Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 226 иншоот ба нақша гирифта шудааст.

Аҳолӣ ноҳия 77200 нафар, ҷамъи заминҳои ноҳия 101355 га, ба як одам 1,31 га аз ҷумла, заминҳои обӣ 1060 га, ба як одам 0,014 га. Ҷамъи заминҳои корам 12638 га, ба як одам 0,163 га, аз ҷумла, заминҳои обӣ 736 га, ба як одам 0,009 га. Шумораи Ҷамоатҳои шаҳрак/деҳот 1/6.

Иҷрои буҷет  

Нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Темурмалик ба андозаи 126 фоиз иҷро гардидааст, яъне ба ҷойи 10.08 млн сомонии пешбинишуда, ба буҷет 12.7 млн сомонӣ ворид шудааст. Нақшаи андози иҷтимоӣ дар маҷмӯъ 97 фоиз таъмин гардида, иҷрои нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101 фоизро ташкил дод. Аз ҳисоби буҷети вилоятӣ 17.6 млн сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо ва ворид карда шудааст. Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 97 фоиз иҷро гардида, аз ҳисоби буҷет 29.3 млн сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 99 фоиз, мудофиа 102 фоиз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 101 фоиз, маориф 97 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 98 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 98 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 92 фоиз, фарҳанг 97 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 86 фоиз маблағгузорӣ карда шуданд.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Давоми 6 моҳи аввали соли 2023 аз тарафи нозироти андоз 332 соҳибкори инфиродӣ бо патент, 102 соҳибкор бо шаҳодатнома, 954 хоҷагии деҳқонӣ ва 102 шахсони ҳуқуқӣ ба андозбандӣ ҷалб гардиданд. Дар баробари он соҳибкорон дар рушди хоҷагии халқи ноҳия саҳмгузорӣ намуда, аз ҷониби онҳо дар ин давра бунёди шӯъбачаи ВКД дар деҳоти Кангурт, кашидани хати оби нӯшокӣ ба масофаи 4 км, дар 7 деҳа насби трансформатор, бунёди боғи намунавии содиротӣ, сохтмони 2 гармхона, 1 сехи истеҳсоли макарон, 1 нуқтаи истеҳсоли орд, 2 нуқтаи истеҳсоли равған, сангфарш намудани 18.5 км роҳҳои маҳаллӣ, кандани 5 адад чоҳи амудӣ, бунёди 1 пули мошингузар, дар 3 кӯчаи шаҳрак хобонидани қубурҳои обгузар ва кашидани хати оби нӯшокӣ ба масофаи 550 метр ба анҷом расонида шуданд ва сохтмони чандин иншоотҳои дигар идома доранд. Дар самти ҳамкории ҳамаҷониба ва ҷалб намудани сармояи хориҷию ватанӣ низ корҳо идома доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамкориҳои судманди тарафайнро бо Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммунали”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалишавии лоиҳаи “Барқарорсозии оби нӯшокии деҳот ва беҳдошт” ба роҳ мондааст. Айни ҳол дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла, “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, марҳилаи 4”, “Барномаи мутобиқгардонӣ ва кам кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал”, “Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ”, “Лоиҳаи фавқулодда бар зидди бемории “COVID-19” барои оилаҳои эҳтиёҷманди кӯмакҳои унвонии иҷтимоидошта”, “Ҳифзи саломатии модару кӯдак ва беҳтар намудани самти ёрии таъҷилии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон” амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии дар доираи онҳо азхудшуда 2.1 миллион доллари америкоиро ташкил  медиҳад.

Саноат, энергетика, сохтмону меъморӣ

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 10 млн. 396.1 ҳазор сомонӣ расид, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5.4 фоиз афзоиш ёфта, 438.9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра истеҳсоли равғани растанӣ ба 24.7 тонна бо афзоиши 2.1 фоиз, орд ба 1604.2 тонна, гӯшт ба 135.9 тонна бо афзоиши 0.7 фоиз, кунҷора ба 125 тонна бо афзоиши 17.7 фоиз, истеҳсоли  хишти хом ба 30.4 ҳазор дона бо афзоиши 13.4 фоиз дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардиданд. Давоми шаш моҳи сипаригардида корхонаи аз фаъолият бозмонда ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ин давра ба ноҳия 21.6 млн кВт соат қувваи барқ интиқол гардида, талафоти нерӯи барқ 7.5 млн кВт соат (34.8 фоиз)-ро ташкил дод. Ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 14.1 млн киловат соат барқи фоиданок ба маблағи 3 млн 919 ҳазор сомонӣ дода шуд. Ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда 77.3 фоиз, аз ҷумла, аз ҳисоби аҳолӣ 76.2 фоизро ташкил дод.

Давоми шаш моҳи сипаришуда маблағгузорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаҳо дар ҳаҷми 51.7 млн сомониро ташкил дода, корҳои сохтмону васлкорӣ ба маблағи 43.7 млн сомонӣ иҷро гардид. Корҳои пудратӣ ба маблағи 29.5 млн сомонӣ ба иҷро расонида шуда, ҳамзамон дар ин давра ба маблағи 2.5 млн сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд, дар масоҳати 3707 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Нақлиёт, алоқа, кишоварзӣ

Масофаи умумии роҳҳои ноҳия 213.7 километрро ташкил медиҳанд, ки аз он дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ 48.8 километр ва аҳамияти маҳаллӣ 164.9 километр мебошанд. Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо давоми 6 моҳи ҷамъбастӣ 149 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, барои кабудизоркунӣ 5.9 ҳазор сомонӣ, барои таъмири ҷории роҳҳо 73.8 ҳазор сомонӣ ҷудо ва масраф карда шуд. Ҳаҷми боркашонӣ 210.0 ҳазор тонна ва мусофиркашонӣ 810 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ҳаҷми боркашонӣ 45.8 фоиз ва мусофиркашонӣ 1.1 фоиз афзоиш ёфтаанд.

Шумораи истифодабарандагони шабакаи «Интернет» 18 нафар мебошанд. Қитъаи техникии Филиали ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» дар ноҳия фаъолият намуда, дорои як истгоҳи телефонӣ бо ғунҷоиши 1260 рақам буда, айни ҳол ба 289 нуқтаи телефонӣ хизмат мерасонад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ 206.8 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 917.4 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 100.4 фоизро ташкил медиҳад. Хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар майдони 16040 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузарониданд, ки аз он 13754 гектарашро зироатҳои ғалладонагӣ, 983 гектарашро зироатҳои техникӣ, 223 гектарашро картошка, 275 гектарашро сабзавот, 470 гектарашро полезиҳо ва 335 гектараш зироатҳои хӯроки чорво ташкил дод.

Ҳамзамон, дар ин давра истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 19654 тонна, картошка ба 3222 тонна, сабзавот ба 3530 тонна ва мевагиҳо ба 286 тонна расонида шуд. Саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 37919 сар, аз он ҷумла, модаговҳо ба 14192 сар, гӯсфанду бӯз ба 133111 сар, аспҳо ба 3791 сар ва парранда ба 45700 сар расонида шудааст, ки дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калони шохдор 1697 сар, аз ҷумла, модаговҳо 455 сар, саршумори гӯсфанду бӯз 4468 сар, асп 10 сар, парранда 1422 сар зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар ин давра истеҳсоли гӯшт ба 1608 тонна, шир ба 2020 тонна, тухм ба 591.5 ҳазор дона, пашм ба 256.1 тонна, пилла ба 2 тонна, асал ба 20.6 тонна ва гӯшти моҳӣ ба 1.5 тонна расонида шуд. Тибқи дурнамо дар ҳамаи секторҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 10 гектар боғи нав бунёд карда шуд.

Меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Дар ин давра ба шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 1068 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора 453 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар ин давра 9 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуд, ки тавассути ин  ярмаркаҳо 110 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин карда шуда, ба 27 нафар шаҳрвандони ноҳия, аз ҷумла ба 12 нафар зан барои анҷоми кори фардӣ қарзи имтиёзнок барои рушди соҳибкорӣ, хизматрасонӣ ва истеҳсолот дода шуд. Ҳамзамон, тавассути тавсияномаҳои шӯъбаи Агентӣ 662 нафар шаҳрвандони бекор, аз ҷумла 297 нафар занон бо ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ дар ташкилоту муассисаҳо таъмин карда шуданд. Айни ҳол тибқи ҳисоботи оморӣ аз ҳисоби шаҳрвандони ноҳия 3334 нафар ба хориҷи кишвар барои муҳоҷирати меҳнатӣ сафар кардааст, ки аз ин шумора 3253 нафар мард ва 81 нафар зан мебошанд.

Шумораи нафақахӯрон дар ноҳия 6161 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин 3613 нафар аз рӯи сину сол, 768 нафар аз рӯи намуди маъюбӣ, 11 нафар барои хизматҳои махсус, 8 нафар нафақаи хизматҳои дарозмуддат, 462 нафар аз ҳисоби бесаробонмонда ва 1299 нафар аз рӯи нафақаи иҷтимоӣ доштаро ташкил медиҳанд. Ба ҳисоби миёна ба 1 нафақахӯр дар як моҳ 338.76 сомонӣ рост омада, талаботи нафақаи шашмоҳа 12 млн 522.7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки пурра пардохт карда шудаанд.

Маориф ва илм

Барои рушди соҳаи маориф аз буҷет 17.3 млн сомонӣ ҷудо гардид. Ҳоло дар ноҳия 54 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 4 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 35 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназия барои хонандагони болаёқат, 4 муассисаи томактабӣ, 1 интернати наздимактабӣ, 1 мактаб интернати кӯдакони ятиму бепарастор. Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва Маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамоянд. Шумораи умумии хонандагон 14720 хонанда, ки аз он 7665 нафар писар ва 7055 нафарро духтарон ташкил медиҳанд, ки ба онҳо 983 нафар омӯзгорон, аз ҷумла аз ин шумора 455 нафар занон ба талабагон дарс медиҳанд. Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 847 компютер, 208 принтер, 4 адад сканер, 53 тахтаи электронӣ ва 3 адад тахтаи электронии сайёр, 56  видеопроектор мавҷуд буда, 8322  нафар хонандагони синфҳои 5-11-ро ба таълим фаро гирифтаанд.

Ҳамзамон, 38 синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ бо 232 адад мизу курсии махсус барои кабинетҳо мавҷуд буда, 49 нафар омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ ба таълиму тарбия машғул мебошанд,  ки аз ин шумора 11 нафарашон аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳа гузаштаанд. Бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №113 дар бораи “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” аз тарафи Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия корҳои муайян ба сомон расонида шудааст. Айни ҳол дар назди Марказ 7 маҳфил амал менамояд, ки дар онҳо 547 нафар кӯдакони болаёқат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар моҳҳои  сипаригардидаи соли равон олимпиадаи мактаббачагон аз рӯи 11 фанни таълимӣ байни хонандагони синфҳои 9-11, олимпиадаи наврасон байни хонандагони синфҳои 5-8 гузаронида шуда, ғолибон ба даври вилоятӣ сафарбар карда шуданд. Дар даври олимпиадаи вилоятӣ хонандагони синфи 11 соҳиби ду ҷойи ифтихорӣ ва 2 медали биринҷӣ, хонандагони синфи 8-ум ва 10-ум сазовори 11 ҷойи ифтихорӣ ва 9 медали биринҷӣ гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявии Олимпиадаҳои фаннӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, соҳиби 4 медали биринҷӣ гардиданд.

– Аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумораи 786 нафар хатмкунандагон 628 нафар, аз ҷумла 354 нафар писарон ва 274 нафар духтарон гузаштанд, ки ба 79.8 фоизи шумораи умумии хатмкунандагони соли таҳсили 2022-2023 баробар буда, илова бар ин аз ҳисоби хатмкардагони солҳои пешин 37 нафар ба қайд гирифта шуд, ки дар маҷмӯъ 665 нафарро ташкил дод, ки ба 84.6  фоиз  баробар  мебошад. Дар доираи амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар  муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” харидории 230 адад компютер ва 49 адад тахтаи электронӣ давоми ин солҳо дар назар дошта шуда буд. Дар маҷмӯъ давоми панҷ соли амалишавии Барнома 275 адад компютер ва 52 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шуд, ки иҷроиши Барномаро мутаносибан 119 ва 106 фоизи таъмин менамояд.

Бо мақсади иҷрои “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027” корҳои сохтмонии биноҳои нави таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст дар муассисаҳои  таълимии №10, 15, 17, 25, 31, 32, муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои Даҳани намак, Дӯстӣ, деҳаи навбунёди Танобчии боло ва сохтмони бинои нави маъмурии шӯъбаи маорифи ноҳия идома доранд. Бояд қайд кард, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар деҳаҳои Ваҳдат ва Гулбулоқи Ҷамоати деҳоти Чилчаҳ сохтмони биноҳои нави муасисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ иборат аз 4 синфхонагӣ барои 100 ҷои нишаст оғоз гардида, дар назар аст, ки то моҳи сентябри соли равон ба истифода дода шаванд. – мегӯяд, раиси  ноҳияи  Темурмалик, Ҳасанзода Шералӣ Ҳасан.

Тандурустӣ ва кор бо занон

Дар соҳаи тандурустии ноҳия 63 духтур, аз ин шумора 8 нафар бо дараҷаи олӣ, 5 нафар бо дараҷаи якӯм ва 10 нафар бо дараҷаи дуюм ва 394 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Аз шумораи умумии духтурон 20 нафар дар беморхонаи марказӣ, 43 нафар дар беморхонаҳои рақамӣ ва муассисаҳои дигари тиббии деҳот фаъолият карда истодаанд. Беморхонаи марказӣ аз 8 шуъбаи бистарикунонӣ, 2 шӯъбаи ёрирасон ва 7 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат мебошад. Давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли равон 374 таваллуд ба қайд гирифта шуд, ки аз он дар таваллудхона 373 нафар (99.7 фоиз) ва дар хона 1 нафар (0.3 фоиз) ба қайд гирифта шудааст. Давоми шаш моҳи соли равон 16 нафар беморони сил ба қайд гирифта шуданд. Шумораи гирифторони бемории вируси норасоии масунияти одам 83  нафарро ташкил медиҳанд. Айни ҳол бо маблағгузории Бонки рушди Олмон азнавсозии шӯъбаҳои таваллудхона ва ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳия идома дорад. Шумораи умумии занҳо дар ноҳия 38425 нафарро ташкил дода, аз онҳо 82 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, аз ҷумла 14 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 66 нафар вакили Маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 15 нафар хизматчии давлатӣ буда, 499 нафар дар соҳаи маориф, 405 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 65 нафар дар соҳаи фарҳанг, 558 нафар дар соҳаи кишоварзӣ, 6 нафар дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва 125 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.

Фарҳанг, варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ

Дар ноҳия 39 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 13 муассисаҳои клубӣ (аз ҷумла 1 Қасри фарҳанг, 2 хонаи фарҳанги деҳотӣ, 1 маркази фарҳангӣ-фароғатӣ, 9 клуби деҳотӣ), 23 китобхонаҳо (аз ҷумла, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 21 китобхонаи оммавӣ-филиалҳо), 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 мактаби бачагонаи мусиқӣ ва 1 осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд. Дар ноҳия 23 китобхонаҳои оммавӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 86508  нусха китоб маҳфуз аст. Аз ин шумора 48451 нусха китобҳо бо забони давлатӣ, 29509 нусха китобҳо бо забонҳои русӣ ва  8548 нусха китобҳо бо дигар забонҳо мебошанд. Дар ин давра шумораи хонандагон 4999 нафарро ташкил дода, ташриф ба китобхонаҳо 7490 нафар ва миқдори китобдиҳӣ 13530 нусхаро дар бар гирифтааст. Дар ин давра муассисаҳои фарҳангии ноҳия 365 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузарониданд.

Шумораи ҷавонон дар ноҳия 22400 нафарро ташкил дода, дар ин давра 30 чорабинии варзишиву фарҳангӣ, 21 мулоқоту вохӯриҳо, 20 мулоқоти фардӣ гузаронида шудааст. Теъдоди умумии майдончаҳои варзишӣ 44 адад, толорҳои варзишӣ 8 адад, дигар иншооти махсуси варзишӣ 5 адад ва маҷмааи варзишӣ 1 ададро ташкил медиҳанд. Муассисаҳои варзишии ноҳия фаъолияти худро аз рӯи 10 намуди варзиш дар 116 гурӯҳ ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 1340 кӯдаку наврасон ва ҷавонони ноҳия ба тамрини гуногуни варзишӣ фаро ва ҷалб гардиданд. Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии сатҳи минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, дар маҷмӯъ соҳиби 28 медал, аз он 8 медали тилло, 7 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ноҳия 2 меҳмонхона, 2 шифохонаҳои табобатию истироҳатӣ фаъолият менамоянд. Дар ин давра 285 нафар сайёҳи хориҷӣ ва 2880 нафар сайёҳи дохилӣ ба ноҳия ворид гардида, фаъолият намуда ва табобат  гирифтанд.

Дин, танзими анъана ва ҷашну маросим     

Дар ноҳия 7 комиссияи доимоамалкунанда ва 37 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият дошта, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давоми шаш моҳи ҷамъбастӣ 421 тӯйи домодию арӯсӣ, 38 маросими чил, 35 маросими сол баргузор шудааст, ки дар маҷмӯъ теъдоди умумии маъракаҳо 528 ададро ташкил намуда, хароҷоти умумии онҳо ба 2 млн 70 ҳазор сомонӣ рост меояд. Дар ин давра 3 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд. Дар ноҳия 3 масҷиди ҷомеъ ва 41 масҷиди панҷвақта вуҷуд дошта, айни ҳол тибқи талаботи қонун фаъолият намуда истодаанд.

Омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлол

Ҳасанзода Шералӣ, роҳбари ноҳия иброз медорад, бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои он таҳия ва тасдиқ гардидааст. Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири 150 иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва 76 иншооти иловагӣ ба нақша гирифта шуда, дар маҷмӯъ 226 иншоотро дар бар мегирад. Ба ҳолати 1 июли соли 2023 дар маҷмӯъ 62 иншоот сохта ба истифода дода шуда, дар 127 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Билоли Шамс, МТЖТ, ноҳияи Темурмалик

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь