Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар силсилаи нерӯгоҳҳое, ки дар рӯди Вахш ҷойгиранд аз боло нуҳум буда, дар масофаи 110 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Нерӯгоҳ аз 6 чарха иборат аст, ки қудрати ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Сарбанди нерӯгоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт – соат) калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд. 

 

Пайдоиши лоиҳа

Таърихи пайдоиши лоиҳаи сохтмони НБО-и «Роғун» бо маълумоти баъзе аз сарчашмаҳо ва иттилои охири пахшнамудаи АМИТ “Ховар” ба соли 1930 рабт мегирад, ки ҳамон он сол лоиҳаи мазкурро нақшакашӣ кардаанд. Соли 1960 бошад, корҳои омӯзишӣ гузаронидаанд.  

 

Шуруъ ба сохтмон

Соли 1974 Госстройи СССР лоиҳаи омоданамудаи шуъбаи осиёимиёнагии Институти “Гидропроекти”-и шаҳри Тошкандро барои сохмтони НБО-и «Роғун» тасдиқ кард.

Соли 1976 корҳои омодагӣ барои сохтани НБО-и “Роғун” шуруъ шуд. Моҳи сентябри соли 1976 бригадаи аввали сохтмончиён ба Роғун омаданд.  Барои амалисозии лоиҳаи мазкур 300 корхонаи хурду бузурги даврони шӯравӣ иштирок доштанд. Барои сохтмончиён ҳукумати вақт шароити зистро фароҳам овард, хонаҳои баландошёна, мактаб барои 1200 хонанда ва боғчаи кӯдаконаи “Юнга”-ро бунёд намуд.

 

Бунёди сарбанд

Соли 1987 бунёди сарбанди нерӯгоҳ оғоз ёфт. 27-декабри соли 1987 маҷрои дарёи Вахш баста шуд. То соли 1993 баландии сарбанд ба 40 метр расонида шуда ва наздики 21 км нақб канда шуд. 

 

Мавқуф гузоштани сохтмон

Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ба сохтмони НБО-и “Роғун” мавқуф гузошта шуд. 8 майи соли 1993 дар натиҷаи обхезӣ қисмати зиёди сохтмон хароб шуда, як қисми нақбҳои кандашуда зери об монданд.

 

Аз нав оғоз кардани сохтмон

Баъд аз танаффуси 11- сола сохтмони нерӯгоҳро аз нав оғоз намуданд. Ҷониби Тоҷикистон бо ширкати русиягии “Русал” соли 2004 барои сохтмони НБО-и “Роғун” шартнома ба имзо расониданд. Ширкати “Русал” аз соли 2004 корҳои омӯзишӣ гузаронида, қисме аз иншооти мазкурро, ки дар обхезии соли 1993 зарар дида буд, аз нав барқарор кард. Аммо, сентябри соли 2007 аз сабаби ба миён омадани назарҳои мухталиф оиди сохтмон ва пешниҳоди паст кардани баландии сарбанди нерӯгоҳ аз ҷониби ширкати “Русал”, ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷониба шартномаро бо ин ширкат бекор кард.

 

Роғунро бо маблағи худамон месозем

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009-2010 азм дошт, ки Роғунро худ ба танҳоӣ ва бо сармояи дохилӣ, аз ҷумла фурӯши саҳмияҳо бисозад. Дар ин солҳо қисмати зиёди аҳолӣ, қариб ҳар як хонавода бо маблағи ҳадди ақал 100-сомонӣ саҳмия харидорӣ намуданд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо фаъолони вилояти Суғд соли 2009 чунин иброз дошта буд: «Барои ин ҳар як оилаи тоҷикистонӣ, ғайр аз оилаҳои камбизоат бояд бо маблағи на камтар аз 3 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ кунад». 

Фурӯши саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба мардум дар соли 2010 дер давом накард ва ин маърака бо талаби ниҳодҳои молии байналмилалӣ қатъ карда шуд.

 

Ташхиси байналмилалӣ

Моҳи декабри соли 2010 корҳои сохтмонӣ дар нақби якуми нерӯгоҳ ба анҷом расид. Дар соли 2011 миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ мувофиқа шуд, ки Роғунро аз ташхиси байналмилалӣ мегузаронанд. Феврали соли 2011 пудратчии ташхис ширкати швейтсарии «Poyry Energy Ltd» интихоб гардид.

Моҳи июни соли 2012 ташхисгарони байналмилалӣ пешниҳод намуданд, ки баландии сарбанди НБО-и “Роғун”-ро на 335 метр, балки 170 метр намоянд. Ин пешниҳодро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба куллӣ рад кард.

 

Шартнома бо ширкати итолиёвӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми июли соли 2016 пас аз дар тендери байналмилалӣ ғолиб омадани ширкати «Салини Импреҷило” бо ин ширкат барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, доир ба лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО-и “Роғун” ба маблағи 3,9 миллиард доллари ИМА шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид .

 

Оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»

29 октябри соли 2016 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷрои дарёи Вахшро аз сари нав баст ва ба бунёди сарбанди НОБ-и «Роғун» оғоз бахшид. Ёдовар мешавем, ки Президент худ ба сари чанбари булдозер нишаста, дар муддати якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёро дигар намуд. 

 

“Роғун” ба кор шуруъ кард

Санаи 16 ноябри соли равон чархаи аввали НБО-и Роғун бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи чархаи мазкур намояндагони кишварҳои ба мо дӯсту бародар: Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Италия, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Белорус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок намуданд. 

Маросими ба истифода додани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» мустақиман тавассути ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон намоиш дода шуд. Инчунин дар чорабинии мазкур зиёда аз 200 нафар рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ ҳузур доштанд.  

Дар маҳалли сохтмони НБО-и “Роғун” Эмомалӣ Раҳмон, хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро ба истифода дод. Хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ-и “Душанбе- Роғун” дар доираи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони хати баландшиддати интиқоли нерӯи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” аз сентябри соли 2017 оғоз ёфта то августи соли 2021 пешбинӣ шудааст, арзиши умумии тарҳ 650 миллион сомонӣ мебошад. 

Пас аз ба истифода додани хатти баландшиддати “Душанбе-Роғун” Президент ба фаъолияти дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии нерӯгоҳи барқи обии Роғун оғози расмӣ бахшид. 

Бинобар иттилои хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, дар ин иншооти болопӯшида 19 адад дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии 220 кВ насб гардидааст. Интиқоли нерӯи барқ аз ин иншоот ба системаи ягонаи энергетикии мамлакат тавассути шаш хати барқи ҳавоии 500 кВ сурат мегирад. Ҳамчунин аз таҷҳизоти мазкур тавассути як хати дузанҷираи 220 кВ то зеристгоҳи барқии шаҳри Роғун нерӯи барқ интиқол дода хоҳад шуд.

Фаъолияти ин маркази муқтадир дар ҳамкорӣ бо ширкати овозадори олмонии Siemens бо сифати баланд бунёд шуд. Маҳз аз ҳамин толор тавассути дастгоҳҳои истеҳсоли ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ нерӯи барқи дар НБО-и «Роғун» истеҳсолшаванда ба хатҳои баландшиддат интиқол дода мешавад.

Дар дохили бинои КРУЭ 57 полюси васлакҳои элегазии 500 кВ, 99 трансформатори ҷараёнӣ, 30 модули дарозкунанда, 168 адад ҷудокунанда, 48 трансформатори шиддат ва 30 адад маҳдудкунандаи шиддати 500 кВ васл карда шуданд. Дар байни 36 полюс модулҳои мобайнии ҷараёнгузар насб гардидааст. Ҳамаи полюсҳои 500 кВ бо металлоконструксияҳои муҳофизатӣ ҷиҳозонида шудаанд.

 

90%-и кормандони “Роғун” тоҷиконанд

Корҳои сохтмону васлкунӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бо ҷалби 70 ташкилоту муассиса, пудратчиёни номдори ватаниву хориҷӣ ва зиёда аз 22 ҳазор нафар мутахассисону коргарон, ки беш аз 90 дарсади онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, инчунин, бо истифодаи 3600 мошину механизмҳо амалӣ гардида истодааст.

 

Таҳияи Мусои Бобоҳоҷӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь