Cухане чанд аз бурду бохти дусолаи Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ ва тасмими мақомот барои таъсиси Маркази ягонаи дигар
Бо ҷамъбасти соли 2017 аз Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №765, аз 30-юми декабри соли 2015 дар бораи таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ 2 сол пур мешавад. Қарори мазкур бо мақсади таъмини назорат ва танзими трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет ба имзо расида, дар асоси он гузариши трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои алоқаи барқӣ ва интернет тавассути Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқии оператори давлатии ҶСК «Тоҷиктелеком»-и Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
Гарчанде аз таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ 2 сол пур мешавад, ба назар чунин мерасад, ки ҳанӯз аз бурду бохти он гузориши расмие чоп нашудааст ва чунин гузорише пешкаш мешавад ё на, ҳанӯз маълум нест. Вале, ба фикри мо, вақти он расида, ки раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Бег Сабур, ки бо пофишориҳои бевоситаи зиёда аз 10-солаи эшон маркази мазкур таъсис ёфта буд, бояд аз бурду бохти дусолаи ин марказ ҳисобот диҳад. Зеро суолҳои зиёде пайдо шудаанд, ки муштариёни алоқаи барқӣ ба онҳо посух мехоҳанд: Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ, ки бо мақсади назорати воридот ва содироти зангҳои байналхалқӣ ва интернет таъсис ёфта буд, дар тӯли фаъолияти худ чӣ суде овард? Ба буҷаи «Тоҷиктелеком» аз ҳисоби ба воситаи маркази мазкур гузаронидани трафики алоқаи байналхалқӣ чӣ қадар маблағ ворид шуд? Маркази ягонаи коммутатсионӣ чӣ қадар андоз ба буҷаи давлат ворид намуд? Баъди ба воситаи ин марказ гузаштани алоқаи байналхалқӣ чаро сифати алоқа паст шуда, арзиши он боло рафт? Оё маркази мазкур чун маркази назоратии трафики зангҳои байналхалқӣ ва интернет боқӣ монд ва ё ба маркази тиҷоратӣ табдил ёфт? Оё таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ боиси вайрон шудани қонунҳои зиддиинҳисорӣ нагашт ва рақобатро аз байн набурд? Даромади ба даст овардаи маркази мазкур ба куҷо меравад ва онро кӣ назорат мекунад? Ё чаро ҳанӯз ҳам кӯшишҳои ба воситаи маркази мазкур ба монополисти ягонаи бозори алоқаи барқӣ табдил додани ҶСК «Тоҷиктелеком» идома дорад?
Бинобар он, ки дар атрофи Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ ҳанӯз баҳсҳо зиёданд, ҷавоб додан ба саволҳои гузошташуда роҳи ягонаи батараф намудани шубҳаву гумонҳо ба ҳисоб меравад. Зеро аллакай дар васоити ахбори омма баҳси гарме ба амал омада, ишора меравад, ки фаъолияти дусолаи марказ нишон медиҳад, ки аз нуқтаи назари иқтисодӣ ҳам буҷаи ширкатҳо ва ҳам буҷаи давлат хеле зарар дидааст. Агарчи маълумоти расмие дар ин бора вуҷуд надорад ва инчунин маълум нест, ки даромади мегирифтаи марказ ба куҷо меравад, вале нишондодҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки маҳз бо ба истифода додани фаъолияти маркази мазкур арзиши зангҳои овозии байналхалқӣ хеле боло рафта, сифати он коҳиш ёфт ва пешбиниҳои масъулини Хадамоти алоқа, ки хеле мехостанд аз ширкатҳо барои терминатсияи трафик маблағи бештаре ба даст оранд, иҷро нашуд. Зеро якбора болоравии арзиши зангҳои байналхалқӣ ва то 50 – 60 дар сад кам шудани зангҳо боиси он гардид, ки даромади ширкатҳои мухобиротӣ аз ҳисоби трафики зангҳои байналхалқӣ ба куллӣ кам шуда, аз ин ҳисоб воридоти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз аксиз ва хироҷи иҷозатномавӣ низ ба буҷаи давлат хеле коҳиш ёбад. Ҳарчанд ба таври ошкоро намегӯянд, вале кам шудани даромад баъзе ширкатҳоро маҷбур кард, ки ҳатто ба ихтисори кормандон шурӯъ намоянд. Зеро баъди якбора болоравии арзиши зангҳои байналхалқӣ (аз 60 дирам то 1,5 – 2 сомонӣ) муштариён аз зангҳои овозӣ даст кашида, маҷбур шуданд, ки василаҳои дигари тамоси телефонӣ бо хешовандони худро ҷустуҷӯ намоянд. Яъне, аз ин ҳам ширкатҳо зарар диданд, ҳам буҷаи давлат.
Сабаби дигари зиёновар будани ин марказро коршиносон дар он медонанд, ки тамоюли фаъолият ва ҳадафҳояш баъд аз таъсис куллан тағйир ёфт. Зеро гузашти вақт нишон дод, ки агарчи тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №765, аз 30-юми декабри соли 2015 Маркази ягонаи коммутатсионии алоқаи барқӣ бо мақсади таъмини назорат ва танзими трафикҳои воридотию содиротии хизматарсониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернет ташкил шудааст, вале дар ниҳоят ин марказ ба як маркази сирф тиҷоратӣ табдил ёфта, бо нақзи қонунҳои зиддиинҳисорӣ бевосита манфиатҳои «Тоҷиктелеком»-ро ҳимоя карда, ширкати «Тоҷиктелеком»-ро ба ягона монополисти бозори алоқаи барқӣ табдил дода истодааст. Албатта, ин гуфтаҳо бесабаб нестанд. Зеро таҷриба нишон дод, ки агарчи дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф назорат гуфта мешавад, вале Хадамоти алоқа онро бевосита бо ҳадафи ба даст овардани даромад аз зангҳои байналхалқӣ ва бо ин роҳ наҷот додани ҶСК «Тоҷиктелеком» истифода бурда истодааст, чунки «Тоҷиктелеком» то ҳол дар вазъи хеле вазнини молиявӣ қарор дошта, қарзҳои зиёди дохиливу берунӣ дорад. Ба ҷуз вазъи молиявӣ, инчунин вазъи техникии он низ ба талабот ҷавобгӯ нест. Инро зуд – зуд кандашавии хати алоқа ва хеле паст шудани сифати он тасдиқ мекунад.
Интернет
Аз сӯҳбат бо намояндагони баъзе ширкатҳои мухобиротӣ бармеояд, ки Хадамоти алоқа бо трафики зангҳои байналхалқӣ қаноат накарда, ба ҳамаи интернетпровайдерҳо дастур додааст, ки минбаъд трафики интернетро маҳз аз Маркази ягонаи коммутатсионии ҶСК «Тоҷиктелеком» харидорӣ намоянд. Агар чунин амал сурат гирад, «Тоҷиктелеком» воқеан ба монополисти ягонаи бозори алоқаи барқӣ дар Тоҷикистон табдил меёбад ва Маркази ягонаи коммутатсионӣ комилан хусусияти назоратии худро аз даст дода, сирф ба як маркази тиҷоратӣ табдил меёбад, ки ин на танҳо хилофи қонунҳои зиддиинҳисорӣ, балки хилофи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Маркази ягонаи коммутатсионӣ низ мебошад. Зеро, тибқи ин қарор, Маркази ягонаи коммутатсионӣ ҳуқуқ дорад, ки ба воситаи таҷҳизоти техникии худ трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалии алоқаи барқӣ ва интернетро аз ҷониби операторони алоқаи барқӣ гузаронад ва назорат барад, вале худаш ҳуқуқ надорад, ки ба операторони алоқаи барқӣ интернетро бевосита фурӯшад. Марказ инчунин ҳуқуқ надорад, ки ҳамчун монополисти ягонаи фурӯшандаи интернет баромад кунад. Зеро қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №765, аз 30-юми декабри соли 2015 ба ин марказ ҳуқуқ надодааст, ки ба сифати ба даст овардани даромад фаъолият кунад. Бояд махсус қайд кард, ки қарори мазкур ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ операторони алоқаи барқиро аз ҳуқуқи аз операторони хориҷӣ харидани интернет маҳрум накардааст.
Таҷриба нишон дод, ки ба воситаи маркази мазкур гузаронидани трафики алоқаи байналхалқӣ боиси на танҳо болоравии нарх, балки сабаби паст шудани сифати алоқа гардид. Агар дар оянда трафики интернет низ аз «Тоҷиктелеком» харидорӣ шавад ва бевосита тавассути ҳамин марказ гузарад, ҳам арзиши интернет 2-3 маротиба боло меравад ва ҳам сифати он комилан паст хоҳад шуд. Бинобар ин, набояд ин марказро ба маркази сирф тиҷоратӣ табдил дода, ҳуқуқи озодона бастани шартномаҳо аз ширкатҳо гирифта шавад ва набояд иҷозат дода шавад, ки Маркази ягонаи коммутатсиониро аз мақомоти назоратӣ ба мақомоти сирф тиҷоратӣ табдил диҳанд. Зеро моддаи 453-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Мустақилияти Шартнома» ном дорад, дар банди 1 ба таври дақиқ нишон додааст: «Шаҳрвандон ва шахси ҳуқуқӣ дар бастани шартнома мустақил мебошанд. Маҷбур кардан ба бастани шартнома, ба истиснои ҳолатҳое, ки вазифаи бастани шартнома дар ҳамин Кодекс, қонун ё ӯҳдадории ихтиёран қабулгардида пешбинӣ шудааст, иҷозат дода намешавад».
То ба имрӯз ҳамаи ширкатҳои таъминкунандаи интернет мустақилона интернетро аз операторони хориҷӣ мехариданд ва ба муштариён дастрас мекарданд. Дар сурати садама ё аз фаъолият бозмондани трафики як ширкат трафики интернет аз ширкати дигар ба иҷора гирифта мешуд ва фавран трафики интернет барқарор карда мешуд. Ҳатто муштариён дарк намекарданд, ки дар трафики интернет садама ба вуҷуд омадааст. Агар харидории мустақими трафики интернет манъ карда шуда, танҳо аз «Тоҷиктелеком» харидорӣ шавад, он вақт дар сурати ба вуҷуд омадани садама, тамоми Тоҷикистон чанд муддат бе интернет хоҳад монд. Қатъи интернет боиси он хоҳад шуд, ки бонкҳои кишвар, корхонаҳое, ки ҳама табодулашон бо интернет вобастагӣ дорад ва ҳатто давлат зиёни ҷиддӣ бинад. Ин на танҳо зарари бузурги иқтисодист, балки метавонад ба амнияти кишвар низ халал ворид кунад, ки инро касе намехоҳад. Бинобар ин, Хадамоти зиддиинҳисориро зарур аст, ки аз табдили Маркази ягонаи коммутатсионӣ ба маркази тиҷоратӣ пешгирӣ кунад ва роҳ надиҳад, ки операторон аз ҳуқуқи мустақилона бастани шартнома ва дастрас намудани трафики интернет маҳрум карда шаванд, зеро ин комилан хилофи қонун аст.
Боз «сюрприз»: Маркази нав
Ба назар чунин мерасад, ки ташкили Маркази ягонаи коммутатсионӣ охири кор набуда, тибқи гузориши хабаргузории «Озодӣ», мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд дар соли 2018 «Маркази ягонаи мутамарказонидашудаи муштариёни операторони алоқаи барқӣ»-ро таъсис диҳанд: «Мувофиқа барои таъсиси чунин як марказ ҳафтаи гузашта миёни Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои интизомӣ ҳосил шудааст». Тибқи лоиҳа, дар сурати таъсиси чунин як марказ компютерҳои ҳамаи марказҳои муштариёни алоқаи барқӣ ва дилерон ба маркази ягона пайваст карда шуда, ҳангоми фурӯши симкортҳо ва ба қайд гирифтани муштарӣ ҳама маълумотҳои муштарӣ ба таври худкор ба махзани ягона ворид мешавад. Дар он ҳолат барои аз тарафи мақомоти марбута гӯш кардани тамосҳои муштариён дигар зарурияти гирифтани иҷозаи суд боқӣ намемонад, ки ин комилан хилофи моддаи 23-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар моддаи мазкур гуфта мешавад: «Маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда шуда, дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн намудани маълумот манъ аст». Инчунин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ба таври возеҳу равшан операторонро ӯҳдадор карда, мегӯяд: «Сирри гуфтугӯҳои телефонӣ, телеграфӣ ва дигар ахбороте, ки аз тариқи шабакаҳои алоқаи барқӣ интиқол меёбанд, аз тарафи қонун ҳимоя карда мешаванд. Ҳамаи операторони алоқаи барқӣ ӯҳдадоранд, ки сирри гуфтугӯҳо ва ахбороти ирсолшавандаро махфӣ нигоҳ доранд».
Пас, саволе ба миён меояд, ки чи гуна метавон марказеро таъсис дод, ки хилофи Конститутсия ва дигар қонунгузориҳои кишвар бошад? Вақте Конститутсияи кишвар ва қонунгузориҳои гуногун кафолати махфияти гуфтугӯҳои шаҳрвандонро додаанду бо қарорҳои гуногуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода шудаанд, чи гуна дидаву дониста, бар хилофи он амал намудан мумкин аст? Коршиносон иброз медоранд, ки «Маркази ягонаи мутамарказонидашудаи муштариёни алоқаи барқӣ» дар сурати таъсис ёфтанаш метавонад ҳатто салоҳияти суду прокурор ва дигар мақомоти оперативӣ – ҷустуҷӯиро ба зиммаи худ гирифта, дилхоҳ тамосро гӯш кунад, ки ин комилан хилофи қонун ва хилофи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат мебошад. Зеро қонун гӯш кардани тамоси ин ё он нафарро танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ва бо қарори суд иҷозат медиҳаду халос. Таъсиси чунин як марказ ҳатто метавонад кишвари моро ба чашми созмонҳои байналхалқӣ ва давлатҳои хориҷӣ чун поймолкунандаи ҳуқуқи инсон муаррифӣ кунад, ки набояд ба он роҳ дод.
«ФАРАЖ»