Халқи тоҷик солҳо ҷафо дид, ранҷу машаққат кашид. Аз кӣ? Аз дасти шоҳону амирони беадолат, аз дасти аҷнабиёни қаттол, аз Искандару Чингизу Темур ва дигарон давоми садсолаҳо рӯзи хуш намедид. Ба тоҷикони мазлум асло даст намедод, ки хушҳолу хуррам зиндагӣ бикунанд.
Ҳатто баъди ташкил шудани ИҶШС, ки ҳамчун давлати мустақил буд, халқи тоҷик боз ҳам азият мекашид. Наметавонистанд ба асолати қадимии хеш рӯ оваранд, ҷашнҳои миллии худро чун наврӯз, меҳргон ва сада бо дарки худшиносӣ ҷашн гиранд. Новобатса ба ин, Ҳокимияти Шӯравӣ барои саводноккунӣ ва ташкили хоҷагиҳо замина фароҳам овард, аммо набудани неъмати асосии зиндагӣ – озодӣ эҳсос мешуд.
Соли 1991 ИҶШС пош хӯрд ва хост ҳар як давлат соҳибистиқлол гардад. Аммо афсӯс, ки боз барои мардуми тоҷик осмон тира гашт, душманони дохилу хориҷ манфиатҷӯйӣ карданд ва билохира ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Боз ба сари миллати тоҷик тиру туфанг, ранҷу азоб, гуруснагӣ, марг даррасид. Ҷойи хурсандиро ғаму андуҳ, ҷойи хониши булбулонро садои ваҳшатангези тир, ҷойи суруди хушоҳанги ҳофизонро марсия гирифт. Риққатовараш он буд, ки ин дафъа душман, не балки тоҷик ба тоҷик теғ кашид, беибо якдигарро мепарронданду мекуштанд. Нақшаи бадхоҳони дохиливу хориҷӣ ҳамин буд. Иғвоангезон халқи моро бо дасти худашон ба гирдоби фано бурдан мехостанду замини Тоҷикистонро пора-пора карданӣ буданд.
Мамлакат, ки бесоҳиб буд, касе чӣ коре мехост, мекард. Қонун вуҷуд надошт, раҳму шафқат дигар аз байн рафт. Душманон хурсанд буданд, ки ба нияти нопоки худ мерасанд.
Муддаӣ хост, ки аз бех канад решаи мо,
Бехабар з-он, ки Худо ҳаст дар андешаи мо.
Худованд ба мо раҳм карду раҳмат фиристод. Як марди наҷибе чун қандили тобону офтоби рахшон решаи сулҳро ҷӯё шуд. Ӯ бовар дошт, ки миллати ҷафокашидаи тоҷик сулҳ мехоҳанд. Бо матонату ҷасорату фидокорӣ роҳи ҳалли масъаларо пайдо кард, мардумро ба созиш овард. Ҷанги оташгирифтаи шаҳрвандиро хомӯш кард. Тоҷикро ба тоҷик ҳамраъй сохт. Бо суханонаш ҳамаро мутаваҷҷеҳи сулҳ кард, халқро ба сулҳу субот раҳнамоӣ намуд.
Ту Ваҳдат аз дили бекина омӯз,
Намуди ростӣ з–оина омӯз.
Нигаҳдории ойини ҳақиқат,
Зи бишкан – бишкани порина омӯз.
Ин шахсияти наҷиби таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дар васфи корнамоиҳои Пешвои миллат чӣ қадар нависем, кам аст, зеро лаҳза ба лаҳза, соат ба соат ба китоби таърихи тоҷикон навгоние ворид мекунанд, Тоҷикистонро ба ҷаҳон ошно месозанд.
Як марди тоҷик аз марди афғонӣ мепурсад: “Чаро то ҳол дар гирдоби ҷангед?”. Марди афғон посух медиҳад, ки “мо мисли шумо Пешво надорем”. Аз ин бармеояд, ки ҷаҳон аз корнамоиҳои ин марди Худодод дар тааҷҷуб асту аҳсан мехонад.
Пешвои миллат на танҳо меъмори сулҳу ваҳдат, балки падари ғамхори ятимон, парастори маъюбону ниёзмандон мебошанд. Асло фаромӯш намекунам сафари кории Пешвои миллатро ба шаҳри Хуҷанд, ки соли гузашта дар арафи иди Наврӯз иттифоқ афтода буд. Ба мо – як гуруҳ ятимон дастархони идона ороста буданд ва Пешвои миллат бо мо мулоқоти озод карданд. Камина дар васфи эшон шеъри эҷодкардаамро қироат намудам:
Раҳми Худо ба моӣ, эй Пешвои миллат,
Раҳмону раҳнамоӣ, эй Пешвои миллат.
Мушкил намеписандӣ, чун марди арҷмандӣ,
Сад мушкилӣ кушоӣ, эй Пешвои миллат.
Васфи туро сароям, дар шеъру дар дуоям,
Мисли падар бароям, нуру сафои миллат.
Сулҳи расо кушодӣ, радди бало намудӣ,
Бахти маро фузудӣ, бахтошнои миллат.
Ин халқи ҷангдида, аз меҳрат орамида,
Ҷоят ба рӯи дида, дидадарои миллат.
Шоёни номи раҳбар, ҳастӣ ба ҷон баробар,
Бошӣ ҳамеша сарвар, бошӣ бақои миллат.
Баъдан Пешвои миллат сари маро сила карда, гуфтанд, ки “давлату ҳукумат пайваста ғамхори шумо ҳастанд. Худатонро асло танҳову бекас надонед. Ман бо шумоям. То ҳаёти мустақилонаатон ҳидоят мекунам”. Сипас дастур доданд, ки маро мувофиқи хоҳишам ба факултети журналистикаи ДМТ дохил намоянд.
Воқеан, Пешвои миллат бароямон сулҳу ваҳдатро арзонӣ доштанд ва ин дам шодиву фараҳи доштаамон ба шарафи талошҳои ҷонфидои миллат аст. Зиҳӣ, Пешвои миллат!
Абдуғаффор ШОДИЕВ