоҳдории картошкаи тухмӣ дар минтақаи Канаск, ки дар маҷмуъ масоҳати онҳо 43389 м2 ва арзишашон 60 млн 773 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, сохта ба истифода дода шуданд.

Айни замон дар ҳудуди шаҳр корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии САҲШ, бинои 5 ошёнаи маъмурии Кумитаи идораи замин, 2 бинои ташхисию – табобатӣ, 1 бинои сеошёнаи истиқоматӣ, 2 бинои сеошёнаи маркази савдо ва хизматрасонӣ, 14 бинои панҷошёнаи истиқоматӣ, 3 бинои истиқоматии сенздаҳошёна, 1 бинои ҳафтошёнаи истиқоматӣ, 7 бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ, 3 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо маром ҷараён дорад. Дар баробари ин тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар давоми солҳои 2019-2021 ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, ки боз зиёда аз 500 иншоотҳои дигари таъиноти мухталифдошта, бунёд ва азнавсозӣ карда шаванд.

Соли 2018 аз ҷониби соҳибкорону шаҳрвандон дар ҳудуди шаҳр 196 адад хонаҳои истиқоматӣ бо масоҳати 45386 метри мураббаъ сохта мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд, ки дар таъмини аҳолӣ бо манзили зист нақши муҳим гузошт.

Дар ин давра дар ҳудуди шаҳpу деҳот 23980 бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва 8320 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонда шуд. Дар баробари ин дар соли 2018 хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ-инфиродӣ дар майдони 5,6 гектар боғ, бунёд намуда, майдони 2 га боғ ва 2 га токзорро аз нав барқарор намуданд.

 

Шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ

Дар соли 2018 дар ҳудуди шаҳр 5521 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд, ки аз ин 71,7 фоизашро ҷойҳои кори доимӣ, 2,1 фоизашро мавсимӣ ва 26,8 фоизашро корҳои муваққатӣ ташкил медиҳад. Дар ин давра 12 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуда, 88 нафар ба ҷойи кори доимӣ, 19 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 73 нафар ба касбомӯзӣ сафарбар карда шуданд.

Дар ин давра 330 нафар шаҳрвандони бекор ба касбомӯзӣ ва 721 нафар тариқи худмаблағгузорӣ дар марказҳои таълимӣ омӯзонида шуда, бо шаҳодатномаҳои касбӣ таъмин гардиданд. Барои рушди соҳибкории хурду миёна аз ҳисоби маблағҳои Барномаи шуғли аҳолӣ ба 74 нафар шаҳрвандон ба маблағи 217 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд.

Дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 270 нафар шахсони ниёзманду маъюб таҳти сарпарастӣ қарор дода шуда, бо 25 намуди хизматрасониҳои иҷтимоии доимӣ фаро гирифта шуданд.

Дар ин давра 245 нафар шахсони эҳтиёҷманд бо маводи хӯрока, 5 нафар бо асобағал, 11 нафар бо аробачаҳои маъюбӣ ва 7 нафари дигар бо асо таъмин карда шуданд. Дар арафаи соли хониши 2018 – 2019 30 нафар ятимон, ятимони кулл ва кӯдакони оилаҳои камбизоат бо либоси мактабӣ таъмин ва дар арафаи идҳои динӣ бошад, ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ мададҳои молию моддӣ гирифтанд.

Дар доираи чорабиниҳо хатнасури 30 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуд.

Ҷиҳати иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳрии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, №244, аз 1 майи соли 2009, №379 ва аз 3 майи соли 2010, №232 ба 4741 оилаҳои камбизоат ба маблағи 1 млн. 199 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ, ба маблағи 70,9 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии давлатӣ ва ба 8675 нафар хонандагони оилаҳои камбизоат ба маблағи 192,8 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии яквақтаина пардохт карда шуд. Дар ин давра 6 кӯдаки маъюб барои таҳсил ба «Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва иноватсияҳо» сафарбар карда шуданд.

Ба 7 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 28 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ кӯмакпулии яквақтаина дода шуд.

Ҳамчунин, соли сипаришуда 15 нафар нафақахӯрони дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ аз имтиёзҳояшон бархурдор гардида, 30 нафар маъюбону шахсони имтиёздор дар осоишгоҳҳои Калтуч, Дӯстӣ ва Харангон тибқи роҳхат истироҳат карда, саломатии худро барқарор намуданд.

Феълан дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 14644 нафар кормандон кору фаъолият доранд, ки музди миёнаи моҳонаи онҳо 1109 сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондод нисбати соли 2017 59 сомонӣ зиёд мебошад.

 

Ромит- макони дӯстдоштаи сайёҳон

Дар соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва баъзе ташкилоту муассисаҳои иҷтимоӣ озмуни шаҳрии «Бозори ҳунар» ташкил ва гузаронида шуда, ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Бо мақсади рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ соли 2018 дар шаҳри Ваҳдат Конфронси илмию амалӣ дар мавзуъи «Омилҳои рушди сайёҳӣ дар шаҳри Ваҳдат» баргузор карда шуд, ки дар кори он раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону коршиносони соҳа, мутахассисони варзида ва ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуда, табодули андеша намуданд.

Барои муҳайё сохтани шароити мусоид ба сайёҳони дохилию хориҷӣ дар минтақаи истироҳатии Ромит истироҳатгоҳҳои оммавӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ, ошхонаҳои миллӣ, мағозаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, маҷмааҳои варзишӣ, ташнобҳои сарироҳӣ сохта ба истифода дода шуда, дар назди бахши сайёҳӣ Маркази иттилоотии сайёҳӣ таъсис дода шуд. Дар ин давра аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ таъсис дода шудани ширкати сайёҳии «Карон» ва дар арафаи анҷомёбӣ қарор доштани таъсисёбии боз як чунин ширкати дигари сайёҳӣ дар шаҳр аз рӯйдодҳои муҳим дар ин ҷода ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумотҳои оморӣ соли 2018 ба шаҳри Ваҳдат 102 ҳазор нафар сайёҳону меҳмонон ташриф овардаанд, ки 4384 нафари онҳоро сайёҳонӣ хориҷӣ ташкил медиҳад. Аз ҳисоби ташрифи онҳо ба иқтисоди шаҳри Ваҳдат 2 млн. 273 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

 

Соҳибкорӣ – муҳаррики иқтисодиёт

Бахши соҳибкорӣ муҳаррики пешбарандаи иқтисодиёти шаҳр ба ҳисоб рафта, рушди ин соҳа ба афзоиши буҷети давлатӣ мусоидат менамояд. Айни замон дар ҳудуди шаҳр 11631 нафар шахсони воқеъӣ ва 829 нафар шахсони ҳуқуқӣ ба соҳибкорӣ машғул мебошанд, ки аз ин шумора 66 фоизашон ба истеҳсолоти кишоварзӣ ва 34 фоизашон ба корҳои хизматрасонию савдо машғул мебошанд.

Дар соли 2018 аз ҳисоби хусусигардонии иншоотҳои коммуналӣ 163 ҳазор сомонӣ, нақлиёти автомобилӣ 1,9 ҳазор сомонӣ, манзил 9,7 ҳазор сомонӣ ва ба иҷора додани амволи давлатӣ 40,5 ҳазор сомонӣ ба буҷети маҳаллӣ маблағ ворид гардид.

Барои ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ аз ҷониби ҶДММ «Синбод» барои бунёди бунгоҳи тиббӣ, аз ҷониби Ассотсиатсияи занҳои «Қарасӯ» барои кашидани хати оби нӯшокӣ ва аз ҷониби ҶДММ «Тоҳир» барои коркарди санги мармар лоиҳаҳо таҳия ва пешниҳоди институтҳои молиявӣ гардонида шудааст.

 

Маориф

Дар соли 2018 аз шумораи 3723 нафар хатмкунандагони синфи 11, 2729 нафарашон аз қайди Маркази миллии тестӣ  гузашта, 1777 нафари онҳо ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шуданд, ки дар қиёс нисбати соли 2017 411 нафар зиёд аст.

Ҳамзамон, 23 нафар хатмкунанда тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии кишвар ва 88 нафар хатмкунанда донишҷӯи муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олии давлатҳои хориҷӣ гардиданд.

Айни замон муассисаҳои таълимӣ бо 1707 адад компютер, 350 адад принтер, 27 адад тахтаи электронӣ ва 29 адад проектор таъмин мебошанд, ки баробари 52,6 фоизи иҷрои Барнома буда, ба 23 нафар талаба 1 адад компютер рост меояд. Барои иҷрои Барнома лозим меояд, ки 1538 адад компютер харидорӣ карда шавад.

Дар мавсими таътили тобистона бошад, 1349 нафар кӯдак ба истироҳати бофароғати тобистона ҷалб ва сафарбар карда шуданд.

 

Тандурустӣ

Кормандони соҳаи тандурустии шаҳр баҳри сиҳатии омма ва паст кардани сатҳи бемориҳои мухталиф пайваста корбарӣ намуда, сол ба сол сатҳу сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ беҳтару хубтар ва корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ тақвият мебахшанд.

Натиҷаи ҳамин буд, ки соли 2018 дар муқоиса ба соли 2017 фавти модарон 38,6 фоиз, фавти кӯдакони то 5 сола 1,6 фоиз кам гардида, фавти кӯдакони то 1 сола дар сатҳи нишондоди соли 2017 қарор гирифт.

 

Фарҳанг

Дар соли 2018 баҳри пурра намудани фазои фарҳангии ҷомеа ва густариши ҷаҳони маънавии шаҳрвандон дар ҳудуди шаҳр 969 маротиба вохурию мулоқот, конфронсу шабҳои адабӣ, озмуну викторинаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд, ки дар қиёс нисбати соли гузашта 157 маротиба зиёд мебошад. Дар ин чорабиниҳои фарҳангӣ 235 ҳазор шаҳрвандон иштирок намуданд, ки нисбати соли 2017 50 ҳазор нафар зиёд аст.

Соли 2018 бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз дар варзишгоҳи шаҳр бо ҷалби беш аз 30 ҳазор шаҳрвандон барномаи шоу консерти идона ва ба муносибати ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ситораи санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Севинч Муминова шоу консерти «Шоми дӯстӣ» дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир карда шуд, ки дер боз аз хотири иштирокдорон фаромуш нахоҳад гардид. Рӯзи 17 ноябри соли 2018 ба муносибати ифтитоҳи агрегати якуми НБО-и Роғун дар варзишгоҳи марказӣ бо ҷалби беш аз 25 ҳазор тамошобинон барномаи калони фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки хело рангину гуворо буд.

Дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гаштани рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Белорусия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 15 апрели соли 2018 дар Қасри фарҳанги шаҳр доир гардид, хело хотирмону таърихӣ буд.

Дар ин давра дар боғи марказии шаҳр атраксионҳои наву замонавӣ насб гардида, бинои иншоотҳои хизматрасонӣ сохтаю мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, ба бунёди майдончаи хурди варзишӣ бо 700 ҷойи нишаст оғоз карда шуда, корҳои ободонӣ суръати тоза пайдо намуд.

 

Варзиш

Соли 2018 дар ҳудуди шаҳр 96 маротиба мусобиқаҳои варзишӣ бо фарогирии 47 ҳазор ҷавонон гузаронида шуд. Варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби 126 адад медали тилло, 111 медали нуқра ва 146 медали биринҷӣ гардиданд. Дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар ҳудуди шаҳр 179 чорабиниҳои мухталиф ва вохӯрию мулоқотҳо гузаронида шуд, ки дар онҳо 151 ҳазор наврасону ҷавонон иштирок намуданд.

Соли 2018 дастаи футболи шаҳри Ваҳдат дар лигаи якуми мамлакат бо муваффақият баромад намуда, соҳиби ҷойи сеюм гардид. Барои дарёфти Ҷоми Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 октябри соли 2018 дар варзишгоҳи марказии шаҳр мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни тимҳои «Истиқлол» ва «Регар Тадаз» баргузор гардид, ки зиёда аз 25 ҳазор нафар мухлисон ин чорабинии варзиширо бо завқ тамошо карданд.

 

Танзим

Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти назорати қатъии Комиссияи доимии маҳаллии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.

Дар ин давра дар ҳудуди шаҳр 4869 ҷашну маъракаҳои миллӣ ба қайд гирифта шуданд, ки дар ин маъракаҳо 1263 сар чорвои калон ва 1423 сар чорвои майда забҳ карда шудааст. Соли гузашта забҳи чорвои калони шохдор 168 сар зиёд ва моли майда 352 сар кам гардидааст. Дар ин давра 22 ҳолати қонунвайронкунии Қонуни мазкур муайян ва нисбати 21 ҳолати қонунвайронкунӣ бо қарорҳои комиссияи доимӣ ба маблағи 78,5 ҳазор сомонӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди шаҳри Ваҳдат ирсол карда шуд. Дар ҳамкорӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ бошад, пеши роҳи 50 ҳолати қонунвайронкунӣ гирифта шуд.

 

Озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ

Барои дағалона вайрон кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз ҷониби мақомотҳои ваколатдор 29 ҳолати қонунвайронкунӣ муайян ва ба маблағи 10,2 ҳазор сомонӣ парвандаҳои маъмурӣ оғоз ва ҷарима татбиқ гардидааст.

Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба расонидани кӯмакҳои хайриявӣ ва корҳои созандагию бунёдкорӣ аз ҷониби муассисаҳои динии шаҳр ба ятимону камбизоатон кӯмакҳои зиёди молию пулӣ расонида шуда, иншоотҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуда, иншоотҳои таълимию тобобатӣ таъмиру азнавсозӣ карда шудаанд.

Айни замон дар ҳудуди шаҳр 95 ташкилотҳои динӣ, аз он ҷумла 1 масҷиди марказӣ, 11 масҷиди ҷомеъ, 80 масҷиди панҷвақта ва 3 ташкилотҳои ғайриисломӣ фаъолият менамоянд, ки фаъолияти онҳо таҳти назорат қарор дорад.

 

Омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолият

Ҷиҳати омодагиҳо ба муносибати таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Ваҳдат корҳои ободонию бунёдкорӣ бо ҷидду ҷаҳди зиёд ва талошу такопӯи масъулиятшиносона тибқи нақшаи бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1059 аз 22 майи соли 2018 тасдиқгардида то соли 2021 дар ин шаҳри агросаноатии мамлакат дар маҷмуъ 577 адад иншооти хурду бузург бунёд хоҳад ёфт. Тибқи иттилои дарёфтӣ дар баробари сохта ба истифода додани марказҳои фарҳангиву фароғатӣ, бунёди боғчаву мактаб, биноҳои баландошёнаи истиқомативу таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгард ва муассисаҳои тандурустиву табобатӣ, ҳамчунин, бунёди литсейи касбомӯзиву амфитеатр, ҳавзи шиновариву истироҳатгоҳҳои замонавӣ баҳри ҷалби бештари сайёҳон ва инчунин, даҳҳо корхонаҳои саноатӣ дар назар дошта шудааст, аз як ҷиҳат ба ҳусни шаҳри Ваҳдат ҳусни дигаре зам намоянд, аз сӯи дигар, дар сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмин намудани ҳазорҳо нафар бо ҷойҳои кории доимиву мавсимӣ мадад хоҳанд кард.

Аллакай дар соли 2019 дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи бунёди иншоотҳо, бинои замонавии “Кохи бахт”, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Меҳробод барои 1200 нафар дар 2 баст, бинои сеошёнаи Маркази дилхушии кӯдакону наврасон ва марказҳои хизматрасониву савдо бо муҳайё сохтани 188 ҷои корӣ аз ҷониби ҶДММ “Аваз-500”, бинои панҷошёнаи Кумитаи идораи завмин, бинои мактаб дар деҳаи Чорбоғ барои 480 нафар дар 2 баст, бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Камонгарон барои 480 нафар хонанда, бинои дуошёнаи муассисаи тиббии хусусии “Шифо” бо 12 кат ва 8 ҷои корӣ, майдончаи варзишӣ дар шафати варзишгоҳи марказӣ, инчунин, 2 майдончаи варзишии болопӯшида ва ғайра дар маркази шаҳр бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Ваҳдат ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Айни замон дар қаламрави шаҳри Ваҳдат сохтмони 40 адад биноҳои миёнаошёна, бисёр ошёна ва баландошёна, 3 маркази ташхисию табобатӣ, 3 маркази савдо, 1 бозори болопӯшидаи замонавӣ, 1 бинои таълимӣ барои 200 ҷойи нишаст дар деҳаи Гулафшон, 1 бинои таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Камонгарон ва 1 бинои дуошёнаи маъмурии “Маркази адлия” бо маром ҷараён дорад. Бунёдкориҳо ва созандагиҳо дар ин самт собитқадамона идома доранд ва марҳила ба марҳила иншооти ҷашнӣ дар сатҳу сифати олӣ сохта ба истифода дода хоҳанд шуд.

Раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода итминони комил бар он дорад, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Ваҳдат амалҳои созандаву бунёдкоронаро минбаъд низ бо садоқатмандӣ ба дастуру супоришҳо ва ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома бахшида, баҳри татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаҳои давлатӣ тадбирҳои судманд меандешад, то ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ваҳдат, пешрафти корҳои ободониву созандагӣ, таъмини зиндагии шоистаи сокинони шаҳр ва ба ин васила шукуфоии як гӯшаи хоки муқаддаси кишвари азизамон саҳмгузор бошад.

 

Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь