Дар доираи як сафар хабарнигори МТЖТ ин навбат бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ёвон, ки аз марказҳои муҳими саноативу кишоварзии мамлакат ба шумор рафта, мардуми заҳматкашу меҳанпарасташ бо обилаи дастони пурэъҷози хеш дар ободу пешрафта намудани Ватани маҳбубамон ва фаровонии дастархони аҳолӣ саҳми арзанда мегузоранд, ошноӣ пайдо намуд. Инак гузориши ӯ аз дастовардҳои ин ноҳияи хушбоду ҳаво ва диловезу зархез дар соли сипаригардида ва сатҳи омодагиҳо ба таҷлили пуршукӯҳ аз ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ манзури хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардад.

Талош барои зиндагии шоиста

Тавре дар ҷараёни суҳбат раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед Ҳамро иброз дошт, фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвон ба таъмини волоияти Қонун, риояи талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равон гардида, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳ кардани сатҳу сифати зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи меҳнатию фароғатии мардум ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ медиҳад.

Ҷамшед Саидзода дар идомаи суҳбат иттилоъ дод, ки: “Дар давоми соли 2020 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳияи Ёвон ба 2 млрд. 702 млн. 115,5 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2019-ум 82 млн. 382,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 млрд. 562 млн. 218 ҳазор сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 млрд. 139 млн. 897,5 ҳазор сомонӣ баробар гардид. Дар қиёс бо соли 2019 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба маблағи 19 млн. 326 ҳазор сомонӣ бештар мебошад. Дар ин давра музди миёнаи кор 1263 сомониро ташкил додааст”.

Иҷрои буҷет асоси пешравист

Тибқи нишондодҳои оморӣ, нақшаи қисми даромади андозҳои буҷети давлатӣ, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба қадри 103,4 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 248 млн. 164,5 ҳазор сомонӣ ба буҷети давлатӣ 256 млн. 565,5 ҳазор сомонӣ ворид гашт, ки ин нисбат ба нақша 8,4 млн сомонӣ зиёд мебошад.

Ба ҳолати 1 декабри соли 2020 қарзи корхонаю муассисаҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дарназардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 6,3 млн. сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол ба маблағи 1,0 млн. сомонӣ кам гардидааст.

Бо назардошти шумораи зиёди аҳолии ноҳия (бештар аз 239,3 ҳазор нафар; аз ҳисоби шумораи аҳолӣ ҷойи дуюм дар вилояти Хатлон – шарҳи редаксия), аз ҳама зиёд ҷамъоварӣ намудани маблағи андозҳои солона дар сатҳи вилояти Хатлон (бештар аз 300,0 млн. сомонӣ), инчунин, ба роҳ мондани назорати доимӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи қисми даромад ва хароҷоти буҷаи ноҳиявӣ ва ҷиҳати андешидани чораҳои махсус барои дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ, зарурати ҷудо кардани воҳиди кории алоҳидаи муовини соҳавии раиси ноҳияи Ёвон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ба миён омадааст.

Бо мақсади таъмини пурраи маблағҳо дар буҷети ноҳиявӣ ва аз байн бурдани норасоии он, ҷиҳати пардохти музди маоши моҳона ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, барои таъсиси воҳидҳои нави корӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, хизматчиёни давлатӣ, дастгирии соҳаҳои иҷтимоии ноҳия, инчунин, сохтмони биною иншоотҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, зарурати тағйир додани ҳиссаҷудокуниҳо дар байни буҷаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ, алалхусус, нисбат ба андоз  аз даромад, пеш омадааст. Агар соли 2019 андоз аз даромад бо таносуби 45 фоиз ба буҷети ноҳиявӣ ва 55 фоиз ба буҷети вилоятӣ тасдиқ шуда буд, мутаассифона, дар соли 2020 андоз аз даромад бо таносуби 10 фоиз ба буҷети маҳаллӣ ва 90 фоиз ба буҷети вилоятӣ тасдиқ шудааст, ки ин ҳолат қарздории буҷети ноҳиявиро дар назди буҷети вилоятӣ ба вуҷуд овардааст.

Хизматрасонии пулакӣ ва савдо

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ 149,6 млн. сомониро ташкил дода, нисбатан 7,0 млн. сомонӣ зиёд ва муомилоти мол ба 352,5 млн. сомонӣ расида, нисбат ба соли 2019 50,0 млн. сомонӣ кам гардидааст. Тибқи маълумотҳо аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ 32,8 млн. сомонӣ, ба соҳибкорон 44,1 млн. сомонӣ ва ба дигар истеъмолкунандагон 45,7 млн сомонӣ, ҷамъ 122,8 млн сомонӣ қарзҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат дода шудааст. Айни замон дар ноҳия 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда аз ин ҳисоб 53,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Самараи дасти пурэъҷози деҳқон

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама бахшҳои хоҷагидори ноҳия ба 1 млрд. 139 млн. 897,5 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки аз он 745 млн. 908,0 ҳазор сомонӣ ба соҳаи растанипарварӣ ва 393 млн. 989,5 ҳазор сомонӣ ба соҳаи чорводорӣ рост меояд. Дар ин давра 64 хоҷагии ёрирасони корхонаҳои кишоварзӣ, 71 адад дигар намуди хоҷагидорӣ ва 1 адад хоҷагии таълимии таҷрибавии “Ёвон-1”, 4524 хоҷагиҳои деҳқонӣ (аз он 2037 хоҷагии пахтакор) фаъолият доштанд.

Аз тарафи хоҷагиҳои кишоварзӣ дар майдони 22483 гектар зироат кишт карда шудааст, ки ин баробари 100,0 фоизи нақша мебошад. Аз майдонҳои кишт дар соли 2020 6980 га ғалла ва лӯбиёгиҳо (аз он 6233 га гандум, 241 га ҷуворимаккаи дон, 386 га ҷав, 115 га дигар намуди ғалладонагиҳо), 217,5 га картошка, 1790 га сабзавот (аз он 828 га пиёз), 1081 га полезӣ, 11594 га зиротатҳои техникӣ (аз он 11024 га пахта ва 830,5 га зироатҳои хӯроки чорво) мебошад. Дар ҳамин ҳол, ҳосилнокии ғалладонагиҳо ба ҳисоби миёна 35,5 сентнерро ташкил дода, дар қиёс бо соли гузашта 2,4 фоиз зиёд гардидааст.

Тибқи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020 дар давоми 5 сол 84 га боғу токзорҳои нав бунёд гардида (аз он 70 га боғ ва 14 га токзор), 66 га боғу токзори куҳна барқарор карда шудааст. Соли 2020 бошад, 11,0 га боғи нав бунёд гардида, 6 га боғҳои куҳна аз нав барқарор карда шуданд. Алҳол дар ноҳия ҳамагӣ 646 га боғ ва 794 га токзорҳои мевадиҳанда мавҷуд аст ва дар майдони 1,8 га хоҷагии деҳқонии ниҳолпарварӣ фаъолият дорад.

Хоҷагидорон то 1 январи соли 2021 25395,8 тонна пахта (бо вазни холис) ҷамъоварӣ карда, ба нуқтаҳои қабул супоридаанд, ки ин баробари 101,8 фоизи дурнамо буда, ҳосилнокӣ ба ҳар як гектар 23,0-сентнерӣ рост меояд.

Дар майдони 9105 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки аз ин 5581 га ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 3524 га ба бахши аҳолӣ рост меояд. Аз кишти такрорӣ 12442,0 тонна ғалла, 18280,0 тонна сабзавот ва 7898,0 тонна полезӣ ҷамъоварӣ гардидааст.

Дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ 47761,4 тонна ғалла (бо ҷуворимаккаи дон), 87435,5 тонна сабзавот, 40219,3 тонна полезӣ, 25395,8 тонна пахта, 10182 тонна мева ва 9462,0 тонна ангур истеҳсол карда шудааст.

Дар ин давра хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия ба хориҷи кишвар 3919,5 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда, нақшаи солонаро ба андозаи 101,8 фоиз иҷро намуданд.

Дар ноҳия 98945 сар чорвои калон (аз он 48865 сар модагов), 184994 сар бузу гӯсфанд, 247466 сар паранда, 6115 сар асп, 4430 оилаи занбӯри асал  парвариш ёфта истодааст. Дар соли ҳисоботӣ 13453,9 тонна гӯшт, 49762,9 тонна шир, 7 млн. 964,8 ҳазор дона тухм, 78,2 тонна асал ва 403,8 тонна пашм истеҳсол шудааст, ки нисбатан 1875,4 тонна гӯшт, 1271,9 тонна шир, 456,8 ҳазор дона тухм, 0,2 тонна асал ва 24,4 тонна пашм зиёд мебошад. Чорводорон барои омодагӣ ба фасли сармо 45069 тонна, ё худ 116,0 фоиз хошоки дурушт захира намудаанд, ки ин мутаносибан 69 тонна зиёд мебошад. Захираи хӯроки ширадори чорво 5000 тоннаро ташкил медиҳад, ки ин баробари 135,0 фоизи дурнамо буда, нисбатан 1845 тонна зиёд аст.

Алҳол 22000 га замин шудгор гардида (97,9 фоиз), дар майдони 7215 га кишти барвақтӣ ва тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки аз он 664,3 га сабзавот (аз ҷумла 523,3 га пиёз, 54 га сабзӣ, 63 га карам ва 25 га дигар сабзавотҳо), 26,5 га картошка ва 450 га юнучқа мебошад.

Саноат – шоҳраги иқтисодиёт

Бояд тазаккур дод, ки соли 2020 дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 млрд. 562  млн. 218 ҳазор сомонӣ (101,9 %) расида, ки нисбат ба соли 2019-ум 19,3 млн. сомонӣ  зиёд мебошад. Чунончӣ, соли гузашта аз корхонаи «Хуаксин Ғаюр семент» ба миқдори 330 ҳазору 871 тонна ва аз корхонаи «Чжунгтсай Моҳир семент» ба миқдори 203 ҳазору 190 тонна семент ба маблағи умумии 237 млн. 30,4 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот гардида, имрӯзҳо содироти маҳсулот идома дорад. Дар оянда аз ҳисоби фабрикаи дӯзандагии «Ваҳдат» содироти дастпӯшакҳои коргарӣ, либосҳои тагпӯши кӯдакона ба роҳ монда хоҳад шуд.

Дар ин давра аз тарафи соҳибкорони инфиродӣ 3 коргоҳи хурд барои 10 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли пахтаи кӯрпабоби ҶДММ “ПМТ Мададгор” бо 18 ҷойи корӣ ва коргоҳи дӯзандагии филиали ҶДММ “Ваҳдат Текстайл” барои 26 ҷойи корӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода гирифтаанд.

Сохтмон ва меъморӣ

Дар давоми соли 2020 ҳаҷми сармоягузории асосӣ 43 млн. 639,4 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбатан 12,5 млн. сомонӣ кам мебошад. Корҳои пудратӣ бошад, ба маблағи 17 млн. 890,9 ҳазор сомонӣ иҷро шудаанд, ки ин нисбат ба соли қаблӣ 33,4 млн. сомонӣ камтар аст.

Фондҳои асосӣ ба маблағи 22 млн. 815,5 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуданд, ки ин дар қиёс бо соли 2019-ум 779,78 млн. кам мебошад.

Соли гузашта дар масоҳати 32895 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки ин нисбат ба соли пешин 9218 метри мураббаъ бештар аст.

Ҳар кӣ раҳ паймуд, ҷое мерасад

Масофаи умумии роҳҳои автомобилгарди ноҳия 453,6 км-ро ташкил медиҳад, ки аз он 79,5 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта мебошад. Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо дар давоми соли 2020 аз буҷаи маҳал ба муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 1 млн. 643,6 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар 2,8 км таъмири асосӣ, 166,2 км таъмири ҷорӣ гузаронида, 2 пул ва 2 қубури зери роҳҳои автомобилгард аз таъмири ҷорӣ бароварда, ба миқдори 100 фоиз маводи зидди лағжиш захира карда шудааст.

Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бо ташаббуси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва соҳибкорони маҳаллӣ дар масофаи 13,1 км роҳҳои мошингард таъмири асосӣ, дар 62,2 км сангфаршкунӣ ва дар 4,7 км таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, 9 пули гуногунандоза таъмиру бунёд ва 9 қубури зери роҳ азнавсозӣ гардиданд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ маблағи дар ин самт харҷгардида 3 млн. 391,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Имрӯзҳо барқарорсозии пули калонҳаҷми маркази ноҳия ва корҳои соҳилмустаҳкамкунии он, ки дар натиҷаи омадани сел соли 2014 ба куллӣ аз байн рафта буд, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Мувофиқи лоиҳаи тасдиқгардида маблағи барқарорсозии пули мазкур 23 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Айни ҳол 79,5 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ба таъмири куллӣ ниёз дошта, муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард ба харидории 3 адад техникаи иловагӣ эҳтиёҷ дорад.

Туҳфаи аҳли маориф

Соли гузашта дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 22, 41 ва 67 се бинои иловагӣ (дар маҷмӯъ иборат аз 16 синфхона), инчунин 7 синфхонаи дигар дар назди муассисаҳои таълимии рақамҳои 17 ва 64 бунёд ёфта, имрӯз дар назди МТМУ № 72 як бинои иловагӣ иборат аз 4 синфхона ва ду утоқи корӣ бо саҳми иттиҳодияҳои динӣ, инчунин, боз 8 бинои иловагӣ ва 19 синфхонаи нав дар назди 7 муассисаи мавҷуда идома дорад. Пеш аз оғози соли таҳсили 2020-2021 бо мақсади таъмири муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ 1 млн. 697 ҳазору 349 сомонӣ (аз ҷумла аз ҳисоби буҷаи маҳал 1 млн. 293 ҳазору 847 сомонӣ, аз ҳисоби волидони хонандаҳо 372 ҳазору 400 сомонӣ ва аз ҳисоби сарпарастон 311 ҳазор сомонӣ) равона гардид, ки ин дар қиёс бо соли гузашта 72 ҳазору 851 сомонӣ зиёд аст.

Пас аз анҷоми соли таҳсили 2019-2020 аз 3123 нафар хатмкардагон 1598 нафар ё худ, 51,1 фоизи онҳо ба донишгоҳу донишкадаҳо, 440 нафар (14 фоиз) ба коллеҷу литсейҳои касбӣ ва 429 нафар (13,7 фоиз) ба курсҳои кӯтоҳи ҳунаромӯзӣ дохил шуданд. Дар маҷмӯъ 2467 нафар ё худ, 80 фоизи хатмкардагони синфи 11 алҳол таҳсили касбу ҳунар карда истодаанд, ки 1056 нафар, яъне 42 фоизи онҳо духтаронанд. Шоистаи таҳсин аст, ки аз 1531 нафар духтарон- хатмкардагони синфи 11-соли гузашта имрӯз 69 фоизи онҳо таҳсили худро дар ин ё он муассисаи касбӣ идома дода истодаанд.

Ҳоло дар ҳама муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 59085 нафар хонанда, аз он 28760 нафар духтарон таҳсил мекунанд, ки ба онҳо 2514 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 1287 нафар занон дарс медиҳанд. Дар давоми соли таҳсили ҷорӣ 56 нафар омӯзгорони нав дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба кор қабул гардида бошанд ҳам, ҳоло норасоии кадрӣ 7 нафарро ташкил медиҳад (забони русӣ- 3 нафар, забони англисӣ 4 нафар).

Дар ноҳия 7 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 1203 нафар ва дар 55 маркази инкишофи кӯдакони назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1313 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ин дар маҷмӯъ 10,2 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар кӯчаи Ҷомии шаҳраки Ёвон як муассисаи нави томактабии хусусӣ бунёд гардида истодааст, ки дар давоми семоҳаи якуми соли 2021 пурра ба истифода дода хоҳад шуд.

Соли гузашта 22 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар олимпиадаҳои вилоятӣ сазовори ҷойҳои намоён гардида, 8 нафар хонандаи синфи 11 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ширкат варзиданд ва аз онҳо 2 нафар соҳиби ҷойҳои сеюм ва медалҳои биринҷӣ шуданд.

Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 38 нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони касбу кори гуногун аз рӯи 5 номинатсия фаъолона ширкат варзида, 10 нафари онҳо ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври ниҳоӣ, ки 17 декабри соли гузашта ҷамъбаст карда шуд, 2 нафар соҳиби ҷойҳои дуюм (дар номинатсияҳои адабиёти бачагона ва адабиёти классикӣ), 1 нафар соҳиби ҷойи сеюм (дар номинатсияи адабиёти классикӣ) ва 2 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (дар номинатсияи адабиёти муосир) гардиданд.

Солимии давлат бақои миллат

Дар 97 муассисаи давлатӣ ва 4 муассисаи хусусии соҳаи тандурустии ноҳия 1879 нафар корманд фаъолият доранд, ки аз ин 247 нафар духтурон ва 1038 нафар кормандони миёна, 425 нафар кормандони хурд ва 173 нафар кормандони гуногун мебошанд.

Дар давоми соли 2020 дар деҳаи Яккатути деҳоти Даҳана бо саҳми маҳал бинои нави бунгоҳи тиббӣ, дар деҳаи Навободи деҳоти Ситораи Сурх як маркази саломатии деҳот ва дар маҳаллаи Саъдии Шерозии шаҳраки Ёвон як бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд.

Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани тадбирҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ ва мубориза бар зидди коронавируси нави Сovid-19 аз буҷети маҳал зиёда аз 857,3 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Соли гузашта ҳамагӣ 1163 нафар гирифторони бемориҳои сироятӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки ин дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2019-ум 78 нафар кам аст. Шумораи сироятёфтагони бемориҳои шадиди роҳи нафас бошад, дар маҷмӯъ 83 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 76 нафар баъд аз барқарор намудани сиҳатияшон мураххас шуда, 7 нафар аз бемории илтиҳоби шуш ва бемориҳои ҳамрадиф фавтидаанд.

Дасти сахои Сарвари давлат

20-уми май туҳфаҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 49,6 тонна маводи ғизоӣ, доруворӣ ва ашёи беморхонагӣ, инчунин, 21-уми май кумакҳои раиси ноҳияи Ёвон ба маблағи 23700 сомонӣ маводи ғизоӣ ба табибон ва дигар кормандони соҳаи тандурустии ноҳия дастрас гардонида, рӯзи 22 май аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба оилаҳои 7 нафар сокини ноҳия, ки аз бемории сирояти шадиди роҳҳои нафас фавтидаанд, маводи ғизоӣ ба маблағи умумии 11220 сомонӣ расонида шуд.

18 августи соли гузашта бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ва дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба табибон ва ҳамшираҳои шафқати муассисаҳои тиббии ноҳия дар ҳаҷми 71164 сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳал кумакҳои яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.

Умед ба фардои неки ҷавонон

Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ феълан 39,9 фоизи аҳолии ноҳия ҷавонон, яъне афроди аз 14 то 30-сола мебошанд. Шумораи ҷавонони дар ҳайатҳои роҳбарикунанда фаъолиятдошта 125 нафар, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 20 нафар ва вакилони ҷамоатҳо 40 нафарро ташкил медиҳад.

Айни замон дар ноҳия 244 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 1 мактаб, 1 варзишгоҳ, 37 толор, 4 ҳавзи шиноварӣ, 196 майдонча ва якчанд иншооти махсуси варзишӣ мавриди истифода қарор доранд, ки ҷавонону наврасон пайваста дар онҳо машқу тамрин мекунанд. Дар ин давра бо саҳми соҳибкорон дар ноҳия 5 майдончаи варзишӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

9 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия бо стипендияҳои президентӣ, 5 нафар бо стипендияҳои раиси вилояти Хатлон, 60 нафар бо стипендияҳои раиси ноҳия ва 20 нафар бо стипендияҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия сарфароз гардонида шудаанд.

Соли 2020 дар ноҳия 17 мусобиқаи сатҳи ноҳиявӣ ва 15 мусобиқаи дохилимактабӣ доир гардида, дар онҳо 1231 нафар, аз он ҷумла 155 нафар занону духтарон ширкат варзиданд. Варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ширкат варзида, сазовори 22 медали тилло, 14 медали нуқра ва 36 медали биринҷӣ гардиданд.

Боиси сарафрозист, ки тими футболи ноҳия – “Моҳир” бо дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва роҳбарияти ҶДММ “Чжунгтсай Моҳир семент” дар соли 2020 аввалин маротиба дар Лигаи якуми футболи ҷумҳурӣ ширкат варзида, дар ҷамъбаст соҳиби ҷойи 6-ум гардид.

Омодагиҳо ба ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ

Қобили тазаккур аст, ки бо мақсади истиқболи арзанда аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди 341 адад ба нақша гирифта шуда, аз он то ин ҷониб 280 иншоот мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ин 82,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

То ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмир ва азнавсозии бинои беморхонаи марказии ноҳия ва барқарорсозии бинои шабакаҳои обтаъминкунии шаҳраки Ёвон пешбинӣ гардидааст. Бо ин мақсад чораҳои дахлдор амалӣ гардида, то имрӯз корҳои муайяне ба сомон расонида шудааст. Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати марҳила ба марҳила ба анҷом расонидани сохтмони комплекси нотамоми беморхонаи марказии ноҳия, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани 30 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд. Дар ин робита, аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар маҷмуъ 19,5 млн. сомонӣ ҷудо гардида, дар қисмати азнавсозишудаи комплекси нотамом шуъбаҳои алоҳида ҷойгир кунонида шуданд ва айни замон корҳои сохтмонӣ дар шуъбаҳои қалб, шикастабандӣ ва осеббардорӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Ҷиҳати истиқболи сазовор аз ҷашни мазкур то ин ҷониб дар 26 деҳаву маҳалла, инчунин, дар шафати 2,5 км роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи Душанбе-Ёвон ва зиёда аз 3,5 км роҳҳои дохили шаҳраки Ёвон чароғҳои равшанидиҳанда насб гардида, намои берунии 35 бинои маъмурӣ, тарабхонаҳо ва дигар иншоотҳо бо истифода аз чароғакҳои ороишӣ равшан ва чароғон карда шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.

Соли гузашта бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ, саҳми маҳал ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар деҳаи Оби Мукии деҳоти Обшорон ба масофаи зиёда аз 2,5 км, дар деҳаи Тутаки деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов ба масофаи 4 км, дар деҳаи Ҳаштуми Март ва дар шаҳраки Ҳаёти Нав ба масофаи 1900 метр, дар деҳаи Навободи деҳоти Ситораи Сурх ба масофаи 400 метр ва дар деҳаи Ғарави деҳоти Даҳана ба масофаи 1 км хатҳои интиқоли оби ошомиданӣ кашида шуд.

Дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат

Сидзода Ҷамшед Ҳамро бо зикри ин дастовардҳо ҳамчунин изҳор намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон новобаста аз баъзе мушкилоти пешомада барои дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои арзишманд таҷлил намудани ҷашнҳои бузург – Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, тибқи он корҳои ободонию созандагиро дар сатҳи баланди сиёсию оммавӣ ва фарҳангӣ ба роҳ мондааст.

Раиси ноҳияи Ёвон бо зикри муҳимтарин нуктаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ин ноҳияи агросаноатӣ бо итминон иброз дошт, ки дастгирӣ ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи дар қалб мавҷуд будани ҳисси баланди миллию фарҳангии ҳар фарди баномуси Ватан буда, пояҳои давлатдории миллиро ҳамчун гавҳари ноёб маҳфуз медорад. “Мо минбаъд низ маҳз роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор ва фаъолиятамонро идома медиҳем ва барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии марзу буми он ҳамеша омодаем. Зеро ҳар як кишвари олам барои рушду нумӯ ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ақлу хирад, бунёдкориву созандагии сокинони бонангу номусаш такя намуда, ояндаи дурахшони хешро таъмин менамояд. Фардои неки Тоҷикистони азизи мо бошад, дар дасти ҳар як сокини бошараф ва дилсӯзи он аст”, – зикр намуд Ҷамшед Саидзода.

Дар фароварди суҳбат мавсуф қайд намуд, ки “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвон амалҳои созандаву бунёдкоронаро минбаъд низ бо садоқатмандӣ ба дастуру супоришҳо ва ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома бахшида, баҳри татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ ва ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд меандешад, то ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия, пешрафти корҳои ободониву созандагӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва ба ин васила шукуфоии як гӯшаи хоки муқаддаси кишвари азизамон саҳмгузор бошад”.

Маҳмадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲ, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь