Ба таваҷҷӯҳи Вазири мудофиаи ҶТ

Ба таваҷҷӯҳи Вазири маориф ва илми ҶТ

1-уми март Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Аз таҷрибаи даъвати баҳории соли 2022 хулоса баровардан мумкин аст, ки ҷалби ихтиёрии хатмкунандагони донишгоҳҳо ва донишкадаҳо низ ба хизмати аскарӣ ба роҳ монда мешавад. Ба хатмкунандагоне, ки бо ихтиёри худ ба хизмат мераванд, иҷозат дода мешавад, ки пеш аз мӯҳлат имтиҳону санҷишҳои худро супоранд ва ҳатто дар супоридани имтиҳонҳо сабукиҳо ҳам барояшон пешбинӣ мешавад.

Аз гузоришҳои  баъзе аз роҳбарони донишгоҳҳо маълум мешавад, ки барои донишҷӯёне, ки хатмкунанда нестанд, вале бо хоҳиши худ, нияти рафтан ба хизмати аскариро доранд, имтиёзҳои нав пешбинӣ шудааст. Яке аз чунин имтиёзҳо ин ройгон кардани пули таҳсил аст. Ин албатта барои нафароне, ки имконияти пардохти пули шартномаро надоранд, хеле хуб аст.

Мехоҳам вобаста ба ин як пешниҳоди дигар кунам. Пешниҳоде, ки ба донишҷӯёни ғоибхон дахл дорад. То онҷое аз қонунгузории кишвар огоҳем, донишҷӯёни ғоибхон дар ҷалб шудан ба хизмат ҳеҷ имтиёзе надоранд ва онҳо ҳуқуқи ба таъхир гузоштани хизматро низ надоранд. Агар чунин донишҷӯён дар давраи таҳсил ба хизмат фаро гирифта шаванд, таҳсили онҳо ба муҳлати 2 сол ба таъхир меафтад. Бинобар ин пешниҳод мекунам, ба донишҷӯёни ғоибхон низ баъзе имтиёзҳо дода шавад:

1).Ба донишҷӯёни ғоибхон имконият дода шавад, ки дар давраи хизмат таҳсилро низ идома диҳанд. Яъне, дар рафти хизмат ба онҳо рухсатӣ барои таҳсил дода шавад, то онҳо тавонанд ҳам хизмат кунанд ва ҳам дар таҳсилашон таваққуф нашавад.

2). Ба онҳое, ки бо хоҳиши худ ба хизмат рафтан мехоҳанд, таҳсилашон ройгон карда шавад ва ё дар пардохти маблағи таҳсил то 50 фоиз тахфиф дода шавад.

  1. Хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои хамаи донишҷӯёне, ки бо хоҳиши худ ба хизмат мераванд, 1 сол муқаррар карда шавад.

Ман боварӣ дорам, ки дар сурати пешниҳоди чунин иқдом, аксари донишҷӯёни ғоибхон бо ихтиёри худ ба хизмат мераванд. Зеро хизмат ҳам ба таҳсилашон халал намерасонад ва ҳам маблағи шартномаашон кам мешавад.

Холиқи Муҳаммадназар, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь