Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷиҳати таъмини иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро равона намудааст. Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар 6 моҳи соли 2024 гувоҳи он аст, ки меҳнаткашони ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар ҳаёт татбиқ намуда, ҷиҳати ба даст овардани нишондиҳандаҳои назаррас саъю кӯшиш намуда истодаанд.
Иҷрои буҷет
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия (бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ) ба андозаи 104.8 фоиз иҷро шуда, ба буҷет ба ҷойи 56 млн. 643 ҳазор сомонӣ, 59 млн. 371 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақша ба маблағи 2 млн. 728 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 10 млн. 339 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар давоми 6 моҳи соли 2024 аз ҳисоби даромадҳои худӣ нақшаи воридоти андозҳо ба буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 113,8 фоиз иҷро шуда, ба буҷет ба ҷойи 19 млн. 182 ҳазор сомонӣ, 21 млн. 938 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 2 млн. 755 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 3 млн. 807 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар 6 моҳи соли 2024 маблағи 57 млн. 978 ҳазор сомониро ташкил дода, дар ҳаҷми 54 млн. 995 ҳазор сомонӣ ё 94,9 фоиз иҷро гардидааст. Дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия аз ҳисоби пардохти музди меҳнат қарздорӣ мавҷуд нест.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ
Бо мақсади фароҳам овардани замина барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия корҳои муайян ба анҷом расонида шуда, ҷиҳати иҷрои нақшаву дурнамоҳои тасдиқгардида, инчунин баҳри бартараф намудани мушкилоту монеаҳои ҷойдошта бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 30-юми декабри соли 2020, №43 “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025″ тасдиқ карда шуда, тибқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз 28-уми сентябри соли 2022, №113 ва аз 10-уми октябри соли 2023, №152 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025» 256 лоиҳаро дар бар мегирад ва маблағи умумии лоиҳаҳои мазкур 393 млн. 260 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар давоми солҳои 2021, 2022, 2023 ва нимсолаи аввали соли 2024 тибқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар 202 иншоот корҳои сохтмону барқарорсозӣ идома ёфта, дар ҳаҷми 268 млн. 291 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро карда шуданд, ки 68,2 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 112 иншоот ба маблағи 141 млн. 202 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Дар шаш моҳи соли 2024 дар ноҳия тариқи «Равзанаи ягона» 166 нафар соҳибкорон тибқи шаҳодатномаи муқаррарӣ, 597 нафар тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 407 нафар соҳибкорон тибқи патент ва 2854 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият намудаанд. Ҳамагӣ соҳибкорони инфиродӣ 4024 нафар, аз ин занон 148 нафар фаъолият доранд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 134 нафар зиёд мебошад.
Татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ
Дар ноҳия нишондиҳандаҳои ҷалби сармояи шарикони рушд дар сатҳи хуб қарор дорад. Натиҷаи ин аст, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи “Чорводорӣ ва чарогоҳ” амалисозии лоиҳаи сармоягузории “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” ба 65 мақомотҳои худфаъолияти ҷамъиятии ноҳия ба маблағи 3 млн. 461 ҳазор доллари ИМА ба миқдори 389 адад техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ, 1440 оилаи занбӯри асал, 640 сар мурғи марҷон, 47 сар чорвои калон ва 42 сар чорвоҳои хурди зотӣ таъмин карда шуда, сохтмони 20 хатҳои оби нушокӣ ва полезӣ амалӣ шуданд. Инчунин, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби маблағгузории Бонки Осиёгии Рушд сохтмони бинои Маркази хизматрасонии маҷмӯӣ барои модару кӯдак ва таъмири асосии биноҳои Беморхонаи марказӣ ва Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия бомаром идома дорад.
Кишоварзӣ, истифодабарии замин ва ҳолати мелиоративии заминҳо
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 161 млн. 824,9 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 млн. 586,2 ҳазор сомонӣ ё 14,6 фоиз зиёд мебошад. Дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 2380,5 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 180,5 тонна ё 8,2 фоиз зиёд, шир 7862,4 тонна, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1105,9 тонна ё 15,5 фоиз зиёд, тухм 2 млн. 848,5 ҳазор дона, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1000 дона зиёд мебошад. Ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калони шохдор 108 ҳазору 242 сар, моли майда 348 ҳазору 75 сар, мурғ 129 ҳазору 674 сар ва оилаи занбӯри асал 23328 оиларо ташкил дод, ки нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта чорвои калони шохдор 4760 сар, моли майда 87 200 сар, мурғ 2746 сар ва оилаи занбӯри асал 57 оила зиёд шудааст. Аз ҷониби кишоварзони ноҳия барои ҳосили соли 2024 дар майдони 772 га кишти ғалладонаи тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки нисбати нишондоди соли гузашта 3 га зиёд мебошад. Нақшаи кишти ғалладонаи баҳорӣ бошад, 830 гектарро ташкил дода, 836 гектар, яъне барзиёд иҷро гардидааст. Нақшаи кишти картошка дар сохтори кишоварзии ноҳия 1600 гектарро ташкил дода, ба ҳолати имрӯза аз ҷониби кишоварзон дар майдони зиёда аз 1655 га кишти картошка гузаронида шудааст. Майдони боғот дар ноҳия 4775 гектарро ташкил намуда, аз ин 1606 гектар ба хоҷагиҳои кишоварзӣ рост меояд. Бунёди боғҳои нав дар соли 2024 дар майдони 17 га ба нақша гирифта шуда, иҷроиши нақша пурра ва барзиёд таъмин карда шуд.
Саноат ва энергетика
Дар ноҳия дар давоми 6 моҳи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 21 млн. 197,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн. 326,3 ҳазор сомонӣ ё 18,6 фоиз зиёд аст. Бо мақсади амалӣ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми январи соли 2022 “Дар бораи солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026” нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шудааст, ки тибқи он бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд дар солҳои 2022-2026 бо назардошти мавҷудияти ашёи хом бунёди 21 адад, аз ҷумла дар соли 2024 таъсиси 6 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст. Шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии ноҳия ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ ба 31 адад расонида шудааст, ки нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 11 коргоҳу корхона зиёд мебошад.
Сохтмон ва меъморӣ
Ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани ин гӯшаи дурдасти кишварамон нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба амалигардонии корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2022-2026, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо қарори раиси ноҳия аз 3 марти соли 2022, №123 тасдиқ карда шуд, ки тибқи он бо ҷалби бештари мардум ва соҳибкорону сармоягузорон сохта, ба истифода супоридани 307 иншоотҳои таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Мавриди зикр аст, ки аз иншоотҳои банақшагирифташуда дар давоми солҳои 2022-2023 ва 6 моҳи соли 2024 131 иншоотҳои таъиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд, ки 42,7 фоизи шумораи умумии иншоотҳоро ташкил дода, дар лоиҳаҳои дигар корҳои сохтмону ободонӣ тибқи нақша идома доранд ва дар мӯҳлатҳои муқарраргардида ба истифода супорида мешаванд.
Роҳу Нақлиёт
Дар ноҳия ду адад муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, КВД “Хизматрасонии нақлиётӣ” ва ду терминали мусофиркашонӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар давоми 6 моҳи соли 2024 дар ноҳия ба миқдори 465,3 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ кашонида шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2023 5,5 ҳазор тонна зиёд ва суръати афзоиши он 1,2 фоиз мебошад. Ҳаҷми мусофиркашонӣ 388,1 ҳазор нафар мусофирро ташкил дода, нисбати нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 5,8 ҳазор нафар мусофир ё 1,5 фоиз зиёд шудааст.
Маориф
Дар ноҳия дар соли хониши 2023-2024 113 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз он 25 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 16 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 71 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим фаъолият намудаанд, ки фарогири 31122 нафар хонанда, аз он 15122 нафар духтарон мебошанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1661 нафар омӯзгорон (480 нафар занон), аз ин бо таҳсилоти олӣ 976 нафар (249 нафар занон), таҳсилоти миёнаи касбӣ 339 нафар (111 нафар занон), таҳсилоти миёнаи махсус 35 нафар (9 нафар занон), таҳсилоти олии ғайриихтисос 53 нафар (6 нафар занон), таҳсилоти олии нопурра 147 нафар (98 нафар занон) фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 348 нафар дорои дараҷаи тахассусии олӣ, 707 нафар дорои дараҷаи тахассусии якум, 227 нафар дорои дараҷаи тахассусии дуюм буда, 298 нафар омӯзгорон бе дараҷаи тахассусӣ фаъолият доранд. Дар муассисаҳои томактабӣ 12 нафар ва дар марказҳои инкишофи кӯдакон 76 нафар мураббиёну омӯзгорон ба таълиму тарбияи кӯдакон ҷалб гардидаанд. Тибқи маълумотҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумораи 1587 хатмкунандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии ноҳия дар даври якум 1045 нафарашон ҳуҷҷат супориданд, ки 66 фоизро ташкил дода, дар муқоиса ба ҷамъбасти соли қаблӣ 12 фоиз зиёд мебошад.
Тандурустӣ
Дар ноҳия барои хизматрасонии тиббию табобатӣ ба аҳолӣ Беморхонаи марказӣ, 4 беморхонаи минтақавӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, 19 маркази саломатии деҳотӣ, 52 бунгоҳи тиббӣ, 8 маркази барномаҳои миллӣ, шуъбаи ёрии таъҷилӣ фаъолият бурда, дар онҳо 131 нафар табибон ва 452 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд. Инчунин, диспансери байниноҳиявии бемориҳои рӯҳӣ ба беморони минтақа хизмати тиббӣ мерасонад. Муассисаҳои госпиталии ноҳия дорои 366 кати бистарӣ мебошанд. Фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳия бо дастгирии бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст.
Кор бо занон ва оила
Дар ноҳия шумораи умумии занон 69 ҳазору 809 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 36 ҳазору 296 нафарашон қувваи қобили меҳнат мебошанд. Аз ин шумора дар соҳаи маориф 480 нафар, соҳаи тандурустӣ 355 нафар, соҳаи фарҳанг 62 нафар, соҳаи бонкдорӣ 30 нафар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 15 нафар, рушди соҳибкории хурду миёна 154 нафар кору фаъолият доранд. Айни замон 3 нафар занони ноҳия номзади илм мебошанд.15 нафар занон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 67 нафар вакили маҷлиси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд. Аз шумораи 1444 нафар занони коргар, 175 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият дошта, 19 нафар занон хизматчии давлатӣ ва 73 нафар занон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Роҳбарияти ноҳия саҳми занону бонувонро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия ва баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ хубу назаррас арзёбӣ намуда, дар чорабинии таҷлили ҷашни “Рӯзи Модар” 400 нафар занони собиқадор ва фаъолзанон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои молию пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ.
Шумораи ҷавонон дар ноҳия 42500 нафарро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар 14 ҷамоатҳои шаҳракию деҳотӣ 245 чорабиниҳо, аз ҷумла 153 вохӯрию мулоқотҳо оид ба таблиғи муҳтавои пайёми Пешвои миллат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии нашъамандӣ гузаронида шуд. Ҷавонони ноҳияи Рашт бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифаи муқаддас ва қарзи фарзандии худ шуморида, нақшаи даъватҳои баҳории хизмати ҷавонони ноҳия ба сафи Артиши миллӣ, дар рӯзи аввали ин маърака пурра иҷро гардид. Дар ҳудуди ноҳия 137 иншоотҳои гуногуни варзишӣ, аз ин 3 майдони варзишӣ, 1 маҷмааи варзишӣ, 98 майдончаҳои одӣ ва 16 майдончаҳои замонавии варзишӣ, 24 толори варзишӣ, 3 ҳавзи шиноварӣ, 3 фитнес клуб, 2 мактаби варзишӣ бо теъдоди 15 нафар мураббӣ ва 404 нафар машқварзон (10 нафар бонувон) фаъолият доранд.
МТЖТ