Ноҳияи Ҷаббор Расулов яке аз ноҳияҳои рушдкардаи Тоҷикистон буда, тӯли солҳои Истиқлолият бештар сарсабзу хуррам гардида истодааст. Роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ зимни як сафари корӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии ин ноҳияи зебоманзараи диёр ошноӣ пайдо намуд. Инак, гузориши ӯ аз ин ноҳия.
Бино ба иттилои раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибӣ, “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар семоҳаи аввали соли 2020 дар ҷодаи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани самти иқтисодиву иҷтимоии тамоми соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия, сатҳи зиндагии сокинон ва ҷиҳати идома додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ кӯшиш намуда истодааст”.
– Барои дар сатҳи баланд ҷараён гирифтани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва пайванди онҳо ба самтҳои фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бурда, татбиқи амалии сиёсати пешгирифта ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дигар барномаҳои давлатӣ аз ҳадафҳои асосии фаъолияти мо дар ин давра маҳсуб ёфтанд. Ҳамзамон, баъди аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати тарғиби касбу ҳунаромӯзӣ, ҷалби ҷавонон ва махсусан бонувони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва барои дастгирии табақаи ҳунарманди ҷомеа кӯшиш ба харҷ дода, якчанд тадбирҳои амалиро андешид. Боиси ифтихору сарбаландии кулли сокинони ноҳия аст, ки ҳамасола таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар барои рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ равона гардида истодааст,- афзуд ӯ.
Рушди иҷтимоиву иқтисодӣ
Дар семоҳаи аввали соли 2020 дар натиҷаи татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда муяссар гардидааст, ки рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии ноҳия таъмин шавад.
Давоми марҳилаи ҳисоботӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои дахлдор қабул намуда, иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор додааст. Дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои раиси вилояти Суғд, қарор ва амрҳои раиси ноҳия бобати масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ба тасвиб расида, дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар боло зикргашта, шуъбаю бахшҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, корхонаву муассиса ва ташкилотҳо фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
Ҷиҳати татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020 қарори раиси ноҳия аз санаи 28-уми январи соли 2016, №61 “Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016-2020” ба тасвиб расида, ҳадафҳои асосии он мунтазам баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, аз он ҷумла паст кардани сатҳи фавти модару кӯдак, зиёд намудани фарогирии хонандагон ба таълим, баланд бардоштани сифати таълим, таъмин намудани баробарҳуқуқии гендерӣ дар соҳаи идоракунӣ, шуғл ва баланд бардоштани суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия мебошад.
Даромад ва хароҷоти буҷет
Дар семоҳаи аввали соли 2020 ҷамъи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,8 фоиз иҷро гардидааст. Яъне дар ин давра нақша 19 млн 937,3 ҳазор сомонӣ буда, дар асл 20 млн 104,6 ҳазор сомонӣ ворид шудааст, ки аз нақша 167,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар ин давра ба маблағи 3 млн 917,5 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он 4 млн 343,9 ҳазор сомонӣ буда, 110,8 фоизро ташкил менамояд.
Иҷроиши буҷаи маҳаллии ноҳия дар ин давра ба 12 млн 82,9 ҳазор сомонӣ таъмин гардида, 101,7 фоизро ташкил намуда, нисбат ба нақша 200,5 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 99,7 фоиз иҷро гардидааст. Нақша дар ин давра ба маблағи 14 млн 836,9 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, 14 млн 798,4 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, сектори мақомоти идоракунӣ 98,7 фоиз, маориф 99,9 фоиз, тандурустӣ 99,8 фоиз, муассисаи хоҷагии коммуналӣ 99,6 фоиз, фарҳанг 98,1 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 96,7 фоиз маблағгузорӣ карда шудаанд.
Беҳбудии фазои сармоягузорӣ
Дар ноҳия шумораи соҳибкорони хурду миёна 5267 нафар буда, аз ин шумора 500 нафар соҳибкорон дар асоси “Шаҳодатнома” ва 2141 нафар дар асоси патент ва 2233 нафар хоҷагиҳои деҳқонӣ, 416 адад шахсони ҳуқуқӣ фаъолият мебаранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2020 доир ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармояҳои мустақими хориҷӣ ва дохилӣ, муаррифии лоиҳаҳои сармоягузорӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст.
Рушди саноат ва энергетика
Сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саноатчиён диққати асосиро барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби мутахассисон ба кор, рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби бештари сармоягузорӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истифодаи иқтидорҳои бозистода равона намудаанд.
Корхонаҳои саноатии ноҳия дар семоҳаи аввали соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба маблағи 63 млн 530,1 ҳазор сомонӣ расонидаанд, ки нисбати соли 2019-ум 17 млн 249,4 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 137,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар семоҳаи аввали соли 2020 комплекси сӯзишворию энергетикӣ дар миқёси ноҳия 45 млн 50 ҳазор кВт соат қувваи барқро ба истифода додааст. Маблағи он ба 10 млн 393,9 ҳазор сомонӣ баробар буда, истифодабарандагон 9 млн 726,1 ҳазор сомониро пардохт намудаанд, ки он 93,6 фоизро ташкил медиҳад.
Аз тарафи аҳолӣ дар ин давра 22 млн 915 ҳазор кВт соат қувваи барқ истифода бурда шуда, маблағи ҳисобишуда 5 млн 192,5 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки пардохти он ба 5 млн 40,6 ҳазор сомонӣ баробар буда, 97,1 фоизро дар бар мегирад.
Амнияти озуқаворӣ ва ғизои хушсифат
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 61 млн 116,9 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,5 фоиз ё ин ки 2 млн 655,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 14609 га замини корам мавҷуд буда, аз он 12522 га заминҳои обӣ ва 2087 га заминҳои корами лалмӣ мебошад, ки барои ҳосили соли 2020 киштукор гузаронида шуда истодааст.
Дар ноҳия дар давраи ҳисоботӣ кишти баҳорӣ ба майдони 3023,8 гектарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 185,74 га ё ба 94,2 фоиз баробар мебошад. Тибқи маълумотҳо, дар майдони 125,2 га картошка, 1900,1 га ғалладонагиҳо, 67 га зироатҳои техникӣ, аз он ҷумла 67 га пахта, 523,1 га сабзавот, 7,5 га полезиҳо, 144,6 га зироатҳои хӯроки чорво ва дигар зироатҳо кишт карда шудааст.
Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия: сабзавот 20 тонна, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 тонна зиёд мебошад. Дар ин давра истеҳсоли гӯшт 1496,5 тонна, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36,1 фоиз зиёд, шир, 5446,3 тонна, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 50,6 фоиз зиёд ва тухм 13 млн 164 ҳазор дона, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1866 дона зиёд истеҳсол карда шудааст.
Сохтмон ва меъморӣ
Фаъолияти сохтмончиён дар семоҳаи аввали соли 2020 асосан ба таъмири иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маишӣ равона гардида, дар ин давра ба кор андохтани фондҳои асосӣ ба маблағи 16 млн 537,3 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 маротиба зиёд шудааст. Корҳои бинокорӣ ва васлкунӣ ба маблағи 17 млн 813,6 ҳазор сомонӣ (2,2 маротиба зиёд) расонида шудааст. Корҳои пудратӣ дар ин давра ба маблағи 163,1 ҳазор сомонӣ расидааст.
Дар семоҳаи аввали соли 2020 дар ноҳия корҳо нисбати ободонии маҳал бо авҷ идома дорад. Дар ин давра партовгоҳҳо, заҳбуру заҳкашҳо, ҷӯйборҳо тоза карда шуда, зиёда аз 5247 бех дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида шудааст.
Рушди соҳаи нақлиёт
Дар давраи ҳисоботӣ бо воситаи нақлиёти боркашон 350,9 ҳазор тонна борҳои гуногун кашонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 112,3 фоизро ташкил медиҳад.
Мусофиркашонӣ ба 4 млн 309,3 ҳазор нафар расида, ё ин ки нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 144,2 фоизро ташкил менамояд. Дар мувозинаи муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҳамагӣ 252,4 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум буда, аз он 32,8 км роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 6,2 км ҷумҳуриявӣ ва 216,5 км роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта мебошад.
Дар ноҳия барои соли 2020-ум барои таъмири роҳҳо 92,8 км, аз он ҷумла, таъмири асосӣ 6,5 км, таъмири ҷорӣ 35,7 км ва шағалпӯш 50,6 км ба нақша гирифта шудааст. Барои иҷрои корҳо аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 4 млн 191,6 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла, аз буҷети Вазорати нақлиёт 110,0 ҳазор сомонӣ, аз буҷети маҳаллӣ 1 млн 73,0 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон 1 млн 636,2 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби аҳолӣ 1 млн 372,4 ҳазор сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст.
Вусъати шуғли пурмаҳсул
Дар семоҳаи аввали соли 2020 ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия 1472 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки 713 нафари онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 168 нафар шаҳрвандон бо кор таъмин шудаанд.
Инчунин, дар ин давра 2 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ташкил карда шуда, дар натиҷа 43 нафар шаҳрвандон барои касбомӯзӣ ҷалб карда шуда, 20 нафар шаҳрвандони бекор бо кори доимӣ таъмин гаштаанд. Шумораи кормандони бо кор машғулбуда дар давраи ҳисоботӣ 7657 нафар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 128 нафар кам ё 98,4 фоизро ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки музди миёнаи меҳнат дар ин давра 937,57 сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 87,8 сомонӣ зиёд мебошад.
Рушди соҳаи маориф
Дар ноҳия 19 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 3611 кӯдак фаъолият менамоянд. 42 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 1 литсей, 1 гимназия, 40 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 28273 хонанда мавҷуд аст.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 25 толорҳои варзишӣ амал мекунанд. Натиҷаи олимпиадаҳои фаннии вилоятӣ нишон додааст, ки сатҳи донишомӯзии хонандагони ноҳия сол аз сол боло меравад. Дар олимпиадаҳои вилоятӣ 120 нафар иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардида, 20 нафар барои иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд.
Соҳаи тандурустӣ
Хизматрасонии бистарикунонии ноҳия ҳамагӣ 475 кат буда, аз ин ба беморхонаи марказӣ 310 кат, беморхонаи минтақавии Ғӯлакандоз 115 кат, беморхонаи минтақавии Ӯзбекқишлоқ 30 кат ва ба беморхонаи минтақавии ба номи Т. Додобоеви деҳаи Заркор 20 кат рост меояд. Инчунин, дар ноҳия 1 адад маркази саломатии ноҳия, 13 адад марказҳои саломатии деҳот, 18 адад бунгоҳҳои саломатӣ ва 4 адад марказҳои махсусгардонидашуда ба аҳолии ноҳия хизмат мерасонанд.
Дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 195 нафар табибон, аз он бо маълумоти олӣ 77 нафар, кормандони миёнаи тиб 771 нафар фаъолият менамоянд.
Дар семоҳаи аввали соли 2020 аз буҷаи ноҳия барои соҳаи тандурустии ноҳия 2 млн 570,3 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.
Вазъи соҳаи фарҳанг
Дар ҳудуди ноҳия ҳамагӣ 42 адад муассисаҳои фарҳангӣ амал менамоянд, ки аз он 22 китобхона бо махзани китобҳо – 128257 нусха маҳсулоти чопӣ, 1 қасри фарҳанг, 7 хонаи фарҳангии деҳот, 7 клубҳои деҳот, 1 боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, 1 гуруҳи рақсӣ, 1 ансамбли шашмақомхонон ва 1 осорхона мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи фарҳангчиёни ноҳия 64 адад барномаҳои консертӣ пешкаши сокинони ноҳия гардонида шудааст. Таъмири боғи фарҳангию фароғатии ноҳия дар соли 2020 ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Ҷавонон ва варзиш
Шумораи умумии ҷавонони ноҳия 46200 нафар мебошанд. Дар ноҳия 4 нафар гирандагони стипендияи президентӣ ва 20 нафар гирандагони стипендияи раиси ноҳия ҳастанд.
Дар ҳудуди ноҳия 67 иншооти варзишӣ, 3 варзишгоҳ, 9 майдончаи варзишӣ, 25 толори варзишӣ фаъолият доранд. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 5 адад муассисаҳои варзишӣ фаъолият мебаранд ва дар ин муассисаҳо 82 нафар мураббиёни соҳибтахассус ба варзишгарон тамрин медиҳанд, ки дар натиҷаи фаъолияти хуби се моҳи соли 2020 дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, сазовори 40 медали тилло, 41 медали нуқра ва 67 медали биринҷӣ гардидаанд.
Дар давоми семоҳаи аввали соли 2020 дар ноҳия 1 адад толори варзишӣ барои намудҳои гӯштин ва 1 адад майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст.
Рушди соҳаи сайёҳӣ
Бо мақсади татбиқи самтҳои дахлдори “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030”, бо қарори раиси ноҳия аз 22-юми августи соли 2018, №600 нақшаи чорабиниҳои “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” тасдиқ шуда, корбарӣ дар ин самт ҷараён дорад.
Дар ноҳия 1 адад меҳмонхона бо номи «Салимбек» фаъолият менамояд, ки дар шаҳраки Меҳробод ҷойгир аст. Дар ноҳия 2 адад истироҳатгоҳ – осоишгоҳ мавҷуд аст – «Истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон ба номи 20-солагии Истиқлолият» ва ҶДММ «Гипократ». Инчунин, 2 адад осорхона – хона-осорхонаи Б. Ҳамдамов дар ҷамоати деҳоти Сомониён ва осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ дар ҷамоати деҳоти Ғулакандоз мавҷуд аст.
Дар ноҳия як адад ширкати сайёҳӣ – ҶДММ «Роҳи сафед» фаъолият намуда, 22 адад ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, 5 адад банкоматҳо барои хизмати бонкӣ, 1 адад гестхоус дар ҷамоати деҳоти Деҳмой, 2 адад мағозаи армуғонҳо дар ҷамоати деҳоти Ғулакандоз ва 3 адад зиёратгоҳҳо, инчунин 1 адад боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳраки Меҳробод фаъолият менамояд.
Дар давоми соли ҷорӣ гардиши маблағи умумии соҳаи сайёҳӣ аз хизматрасонии меҳмонхона, тарабхона ва ошхона маблағи 1 млн 655,4 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 306,6 ҳазор сомонӣ зиёд ё ин ки 122,7 фоизро ташкил медиҳад.
Муроҷиати шаҳрвандон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳри иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон эътибори махсус дода истодааст.
Теъдоди умумии муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон дар семоҳаи аввали соли 2020-ум 732 ададро ташкил дода, 389 адад аз рӯи тобеият ба мақомоти дахлдор ирсол карда шудааст ва 343 адад ба масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дастрас карда шудааст. Муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 417 адад зиёд мебошад.
Дар семоҳаи аввали соли 2020-ум 9 адад аризаи шаҳрвандон аз мақомоти болоӣ ва 3 адад аризаҳои дастаҷамъона ворид шудааст. Дар семоҳаи аввали соли 2020 дар рӯзҳои чоршанбе ва шанбе аз ҷониби раиси ноҳия 21 нафар шаҳрвандон қабул карда шудаанд.
– Дар семоҳаи аввали соли 2020 тамоми кору фаъолияти ҳар як фарди бонангу номуси миллат ва ҳар як иқдоми бунёдкоронаи халқи Тоҷикистон барои ободии Ватан ва шукуфоии сарзамини куҳанбунёдамон равона гирдид. Дар доираи ин ҳадаф мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани иқтисодиёти ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ бо таъмини иҷрои нақшаҳои барои соли 2020 қабулшуда фаъолият бурда, нимсолаи аввали соли 2020-ро бо нишондодҳои назаррас ва дастовардҳои арзанда ҷамъбаст намуд. Бояд бигӯям, ки тӯли таърихи миллат касе чун Пешвои муаззам, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушд ва бунёди пойдевори давлатдорӣ хизмат накардааст. Махсусан дар ноҳияи Ҷаббор Расулов натиҷаҳои ин хизматҳоро мо сари ҳар қадам мушоҳида менамоем. Амнияти куллӣ, ки дар кишварамон ҳукмфармост, аз хизматҳои арзандаи Пешвои миллат буда, дар баробари он кас раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода низ дар пайравӣ ба Пешвои миллат дар ҷабҳаи ободкорӣ қарор доранд,- гуфт дар интиҳо раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибӣ.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ