Падидаи бемории сироятии коронавирус COVID-19 ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро низ нигарон кардааст. Барои мубориза бо ин вабои аср тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ ситодҳои махсус таъсис додаанд ва раванди пешгирии сирояти коронавирус таҳти назорати қатъии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зимнан, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ин самт саҳм гузорад, зеро огоҳ кардани шаҳрвандони кишвар аз бурдбориҳои назаррас ва бо ин васила боло бурдани эътимоду боварии мардум ба идораву мақомоти давлатиро рисолати ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мешуморад. Ҳадафи мо ин аст, ки дар ҳар шумораи ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Самак” ва сомонаи Farazh.tj матолиби таҳлиливу иттилоотиро вобаста ба фаъолияти МИҲД-и ин ё он шаҳру ноҳия вобаста ба пешгирии сирояти коронавирус ба табъ расонем, то мардум аз талошҳои роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, заҳматҳои шабонарӯзии табибони тоҷик ва корҳои хайрхоҳонаи соҳибкорони ватандӯст, ки дар амалишавии иқдоми пешгирии COVID-19 кӯмак мерасонанд, огоҳ бошанду онҳоро дастгирӣ намоянд. Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дастгирӣ ёфт.
Тибқи маълумоти дастрасгардида, Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2020, № АП-1365 «Бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) » дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 27.03.2020, №163 барои иҷро ва роҳбарӣ қабул гардида, дар ин замина Ситоди ноҳиявӣ таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Варзоб таъсис дода шудааст.
Дар баробари ин, бо мақсади андешидани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ, баргузор намудани маъракаи безараргардонии утоқҳои корӣ ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, инчунин аз назар гузаронидани ҳолати омодагии маркази саломатӣ ва бунгоҳои тиббӣ нақшаи чорабиниҳо бо ҷалби фаъолони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсии дигар, аҳли зиё ва табибону омӯгозорон таҳия ва тасдиқ гардидааст.
Ҳамзамон, бо мақсади тақвият бахшидани ин раванд, вобаста ба иҷрои бандҳои нақшаи мазкур, санаи 6 ва 24-уми апрел, инчунин санаи 02.05.2020 бо иштироки бевоситаи роҳбари гуруҳи корӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхон Одина ва раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳамадулло Умар дар ҷамоати деҳоти Варзоб Қалъа, Деҳмалик, ҷамоати деҳоти С. Айнӣ, ҷамоати деҳоти Чорбоғ ва шаҳраки Такоб вохӯриҳои пешгирикунанда оид ба бемории сироятӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ доир гардидааст.
Дар баробари ин, бо пешниҳоди Ситоди ноҳиявӣ, бо мақсади пешгирӣ ва таъмини беморхонаи марказии ноҳия, муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ва раёсати маорифи ноҳия бо маводҳои зарурӣ, аз ҷониби раёсати молияи ноҳия маблағи 133924 сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар ин марҳила, мувофиқи ҳисоботҳои беморхонаи марказии ноҳия, барои омодагӣ ва қабули шаҳрвандон барои 100 кат ҷои хоб, 2000 ҷуфт дастпӯшаки яккарата, 400 кг хлор, 2000 дона ниқоб, 70 дона маҳлули безараргардонии спиртӣ (70%), 25 адад айнак, 20 ҷуфт пойафзоли резинӣ ва 300 адад бахилак захира карда шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд.
Дар раёсати маорифи ноҳия, мувофиқи ҳисоботҳо, барои пешгирии бемории сироятӣ 710 ҷуфт дастпӯшаки яккарата, 403 кг хлор, 4121 дона ниқоб, 1511 дона маҳлули безараргардонии спиртӣ (70%) захира карда шудааст.
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, мувофиқи ҳисоботҳо, барои пешгирии бемории сироятӣ 100 кг хлор, 1500 дона ниқоб, 100 дона маҳлули безараргардонии спиртӣ (70%) захира карда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарии эпидемиологии ноҳияи Варзоб ба миқдори 45 кг хлор, 10 ҷуфт либоси махсуси тиббӣ ва 300 дона дастпӯшаки яккарата захира карда шудааст.
Дар муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия, мувофиқи ҳисоботҳо, барои омодагӣ ва қабули шаҳрвандон 2000 ҷуфт дастпӯшаки яккарата, 700 кг хлор, 4000 дона ниқоб, 260 дона маҳлули безараргардонии спиртӣ (70%) ва инчунин ба аҳолӣ 1150 буклетҳои таблиғотӣ дастрас карда шуда, илова бар ин, аз ҳисоби мутахассисони соҳа навбатдории шабонарӯзӣ ва телефони боварӣ (988 68 85 67) ташкил карда шудааст.
Инчунин, бо супориши Ситод аз ҷониби муассисаи КАТС-и ноҳия дар асоси мактуби Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.04.2020, №10-809 барои харидорӣ намудани ниқобҳои тиббӣ, рахти хоб, ҷойпӯшҳо, хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ, спирти тиббӣ ва маводҳои шӯянда, бо корхонаи саноатии ватанӣ ҶММ «Фарм Текс» шартномаи тарафайн баста шудааст.
Илова бар ин, санаи 02.05.2020, дар асоси дастуру супоришҳо аз маҷлиси назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон, аз ҷониби мақомоти иҷроия гуруҳи корӣ бо ҷалби сохторҳои қудратии ноҳия барои бурдани корҳои ташфиқотӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ, барои гаштани хона ба хона таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки санаи 07.05.2020 бо иқдоми мақомоти иҷроия тавассути вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб ба маблағи 12000 сомонӣ маводҳои доруворӣ ва антисептикӣ ба беморхонаи марказӣ дастрас карда шудааст, ки ин иқдом барои таъмин намудани бунгоҳҳои саломатӣ бо чунин маводҳои зарурӣ идома хоҳад ёфт.
Дар ин раванд, бо мақсади тақвият бахшидани самти зикргардида, вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои безараргардонӣ дар деҳаҳои ҳудуди ҷамоатҳо, марказҳои хизматрасонӣ, бунгоҳҳои саломатӣ ва бинои мақомоти иҷроия ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия бомаром идома доранд.
Ба гуфтаи раиси ноҳияи Варзоб, муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар, ҷиҳати дастрасӣ ва таъмини аҳолии ноҳия бо ниқоб, бо ташаббуси Ситод мулоқот бо соҳибкорон, роҳбарони корхонаҳои дӯзандагӣ ва занони ҳунарманд доир гардида, имрӯз аҳолии ноҳия пурра бо ниқоб таъмин мебошанд. Новобаста ба ин, дар ин марҳила аз ҷониби соҳибкорон 1000 дона дастпӯшак ва 500 дона ниқоб ройгон ба беморхонаи марказӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дастрас карда шуда, илова бар ин, соҳибкори маҳаллӣ тасмим гирифтааст, ки барои 30 нафар кормандони соҳаи тиб ёрдами яккарата ба миқдори 500-сомонигӣ расонад.
– Фаъолият дар ин самт таҳти назорати доимии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб қарор дорад,- мегӯяд раиси ноҳия.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ