Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти бунёди корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои фаъолияткунанда, сафарбар намудани мардум ба истифодаи мақсадноки замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, бахусус, заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои Президентӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, иҷрои саривақтӣ ва босифати барномаҳои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ гардонидани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро амалӣ сохта истодааст. Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда дар давоми соли 2023 дар ҳамаи соҳаҳо ва бахшҳои хоҷагидории ноҳия пешравиҳо таъмин гардиданд.

Иқтисодиёт ва кишоварзӣ

Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо назардошти субвенсия аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар даромадҳо бошад ба маблағи 106 млн 46 ҳазору 179 сомонӣ иҷро карда шуд, ки 99,8 фоизро ташкил дод. Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бошад, дар ин давра 105 млн 853 ҳазору 769 сомониро ташкил намуд, ки иҷроиши нақшаро 99,7 фоиз таъмин менамояд. Хароҷоти маблағҳо ба соҳаҳои мақомоти роҳбарикунанда 96,7 фоиз, мудофиа 99,4 фоиз, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 98,6 фоиз, маориф 99,9 фоиз, тандурустӣ 99,9 фоиз,  хоҷагии манзилию коммуналӣ 99,3 фоиз, фарҳанг ва варзиш 93,8 фоиз, нақлиёт ва коммуникатсия 100,0 фоиз, хоҷагии қишлоқ 91,0  фоиз ва дигар хароҷотҳо 100,0 фоизро  ташкил намуд.

Дар давраи сипаришуда, қисми даромади буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар сатҳи 102,0 фоиз таъмин гардида, ба буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 51 миллиону 522,7 ҳазор сомонӣ ворид шуд, ки нисбати нақша 1036,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Иҷроиши нақшаи андозҳо бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 102,0 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 40 миллиону 970,0 ҳазор сомонии нақшаи пешбинишуда, ба буҷет 41 миллиону 778,6 ҳазор сомонӣ ё худ 808,5 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардидааст.

– Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ноҳия дар соли 2023 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 1 миллиарду 618 миллиону 8,0 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 109,0 фоизро ташкил менамояд ё ки нисбатан 134 миллиону 268,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Истеҳсоли маҳсулотҳо нисбат ба ҳамаи давраи соли гузашта дар соҳаи растанипарварӣ 1 миллиарду 170 миллиону 974,0 ҳазор сомонӣ ё 105,6 фоиз ва дар соҳаи чорводорӣ 447 миллиону 34,0 ҳазор ё 119,3 фоизро ташкил дод. Соли 2023 кишоварзони ноҳия дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 17567 гектар кишти зироатҳоро гузаронидаанд, ки баробари 100,1 фоизи дурнамо буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 12 гектар зиёд мебошад. Дар соли 2023 пахтакорони ноҳия дар майдони 5819 гектар кишти пунбадона гузарониданд. Ҷамъоварии ҳосили пахта мувофиқи ҳисоботҳои фаврӣ 13920 тоннаро ташкил дод, ки аз ин 8524,9 тоннааш ба корхонаҳои пахтақабулкунӣ супорида шуда, 3998,5 тоннааш дар хонаҳо захира карда шудааст. Соли 2023 аз ҳисоби кишти асосии зироатҳо дар бахши хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонӣ ҳамагӣ 128967,0 тонна аз ҷумла ғалладонагиҳо 41906,0 тонна, сабзавот 45351,0 тонна, картошка 4994,0 тонна, полезиҳо 27346,0 тонна, мевагиҳо 8970,0 тонна ва ангур 400 тонна истеҳсол карда шудааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои чорводорӣ афзоиш ёфта, дар соли 2023 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли гӯшт ба 9829,5 тонна, шир ба 24177,2 тонна, тухм ба 5880,8 ҳазор донна, моҳӣ 553,2 тонна расонида шуд. Баҳри беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо аз тарафи идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо дарозии 25,4 км заҳбуру заҳкашҳо дар ҳаҷми 96520 метри мукааб тоза карда шудааст. Инчунин аз тарафи шабакаҳои обёрии байни хоҷагӣ дар масофаи 34,6 км дар ҳаҷми 100740 метри мукааб бо истифода аз техникаҳои дар ихтиёрдошта тоза карда шудааст, ки 121,6 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. – мегӯяд Раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло.

Соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, саноат ва энергетика

Дар ин давра аз тарафи бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ноҳия бо 14 ташкилоту муассиса ва соҳибкорон ба маблағи 51807 сомонӣ шартномаи иҷора баста шудааст, ки аз маблағи  шартнома то ин давра ба буҷети маҳаллӣ 48491 сомонӣ ворид карда шудааст, ки 93,5 фоизи маблағи умумиро ташкил медиҳад.

Бо мақсади татбиқи сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти саноаткунонии босуръати мамлакат дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бунёди 47 корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ оид ба солҳои 2022-2026 эълон гардидани “Соли рушди саноат” ба нақша гирифта шудааст.  Инчунин дар соли 2023 7 адад корхонаи саноатӣ бо таъсиси 21 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар ноҳия ба 285 миллиону 875,7 ҳазор сомонӣ расонидаанд, ки афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 миллиону 768,8 ҳазор сомонӣ ё ин ки 121,1 фоизро ташкил дод. Мувофиқи маълумотҳои таҳлилӣ дар ин давра дар ноҳия аз 77 корхонаи саноатӣ 67 корхона фаъолият дошт. 10  корхона бинобар сабаби мавсимӣ буданашон фаъолияти истеҳсолиро ба роҳ монда натавонистанд. Инчунин, 19 корхонаи саноатии дигар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро нисбати ҳамин давраи соли гузашта кам карданд.

Давоми соли 2023 қабули барқ дар ноҳия 131 миллиону 452 ҳазор кв/соатро ташкил намуда, исрифи технологии барқ 41 миллиону  533,0 ҳазор кв/соатро ташкил дод. Нақшаи умумии ҷамъоварии маблағ 91,7 фоиз аз ҳисоби аҳолӣ 93,4 фоиз таъмин карда шуд. Дар ин давра 22 миллиону 630,6 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз аҳолӣ 13 миллиону 520,5 ҳазор сомонӣ (94,3%), барқро пардохт намуданд. Инчунин дар ин давра 6 адад зеристгоҳи иловагӣ насбу васл гардида, 252 адад пояҳои фарсуда ба пояҳои оҳану бетони иваз карда шуд.

Сохтмон, меъморӣ ва нақлиёт

Дар соли 2023 аз 12 ширкатҳои сохтмонӣ 10 ададаш корҳои пудратиро ба маблағи 11 миллиону 752,5 ҳазор сомонӣ иҷро  карданд. Инчунин корҳои ободонию созандагӣ аз тарафи шаҳрвандон низ босуръат идома дошта, дар давраи ҳисоботи 106 хонаи истиқоматӣ бо 360 ҳуҷра, ба маблағи 1 миллиону 272 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.

Дар ноҳия тавассути нақлиёти автомобилӣ дар давраи ҳисоботӣ  ба миқдорӣ ­­­­1190,0 ҳазор тонна бор ва 4848,0 ҳазор нафар мусофир кашонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 134,7 ва 100,0 фоизро ташкил медиҳад. Айни замон дар ноҳия тибқи маълумоти Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 215,525 км роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла 13,0 км роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 13,1 км аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 189,425 км аҳамияти маҳаллидошта мавҷуд буда, бо истифода аз имкониятҳои ҷойдошта давоми соли 2023 дар як қатор роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта корҳои нигоҳдорӣ ва таъмири ҷорӣ гузаронида шудааст. Дар ин давра дар маҷмӯъ бо маблағи 1 миллиону 60 ҳазор  сомонӣ корҳои таъмиру нигоҳдории роҳҳо ба анҷом расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 109 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Бо роҳи ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ бошад, дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 15,7 километр бо маблағи 338 ҳазор сомонӣ сангфаршкунии роҳҳо ба анҷом расонида шуд.

Маориф, тандурустӣ ва кор бо занон

Дар 50 муассисаҳои таълимии ноҳия 36639 хонанда, аз ҷумла 17897 нафар духтарон ва 18742 нафар писарон ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 2002 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд. Аз ин шумора дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1179 нафар занон (58,9%), 1592 (79,5%) бо таҳсилоти олӣ ва 102 нафар бо маълумоти олии нопурра (5,1) фаъолият карда истодаанд.

Аз 1730 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳия 1326   нафар бо мақсади идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ  ва миёнаи касбии кишвар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат  супориданд, ки 76,4%-ро ташкил медиҳад, ки 1123 нафар хатмкунандагон баъди бомуваффақият супоридани ИДМ донишҷӯйи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ гардидаанд.

Инчунин, дар ин давра хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз иштирок дар дигар намуди озмуну олимпиадаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ба гирифтани 114 медал, аз ҷумла 14 медали тилло, 23 нуқра ва 77 биринҷӣ муваффақ гардиданд. Дар 5 муассисаи таҳсилоти томактабии ноҳия 420 нафар кӯдакон фаро гирифта шуда, 21 нафар мураббияҳо ба таълиму тарбияи онҳо вобаста мебошанд. Дар ин давра сохтмони бинои нави муассисаи таълимии №25 бо маблағгузории Бонки Саудии Рушд дар деҳаи Гулистони деҳоти Меҳнатобод ва сохтмони бинои нави таълимӣ дар маҳаллаи навбунёди ба номи “Фазл Набӣ” деҳоти Даштигуло барои 250 ҷойи нишаст бо маблағгузории фонди Саудии Рушд  ва давлати Қатар бо маблағи 3,5 миллион доллари амрикоӣ идома доранд.

Дар муассисаҳои тиббии ноҳия 168 нафар табибони маълумоти олидор, 1007 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият мекунанд. Шумораи беморхонаҳо дар соҳаи тандурустии ноҳия 6 адад буда, шумораи катҳо ҳамагӣ 465 адад аст. Дар соли 2023 шумораи умумии беморони бистаришуда 8665 нафарро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта (7692 нафар) 973 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умумии бистаришудагон 8591 нафар баъди табобат ҷавоб шуда, 74 нафар фавтидааст. Аз шумораи фавтидагон 44 нафар калонсолон ва 30 нафараш кӯдакони аз 1 то 14-сола мебошанд. Нисбат ба соли гузашта (68 нафар) шумораи фавт 6 нафар зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Таваллуд дар соли ҷорӣ дар бахшҳои бистарикунонии ноҳия хамагӣ 4532 нафар ва таваллуди хонагӣ 16 нафар ба қайд гирифта шудааст. Дар ноҳия муассисаҳои КАТС аз 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 20 маркази саломатии деҳотӣ, 23 бунгоҳи саломатӣ ва маркази солимии репродуктивӣ иборат мебошад. Дар муассисаҳои КАТС то ба имрӯз 745 нафар, аз ҷумла табибони маълумоти олидор 83 нафар (50 нафараш табиби оилавӣ), корманди миёнаи тиббӣ 560 нафар, корманди хурди тиббӣ 84 нафар ва дигар кормандон 18 нафар фаъолият намуда истодаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 5 нафар табибони ихтисосашон гуногун ва 40 нафар ҳамшираҳои тиббӣ аз курсҳои такмили ихтисос бо мақсади сайқали донишашон гузаштанд. Дар соли 2023 аз тарафи Лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” ва аз тарафи Лоиҳаи беҳтар гардидани хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи КАТС 15 Маркази саломатӣ таъмир гардида, бо таҷҳизотҳои тиббӣ таъмин карда шуданд.

Аз шумораи умумии аҳолӣ 77892 нафарашон бонувон мебошанд. Аз ин шумора дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 32 нафар, соҳаи фарҳанг 54 нафар, соҳаи почта ва алоқа 4 нафар, соҳаи маориф 2002, соҳаи тандурустӣ 1507 нафар ва дар бонкҳо 37 нафар кору фаъолият доранд. Дар соли ҳисоботӣ 2328 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 410 нафар занон соҳибкор шуда фаъолият карда истодаанд. Намояндагии занон дар маҷлиси вакилони халқи вилоят 2 нафар, маҷлиси вакилони халқи ноҳия 15 нафар, маҷлиси вакилони Ҷамоат 56 нафар мебошанд. Дар соли 2023 теъдоди занони роҳбарикунанда 91 нафарро ташкил медиҳад.

Фарҳанг, варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ

Дар ноҳия айни замон 33 муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 19 китобхонаҳои оммавӣ, 10 муассисаҳои клубӣ, 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 мактаби мусиқӣ ва санъати бачагона, 1 Филармонияи халқӣ ва 1 Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ дар хизмати шаҳрвандон қарор доранд. Дар ноҳия 19 китобхонаҳои оммавӣ, аз ҷумла 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 2 филиал дар шаҳраки Москва ва 15 филиалҳои деҳотӣ дар Ҷамоатҳои деҳот ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Фонди умумии китобҳо то ин давра 94427 ададро ташкил медиҳад. Аз тарафи кормандони Осорхонаи ноҳия дар  соли равон 81 чорабинӣ бо иштироки 5140 нафар гузаронида шудааст. Дар давоми  соли ҷорӣ аз тарафи кормандони соҳа 57 суҳбату вохӯрӣ бо иштироки 3337 нафар, 15 экскурсия бо иштроки 427 нафар ва 9 намоиши сайри нигораҳо бо иштироки 241 нафар ташкил ва гузаронида шудааст.

Шумораи ҷавонон дар ноҳия  дар давраи ҳисоботӣ 49377  нафарро ташкил  мекунад, ки аз ин шумора 24448 нафарашро занону духтаронанд. 51 нафар барандагони идрорпулии Президентӣ мебошанд. Дар ноҳия 3 варзишгоҳ, 195 адад майдончаҳои варзишӣ ва 30 адад толорҳои варзишӣ ва 1 маҷмааи варзишӣ фаъолият дорад. Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳия фаъолияти худро аз рӯйи 12 намуди варзиш ба роҳ монда, 1200 нафар машқварзон, аз ҷумла 222 нафар духтарон дар 80 гурӯҳ ба маҳфилҳо фаро гирифта шудаанд. Дар соли ҷорӣ  варзишгарони муассиса аз иштирок дар 17 мусобиқаи сатҳи ҷумҳуриявӣ 123 медал, аз ҷумла 19 медали тилло, 69 медали нуқра ва 35 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дастпарвари муассисаи мазкур Сарахонов Муҳаммадраҳим дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ барои дарёфти ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе иштирок варзида, ба гирифтани ҷойи сеюм ва маблағи 33000 сомонӣ муваффақ гардид.

Ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои нодири сайёҳӣ, ҳифз ва  инкишофи инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ чораҷӯӣ шуда истодааст. Соли ҷорӣ ба ноҳия 8646 сайёҳон, аз ҷумла 8570 сайёҳони дохилӣ ва 76 нафар сайёҳони хориҷӣ ташриф оварданд.

Дин, танзими анъана, ҷашну маросимҳо ва корҳои бунёдкорию созандагӣ дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти кишвар

Дар соли 2023 тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳия 2402 тӯйи домодиву арӯсӣ, дар маҷмуъ 2515 маърака баргузор гардидааст, ки хароҷоти умумии он 9608000 сомониро ташкил дода, ба як маърака 4000 сомонӣ рост меояд. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи комиссия дар ҳамкорӣ бо мақомоти прокуратура нисбати 10 амали қонуншиканӣ протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуда, ба суди ноҳия ирсол карда шуданд. Дар ноҳия 45 масҷид фаъолият мекунад, ки аз он 1 масҷиди ҷомеи марказӣ, 7 масҷиди ҷомеъ ва 37 масҷиди панҷвақта мебошад. Дар ҳудуди ноҳия 22 қабристон ба қайд гирифта шуда, мавриди истифодаи умум қарор доранд. Майдони умумии қабристонҳо 25,21 га-ро ташкил мекунанд.

Раиси ноҳия Мирзозода Нурулло иброз медорад, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади ба роҳ мондани корҳои бунёдкорию созандагӣ дар доираи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар давоми солҳои 2022-2026 бунёди 323 иншооти таъиноташон гуногунро ба маблағи 93917948 сомонӣ ба нақша гирифт. Дар соли 2023 84 иншоот ба нақша гирифта шуда, 86 иншооти таъиноташон  гуногун ба маблағи 42 миллиону 382 ҳазору 747 сомонӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки 102,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Билоли ШАМС, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь