Диёри ман миёни кӯҳистон,
Паҳн гашта мисоли дастархон.
Намаки кӯҳи Хоҷамӯъминро,
Мечашад ҳар ки маро мешавад меҳмон.
Ноҳияи Мир Саиди Алии Ҳамадонӣ бо захираи намак ва боигарии маҳсулоти кишварзӣ дар кишвар ном баровардааст. Бахусус, маҳсулоти панҷ коргоҳи итсеҳсоли намак, ки ба саросари кишвар фиристода мешавад. Тарбузи истеҳсоли кишоварзони ноҳия бозорҳои кишварро мисли ноҳияи Фархору Қумсангир бо ширинии худ таъмин карда, коми эшонро ширин мегардонанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои фаъолияткунанда, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, бахусус, заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои Президентӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаҳои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ сохта истодааст. Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар ҳамаи соҳаҳо ва бахшҳои хоҷагидории ноҳия пешравиҳо таъмин гардиданд.
Иқтисодиёт ва кишоварзӣ
Нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 100,4 фоиз иҷро гардид. Яъне ба ҷойи 21 миллиону 156,5 ҳазор сомонии нақша ба буҷет 21 миллиону 244,6 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд. Нақшаи қисми хароҷотии буҷети ноҳия 98,0% иҷро гардид. Яъне ба ҷои 38983,9 ҳазор сомонии нақша аз ҳисоби буҷет 38182,8 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд. Аз ҷумла, мақомоти роҳбарикунанда 98,0 фоиз, мудофиа 100,0 фоиз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 99,0 фоиз, соҳаи маориф 95,0 фоиз, соҳаи тандурустӣ 100,0 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 100,0, хоҷагии манзилию коммуналӣ 100,0 фоиз, фарҳанг ва варзиш 99,0 фоиз, соҳаи кишоварзӣ 97,0 фоиз ва дигар хароҷотҳо барзиёд маблағгузорӣ карда шуданд.
Ба ҳолати 1-уми июни соли 2022 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дар назар доштани бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 5598,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба аввали сол ба маблағи 516,2 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. Дар давраи моҳҳои январ-июни соли 2022 аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба маблағи 41487,5 ҳазор сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
– Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар 6-моҳи соли ҷорӣ 321 миллиону 529,3 ҳазор сомониро ташкил кард, ки ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 18687,1 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 106,2%-ро ташкил дод. Дар ин давра 7385 гектар замини корами ноҳия мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Тибқи нақша соли ҷорӣ дар майдони 5900 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Айни ҳол дар натиҷаи риоя гардидани қоидаҳои агротехникӣ нашъунамои ниҳолҳои пахта хуб мебошад. Истеҳсоли ғалладонагӣ бошад ба 30000,2 тонна, сабзавот ба 34492,8 тонна, гӯшт ба 1338,6 тонна, шир ба 5870,8 тонна, истеҳсоли тухм ба 2 млн 223,1 ҳазор дона, полезӣ ба 6601,0 тонна, меваҷот ба 3755,0 тонна расонида шуд. Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 37 ҳазору 326 сар, моли майда ба 72 ҳазору 310 сар, саршумори парранда ба 58759 сар расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 саршумори чорвои калон 558 сар ва моли майда 2104 сар зиёд мебошад. Дар майдони 7311 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Аз он ҷумла, дар бахши аҳолӣ 3139 гектар ва дар бахши ҷамъиятӣ дар майдони 4172 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки ин 95,6 фоизи иҷрои дурнамои кишти такрориро дар ҳамаи бахшҳо ташкил медиҳад. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 74,3 тонна моҳӣ истеҳсол гардид, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,9 тонна зиёд аст.
Дар ин давра аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ ва дигар манбаъҳо барои тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо дар ҳаҷми 995,1 ҳазор сомонӣ, аз ин аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 104,0 ҳазор сомонӣ маблағ равона ва дар масофаи 32,38 километр заҳбуру заҳкашҳо, 34,6 километр каналу ҷӯйборҳо тоза карда шуданд. Ҳолати мелиоративии 420,1 гектар заминҳои кишоварзии ноҳия беҳтар гардид. – мегӯяд, Бозоралӣ Одиназода, Раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ.
Соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, саноат ва энергетика
Шумораи умумии соҳибкорон дар ноҳия дар ҳамаи бахшҳо 6140 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 144 нафари онҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар ноҳия 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи азхудкардашуда 12,4 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби сармояи мустақим бошад, дар ин давра дар ҳаҷми 4 миллиону 194,0 ҳазор сомонӣ маблағҳо аз худ карда шуданд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 91 миллиону 315,0 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2021 дар ҳаҷми 29094,2 ҳазор сомонӣ ё худ 146,8 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли коркарди намаки ошӣ 3169,3 тонна, коркарди намаки техникӣ 2016,5 тонна, кунҷора 3685,4 тонна, орд 3147,3 тонна, нон ва маҳсулоти нонӣ 2148,8 тонна, халтаҳои полипропиленӣ 243,5 ҳазор дона зиёд гардид. Истеҳсоли сангреза бошад, ба 45,3 ҳазор метри мукааб расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 12,0 хазор метри мукааб ё ин ки 135,9 фоиз зиёд аст. Аз 68 корхонаи саноатӣ 62 корхона фаъолият дошт. 6 корхона бинобар сабаби мавсимӣ буданашон фаъолияти истеҳсолиро ба роҳ монда натавонистанд. Инчунин, 3 корхонаи саноатии дигар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам карданд. Дар доираи татбиқи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ва солҳои рушди саноат дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар ноҳия 5 корхонаи саноатӣ сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.
Дар нимсолаи якуми соли 2022 ба ноҳия 62 млн 750,0 ҳазор кВт соат қувваи барқ интиқол гардида, талафоти неруи барқ 18 млн 830 ҳазор кВт соатро ташкил дод. Ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 43 миллиону 920 ҳазор кВт соат барқи фоиданок ба маблағи 10 миллиону 672,7 ҳазор сомонӣ дода шуд. Ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 76,1 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 97,3 %-ро ташкил дод. Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ,тибқи нақша, дар 12 маҳалла шинондани 5 зеристгоҳи барқӣ ва кашидани хати барқ дар масофаи 21,5 км, равшанкунонии кӯчаҳо дар се деҳа ба роҳ монда шуд.
Сохтмон, меъморӣ ва нақлиёт
Дар ин давра ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҳама сарчашмаҳо ба соҳаи сохтмон барои иҷрои корҳои сохтмонию васлкорӣ ва қудратӣ 80 миллиону 397,3 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар ҳаҷми 78 миллиону 480,7 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлкорӣ ба анҷом расонида шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 44,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дарозии роҳҳои ноҳия 209,8 километрро дар бар мегирад, ки аз он 13 километраш роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллалӣ, 13,1 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 183,7 километраш роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мебошанд. Дар нимсола ба Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия барои иҷрои корҳо дар ҳаҷми 467,5 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардид. Дар ин давра дар масофаи 20,94 километр роҳҳои автомобилгард аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия таъмири ҷорӣ гузаронида шуд. Бо роҳи ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ бошад, дар масофаи 7,05 км ба маблағи 112,1 ҳазор сомонӣ сангфаршкунии роҳҳои маҳаллаҳои аҳолинишин ба роҳ монда шуд.
Инчунин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати нақлиёт азнавсозии роҳи байни деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон ва деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия дар масофаи 3,5 километр оғоз гардид, ки айни ҳол он дар арафаи анҷомёбӣ ва истифодабарӣ қарор дорад. Ҳаҷми боркашонӣ 456 ҳазор тонна иҷро шуд ва мусофиркашонӣ 2015,0 ҳазор нафарро ташкил дод.
Меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа
Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 950 нафар шаҳрвандон барои пайдо кардани ҷойи корӣ муроҷиат карданд, ки аз онҳо 607 нафарашон занон мебошанд. Аз теъдоди умумии муроҷиаткардагон 904 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шудаанд. Бо ҷойҳои кории доимӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 471 нафар таъмин шуданд. Дар нимсолаи якуми соли 2022 аз ҷониби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 10 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд.
Барои рушди соҳибкорӣ ба 21 нафар шахсони бекор дар ҳаҷми 80100 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд. Дар деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти ба номи Турдиев барои ҷавонон бинои Маркази касбомӯзию ҳунармандӣ бо маблағгузории Бунёди миллии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 912668 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.
Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандони ноҳия 933,26 сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,76 сомонӣ зиёд мебошад. Қарздории музди меҳнат ба ҳолати 1 июни соли 2022 аз ҳисоби ҶСК “Тоҷиктелеком” дар ноҳия 11600 сомониро ташкил медиҳад.
Айни ҳол тибқи маълумотҳои пешниҳодгардида аз ҳисоби шаҳрвандони ноҳия дар муҳоҷирати меҳнатӣ 11224 нафар қарор доранд, ки аз ин 473 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Дар ин давра муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар тариқи бонкҳои дар ноҳия фаъолиятдошта 1 миллиарду 116,0 миллион рубли русӣ ва 367,5 ҳазор доллари америкоӣ фиристодаанд, ки ин бо асъори миллӣ 182,0 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин дар муқоиса ба нимсолаи аввали соли гузашта зиёд мебошад.
Дар ноҳия ба ҳолати 1-уми июли соли 2022 14681 нафар нафақахӯр ба қайд гирифта шудааст. Аз он ҷумла, 2337 нафари онҳо ҳамчун маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 10586 нафар пиронсолӣ, 567 нафар маъюбони то 18 сола, 1164 нафар бесаробонӣ, 1 нафар барои хизмати тулонӣ ва 26 нафар нафақаи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаро ташкил медиҳанд.
Маориф, тандурустӣ ва кор бо занон
Дар 50 муассисаи таълимии ноҳия 34152 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд, ки ба онҳо 1972 нафар омӯзгорон таълим доданд. Аз ин шумора дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1097 нафар зан, 1526 нафар бо маълумоти олӣ, 397 нафар бо маълумоти миёнаи махсус фаъолият доштанд. Дар 5 муассисаи томактабӣ 400 кӯдак дар 18 гурӯҳ тарбия гирифта истодаанд. Дар 48 маркази инкишофи кӯдаки дар назди муассисаҳои таълимӣ ташкилгардида 1452 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Аз 1976 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳия 1576 нафари онҳо бо мақсади идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супориданд, ки ин 77,9 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ҷамъбасти олимпиадаҳои вилоятӣ 96 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия соҳиби медал гардида, барои иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз онҳо 22 хонанда аз фанҳои забони русӣ, забони англисӣ, забони давлатӣ, математика, химия, таърих ва ҳуқуқ 2 нафар ҷойи якум, 5 нафар ҷойи 2-юм ва 15 нафар ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Иҷрои барномаи компютеркунонӣ барои солҳои 2018-2022 ба 66,6% расонида шуда, ба 13 хонандаи синфҳои 5-11 як компютер рост меояд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ сохтмони муассисаи таълимии № 43 дар деҳаи Ҳуснободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод идома дошт. Сохтмони бинои муассисаи таълимии № 35-и деҳаи Боғистони Ҷамоати деҳоти ба номи С. Турдиев барои 264 хонанда бо маблағгузории сафорати Япония дар ҳаҷми 1,5 миллион сомонӣ ба анҷом расида, охири моҳи июн мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия мушкилоти норасоии ҷойи нишаст ҷой надорад.
Дар соҳаи тандурустии ноҳия 170 нафар духтури маълумоти олидор, аз ин шумора 50 нафар бо категорияи олӣ ва 1005 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд. Аз шумораи умумии духтурон 50 нафар дар беморхонаи марказӣ ва 9 нафар дар беморхонаҳои рақамӣ (қитъавӣ), 4 нафар дар диспансери беморхонаҳо фаъолият карда истодаанд. Беморхонаи марказӣ аз 9 шуъбаи бистарикунонӣ, 1 шуъбаи ёрирасон ва 3 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат мебошад. Дар ин давра 2950 нафар бемор бистарӣ карда шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ дар ин давра хизматрасонии пулакӣ ба 247299 сомонӣ ё ба 123,6 % расонида шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 44 нафар гирифторони бемории сили фаъол ба қайд гирифта шудааст. Аз инҳо 17 нафарашон бистарӣ карда шуданд. 34 нафар бемори сили шушӣ ва 10 нафари дигар сили ғайришушӣ мебошанд. 3 бемори сили шакли мутобиқгашта ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи умумии занҳо дар ноҳия 77009 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 79 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. 15 нафар занон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 2 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 56 нафар вакилони ҷамоатҳо, 21 нафар хизматчии давлатӣ буда, 680 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд. Дар ин давра аз тарафи занони ноҳия 2 нафар ба фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 4 нафари дигар барои гирифтани гранти раиси вилоят лоиҳаи рушди соҳибкорӣ пешниҳод гардидааст.
Фарҳанг, варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ
Дар ноҳия 33 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 1 Филармонияи мардумӣ, 10 муассисаҳои клубӣ, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 17 китобхонаи деҳотӣ, 1 боғи фарҳангӣ-истироҳатӣ, 1 осорхона ва 1 мактаби мусиқии бачагона ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд. Дар ноҳия 19 китобхона фаъолият менамояд, ки дар онҳо 101982 нусха китоб маҳфуз аст. Аз ин шумора 26280 нусха китобҳо бо забони давлатӣ, 69880 нусха китобҳо бо забони русӣ ва 5822 нусха китобхо бо дигар забонҳо мебошанд. Дар ин давра ба китобхонаҳои ноҳия 659 нусха китобҳои тозанашр ворид карда шуд. Дар ин давра муассисаҳои фарҳангии ноҳия 970 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузарониданд.
Шумораи ҷавонон дар ноҳия 49161 нафарро ташкил намуда, аз он 24384 нафарашон занон мебошанд. Дар ин давра дар ноҳия 23 чорабинии варзишиву фарҳангӣ, 89 вохӯрию мулоқоти фардӣ бо фарогирии 24448 нафар ҷавонон ва аҳли ҷомеа гузаронида шудааст. Теъдоди умумии майдончаҳои варзишӣ 195-то ва толорҳои варзишӣ 30 ададро ташкил медиҳанд. Дар шашмоҳа бо ҷалби соҳибкорон боз ду адад майдончаи варзишии замонавӣ, яке дар деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ва дигаре дар деҳаи Тудабоёни Ҷамоати деҳоти Чубек аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар маҷмуъ бо харҷи 560 ҳазор сомонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Муассисаи давлатии мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳия фаъолияти худро аз рӯи 11 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо 1094 нафар кӯдакону наврасон, аз ҷумла, 190 нафар духтарони ноҳия дар 75 гурӯҳ ба тамрини гуногуни варзишӣ фаро ва ҷалб карда шуданд. Варзишгарони ноҳия дар 10 мусобиқаи варзишии сатҳи ҷумҳурӣ иштирок намуда, сазовори 77 медал, аз ҷумла 21 медали тилло, 17 медали нуқра ва 39 медали биринҷӣ гардиданд.
Дар ноҳия 3 меҳмонхона, аз ҷумла яктои он замонавӣ фаъолият доранд. Теъдоди сайёҳони дохилӣ дар ин давра 435 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Дин, танзими анъана, ҷашну маросимҳо ва корҳои бундкорию созандагӣ дар доираи ҷашни 35 солагии Истиқлоияти кишвар
Дар ноҳия 9 комиссияи доимоамалкунанда ва 49 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият дошта, дар ин давра тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди ноҳия 1037 тӯйи домодию арӯсӣ, дар маҷмӯъ 1066 маърака баргузор шудааст, ки хароҷоти умумии онҳо 3629500 сомонӣ мебошад ва ба ҳар як маърака 3500 сомонӣ рост меояд. Дар шашмоҳа 6 амали қонуншиканӣ барои риоя накардани моддаҳои 11, 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳия ирсол гардидааст. Дар ноҳия 8 масҷиди ҷомеъ ва 37 масҷиди панҷвақта амал дошта, фаъолияти онҳо зери назорати сохтору мақомоти марбута қарор дорад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади ба роҳ мондани корҳои бунёдкорию созандагӣ дар доираи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар давоми солҳои 2022-2026 бунёди 323 иншооти таъиноташон гуногунро ба маблағи 93917948 сомонӣ ба нақша гирифт. Тибқи Нақшаи чорабиниҳои мазкур дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳия 49 иншооти таъиноташон гуногун бо таъсиси 68 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Билоли Шамс, МТЖТ, ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ