«Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани “Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ниҳоят бамаврид буд. Дар тӯли ин муддат хеле бахшҳо дар деҳот рушд карда, сатҳи некӯаҳволии мардум рӯ ба беҳбудӣ овард. Воқеан, Тоҷикистони азизи мо макони диданӣ ва арзандаи сайру саёҳат мебошад. Табиати зебо, обҳои мусаффо, ширину дармонбахш, қуллаҳои сарбафалак, талу теппаҳои сабзҷомаи гулрез, осори ҳунарию меъмории аз ниёгони ҳунармандамон ба мерос монда ниҳоят ҷолибанд. Гузашта аз ин, эҳтиёҷоти иқтисодии кишвар тақозо мекунад, ки манбаъҳои нави даромадро ба буҷаи кишвар дарёфт кунем. Воқеан, таҳти роҳбарии Ҷаноби Олӣ, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар иқдомҳои беназир амалӣ гардида истодаанд, ки асосаш муттаҳидии ҳалқ, ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу ваҳдати пойдору устувор мебошад. Имрӯз аз меваҳои истиқлол коми мардум ширин шуда, аз баракати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ иқтисодиёт рӯ ба тараққӣ ниҳода, ҳаёти иҷтимоии мардуми Тоҷикистон беҳтар гашта истодааст. Иқдомҳои бузурги ободонию бунёдкорӣ, ки тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ ба амал омада истодаанд, шаҳодати он аст, ки ояндаи кишвари мо дурахшону мунаввар аст”,- гуфт дар суҳбат Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон зимни як сафари кории хабарнигори МТЖТ ба ноҳия.

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз навоҳии кишоварзии вилояти Хатлон буда, дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир аст. Он 29-уми августи 1930 таъсис ёфта, масоҳаташ 682 километри мураббаъ мебошад. Марказаш-шаҳраки Ҷомӣ аст.

Ноҳия қаблан номҳои Арал, Куйбишев ва Хоҷамастонро дар худ доштааст, аммо аз 12. 02. 2004 бо қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳия Абдураҳмони Ҷомӣ номгузорӣ шудааст. Тибқи маълумоти оморӣ, айни замон аҳолии ноҳияи Абураҳмони Ҷомӣ 182 600 нафарро ташкил медиҳад. Ҷамъи заминҳои дар ихтиёрдоштаи ноҳия 58 776  гектарро ташкил дода, ба ҳар як одам 0,33 га, аз он ҷумла заминҳои обӣ 19 048 га (ба як одам 0,10 га), ҷамъи заминҳои корам 16 271 га (ба як одам 0,09 га), аз он ҷумла обӣ 14 250 га (ба як одам 0,08 га) рост меояд. Ноҳия аз 7 ҷамоати деҳот ва як ҷамоати шаҳрак иборат аст.

Иҷрои буҷет

Мувофиқи маълумоти Вазорати молия ва Кумитаи андоз, нақшаи қисми даромади буҷети ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, дар давраи ҳисоботии моҳҳои январ-сентябри соли 2021-ум 25 миллион сомониро ташкил додааст.

Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба буҷети ноҳия ба маблағи 31,2 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст, ки 100,5 фоизи нақшаро дарбар мегирад. Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2021 аз тарафи бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ ба маблағи 58 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 1,2 миллион сомонӣ зиёд гардидааст.

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Ба ҳолати 30-юми сентябри соли 2021-ум дар нозироти андоз 176 соҳибкори инфиродӣ бо патент ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 60 адад зиёд ва аз ҳисоби онҳо 1 миллион сомонӣ маблағ ба буҷет ворид гардидааст. Дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо назардошти солҳои пешин амалӣ шуда истодааст, ки маблағи истифодашуда 5,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Саноат ва энергетика

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 86 миллиону 821,2 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 22 миллиону 241,3 ҳазор сомонӣ ё худ 34,4 фоиз зиёд аст. Ҳаҷми истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ 1723,8 тонна, гӯшт 1067 тонна, маҳсулоти пластикӣ 1842,2 метри мураббаъ ва нахи пахта 830,5 тонна, истеҳсоли хишти сементӣ ба 1221,9 ҳазор дона, гӯшти мурғ 19,7 тонна, равғани соф 198,8 тонна расонида шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020-ум 59,5 тонна ё ин, ки 42,7 фоиз зиёд иҷро гардидааст. Гардиши мол дар тамоми соҳаҳои савдо ба 121 миллиону 395 ҳазор сомонӣ расонида шуда, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 миллиону 806,1 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 34 фоиз зиёд мебошад. Хизматрасонии пулакӣ ба 71 миллиону 885,1 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 4 миллиону 070,3 ҳазор сомонӣ ё худ  6 фоиз зиёд гардидааст. Моҳҳои январ-сентябри соли 2021-ум дар ноҳия 36 коргоҳ ва иншооти хизматрасонӣ бо 349 ҷои кории нав мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст. Дар ин муддат ба ноҳия 53 миллиону 466 ҳазор кВТ соат қувваи барқ интиқол дода шудааст, ки талафоти он 16,4 фоизро ташкил медиҳад. Ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда бошад, 8 миллиону 229 ҳазору 700 сомонӣ ё ин, ки  90,4 фоизро ташкил медиҳад.

Сохтмон ва меъморӣ

Моҳҳои январ-сентябри соли 2021-ум ҳаҷми маблағгузории асосӣ ба 21 миллиону 171,3 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 миллиону 674,3 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 27 фоиз зиёд гардидааст. Ба истифода додани фондҳои асосӣ 6 миллиону 074,2 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат  ба ҳамин давраи соли гузашта 628,5 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 10 фоиз кам мебошад. Иҷрои корҳои сохтмону васлкунӣ ба миқдори 15 миллиону 411,5 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 218,3 фоиз зиёд, иҷрои корҳои пудратӣ бошад, ба 1 миллиону 449,7 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 804,4 ҳазор сомонӣ бештар мебошад.

Ба 20 нафар оилаҳои зарардида аз офати табиии рӯзҳои 6-7 маи соли 2021 дар деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти Ифтихор, ки манзилҳои истиқоматиашон пурра фурӯ рафта буданд, бо дастгирии мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳия қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,10 гектар қитъаи замин ҷудо карда шуд ва аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо хонаҳои нави истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Нақлиёт ва алоқа

Масофаи роҳҳои ноҳия дар умум 227,6 километрро ташкил медиҳанд, ки аз ин ҳисоб 45,5 километр аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 182,1 километр аҳамияти маҳаллӣ доранд. Барои таъмири роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 156 242 ҳазор сомонӣ ва 21 тонна муми сиёҳ ҷудо гардида, бо ин маблағ 42 километр роҳи ҷумҳуриявӣ, 2 пул ва 2 қубури обгузар таъмир карда шудааст. Аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдурамони Ҷомӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ 50 тонна асфалти гарм таъмин ва 46 890 сомонӣ ҷудо карда шуда, 3 км роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст. Аз тарафи соҳибкорон ва саҳми маҳал бо маблағи 741 000 сомонӣ 5,3 километр роҳҳои маҳаллӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия  яклухт асфалтпӯш ва 16 км роҳҳои дигар таъмири ҷорӣ карда шудааст, ки корҳо дар ин самт идома доранд. Инчунин, дар кӯчаи марказии ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар  кӯчаҳои он ба масофаи 12 километр роҳ  аз ҳисоби дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 1,6 километр роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Ҳаҷми боркашонӣ бошад, 1185 тонна иҷро гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 10 тонна зиёд мебошад. Мусофиркашонӣ ба миқдори 3 миллиону 283,7 ҳазор нафар мусофир расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 813,6 ҳазор мусофир, ё ин ки 32,9 фоиз зиёд гардидааст.

Равшаннамоӣ ва чароғонкунӣ

Дар кӯчаи марказӣ 110 адад ва кӯчаю маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 3 810 адад прожекторҳо насб ва васли светодиодҳо дар биноҳо, симчӯбҳо ва пояҳои оҳанӣ дар ҳаҷми 14 220 метр дар ташкилоту муассисаҳо ва идораю корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи фарҳанг, боғи фарҳангӣ фароғатӣ ва гулгашту хиёбонҳо, марказҳои савдо гузаронида шудааст. Шумораи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ва шабакаи интернетӣ 39 110 нафар буда, дар ҳудуди ноҳия 7 нуқтаи маркази хизматрасонӣ (дилерӣ) фаъолият дорад, ки аз ин ҳисоб филиали Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» ба маблағи 12,3 ҳазор сомонӣ даромад гирифтааст.

Кишоварзӣ

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра ба 342 миллиону 528,2 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 34 миллиону 809,6 ҳазор сомонӣ ё худ 10 фоиз зиёд гардидааст. Кишоварзони ноҳия дар 9 моҳи соли ҷорӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, дар майдони 16 205 гектар зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 5 217 гектар ғалладона (гандум 4224 га), ҷав-250 га, шолӣ-322 га, маккаи дон-250 га, 171 га лубиёгӣ,  615 гектар сабзавот (пиёз-235 га), 90 га сабзӣ, 50 га карам, 40 га дигар сабзавот, 8 284 гектар зироатҳои техникӣ, аз он 8100 га пахта, 70 га зағир, 60 га масъар, 54 га офтобпараст, 300 га полезӣ, 280 гектар картошка ва 1509 га зироатҳои хӯроки чорво гузарониданд. Дар ин муддат истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 21 581,5 тонна ғалладонагиҳо (ба ғайр аз ҷуворимаккаи дон), 18 957 тонна сабзавотҳо, 4 914 тонна картошка, 9041 тонна пахта, 9570 тонна полезиҳо, 2407 тонна мевагиҳо ва 463 тонна ангур расонида шудааст, ки нишондодҳои мазкур дар муқоиса ба соли гузашта 777,5 тонна ғалладонагӣ, 833,5 тонна сабзавот, 4089 тонна картошка, 2991,8 тонна пахта, 310 тонна полезӣ, 197 тонна мевагӣ ва 4 тонна ангур  зиёд истеҳсол карда шудааст. Дар ин давра дар ноҳия дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ (хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ) дар  майдони 7951 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки он 100 фоизи дурнамои кишти такрориро дар бар мегирад. Ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи боғу токпарварӣ аз ҷониби  хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар заминҳои лалмӣ, дар майдони 2,2 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шудааст. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ба 3 703 тонна расонида шудааст, ки ин 100,1 фоизи нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад. Саршумори чорвои калон, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, дар ин давра ба 42 443 ҳазор сар, чорвои майда ба 70 821 сар, саршумори парранда ба 80 556 сар ва асп 2 246 сар расидааст. Тибқи муқоисаҳо, назар ба ҳамин давраи соли 2020-ум саршумори чорвои калон 2088 сар, чорвои майда 3 425 сар, парранда 1 866 сар ва асп 8 сар зиёд мебошад.

Бо мақсади беҳдошти ҳолати мелиоративии замин, соли 2021 аз 607 километр заҳбуру заҳкаш 81,6 километр, бо харҷи 444,5 ҳазор сомонӣ тоза  карда шуда, ҳолати мелиоративии 348,5 гектар замин аз ҳисоби ҳаққи хизматрасонии об беҳтар гардонида шудааст. Барои тоза кардани заҳбуру заҳкаш дар ҳудуди ноҳия 5 экскватори гуногунтамға сафарбар гардидааст.

Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 1 265 нафар барои пайдо  кардани ҷои кор муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 402 нафар зан мебошанд.

Аз теъдоди умумии муроҷиаткунандагон 402 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд  гирифта шуда, бо ҷои кории доимӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 838 нафар бо кор таъмин шудаанд. Дар ин давра бо иштироки корфармоён 12 ярмаркаи ҷойҳои корӣ гузаронида шуда, ба шаҳрвандон 337 ҷойи кори холӣ пешниҳод  гардидааст. 51 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ, 207 нафар ба курсҳои кутоҳмуддати касбомузӣ, 141 нафар ба ҷои кор таъмин карда шудааст, ки дар маҷмуъ 399 нафар ба шуғл фаро гирифта шудаанд. Барои рушди соҳибкории хурд ба 18 нафар бо маблағи 55 940 сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст ва пардохти кӯмакпулиҳо ба шахсони аз сафи қувваҳои мусаллаҳ баргашта ва аз маҳбасхонаҳо озодгардида ба 136 нафар бо маблағи 55 380 сомонӣ пардохт карда шудааст. Музди миёнаи меҳнати моҳонаи кормандони ноҳия 915,68 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 138,3 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 115,1 фоизро ташкил медиҳад. Тибқи ҳисоботи оморӣ, 6 400 нафар сокини ноҳия дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 800 нафар кам мебошад. Шумораи муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ дар ноҳия 13 нафарро ташкил медиҳанд.

Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Шумораи нафақахӯрон дар ноҳия 13 200 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз он 10 274 нафар гирандагони нафақаи меҳнатӣ, 1 916 нафар нафақаҳои маъюбӣ ва иҷтимоӣ, аз ин шумора 569 нафар шахсони бесаробонмонда, 10 нафар барои хизмати шоён, 3 нафар аҳамияти маҳаллӣ, 10 нафар нафақаи аҳамияти ҷумҳуриявидошта мебошанд. Шумораи нафақагирони нафақаи иҷтимоӣ 2926 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 441 нафар нафақаи пиронсолӣ-иҷтимоӣ, 1044 нафар нафақаи маъюбӣ (796 нафар маъюбони то 18-сола) ва маъюбони гуруҳои 1-ум 326 нафар, гуруҳи 2-юм 1336 нафар, гуруҳи 3-юм 502 мебошанд. Ба ҳисоби миёна ба як нафақахӯр дар як моҳ 301 сомонӣ пардохти нафақа рост меояд.

Тибқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳокимияти давлатӣ ва нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассиса, иттиҳодияҳои динӣ, соҳибкорон, шахсони саховатпеша, ҷиҳати дастгирии оилаҳои ниёзманду камбизоат, ятимони кулл, маъюбон,  шахсони  яккаву  танҳо, қисми низомии 87740 дар ноҳия буда ва дигар шахсони эҳтиёҷманд ба маблағи 285 642 сомонӣ кӯмакҳои моддию молиявӣ дар намуди маводи ғизоӣ, ашёи рӯзгор ва сару либоси мактабӣ расонида шудааст.

Маориф ва илм

Дар ноҳия 64 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 муассиаси таҳсилоти умумии асосӣ, 3 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 литсейи №1 ва 6 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дошта, муҳассилини муассисаҳои таълимӣ 45 127 нафар, аз ҷумла 21 559 духтар ташкил дода, ба онҳо 2 091 нафар омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. Дар 6 муассисаи томактабӣ 354 кӯдак, дар 32 гуруҳ, ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар 14 муассисаи таълимии маркази инкишофи кӯдак 14 гуруҳ ташкил карда шуда, иловатан 576 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2021, №АП-43, қарори раиси ноҳия нақшаи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, таҳия ва тасдиқ карда шуд. Санаи 5-уми майи соли равон бо иштироки кормандони шуъбаи маориф, омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва мураббиёни муассисаҳои томактабии ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 озмуни ноҳиявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаронида шуд, ки дар даври  ноҳиявии озмун 125 нафар дар номинатсияҳои дилхоҳ маҳорати худро нишон доданд. Аз рӯи номинатсияи “Адабиёти бачагона” 20 нафар, “Адабиёти  классик” 13 нафар, “Адабиёти  муосир” 5 нафар, “Адабиёти ҷаҳон 2 нафар  ва аз номинатсияи “Шоирона 4 нафар дар озмун ғолиб дониста шуда, аз онҳо 45 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми феврали соли 2021, таҳти №АП-44, озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронида шуд. Рӯзи 28-уми майи  соли 2021 дар даври ноҳиявии озмун аз рӯи 7 номинатсия 164 нафар омӯзгорону  хонандагон иштирок карданд, ки аз онҳо 8 нафарашон ба даври вилоятӣ  роҳхат гирифтанд. Маркази дарёфт ва  рушди истеъдодҳо дар соли таҳсили 2020-2021 озмуну олимпиадаҳоро дар сатҳи ноҳиявию вилоятӣ қаноатбахш ҷамъбаст намуд. Дар ҷамъбасти олимпиадаи вилоятӣ хонандагони болаёқати ноҳия аз синфи 9-ум сазовори 1-ҷойи якум, 3-ҷойи  дуюм, 2-ҷойи сеюм ва 2-ҷойи ифтихорӣ, аз синфи 10-ум 1-ҷойи якум, 4-ҷойи дуюм, 2-ҷойи сеюм ва синфҳои 11-ум 7 нафар хонандагон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия барои иштирок дар даври олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон 5 нафар аз фанҳои гуногун роҳхат гирифтанд. Дар даври ҷумҳуриявӣ хонандаи синфи 6-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳия Давлатова Раҷабӣ ва хонандаи синфи 11-и муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №62 Ҷобирова Парвина аз фанни забони русӣ сазовори ҷойи 3-юм гардиданд. Ҳамчунин, хонандаи синфи 4-уми МТМУ №33 Зоирова Шукрона барандаи Шоҳҷоизаи озмун, дипломи “Мо бо шумоем” иштирокчӣ ва мукофоти махсуси ҶДММ «Сарманзил» гардид. Инчунин, дар озмуни вилоятии “Донояк” хонандаи синфи 4-уми муассисаи таҳсилоти  миёнаи №1 Халилова Ситора сазовори ҷойи 1-ум ва хонандагони муассисаҳои №6, 55 ва 62 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Тандурустӣ

Дар соҳаи тандурустии ноҳия 181 духтур фаъолият карда истодаанд, ки 122 нафарашон дорои категорияи олӣ буда, 893 нафар кормандони миёнаи тиб ҳастанд. Беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз 10 шуъбаи ташхисӣ-табобатӣ иборат буда, дар шуъбаҳои гӯшу гӯлую бинӣ дорои 25 кат, эҳёгарӣ 6 кат, ҷарроҳӣ 40 кат, амрози даруна 20 кат, кӯдакона 30 кат, сироятӣ 30 кат, бемориҳои ишемияи дил 15 кат, урологӣ 15 кат, бемориҳои занона 15 кат, таваллудхона 55 кат ва потологӣ 5 кат мавҷуд мебошад, ки дар умум 226 кати табобатиро ташкил медиҳад. Инчунин, дар Беморхонаи маркази шуъбаи қабул ва ёрии таъҷилӣ, хунтаъминкунӣ, УЗИ, таҳлилгоҳи шабонарӯзӣ, клиникӣ ва биокимиёвӣ фаъолият дорад. Дар умум, дар тамоми беморхонаҳои ноҳия 306 кати бистаринамоӣ мавҷуд аст. Дар давраи ҳисоботӣ хизматрасонии пулакӣ ба 49 миллиону 994,2 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ба ҳамин давраи соли 2020-ум 5369,6 ҳазор сомонӣ ё худ 11 фоиз зиёд гардидааст. Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2021 дар шуъбаҳои беморхонаи марказии ноҳия 4 705 нафар шаҳрвандон барои табобат ва барқарор кардани саломатӣ бистарӣ шудаанд.

Бахши занони ноҳия

Шумораи занон дар ноҳия 89 633 нафарро ташкил медиҳад. Дар вазифаҳои роҳбарикунанда 10 нафар зан, аз ҷумла 1 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 13 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 53 нафар вакилони деҳотӣ, 20 нафар хизматчии давлатӣ фаъолият карда, 572 нафар  ба соҳибкорӣ машғуланд. Дар ин муддат 174 оила аз ҳам ҷудо шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 64 адад зиёд мебошад.

Бахши фарҳанг

Дар ноҳия 33 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 4 хонаи фарҳангӣ, 8 клуб, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 1 китобхонаи шаҳрӣ, 12 китобхонаи деҳотӣ, 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва 1 мактаби санъати бачагона ба аҳолӣ хизмат расонида истодааст. Дар 15 китобхонаи ноҳия 76 ҳазору 882  нусха китоб маҳфуз аст. Аз ин шумора 24 ҳазору 270 нусха китоб бо забони давлатӣ, 46 ҳазору 355 нусха китоб бо забони русӣ ва 6 ҳазору 257 нусха китоб бо забонҳои дигари хориҷӣ мавҷуд мебошанд. Муассисаҳои фарҳангии ноҳия муддат 103 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузарониданд, ки дар он 61 516 нафар иштирок карданд. Фарогирии барномаҳои телевизионии шабакаи “Тоҷикистон”-58 фоиз, “ТВ Сафина”-22, “Ҷаҳоннамо”-55, “Баҳористон”-8, “ТВ Хатлон”-56 фоизро ташкил дода, мавҷҳои “Радиои Тоҷикистон” ва радиои “Садои Душанбе” дар ноҳия фаъол мебошанд.

Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Шумораи ҷавонон дар ноҳия 60 376 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он  духтарон 32 182 нафар ва писарон 28 194 нафар мебошанд. Ҷавонон 35,8 фоизи аҳолии ноҳияро дарбар мегиранд. Бо иштироки ҷавонон 92 чорабинии варзишиву фарҳангӣ, 120 мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шудааст. Дар ноҳия 3 майдончаи варзишии нав мавриди истифода қарор дода шуд. Муассисаи мактаби варзишии кӯдакону наврасони ноҳия фаъолияти худро аз рӯи 7 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 420 кӯдаку наврас ба машқу тамрини намудҳои гуногуни варзиш ҷалб карда шуданд.

Ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ иштироки фаъол карда, 18 медал, аз ҷумла 5 медали тилло, 6 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ ва 2 медали байналмилалӣ ба даст оварданд. Теъдоди сайёҳони хориҷии воридшуда дар нуҳмоҳа 7 нафар мебошанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 2 нафар кам мебошад.

Дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо

Дар ноҳия як комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, 8 комиссияи доимии маҳаллӣ ва 154 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият дорад. Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳия дар нуҳ моҳи соли равон 1 547 тӯйи домодию арӯсӣ баргузор карда шудааст. Дар маҷмуъ, дар ноҳия 1694 маърака ба қайд гирифта шуда, хароҷоти умумии онҳо 9 миллиону 173 ҳазор 600 сомониро ташкил додааст, ки ба ҳар як маърака 5 ҳазору 415 сомонӣ рост омадааст. Дар 9 моҳи соли ҷорӣ 12 қонуншиканӣ, ошкор шуда, вайронкунандагони он аз тарафи суди ноҳия дар маҷмуъ 30 100 сомонӣ ҷаримабандӣ гардиданд. Дар ноҳия 1 масҷиди марказӣ, 5 масҷиди ҷомеъа ва 70 масҷиди панҷвақта зери назорати сохтору мақомоти марбута фаъолият доранд.

Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият

Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёду таъмири 195 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 100 фоизи онҳо сохта, ба истифода дода шудаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, тамоми коллективҳои меҳнатии ноҳия, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини иҷрои нақшаҳои тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия тадбирҳои судманд андешида, онҳоро амалӣ менамоянд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь