Ҳамакнун пас аз сӣ соли талошу ҷоннисориҳои ин абармади таърихи навини давлатдории тоҷикон, замонеро ки мо мардуми соҳибтамаддуни таърихофари тоҷик интизораш будем фаро расида, бе ҳеҷ истиҳола ва болобандӣ метавон аз роҳи пурпечу тоби расидан ба ҳувияти миллӣ ва кишварсозиву раъиятпарварии ин чеҳраи мондагори милли чанд ҳарферо ба хотири Иттиҳоду якпорчагӣ ва ҳамбастагии миллӣ бигӯем. То ин сатрҳо барои созандагон ва пайравони воқеъии Пешвои муаззами миллат роҳнамову роҳкушо буда бошанд. Он чӣ ки дар мавриди ҳувият ва кишварсозиву раъиятпарвари Пешво мехоҳем бигӯем ҳазорҳо наворҳои матбуотӣ дар тули сӣ соли фаъолияти роҳбарии кишварсозиаш манзури саросари олам гардида ҳич зарурати такрори он наворҳоро пешоруи мардум овардан нест. То рақибони кажбин ва тангназар аз рашк нагуянд, ки мо ба зиёдаравӣ роҳ додаем. Вале фаромуш намудани рӯзи пуршукуҳи моҳи феврали соли 1993 рӯзе, ки нахустин ошноии Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё ва бошандагони пойтахти Тоҷикистони азиз, шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, дар тору пуди садҳо ҳазор бошандагони кишвар он замон муждаи Сулҳу якпорчагиро овард ва ба ҳувияти миллӣ асос гузошт, ки ҳич аз хотираи таърихии миллионҳо мову манҳои пайравони воқеии Пешво фаромуш нахоҳад гашт. Ва набояд фаромуш кард дар он шабу рӯзи даҳшатбор бо ибтикору садоқати бузурги Ватандорӣ раиси Кумитаи ҷавонони кишвар Ибодуллоҳ Раҳимов яке аз ҳамон давлатмардони ҷавони кишвар буд, ки паҳлуи Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистони соҳибистиқлол хидматгузор буд. Ва мо ҷавонони кишвар бо савганд ва садоқати ватандорӣ аз ҳамон шабу рӯз то кунун дар хидмати Ватан ва кишвари азизамон пайрави Пешвои муаззами миллат будаву ҳастем. Оре… Мо ҷавонони оғози солҳои 90-и садаи гузашта, ки бо ҳарорат ва ҳаяҷони баланди ватанхоҳӣ аз Истиқлолият ва ҳувияту Иттиҳоду якпорчагии миллат ҳарф мезадем ин нидои моро давлатмардони коммунисти вақт, ки бо ду гуруҳи оштинопазир сангар гирифта буданд, шунидан нахостанд ҳамин тудаи нируманди зеҳнии кишвар бо чанд пора қисмат гардида қисмати зиёди он аз Иҷлосияи тақдирсози Хуҷанд пуштибонӣ намуда, бо ҳукумати дар Хуҷанд таъсис ёфта пайвастанд. Ва аз Раиси тозаинтихоби кишвар пуштибонӣ намуда, дар фаҳмондадиҳии мақсаду мароми ҳукумати тозаинтихоб саҳми назарасамонро гузоштем. Чунки дар сурати Раиси Кумитаи Ҷавонони кишвар Ибодуллоҳ Раҳимов ҳангоми мулоқот мо як ҷавони худогоҳ ватанхоҳ ва садоқатпешаи серҳаракатро дидем, ки ин воқеъияти он рӯзгор буд. Он рӯзи нахустини Ваҳдатофарии Раиси тозанитихоби Шӯрои Олии Тоҷикистони соҳибистиқлол номашро чун пайки оштии миллӣ ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ба оламиён ошно намуд. Ва хишти аввалини бунёди ҳувияти миллӣ гузошта шуд. Ҳарчанд аксари давлатмардони он шабу рӯз, бовар ба фардои дурахшони миллат надоштанд ва бо тавакал рӯзро сиёҳ мекарданду дақиқаву лаҳзаҳои умрашон сарфи “каж дору марез”-и он рӯзгор мегашт”. Вале Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии вақт, бо як ҷасорату матонати Ориёӣ маъсулияти бузурги кафили сулҳу ваҳдат ва якпорчагии кишвар буданро бар дӯши хеш гирифта, бо таъбири малакутии “Ман ба шумо Сулҳ меорам” паи таъмири кохи анқариб валангор шудаи Иттиҳоду якпорчагии миллат камари ҳиммат баст. Ва даруни синаи пуртуғёнаш ин панди пири равшанзамир Шайх Саъдии Шерозӣ аз жарфои ҷонаш садо мекард:
Ба дарё марав, гуфтамат зинҳор,
Агар, ки меравӣ тан ба тӯфон супор.
Ӯ тан ба тақдир супурду дар он лаҳзаҳои тақдирсоз андешаи таъмири бинои муҳташаму сулҳу якпорчагии кишварро ба миён гузошт. Деви наҳси ҷанг, ки қалби иддае аз кажравони дину оинро ба васвос андохта буд, онҳоро завлона ба дасту пову гарданашон андохта, фирефтаи сароби давлати исломӣ ва ҳукумати “шариъатпаноҳашон” намуда, иддае аз аҳли қалам даъвои он ҳукумати дуруғин доштанду миёни мардуми коҳилу нодони куҳу пуштаҳо бо кумаки аҷнабиёни динфурӯши исломиситез паи мақсадҳои касифи хеш дар талош буданд. Чанд рӯзаке дар минтақаҳои марказгурези он замон то он ҷое, ки тавонистанд дар ҳамон музофотҳои дур аз маънавиёт “Ҷумҳурии исломӣ”-ашонро бо номи музофоташон сохта, аҳкоми шариъаташонро низ ҷорӣ намуда буданд. Бо мондани риши дароз ва ақли куса ба мардуми он музофотҳои дар ихтиёр доштанашон мегуфтанд, бе ришҳо мушрикон ва гумроҳон мебошанд. Ин васвос онҳоро он қадар дар тору пуди хеш печонда буд, ки иддаи зиёди ҷавонони соҳибмаълумоти он музофотҳо он замон худро ҳомӣ ва пуштибони дину тариқат ном бурда, бар адабиёти ба ном исломии тоҷикӣ бунёд низ гузошта буданд. Вале нериву тавоноии Сулҳхоҳони кишвар, ки атрофи Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада буданд, онҳоро бо шадидтарин шикаст рӯ ба руяшон намуда, дар талвосаи ҷон ришҳоро тарошида, миёни сулҳхоҳони кишвар бо ҳар роҳу восита соҳиби мавқеъҳои ифтихорӣ гардида, паи мақсадҳои ғаризашон дар талош буданд. Вале садоқати ватандориву ватансозии Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии вақт тавонист, ки садҳо ҳазор ҷавонони нируманди кишварро он замон атрофаш муттаҳид намояду паи эъмори як ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёди башардӯсту раъиятпарвар ҳама ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои иҷтимоиву фарҳангиро муттаҳид намояд. Аввалин иқдоми ҳувиятсози Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии вақт муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин бахшандагиву меҳрубонӣ буд, ки ба Сулҳи пойдори мо тоҷикон заминаи воқеӣ гузошт. Ҳама муҷримонро бахшид. Ҳамагонро сари хони муҳаббати ватандорӣ хонд. Ва гуфт, ки аз ин ба баъд мо бародари ҳам ҳастем. Вале иддае аз рақибони дунфитрат дар либоси дӯст бо ғаразу кинаҳои ҳазорсола, борҳо сулҳро халалдор намуда, бо ҳар роҳу восита вазъи орому осудаи кишварро ноором кардан хоста, бо дастаҳои ҷиноятпешаи мардумозор бозори касифи иғвоҳояшонро гарм менамуданд. Аз ҳама дардовараш он мебошад, ки аксари ҷиноятҳо аз ҷониби ҳамон гуруҳҳое рух медоданд, ки онҳоро борҳо бахшиданд. Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда, ҳамеша Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи вохӯриву мулоқотҳояш ба мардум бо як самимият ва муҳаббати ватандорӣ, аз тамомии мардуми кишвар хоҳони иттиҳоду якпорчагӣ ва раъиятпарварӣ мебошад. Қадами мубораки файзбахшу файзрезаш ҳар куҷое, ки гузошта мешавад онҷо шукуфоиву ободӣ ва созандагиву таъмиру тармим оғоз мегардад. Ва чаро он натавонбинони кӯрдил ин ҳамаро намебинанду арҷ намегузоранд. Мурод аз ин гуфтаҳо айб ҷустан аз касе нест. Ин ҳамон ҳарфу ҳиҷои ватандорӣ ва Ватанхоҳие мебошад, ки наздики шаст сол қабл аз имрӯз, дақиқтараш соли 1967 шоири шаҳири зиндаёд устод Ғоиб Сафарзода чунин рӯи саҳфаи дафтари ҷовидониаш оварда буд:
Чаро нуқсони ёронро нагуфтан?
Чаро вақте, ки бедорем хуфтан?
Чаро дар гуфтугӯҳо, анҷуманҳо,
Ба туғён омадан, дар худ нуҳуфтан?
Нагуфтан баҳри чӣ ҳарфи ҳақиқат,
Ғубори роҳи фардоро нарӯфтан?
Ба гулзори ҳаёт аз баҳри худ не,
Барои дигарон бояд шукуфтан!
Садҳо шаҳраку деҳшуроҳо мактабу кохҳои фарҳангӣ, роҳу пулҳои замонавӣ ба ҳусни кишвари мо на танҳо зебу зинат бахшидааст, балки мушкилотҳои рӯзгори мардумро осон намуда, умед бар фардои дурахшонро дар қалби миллионҳо сокинони кишвар зиёд намудааст.
Ин ҷо аз рӯи инсоф медонам, ки шеъри шоири ширинкалом ва маънирасу ватанпарвар, нависандаи халқии Тоҷикистон Гурез Сафар, ки саропо корномаи созандагии Пешвои муаззами миллат мебошад, манзури хонандагон намоям:
Ин олами зеборо,
Ин мулки дилороро,
Ин сулҳу мадороро,
Дирӯзи оламборӯ,
Имрӯзи гувороро
Кӯрӣ, ки намебинӣ?!
Аз неъмати Истиқлол,
Аз давлати истиқлол,
Ҳар дил ба наво ояд,
Аз Ваҳдати Истиқлол,
Рақсидани дилҳоро
Кӯрӣ, ки намебинӣ?!
Ғамҳост пароканда,
Лабҳост пур аз ханда,
Гардид зи нав имрӯз,
Наврӯзи Аҷам зинда,
Ин базму тамошоро
Кӯрӣ, ки намебинӣ?!
Дунё ҳама дигар шуд,
Тоҷик музаффар шуд.
Лафзи хуши зебояш
Лафзи сари минбар шуд.
Дороии дороро
Кӯрӣ, ки намебинӣ?!
Мактаб чӣ фаровон шуд,
Матлаб чӣ фаровон шуд.
Доништалабу илме,
Имрӯз, ки арзон шуд.
Ин махзани маъноро
Кӯрӣ, ки намебинӣ?!
Бас кун ту дигар ғайбат,
Озод шав аз нафрат,
Шукрона бикун дигар,
Бар ин Ватану давлат!
Мулки чамонороро
Кӯрӣ, ки намебинӣ.
Ва биёед аз рӯи адлу инсоф ва воқеияти таърихӣ бе ягон болобандӣ ва тамалуқ чун шоири воқеан ҳам ватанхоҳ дар атрофи ин абармади таърихи навини миллат муттаҳид бошему бо садоқат чун ӯ ба ватан хидмат намоем.
Шаҳри ҳамешасабзи Душанбе пойтахти Тоҷикистони азиз, ки бо талошу ҷоннисориҳои Пешво ва раиси ҷавони соҳибтаҷриба эҳтироми он Рустами Эмомалӣ имрӯз нигини шаҳрҳои на танҳо собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, балки нигини шаҳрҳои қораи Осиё ном бурда мешавад. Душанбе симои миллат ва давлати тоҷикон буда, гавҳораи тамаддуни Ориёи ном бурда мешавад. Ҳар рӯз симои шаҳри ҷавони Душанбе бо қомат афрохтани иншоотҳои навин ва гулгашту хиёбонҳои гулпӯшаш ва роҳҳое, ки шарёни тапиши набзашро пеши рӯ меорад, касро маҳву моти ӯ месозад. Ҳамин аст, ки шоир фармуда:
Ай беҳтарин бахши ҷаҳон,
Шаҳри Душанбеи беҳон,
Ай беҳтарини беҳтарон,
Ҳам бостонӣ ҳам ҷавон.
Ту пояи тахти манӣ,
Ҳам тахту ҳам бахти манӣ.
Қурбони сангу хоки ту,
Ту хуштарин рахти манӣ.
Балху Самарқандам туӣ,
Пандам туӣ, қандам туӣ,
Ҳусне, ки ҷустам дар ҷаҳон,
Ҳусне, ки дилбандам туӣ.
Як лахти зарри Ориён,
Яъне ки асли тоҷикон,
Ҳар қитъа аз эъҷози ту,
Заррин шуду зарҳалфишон.
Ин ҳама набиштаҳо шарҳи ҳоли Душанбеи навин буда, муҳаббат ва самимияти ҳар як бошандаи онро дучанд афзун намуда, ободкориҳои шаҳрдори соҳибэҳтирому соҳибэъҷодаш касро водор месозад, ки бигӯяд: Зиҳи ай шаҳриёри Ориёӣ.
Ҷумъахон Темурзода