Боиси ифтихори бузург ва сарфарозии ҳамагон аст, ки дар таърихи навини тоҷикон рӯзи 16-уми ноябри соли 2016 санаи хотирмон ва таърихӣ сабт гардид, зеро дар ин рӯз аввалин бор расман Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд.

16-уми ноябр барои халқи тоҷик бо он хотирмон аст, ки дар ин рӯз соли 1992 иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданд. Бо ҳамин давлати тоҷикон ба рушду тараққӣ рӯй оварда, оҳиста – оҳиста давлати мо соҳиби Нишону Парчам гашт ва баъд аз қабули Конститутсия, Президенти ҷумҳурӣ интихоб карда шуд.

Дар ҳадиси шариф омадааст, ки Паёмбар (с) фармудаанд: «Подшоҳи одил дар рӯи Замин сояи Худо аст. Ҳар кас чунин подшоҳро эҳтиром кунад, Худоро эҳтиром намудааст…». (ривояти Бухорӣ)

Хушбахтона Худованд ба мардуми Тоҷикистон меҳрубонӣ намуда, барояш роҳбареро сари давлат овард, ки бо ҷоннисориву фидокорӣ миллати тоҷикро аз вартаи ҳалокат ва фаношавӣ наҷот дод. Маҳз дар лаҳзаҳои барои миллат мушкил ва тақдирсоз Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе ягон тарсу ҳарос, бо шуҷоати том ва иродаи қавӣ ин бори сангинро ба дӯш гирифта, дар баромади аввалини худ, дар Қасри арбоб аҳд карданд, ки ба халқи тоҷик сулҳ меоваранд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон то ҳадде нодир буд, ки тамоми давлатҳои дунё онро мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор доданд, зеро дар таърих кам ҳолате аст, ки миллате бо ҳам ба низоъ омада, дар кӯтоҳтарин муддат бо ҳам сулҳ бандад. Таърих гувоҳ аст, дар чунин ҳолат ҷанги бародаркуш солиёни дароз идома ёфта, мардуми зиёд кушта ва давлатҳо хароб гаштаанд. Бешубҳа сулҳи тоҷикон дастоварди бузургтарини Президенти кишвар мебошад. Паёмбар (с) фармудаанд: «Касе дар фикри дастгирии бародари муъминаш бошад, Худованд дар фикри дастгирии ӯст».

Солҳои охир душманони дини мубини Ислом аз номи ин дини таҳаммулпазир ва сулҳҷӯ як қатор амалҳои террористӣ анҷом дода, ба ин васила шаъни дини исломро паст ва мусулмононро бадном сохтанд. Дар робита ба ин Президенти кишвар аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба тамоми ҷаҳониён арза доштанд, ки “Террорист ватан, миллат ва дин надорад. Роҳбари давлати тоҷикон шаъну шарафи тамоми мусулмононро ҳимоя намуда, номи исломро аз тамғаи «террор» беолоиш намуданд. Дар ин маврид Паёмбари акрам (с) фармудаанд: «Ҳар кас равишеро аз суннати ман эҳё кунад, чунон аст, ки тамоми оламро эҳё сохта бошад».

Солҳои охир бадхоҳон мазҳаби моро мавриди интиқод қарор дода, нисбати пешвои мазҳаб – Имоми Аъзам, Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит суханҳои носазо гуфта, оиди зарурати мазҳаб тафриқа меандохтанд ва ба ин роҳ заминаро барои низоъҳои мазҳабӣ муҳайё месохтанд. Беҳтарин иқдоме, ки бо ибтикори Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд, Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1310 солагии Имоми Аъзам ва эълон гардидани Соли бузургдошти Имоми Аъзам буд.

Аввалан, мардум дар бораи Имом Абӯҳанифа маълумоти кофӣ пайдо намуда, аз таълимоти аслӣ ва ақидаи саҳеҳи мазҳаби ҳанфӣ огоҳ гаштанд. Сониян, дар симпозиум уламои барҷаста, ходимони дин ва шахсони муътабар аз тамоми кишварҳои мусулмоннишин иштирок намуда, тамоми олимони замон, новобаста аз равияву мазҳабашон бар он иттифоқ намуданд, ки ҳақиқатан Имоми Аъзам бузургтарин нобиғаи ҳар давру замон буда, мазҳаби тадвинкардаи ӯ дар асоси Китобу суннат аст ва мазҳаби ҳанафӣ мазҳаби таҳаммулпазир ва инсонпарвар мебошад. Яъне, бо ибтикори ин симпозиум собит карда шуд, ки таълимоти Имом Абӯҳанифа беҳтарин ва саҳеҳтарин манҳаҷи исломӣ буда, даъвои салафия ва бемазҳабонро ботил сохта, бо ин роҳ пеши роҳи фитнаи дигаре баста шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии мардум бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби Қуръони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид.

Ҷиҳати таъмин намудани эҳтиёҷоти динии мардум аз ҳисоби буҷети давлат ва Фонди эҳтиётии Президент даҳҳо миллион сомонӣ ба чопи китобҳои илмӣ, ахлоқӣ ва эътиқодии фарҳанги исломӣ ҷудо гардида, садҳо асарҳои гаронбаҳои таърихӣ, ки асрҳои дароз дар гӯшаи фаромӯшӣ монда буданд, аз ҷумла “Саҳеҳ”-и Имом Бухорӣ, “Муснад”-и Имоми Аъзам, “Эҳёи улуми дин”, “Кимиёи саодат”–и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқимат чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд.

Чунин хизматҳои шоистаи Пешвои миллати тоҷикон буд, ки Президенти мо аз ҷониби тамоми кишварҳои мусулмонӣ қадр карда шуда, ҳамчун мусулмони фахрӣ дар сафи аввали 500 мусулмони ҷаҳон қарор дода шуданд.

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят шуда, ки Паёмбар (с) фармудаанд: Ҳафт кас аст, ки Худованд ононро дар сояи Аршаш, дар рӯзе, ки сояе ҷуз сояи Арши ӯ вуҷуд надорад, ҷой медиҳад, ки яке аз онҳо роҳбари додгустар аст.

Имоми Аъзам мефармоянд: Ба подшоҳ ва ҳокими вақт эҳтиром бигузор ва шахсияти ӯро бузург дор ва дар ҳузури вай дурӯғ нагӯ!

 «Ҳокими вақтро кам ва ночиз  нашумор ва касеро таҳқир накун, дар мурувват ва ҷавонмардӣ кӯтоҳӣ накун…

Мо бо Президенти худ ифтихор дорем ва шукронаи Худованд мекунем, ки Парвардигор ба миллати тоҷик марҳамат намуда, барояш чунин Пешвои додгустарро арзонӣ дошт. Мо мусулмонони кишвар бо тамоми масъулият ва бо ифтихор аз чунин Роҳбар, иброз менамоем, ки мо ба Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арҷ мегузорем, Зеро дар ҳадис омадааст, ки: “Ҳар кас шукри мардум накунад, шукри Худо накардааст”.  

Имомхатиби масҷиди ҷомеи Мир

Сайид Алии Ҳамадонии ноҳияи

Сино И.М.УМАРОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь