Ноҳияи Рашт аз калонтарин ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст ва дар дараи рӯди Сурхоб ҷойгир мебошад.

Ноҳияи мазкур 10-уми марти соли 1931 бо номи ноҳияи Ғарм дар бахше аз вилояти Ғарм таъсис ёфта буд. Аз 27-уми октябри соли 1939 то 24- августи 1955 ноҳияи Ғарм бахши марказии вилояти Ғарм буд.

Бар асоси Қарори № 190 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28-уми апрели соли 2001, ноҳияи Ғарм ба Рашт табдили ном кард. Маркази ноҳия шаҳраки Ғарм аст, ки дар 185 км шарқтари шаҳри Душанбе, дар канори рӯди Сурхоб ҷой дорад.

Ноҳияи Рашт дар водии Рашт мавқеъ дошта, дар шимол бо вилояти Бодканди Қирғизистон ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, дар шарқ бо ноҳияи Лахш, дар ҷануб бо ноҳияи Тоҷикобод, ноҳияи Нуробод- Дарбанд ва ноҳияи Сангвор, дар ғарб бо ноҳияи Ваҳдат ва ноҳияи Айнӣ ҳаммарз аст. Масоҳати ноҳия 5346,9 км²-ро ташкил медиҳад. Аз шимолу шарқи ноҳияи Рашт ба ҷанубу ғарби он дарёи Сурхоб гузар мекунад, ки ба рӯди Вахш мерезад.

Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар шаш моҳи соли равон ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат”, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Р. Н. дар оғози суҳбат тамоми шаҳрвандони шарафманди кишварро бо 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, барояшон саломатию сарбаландӣ, муваффақияту бурдборӣ таманно намуд.

Баъдан номбурда иброз дошт, ки таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи аввал гувоҳи он аст, ки меҳнаткашони ноҳияи Рашт дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳаёт татбиқ  намуда, ҷиҳати ба даст овардани нишондиҳандаҳои  назаррас саъю кӯшиш карда истодаанд.

Иҷрои буҷет

Ба иттилои Муқимӣ, дар давоми 6 моҳи соли равон дар ноҳия аз ҳисоби  даромадҳои худӣ нақшаи воридоти андозҳо ба андозаи 111 фоиз иҷро шуда, ба буҷет ба ҷои 14 миллиону 377 ҳазор сомонӣ, 15 миллиону 955 ҳазор  сомонӣ дохил гардидааст. “Ин нишондод аз нақшаи пешбинишуда 1 миллиону 578 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 2 миллиону  251 ҳазор  сомонӣ зиёд мебошад”-гуфт раиси ноҳия.

Ҳамзамон, зикр бояд кард, ки уҳдадориҳои андозӣ дар ноҳия ба ҷои 17 миллиону 874 ҳазор сомонии нақшавӣ, 19 миллиону 287 ҳазор сомонӣ иҷро гардидааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 1 миллиону 412 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Иҷроиши нақшаи воридоти андозҳо бо андози иҷтимоии ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ба ҷои 25 миллиону 713  ҳазор сомонӣ 27 миллиону 436,6  ҳазор сомонӣ ё 107  фоиз таъмин карда шудааст. Бақияпулиҳои андоз ба ҳолати 1-уми июни соли равон 209 ҳазор  сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли равон 141 ҳазор сомонӣ кам гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи воридоти11 манбаъҳои андозбандӣ босифат ва барзиёд таъмин гардид. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар нимсолаи аввал 44 миллиону 28 ҳазор сомониро ташкил дода, дар ҳаҷми 38 миллиону 930 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 88,4 фоиз иҷро карда шуд. Дар шашмоҳа ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот ба 93 миллиону 480 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 6 миллиону 738 ҳазор сомонӣ ё 107,7 фоиз зиёд мебошад, гуфт раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Р.Н.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Дар ҳама давру замон соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ асоси пешрафти ҳар як ноҳия ва дар умум давлат мегардад. Аз рӯи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  тариқи  «Равзанаи ягона», дар шаш моҳи соли 2022 дар ноҳияи Рашт 3642 адад субъектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта  49  адад ва ё 1,3  фоиз ё зиёд гардидааст. Дар ин давра аз тарафи бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии ноҳия ба сокинон ба андозаи 12 миллиону 208 ҳазор  сомонӣ қарзҳои хурд пешниҳод шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2021-ум 4 миллиону 261 ҳазор сомонӣ ё  65,1 фоиз зиёд будааст.

Кишоварзӣ, истифодабарии замин ва ҳолати мелиоративии заминҳо

Раиси ноҳияи Рашт вобаста ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ гуфт, ки меҳнаткашони ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба 75 миллиону 928,3 ҳазор сомонӣ расонидаанд, ки он дар муқоиса ба шаш моҳ соли гузашта 1 миллиону 504,7  ҳазор  сомонӣ  зиёд мебошад.

Дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 2046 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 39 тонна зиёд,  шир 6025 тонна, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 70 тонна зиёд, тухм 2 миллион 736 ҳазор дона, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23  ҳазор дона зиёдро ташкил намуд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калони шохдор 97813 сар, моли майда 231698 сар, мурғ 120305 сар ва замбури асал 22028 оиларо ташкил дод, ки назар ба соли гузашта бараъло бештар гардидааст. Бунёди боғи нав бошад, 17 га зиёд карда шудааст,- иброз намуд раис.

Саноат ва энергетика

Рушди саноат ва энергетика дар кишвар асоси пешрафт мебошад. Аз ин рӯ, ҷиҳати таъмини рушди бомароми соҳаи саноат «Барномаи рушди соҳаи саноат дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025» таҳия ва бо қарори раиси ноҳия, аз 7-уми июни соли 2021, № 445 тасдиқ карда шуда, раванди иҷроиши он таҳти назорати доимӣ қарор дода шудааст.

Тавре раиси ноҳия иброз дошт, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатӣ дар ноҳияи Рашт, давоми 6 моҳи соли 2022, ба 17 миллиону 552 ҳазор сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 244 ҳазор сомонӣ ё  42,5  фоиз зиёд аст.

Шумораи корхонаҳои истеҳсолии ноҳия то якуми июли соли равон ба 19 адад расонида шудааст, ки нисбат ба нишондоди соли ҷорӣ 3 корхона зиёд аст. Аз моҳи июни соли ҷорӣ ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди “Баҳодур-2013”, “Абдураҳимиён” ва “Сандуқи заррин” ба қайд гирифта шуда, ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намуданд. Инчунин, дар назар аст, ки барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва бақайдгирии Корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар мавзеи Бини суфиён, коргоҳҳои мебелбарорӣ ва истеҳсоли сафолакҳо дар маҳаллаи Сомониён, Коргоҳи истеҳсоли макарон дар назди Корхонаи ордбарории шаҳраки Ғарм ва коргоҳи истеҳсоли хишти сабук (Газоблок) дар маҳаллаи Сари пул ба анҷом расонида шаванд. Бо мақсади амалӣ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 6 январи соли 2022 “Дар бораи солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026” нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шудааст, ки тибқи он бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд дар солҳои 2022-2026 бо назардошти мавҷудияти ашёи хом бунёди 21 адад, аз ҷумла дар соли 2022 таъсиси 6 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст,-қайд намуд раиси ноҳия.

 Сохтмон ва меъморӣ

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон, нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт оид ба амалигардонии корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2022-2026 таҳия ва бо қарори раиси ноҳия, аз 3 марти соли 2022 таҳти №123 тасдиқ карда шуда, тибқи он сохта ва мавриди истифода қарор додани 203 иншоотҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар назар дошта шудааст. Аз 203 иншооти ба нақша гирифташуда 27 иншоот ба соҳаи маориф, 12 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 9 иншоот ба соҳаи фарҳанг, 25 иншоот ба соҳаи варзиш, 45 иншоот ба соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, 17 лоиҳаи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, 2 бинои маъмурӣ, 7 лоиҳаи таъмир ва дар масофаи 8 км мумфарш кардани роҳҳо, 11 хатҳои оби нушокӣ ва 13 чоҳҳои амудӣ, 5 иншооти соҳаи сайёҳӣ, 5 ҳавзи моҳипарварӣ,  3 фермаи мурғпарварӣ, 1 фермаи чорводорӣ, 1 сардхона ва 20 адади дигар таъинотҳои дигари хизматрасониро дар бар мегиранд. Дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ сохтмони 97 иншоот оғоз гардида,  дар иншоотҳои дигар низ тибқи нақша ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо корҳои сохтмонӣ оғоз карда мешаванд.

Бамаврид аст қайд кунам, ки саҳми соҳибкорон ва аҳолии ноҳия дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ назаррас буда, тибқи нақша 145 иншоотҳои таъиноти гуногун аз ҷониби бахши хусусӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешаванд, ки 72 фоизи нақшаро ташкил медиҳад,-гуфт Набизода.

Маориф

Маориф ҳамчун самти афзалиятнок ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат, қарор дорад. Рушди соҳаи маорифро метавон рушди кишвар рақам зад.

Дар ин замина дар ноҳияи Рашт 113 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият доштааст, ки аз он 26 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 19 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 67 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявии  кӯдакони ятим бо фарогирии 30246 нафар хонанда, ки 14660 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, 3 боғчаи бачагона бо фарогирии 185  нафар тифлакон ва 64  адад Маркази инкишофи кӯдакони синни томактабӣ бо фарогирии 1300 нафар амал карда истодааст.

Раиси ноҳия тазаккур дод, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Рашт 1612 омӯзгор (409 зан), аз ин ҳисоб бо таҳсилоти олӣ 944 нафар, таҳсилоти миёнаи касбӣ 409 нафар, таҳсилоти миёнаи махсус 54 нафар, таҳсилоти олии ғайриихтисос 157 нафар ва дигар ихтисосҳо 48 нафар фаъолият менамоянд.

Бо мақсади иҷрои амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали   соли 2022, №АП-155 ва №АП-156 қарорҳои дар ин самт қабулнамудаи раиси ноҳия, аз 14 марти соли 2022, №137, №138 дар бораи баргузории озмунҳои “Илм- фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба тасвиб расида, даври якум дар ҷамоатҳо ва даври ноҳиявӣ дар маркази ноҳия баргузор гардид. Ба даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат ” 54 нафар ва ба даври  минтақавии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 103 нафар роҳхат гирифтанд. Дар ноҳия тайёрӣ ба даврҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ идома дорад. Айни замон дар ноҳия сохтмони  бинои иловагӣ дар назди боғчаи бачагонаи шаҳраки Ғарм идома дошта, аз ҳисоби собиқ биноҳои муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо биноҳои нав сохта шуданд, баъд аз таъмиру тармим, бунёд ва ба кор оғоз намудани 3 боғчаи бачагона дар деҳотҳои Навдӣ, Нусратулло Махсум ва Ҳоит ба нақша гирифта шуда, соли ҷорӣ амалӣ карда мешаванд. Инчунин,  дар назди муссисаҳои таҳсилоти умумии  №14 деҳаи Ярхаби деҳоти Ҳиҷборак, №22-деҳаи Ҳоити деҳоти Ҳоит, №7-деҳаи Шулмак, №18-деҳаи Яшм, №70-деҳаи Варзигони деҳоти Боқӣ Раҳимзода ва  №82-деҳаи Чорбоғи дехоти Нусратулло Махсум, №53-деҳаи Себистон, №39-деҳаи Воринг, №86-деҳаи Қалъаи Махсуд, №61-деҳаи Шаҳринав, №46-деҳаи Ғавосиён ва №55- деҳаи Зарифӣ сохтмони биноҳои нави замонавии таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ идома дорад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1044  адад  компютер, 72 адад ноутбук, 203 принтер, 14  адад тахтаи электронӣ, 44  адад видиопроектор ва 71 генератор мавҷуд мебошанд,- гуфт дар идомаи суҳбат Муқимӣ.

 Тандурустӣ

Тибқи маълумот, дар ноҳияи Рашт барои хизматрасонии тиббиву табобатӣ ба аҳолӣ Беморхонаи марказӣ, маркази саломатии  ноҳиявӣ, 19 марказҳои саломатии деҳотӣ, 49 хонаҳои саломатӣ, 8 маркази Барномаҳои миллӣ, шуъбаи ёрии таъҷилӣ фаъолият бурда, дар онҳо 131 нафар табибон ва 452  нафар  кормандони миёнаи тиб фаъолият карда истодаанд. Ҳамчунин,  диспансери байниноҳиявии бемориҳои рӯҳӣ ба беморони минтақа хизмати тиббӣ мерасонад. Қайд гардид, ки фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ дар ноҳияи Рашт бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Дар ноҳия 6 муассисаи госпиталӣ фаъолият дорад, ки дорои 366 кати бистарикунонӣ мебошанд. Дар шаш моҳи соли равон 1426 таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд будааст (соли 2021 -1315).

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар соли 2022 оғози  сохтмони бинои “Маркази модар ва кӯдак”, таъмири асосии бинои беморхонаи марказӣ, таъмири асосии бинои собиқ шуъбаи сироятӣ барои бистарикунонии пешазтаваллудии занони ҳомила, таъмири асосии бинои муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба нақша гирифта шуда, сохтмони бинои таваллудхона дар назди беморхонаи минтақавии Ҳоит, бинои нави дуошёна дар назди беморхонаи минтақавии шаҳраки Навобод идома дорад,- гуфт раиси ноҳияи Рашт.

Фарҳанг

Тибқи иттилоъ, дар ноҳия 64 адад муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 13 хонаи фарҳангӣ, 3 клуб, 42 китобхона бо фонди умумии зиёда аз 135871 нусха маҳсулоти чопӣ, 2 китобхонаи бачагона, мактаби мусиқӣ, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, театри халқӣ, 2 осорхона, 2 ёдгории таърихии монументалӣ амал намуда истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ сохтмони биноҳои китобхонаҳои нави замонавӣ дар деҳаҳои Истиқлол ва Себистони Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх мавриди истифода қарор дода шуда, азнавсозии майдону рохравҳои бинои амфитетр ва Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳраки Ғарм ва сохтмони китобхона дар деҳаи Кадараи Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх идома дорад.

Дар анҷоми суҳбат раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бори дигар тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистонро бо ҷашни воқеан фархундаи миллӣ – 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии мамлакат самимона муборакбод намуда, иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина таъмини рушди бомароми иҷтимоию иқтисодии ноҳия фаъолияташро равона менамояд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь