Магар камбағал дигар таҳсил накунад?!

– Ба синфи якум рафтан аз ба донишгоҳ шомил шудан мушкил аст, мегӯяд як дӯстам, ки писараш имсол мактабрав шудааст.
– Аз аввали сол мо ба ҷустуҷӯи мактаби мувофиқ барои писарамон шудем,- мегӯяд ӯ ва меафзояд:- Мо мехостем, ки писарамонро ба мактабе диҳем, ки синфи русӣ дошта бошад ва дар ҳар як гурӯҳ аз 25 нафар зиёд набошад. Албатта, мехостем, ки мактаб намунавӣ бошад ва дар сатҳи зарурӣ дар он раванди таълиму тарбия сурат гирад. Вале ба имконияти мо, ки ману завҷаам дар муассисаҳои давлатӣ кор мекунем, чунин мактаб пайдо накардем. Дар аксари мактабҳои давлатии гирду атрофамон дар шаҳри Душанбе синфҳои русиро бастаанд. Ба чанд мактаби хусусӣ муроҷиат кардем, вале нархҳои дандоншикани онҳо барои мо мувофиқ набуд. Аксари онҳо барои 10 моҳи таълим 12 ҳазор сомонӣ мехостанд, ки ин хеле гарон аст. Масалан, дар мактаби хусусии «Андешаҳои пок», ки дар гузаргоҳи дуюми кӯчаи Зеҳнӣ воқеъ аст, барои таҳсили хонандаи синфи якум 12 ҳазор сомонӣ мехостанд. Албатта, аксари ин муассисаҳо аз соати 8 то 16 хонандаро ба машғулияту бозӣ фаро мегиранд.
– Моҳи май аз рӯи эълон кӯдакистон – мактаби «Омина»-ро дар рӯ ба рӯи Сафорати ИМА дар Душанбе пайдо кардем,- суханашро идома дод дӯстам.- Боғчаи мазкур бори аввал ба синфи якум хонанда қабул мекард. Шарти мактаби мазкур ба мо писанд омад. Дар ин мактаб синфи русӣ кушода мешуд ва аз синфи аввал забони англисӣ дарс дода мешуд. Ба мо ваъда доданд, ки дар як синф аз 20 нафар зиёд хонанда таҳсил намекунад ва онҳо то соати 16 дар мактаб мемонанд. Ба мактаббачаҳо як маротиба хӯроки гарм медиҳанд ва барои ҳамаи ин моҳе 500 сомонӣ мегиранд, ки солона 5 ҳазор сомонӣ мешавад. Мо ба ин шарт розӣ шуда, писарамонро номнавис кардем. Вале аввали моҳи август ба мо гуфтанд, ки шарти таҳсил дигар шудааст. Мактабро Муборакхон ном муаллимаи соҳибкор иҷора гирифтааст.
Ӯ волидонро ҷамъ карда гуфт, ки «шарти таҳсил дигар мешавад. Кӯдакони шумо аз соати 9 то 12 таҳсил мекунанд ва тӯли 6 моҳ нархи пешина – моҳе 500 сомонӣ боқӣ мемонад. Баъд нархро зиёд мекунем. Агар то соати 16 кӯдаконатон дар мактаб монанд, пас мактабпулӣ 1 ҳазору дусад сомонӣ дар як моҳ мешавад».
Шарти мазкур барои мо мақбул набуд. Аввалан, мо бояд соати 8 дар ҷои кор шавем. Дуввум, то соати 8 кӯдак куҷо меистад ва соати 12 ӯро кӣ аз мактаб мегирад? Сеюм, нархи таҳсил боло мерафт ва мо онро пардохта наметавонистем. Мо ба ин шарт розӣ нашуда, ҳуҷҷатҳои писарамонро гирифтем ва ба мактаби маҳаллаамон супоридем,- гуфт дӯстам.
Воқеан ҳам, ҳоло волидон барои пайдо кардани мактаби мувофиқ барои кӯдаконашон ба мушкилӣ гирифторанд. Волидоне, ки кор мекунанд, наметавонанд фарзандашонро ба мактаби таҳсилоти умумии давлатӣ монанд, зеро кӯдак баъди 3-4 соати дарс дар кӯча мемонад. Барои кӯдакони чунин ашхос бояд синфҳои таҳсилаш то бегоҳ ташкил карда шаванд. Зеро кӯдакро наметавонӣ дар хона танҳо монд. Дар мактабҳои хусусӣ бошад, нархи таҳсил аз донишгоҳҳо ҳам гаронтар аст. Соли равон таҳсил дар аксари донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон ба ҳисоби миёна аз 6 то 8 ҳазор сомонӣ дар як сол аст. Масалан, таҳсили шартномавӣ дар факултаи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ Ибни Сино солона 8 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.
Суоли дигаре ба миён меояд: Чаро солҳои охир дар шаҳри Душанбе синфҳои русӣ дар мактабу кӯдакистонҳои давлатӣ баста шуданд? Ин дар ҳолест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ аз омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳарф мезанад ва ба донистани чанд забон даъват мекунад. Аз ҷониби дигар, тибқи моддаи 2-юми Конститутсияи Тоҷикистон, «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
Ман шогирдоне дорам, ки ба забони англисӣ ва баъзе ба арабӣ озод муошират мекунанд, вале забони русиро надониста, ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Зеро дар мактаб забони русӣ нахондаанд ва ё ба он таваҷҷӯҳ накардаанд.

Як маълумотнома – 10 сомонӣ
– Вақте фарзандамро ба синфи якум бурдам, аз стансияи санитариву эпидемиологии ноҳия маълумотнома талаб карданд,- мегӯяд як шиноси ман.- Ҳол он ки, картаи тиббии кӯдакро пешниҳод карда будам. Вақте ба Стансияи санитарию эпидемиологии ноҳияи Сино омадам, волидони зиёде дар навбати маълумотномагирӣ меистоданд. Чун навбатам расид, котиба зодномаи фарзандамро гирифта ҳамту маълумотнома навишт, ки тӯли 21 рӯзи охир касе аз ин хонавода бемории сироятӣ нашудааст. Ӯ барои ин амал 10 сомонӣ хизматона гирифт.
Воқеан, ин маълумотнома ба хотири чист? Агар мабодо касе аз оила ба касалии сироятӣ гирифтор бошад, магар фарзанди ин хонадонро ба мактаб намегиранд?
Тибқи моддаи 41-уми Конститутсияи Тоҷикистон, «Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад». Дар моддаи 6-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» низ ин нукта тасдиқи худро ёфтааст.
Магар ин поймолкунии ҳуқуқи конститутсионии шаҳрванд ба таҳсил нест?
Ё ин ба қавле «просто бинес аст». Тасаввур кунед, ки агар дар як ноҳия 10 ҳазор нафар ба синфи якум раванд, 10 сомонӣ сари касе ин маблағ 100 ҳазор сомонӣ мешавад. Маблағи мазкур ба кисаи кӣ медарояд? Зеро барои ин амал квитансия дода намешавад. Ва билохира, магар як маълумотнома 10 сомонӣ арзиш дорад?!

Либоси ҳатмии мактабӣ
Соли равон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе либоси ҳатмии мактабӣ талаб карда истодаанд. Ҳар мактаб муқаррар кардааст, ки хонандагону муаллимонаш бояд ҳатман аз як ширкати хусусии дӯзандагӣ либос харанд. Масалан, хонандагону муаллимони макотиби ноҳияи Сино бояд ҳатман аз Ширкати «Тоҷ» воқеъ дар маҳаллаи 102-юм либоси мактабӣ бихаранд. Аз шогирдони синфи якум талаб карда мешавад, ки камаш ба 175 сомонӣ аз ин ҷо барои либоси мактабӣ чек оранд. Барои синфҳои болоӣ ин маблағ зиёд мешавад. Муаллимон бошанд, бояд на камтар аз 350 сомонӣ чеки либос оранд.
Бояд гуфт, ки чек танҳо барои харидани шиму костюм ва кофтаю юбка дода мешавад. Агар курта ва шими иловагӣ гиред, ба он чек намедиҳанд. Маълум, ки бо ин роҳ мехоҳанд иҷборан шиму костюми дӯхтаи худро ба мактаббачаҳо фурӯшанд. Волидон аз ин амал изҳори норозигӣ мекунанд, ки ба маблағи мазкур аз бозори «Корвон» сарулибоси беҳтар ва арзонро харидан мумкин аст.
Воқеан, чаро волидон ва умуман муаллимон бояд маҳз аз ширкатҳои муқарраркардаи мактабҳо либос харанд?! Чаро шаҳрвандон дар хариди либоси мактабӣ озод нестанд? Шояд дар таги коса нимкосае бошад?
Воқеан, ин ширкатҳои либосфурӯшӣ ба кӣ тааллуқ доранд ва кӣ аз ин манфиат мебинад? Директорони мактаб оё дар ин бизнес ҳамроҳанд ё онҳоро аз боло супориш додаанд?
Чунин ба назар мерасад, ки мансабдорон ба ҷои осон кардани мушкили мардум бо ҳар роҳу восита мехоҳанд онҳоро корафтодаи худ бикунанд.

Ҷовид МУҚИМ 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь