Ба қавли Пешвои муаззами миллат “Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем».
Ба хусус дар шароити имрӯзаи рушди босуръати технологияи иттилоотии муосир, ки воридшавии фарҳанг ва анъанаҳои бегонаро ба маданияти миллӣ зиёд намудааст, ба омӯхтани таърих зарурияти бештар ба вуҷуд омадааст. Донистани таърих, урфу одат ва расму русум, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи насли наврас ва ҳар як фарди ватандӯст мебошад.
Бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз ҳисоби Фонди Президент аз нав нашр намуда, дастраси ҳар як оилаи кишвар намудани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров доир ба зарурияти омӯхтани таърихи пурифтихори миллат гувоҳӣ медиҳад.
Пешвои миллат дар Паёми худ 26 декабри соли 2019 аз ҷумла қайд намуданд: “Олимону донишмандони моро зарӯр аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойини мардумӣ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллат нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд”.
18 марти соли 2020 Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ бо олимон ва аҳли эҷоди кишвар чунин қайд намуданд, ки Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИ Тоҷикистон дар замони Истиқлолият дар пешрафти таърихнигорӣ нақши калон дошта, ба нашр гардидани китоби шашҷилдаи “Таърихи халқи тоҷик” ва “Этногенез ва таърихи этникии тоҷикон” ба чоп омода гардиданд, ки аҳамияти илмӣ ва амалӣ доранд. Аз ин рӯ, ба Академияи илмҳо, Институти таърих ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки ба ихтисоси таърих ва бостоншинос омода мекунанд, супориш дода мешавад, ки осори хаттии забонҳои гуногунро ба забони тоҷикӣ тарҷума намуда дастраси хонандагон намоянд.
Истиқлолият барои омӯзиши таърихи бисёрҳазорсолаи тоҷик шароити мусоидро фароҳам оварда, ба рушди таърихнигории миллӣ мусоидат намуд.
Пешвои миллат дар чаҳор нашри асари безаволаш “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Аз ориён то Сомониён” доир ба суннату тамаддуни қадимаи ниёгон, нақши “Шоҳроҳи абрешим” дар ҳамбастагии гузаштаву имрӯза ва оянда, бозёфтҳои Хизинаи Амударё, Авесто нахустин қомусномаи ниёгон, Зардушт – паямбари оини ростин, нахустгаҳвораи давлатдории тоҷикон – Суғд, Бохтар ва Хоразм маълумот медиҳад. Сарвари дурандеши давлат доир ба урфу одат, тарзи либоспӯшии тоҷикон ва ояндаи тақлидкориҳои кур-курона чунин маълумот додааст: “Дар либоси нав ба ҷилва омадани бегонапарастӣ, ки арзишҳои таърихӣ ва дастовардҳои фарҳангии миллати моро ба кишварҳо ҳамҷавор ва халқиятҳои дигар нисбат медиҳанд”.
Маҳз бо ташаббус Пешвои миллат китоби “Авесто”-ро бори нахуст яке аз муаррихони саршиноси тоҷик М.Бобохонов аз забони русӣ соли 2001 ба тоҷикӣ тарҷума намуда, дастраси хонандагон гардонид.
Китоби дуюми сарвари давлат “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то Сомониён” бо таҳлил вазъияти сиёсии ибтидои асри ХХ оғоз гардида, доир ба кашмакашҳои сиёсӣ ва натиҷаи ду ҷанги ҷаҳонӣ маълумот медиҳад, ки ҷони беш аз 60 миллион нафарро ба коми марг кашиданд. Вале афсус, ки ҳоло ҳам “садоҳои пуризтироб аз расонаҳои ахбори олам ба гӯш мерасанд, ки сайёраи Замин аз таркиши бомбаву синаряҳои реактивӣ қариб ҳар соат меларзад. Ҷисми сабзи Замин оғуштаи хун мегардад ва шаҳрҳои обод валангор гардида, садҳо ҳазор нафар одамони бегуноҳ қурбони ҷанги беамон мешаванд”.
Китоби сеюми Пешвои миллат “Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз ориён то Сомониён” доир ба давлатдории Порт, Кушониён, Сосониён ва Ҳайтолиён маълумот дода, ба зарурияти таърихнигории давраи Истиқлолияти давлатӣ ва омӯхтани таъриху тамаддуни ориёӣ асос мегузорад. Пешвои миллат 19 марти соли 2018 ҳангоми вохӯрӣ бо зиёиёни кишвар, чунин ибрози намуданд. “Дарвоқеъ, таърих ойинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо бояд ин ойинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд”. Таҷлили ҷашну санаҳои таърихӣ, багузор намудани ҷашнворҳои фарҳангию сиёсӣ ва шаҳру ноҳияҳо, ёдгориҳои бостоншиносӣ, гувоҳи арҷгузорӣ ва эҳтиром ба гузаштаву имрӯзаи миллат мебошад.
Дар замони истиқлолият бо ташаббуси Пешвои миллат ташкил намудани конференсия ва сипозиумҳо бахшида ба чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва гиромидошти таърих ва фарҳанги миллат ва бузургдошти адибону донишмандони миллат А.Рӯдакӣ, А.Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, 800 – солагии Ҷалолиддин Румӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Имоми Аъзам, Туғрал ва таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардида, доир ба ҷашнвораҳо як қатор асарҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ нашр гардиданд.
Таҳқиқотҳои Пешвои миллат “Чеҳраҳои мондагор” доир ба зиндагиномаи шахсиятҳои бузурги таърихӣ Куруши Кабир, муборизаи Спитамен ба муқобили истилогарони Юнону Македонӣ, Зардушт, муборизаи Монӣ ва Маздак барои адолат, Исмоили Сомонӣ бунёдгузори давлати Сомониён, Қаҳрамонони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур, Мирзо Турсунзода ва осори шахсиятҳои бузург устд А.Рӯдакӣ, ҳаким Фирдавсӣ, Абӯали ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Шамси Табрезӣ ва дигарон маълумот додааст.
Сарвари давлат шахси фарҳангдӯст буда, дар эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ба монанди: чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, кандакорӣ, қолинбофӣ, атласбофӣ, намадмолӣ, бурёбофӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, косаву қошуқтарошӣ, созтарошӣ ва дигар суннатҳои миллӣ нақши калон бозид. Пешвои миллат дар сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ махсус саҳнаи намоиши ин ҳунару анъанаҳоро тамошо мекунанд. Маҳз бо дастури ва дастгирии ӯ дар ҷумҳурӣ шумораи чорабиниҳои фарҳангию маданӣ ба монанди Фестивали байналмилалии дастаҳои ҳунарии касбии этнографии «Садои дилҳо» бахшида ба Соли тамаддуни ориёӣ, Фестивали ҷумҳуриявии кӯдакони болаёқат – «Сапеда», Фестивал-озмуни эҷодиёти бадеии халқ –«Андалеб», «Чакомаи Гесӯ», Фестивали «Ҷилваи чакан», Фестивали ҷумҳуриявии наътхонӣ, Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби бачагон ва наврасони Тоҷикистон», Озмуни вилоятии «Ғунчаҳои санъат» (ВМКБ), Фестивал-озмуни ансамблҳои оилавӣ (ВМКБ), Фестивали «Таронаи чакан» (вилояти Хатлон) ва ғайраҳо боис шудаанд, ки худшиносии маънавии наврасон босуръат боло меравад.
Хулоса, бо ташаббус ва дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмиру азнавбарқарорунии ёдгориҳои таърихӣ, эҳё намудани расму ойин ва суннатҳои милллӣ вусъати нав пайдо намуданд. Маҳз бо ҳидояту шарофати бевоситаи роҳбари фарҳангдӯсту таърихшиноси чеҳраҳои сиёсию фарҳангӣ ва анъанаҳои миллӣ аз нав зинда гардида, асарҳои бунёдии таърихӣ нашр шуда, дастраси хонандагон гардиданд.
Исмоилзода Ф.,
коршиноси масоили сиёсӣ