Тавре медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуда буданд. Чун аллакай соли охири амалишавии ин тасмими наҷиб сипарӣ гардида истодааст, мо тасмим гирифтем тарҳи махсусеро дар ҳафтаномаҳои “Самак” ва “Фараж” роҳандозӣ намоем ва дар доираи он оид ба рушди деҳоти кишвар, мавзеъ ва шароитҳои сайёҳӣ, ҳамзамон ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ матолиб ба нашр расонем, ки тасмими хубе хоҳад буд ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инак, хонандагони гиромии ҳафтаномаро бо дастовардҳои мардуми сарбаланди ноҳияи Варзоб ошно месозем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб фаъолияти кории худро давоми шашмоҳаи соли 2021 дар асоси дастуру супоришҳо ва вазифаҳои гузоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2021, №14 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021», инчунин Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2021 ба роҳ монда, ҷиҳати амалӣ гаштани онҳо ва баҳри беҳдошти рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияву баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии мардум тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Иҷроиши буҷет

Нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Варзоб бо дарназардошти андози иҷтимоии буҷет ва ғайрибуҷетӣ ба андозаи 104,2 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 18 млн 155 ҳазору 360 сомонии дар нақша пешбинишуда 18 млн 916 ҳазору 699 сомонӣ ворид гардидааст, ки 761 339 сомонӣ зиёд ва нисбати ҳамин давраи соли 2020-ум 3 млн 827 ҳазору 951 сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 7 млн 854 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст, ки 100 фоиз иҷроиши он ворид шудааст.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 96 фоиз иҷро гардидааст, ки мувофиқи нақшаи 24 054 001 сомонии муқарраргардида, аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 23 039 086 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла бахши ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 89 фоиз, комиссариати ҳарбӣ 91 фоиз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 97 фоиз, маориф 96 фоиз, соҳаи тандурустӣ 99 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 100 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 97 фоиз, фарҳанг ва варзиш 94,4 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 96 фоиз, нақлиёт ва коммуникатсия 100 фоиз маблағгузорӣ карда шудаанд.

Дар давраи моҳҳои январ-июни соли 2021 аз тарафи бахши бонки “Амонатбонк”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб барои дастгирии соҳибкорон ба 97 нафар соҳибкор 1308000 сомонӣ маблағҳои қарзӣ ҷудо шудааст.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Дар 6 моҳи соли 2021 аз тарафи нозироти андоз 440 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 780 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 834293 сомонӣ ба буҷет ворид гардида, 360 шахси ҳуқуқӣ ва 618 хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Саноат ва энергетика

Дар ҳудуди ноҳияи Варзоб 14 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 25 миллиону 812 ҳазору 780 сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 12 млн 908 ҳазору 980 сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 109,5 фоиз, маҳсулоти ширӣ 100,2 фоиз иҷро гардидааст.

Шабакаҳои барқии ноҳия ба 12 ҳазору 547 (6 моҳи соли 2020-ум 11091) муштариён хизмат мерасонад, ки аз он ҷумла 16 адад корхонаҳои саноатию ба он баробаркардашуда, 117 адад соҳаи буҷет, 10 адад соҳаи кишоварзӣ, 409 адад сохторҳои тиҷоратӣ, 11995 адад муштариёни маишӣ мебошанд.

Сохтмон ва меъморӣ

Дар ноҳия ба маблағи 32 млн 461 ҳазору 500 сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 млн 236 ҳазору 600 сомонӣ зиёд мебошад.

Нақлиёт ва алоқа

Масофаи умумии роҳҳои ноҳия 161,5 километрро ташкил медиҳад, ки аз он роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявидошта 69,5 километр ва аҳамияти маҳаллӣ 92 километр мебошанд.

Барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 20000 сомонӣ ҷудо ва корҳои таъмирию барқарорсозӣ анҷом дода шудаанд.

Ҳаҷми боркашонӣ 178200 тонна ва мусофиркашонӣ 763000 мусофирро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ҳаҷми боркашонӣ 487 тонна зиёд ва мусофиркашонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 131800 мусофир зиёд мебошад.

Соҳаи кишоварзӣ

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 26 982 300 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 273 500 сомонӣ зиёд иҷро гардидааст ва афзоиш 101,9 фоизро ташкил медиҳад.

Бо мақсади замина гузоштан барои ҳосили соли 2021, таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза ва танзими нарх дар бозорҳо дар 6 моҳи соли 2021 дар майдони 4151,8 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 1446 га кишти тирамоҳӣ, 1847,8 кишти баҳорӣ ва 858,5 га алафҳои бисёрсола гузаронида шудааст.

Дар мавсими кабудизоркунӣ зиёда 13172 дарахт шинонида шудааст, ки ин нишондиҳанда 137 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Дар 6 моҳи соли 2021 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 6 гектар боғҳои нав бунёд гардидаанд.

Дар ин давра саршумори чорвои калон ба 37596 сар, моли майда ба 151144 сар, саршумори паранда 26267 сар ва асп ба 487 сар расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 саршумори моли майда 352 сар, асп 86 сар, паранда 1229 сар ва чорвои калон 934 сар зиёд мебошад.

Шуғли аҳолӣ

Дар 6 моҳи соли 2021-ум 674 нафар барои пайдо кардани ҷойи корӣ муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 366 нафарашон занон мебошанд. Аз шумораи умумии муроҷиаткардагон 469 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шудаанд, ки 321 нафари онҳо занон мебошанд. Бо ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 206 нафар таъмин шудаанд.

Дар ин давра 6 ярмаркаи ҷойҳои корӣ бо пешниҳоди 293 ҷойи кории холӣ гузаронида шуда, дар онҳо 140 корхона ва 1729 корҷӯй иштирок намудаанд. Аз ин 125 нафар ба ҷойи кор роҳхат гирифта, 31 нафар бо кор таъмин шудаанд ва 168 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифта, 75 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар шудаанд. Барои рушди соҳибкории шахсони бекор ба 40 нафар ба маблағи 133150 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.

Қарзи пардохти музди меҳнат дар назди ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вуҷуд надорад.

Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Шумораи нафақагирон дар ноҳия 6560 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин  4825 нафар аз рӯи нафақаи меҳнатӣ, аз ҷумла 3830 нафар аз рӯи синну сол, 571 нафар аз рӯи маъюбии меҳнатӣ, 395 нафар аз ҳисоби бесаробонмонда, 7 нафар барои хизматҳои дарозмуддат, 22 нафар нафақаи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаро ташкил медиҳанд.

Шумораи нафақагирони нафақаи иҷтимоӣ бошад, 1735 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 505 нафар нафақаи пиронсолӣ, 540 нафар нафақаи маъюбӣ (439 нафар маъюбони то 18-сола) ва 251 нафар нафақагирони нафақаи бесаробонмондаро ташкил медиҳанд.

Дар нимсолаи якуми соли 2021 аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба маъюбону бепарасторон ва оилаҳои камбизоати ноҳия ба маблағи умумии 1074187 сомонӣ кумакҳои молиявӣ ва моддӣ расонида шудааст.

Соҳаи маориф

Дар 69 муассисаи таълимии ноҳия 18 866 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 1383 омӯзгор, аз ин 786 зан таълим медиҳанд.

Дар 1 муассисаи томактабӣ 40 кӯдак дар 2 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 15 муассисаи таълимии ноҳия 225 нафар кӯдакони синни 5-6-сола ба маркази инкишофи кӯдак ҷалб карда шудаанд.

Дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 1452 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзида, 43 нафар сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 гардидаанд.

Тандурустӣ, кор бо занон ва оила

Дар ноҳия барои хизматрасонии тиббиву табобатӣ ба аҳолӣ 1 беморхонаи марказӣ, 2 беморхонаи минтақавӣ, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 10 марказҳои саломатии деҳотӣ, 24 бунгоҳи саломатӣ, 2 маркази барномаҳои миллӣ ва 5 нуқтаҳои ёрии таъҷилӣ дар назди марказҳои саломатии деҳот фаъолият бурда, дар онҳо 77 нафар табибон ва 277 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд.

Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2020, №АП-1365 «Бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сироияти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ситоди ноҳиявӣ таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Варзоб таъсис дода шудааст. Инчунин дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия 80 гурӯҳи корӣ бо теъдоди 480 нафар таъсис дода шудааст. Ҳамзамон, барои риоя намудани қоидаҳои тавсияшуда ва тариқи тақсимот дар маҷмӯъ 29840 адад буклетҳо, тавсияномаҳо ба хоҷагиҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳои ноҳия дастрас гардонида шудаанд.

Шумораи умумии занҳо дар ноҳия 41282 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 243 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, 12 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб ва 27 нафар вакилони Маҷлиси вакилони ҷамоатҳо, 16 нафар хизматчии давлатӣ ва 56 нафар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

Дар ноҳия дар доираи нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони таваллудхона барои 10 кат, 4 бунгоҳи тиббӣ, 8 нуқтаи тиббӣ идома дорад.

Беморхонаи марказӣ дорои 100 кат ва аз шӯъбаи бистарикунонӣ, шӯъбаҳои эҳё, таваллудхона, ҷарроҳӣ, дарунӣ, кӯдакона, сироятӣ, ташхисӣ иборат буда, дар ин давра 627 бемор бистарӣ карда шудаанд, ки аз ин шумора 623 бемор баъди муолиҷаҳои сатҳи гуногун ҷавоб дода шудаанд.

Тибқи ҳисоботи оморӣ хизматрасонии пулакӣ дар ин давра 87 ҳазору 270 сомониро ташкил додааст, ки ин нишондод 134,3 фоизи нақшаи пешбинишударо дар бар мегирад.

Рушди соҳаи фарҳанг

Дар ноҳия 25 муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Қасри фарҳанг, 1 хонаи маданияти деҳотӣ, 5 муассисаи клубии деҳот, 1 китобхонаи марказонидашуда бо фонди умумии 69624 нусха, 15 китобхонаи деҳот, мактаби санъати бачагона, боғи фарҳангӣ – фароғатӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Инчунин дар назди мақомоти иҷроия китобхона бо теъдоди зиёда аз 600 адад китобҳои бадеӣ ва илмии соҳавӣ ташкил карда шудааст.

Бо мақсади мусоидат дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи додонӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – ватани азизи ман” аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ бо маблағи 23620 сомонӣ китобҳои бадеӣ харидорӣ гардида, ба китобхонаҳои ноҳия дастрас гардонида шудааст.

Дар ин давра муассисаҳои фарҳангии ноҳия 36 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузаронидаанд, ки дар онҳо 13540 нафар иштирок кардаанд.

Кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Шумораи ҷавонон 38677 нафар мебошанд, ки аз ин 18866 нафарашро хонандагон ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ 155 чорабинии варзишию фарҳангӣ ва 109 мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шудааст.

Дар ноҳия 2 варзишгоҳ, майдончаҳои варзишӣ 50 ва толорҳои варзишӣ 19 ададро ташкил медиҳанд. Тибқи дастури Сарвари давлат то соли 2030 бунёди 45 майдонча ва 42 толори варзишӣ дар деҳаҳое, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, ба нақша гирифта шудааст.

Муассисаи мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳия фаъолияти худро аз рӯи 6 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 360 кӯдаку наврас ба тамрин фаро гирифта шудаанд.

Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ иштирок намуда, сазовори 185 медал, аз ҷумла 62 медали тилло, 63 медали нуқра ва 45 медали биринҷӣ гардидаанд.

Мақомоти иҷроия вобаста ба иҷроиши барномаҳои давлатӣ оид ба инкишофи устувори минбаъдаи рушди соҳаи сайёҳӣ, дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ тадбирҳои алоҳидаро тақвият бахшида, дар самтҳои зикршуда бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва дарёфти сарчашмаи даромади буҷети ноҳия бо шарикони рушд ва бахшҳои хусусӣ, ҷиҳати татбиқи барномаҳои мазкур фаъолияти инфрасохтори соҳаи сайёҳиро дар ноҳия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст.

Дар ноҳияи Варзоб мувофиқи ҳисоботҳо 982 минтақаҳои истироҳатӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин фаъолияти 110 минтақаҳои истироҳатии оммавӣ мавсимӣ буда, фаъолияти як қатор иншооти муҳими сайёҳӣ, ба монанди минтақаҳои истироҳаии «Кохи Малика», «Ёвар», «Варзоб-Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Маҷмааи комплексии лижаронии «Сафеддара» доимӣ мебошад, ки дар ин минтақаҳо барои қабули сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ тамоми шароитҳои замонавӣ фароҳам оварда шудааст.

Ноҳияи Варзоб дорои 25 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъмории дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошад, ки рӯйхати онҳо дар таҳияи Феҳристи давлатии ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

Мувофиқи маълумотҳо дар 6 моҳи соли 2021-ум 22267 (6 моҳи соли 2020-ум 12968) нафар сайёҳони дохилӣ ва 3612 (6 моҳи соли 2020-ум 2067) нафар сайёҳони хориҷӣ ба минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳия ташриф овардаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби хизматрасонӣ дар самти сайёҳӣ ба буҷети маҳаллӣ 1566057 сомонӣ (6 моҳи соли 2020-ум 768885) сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки 660744 сомонӣ зиёд мебошад.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон

Дар 6 моҳи соли 2021 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 2540 шаҳрванд, аз ин 2058 нафар тариқи хаттӣ ва 452 нафар тариқи шифоҳӣ муроҷиат намудаанд.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридшуда 30 муроҷиат ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст. Муроҷиати шаҳсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб доир ба ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди зиёда аз 270 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷумла 12 муассисаҳои таълимӣ, 4 муассисаи томактабӣ, 33 майдончаҳои варзишӣ, 15 толори варзишӣ, 10 бунгоҳҳои тиббӣ, 11 коргоҳи дӯзандагӣ, 2 дорухона ва ғайраҳо бунёд мегарданд. Ба ҳолати 30-юми июни соли 2021-ум 201 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуда, айни ҳол сохтмони 89 адад иншооти ҷашнӣ идома дорад. Ҳамзамон сохтмони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чойхонаи миллӣ дар боғи фарҳангии маркази ноҳия ва бинои маъмурии раёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳия, кумитаи идораи замин дар ноҳия, кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳия оғоз гардида, идома дорад.

Раиси ноҳияи Варзоб мӯҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар мегӯяд, ки «дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мунтазам эҳсос менамоем ва ин моро водор месозад, то ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирем».

– Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ҷавобан ба ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои пешрафти соҳаи хоҷагии халқи ноҳия чораҳои заруриро доимо роҳандозӣ менамояд,- афзуд ӯ.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь