Ноҳияи Панҷ 29-уми августи соли 1930 бо номи ноҳияи Саройкамар дар бахше аз вилояти Қӯрғонтеппа дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Дар солҳои 1931-1936 ин ноҳия Бауманобод ва дар солҳои 1936-1963 Кировобод номида мешуд. Ноҳияи Панҷ яке аз ноҳияҳои дурдасттарини ҷумҳурӣ аст, ки дар ҷануби вилояти Хатлон ҷойгир аст. Маркази ин ноҳия шаҳраки Панҷ аст, ки 117 км ҷанубтар аз шаҳри Бохтар ҷойгир аст. Аз ин шаҳр то Душанбе 206 км роҳ аст. Ноҳияи Панҷ бо масофаи 880,6 километри мураббаъ дар дараи рӯди Панҷ ва марз бо Афғонистон ҷойгир аст. Дар шимол бо ноҳияи Румӣ, дар шарқ бо ноҳияи Фархор, дар ғарб бо ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҳамсоя буда ва дар ҷануб бо ноҳияҳои Имомсоҳиб ва Арчи вилояти Қундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳаммарз мебошад. Бар асоси тақсимоти маъмурӣ, ноҳияи Панҷ 1 шаҳрак ва 5 ҷамоат дорад: Панҷ (шаҳрак), Кабут Сайфиддинов, Меҳвар, Намуна, Озодагон, Нури Ваҳдат.
Мувофиқи маълумоти омории соли 2016, ноҳияи Панҷ 108,2 ҳазор аҳолӣ дорад. Тайи солҳои охир дар натиҷаи сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафти босуботи иқтисодиву иҷтимоии ҳама шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияи Панҷ таъмин гардида, муҳимтар аз ҳама, ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум зина ба зина ноил гардида истодаанд. Раисии ин ноҳияи овозадору сарсабзу хуррамро марди фидоиву ташаббускор Сайфуддинзода Маҳмадюнус Кабут бар дӯш доранд, ки яке аз фарзандони раиси овозадори ноҳияи Панҷ Кабутов Сайфиддин мебошанд.
Дирӯзу имрӯзи ноҳияи Панҷ
Ноҳияи Панҷ 29-уми августи соли 1930 таъсис ёфтааст. Он аз соли 1931 Сарой Камар, солҳои 1931-1936 Бауманобод ва солҳои 1936 то 1963 Кировобод ном дошт ва аз соли 1963 номи Панҷро соҳиб гардидаст. Соли 1927 заминҳои ноҳия мавриди тадқиқу таҳлил ва омӯзиши олимону агрономҳо қарор гирифта буд. Агрономи селексионери рус Т. Артёмов аввалин бор дар заминхои мавзеи Сарой Камар 27 дона тухми пахтаи навъи баландқимати мисриро барои таҷриба кошта, ба парвариши ин зироат мувофиқ будани ин мавзеъро аз ҷиҳати илмӣ исбот кард. Баъдтар бо қарори Бюрои Осиёмиёнагии КМ ВКП (б) Сарой Камар минтақаи тухмипарварии пахтаи навъи мисрӣ эълон гардид. Ин тадбир он солҳо дорои аҳамияти бузург буд ва дар бобати бо ин ашёи пурқимати худӣ таъмин намудани собиқ СССР нақши назаррас мебозид.
Ноҳияи Панҷ дар гузаштаи начандон дур мавзеи нообод ва қамишзору туғайзор ба шумор мерафт. Дар натиҷаи меҳнати шабонарӯзӣ ва қаҳрамониҳои меҳнатии аҳолии кишвар ва намояндагони тамоми миллатҳои давлати собиқи Шӯравӣ ин мавзеъ ба як гӯшаи ободу зебои диёри маҳбубамон – Тоҷикистони азиз ва соқибистиқлол табдил ёфт. Дар раванди рушду ободии ноҳия Т. Артёмов, Салим Наимов, С. Тоҳиров, М. Ҳасанов, А. Сафаров, К. Сайфутдинов ва аҳолии меҳнатқарини ноҳия саҳми беназир гузоштаанд.
Релефи ноҳияи Панҷ ноҳамвор буда, он аз шимолу шарқ ба ҷанубу ғарб мутаносибан аз 1600 метр то 300 метр паст шуда меравад. Қисми шимолии ноҳияро нишебии қаторкуҳҳои Тераклитов, қисмати шимолу шарқиашро нишебии қаторкуҳҳои Қаратов ва ҷанубу ғарбиашро ҳамвории соҳили рости дарёи Панҷ фаро гирифтаанд.
Иқлими ноҳияи Панҷ субтропикӣ-континенталӣ (хушк) буда, ҳарорати ҳаво дар моҳи январ аз +5 то – 26 дараҷа хунук, дар моҳи июл бошад, аз +26 то + 52 дараҷа гарм мешавад. Дар ҳудуди ноҳия миқдори миёнаи боришоти солона то ба 170-330 мм мерасад. Аз ин лиҳоз, ноҳия ба рушди соҳаи мелиоратсия (пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои обтақсимкунанда) ва ирригатсия (каналҳо, заҳбуру заҳкашҳо ва чоҳҳо) эҳтиёҷ дорад.
Дар ҳудуди ноҳия мавҷуд будани захираҳои гилхок ва оҳаксанг, барои бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла хишт, қум, рег ва оҳак имконият фароҳам овардааст.
Дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои дар Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидани «Саноатикунонии мамлакат» ва солҳои 2019-2021 эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки ба беҳтаршавии сатҳи зиндагии сокинон ва коҳишёбии сатҳи камбизоатии аҳолӣ равона шудаанд, чораҳои мушаххас андешида, нишондиҳандаҳои нимсолаи аввали соли равон бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст карда шудааст. Таҳлили нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нишон додааст, ки масъулини соҳаҳо аз камбудиҳои соли гузашта хулосаҳои зарурӣ бароварда, фаъолияти корбариро ҷиҳати иҷрои дурнамо, барномаҳо ва нақшаҳои тасдиқгардида такмил дода, бо истифода аз имконияту захираҳои дохилӣ рушди иқтисодиёти ноҳияро таъмин намудаанд.
Иқтидорҳои мавҷудаи ноҳияи Панҷ
Имрӯз ноҳияи Панҷ ҳамчун маркази муосири истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзию саноатии ба содирот нигаронидашуда, бо инфрасохтори рушдёфтаи иҷтимоию соҳибкории хурду миёна ва фазои мусоиди сармоягузорӣ, мавзеи парвариши зироат ва полезиҳои барвақтии аз ҷиҳати экологӣ тоза, бо муҳити тозаи барои зиндагӣ шоиста, ки дар он аҳолии меҳнатқарину бофарҳанг дар муҳити осоиштаю ором кору фаъолият менамоянд, машҳур аст.
Чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият
Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои он таҳия ва тасдиқ карда шудааст, ки дар доираи он бунёду барқарорсозии 140 иншоот ба маблағи умумии 83 миллиону 994 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи ин ободкориҳо зиёда аз 250 сокини ноҳия бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд. Аз давраи оғози ташаббусҳои созандагӣ то ба имрӯз 80 иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.
Рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ
Дар панҷ моҳи соли 2019 қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба маблағи 10835,4 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, ба буҷет 10836,2 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст, ки 100 фоизи нақша мебошад.
Дар самти кам кардани бақияпулиҳои андоз бошад, масъулини ноҳия чораҳои зарурӣ андешида, нақша-чорабиниҳо тартиб дода шудааст, ки дар натиҷа ҳаҷми бақияпулиҳо сол аз сол кам карда шуда истодааст. Бақияпулиҳои андоз ба 1-уми июни соли 2019 бо назардошти андози иҷтимоӣ 5738,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати аввали соли ҷорӣ 121,4 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.
Соҳаи молия
Иҷрои нақшаи қисми хароҷоти буҷет дар 6 моҳи соли 2019-ум 96 фоизро ташкил додааст. Ба соҳаҳои маориф 95 фоиз, тандурустӣ 100 фоиз ва фарҳанг 99 фоиз маблағҳои буҷетӣ равона карда шудааст.
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Дар ноҳия 8955 нафар нафақагирон мавҷуд буда, талаботи шашмоҳаи маблағи нафақапулиҳои онҳо зиёда аз 12,5 милион сомонӣ буда, то 1-уми июн пурра маблағи нафақа пардохт шудааст.
Гардиши савдои чакана ва хизматрасонӣ
Гардиши савдои мол ба 62 милиону 375,5 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26 фоиз афзоиш ёфтааст.
Хизмати пулакӣ дар ҳама соҳаҳо ба 25,5 млн сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1518,7 ҳазор сомонӣ ё ин ки 4,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Бахши сармоягузорӣ
Дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 5 адад лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истода, маблағи азхудшуда дар доираи лоиҳаҳои номбаршуда 5,7 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ шумораи умумии соҳибкорон дар ҳудуди ноҳия 6190 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 4965 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ, 1074 нафар бо патент ва 151 нафар бо шаҳодатнома фаъолият доранд, ки нисбат ба соли гузашта 187 соҳибкор зиёд мебошад.
Таҳияи лоиҳаҳои қарзӣ
Дар ин давра аз тарафи соҳибкорон 2 адад лоиҳаи қарзӣ ба «Муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкорӣ» пешниҳод гардида, 1 адади он ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ дастгирӣ ёфтааст, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ як фермаи мурғпарварӣ бунёд гардидааст.
Музди меҳнат
Музди миёнаи моҳона дар моҳи май соли 2019-ум 775,9 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 115,1 сомонӣ зиёд мебошад.
Қарзи музди меҳнат 13,5 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 146,3 ҳазор сомонӣ кам гардида, ин ҳам бошад, аз идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия мебошад.
Қарздории музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ вуҷуд надорад.
Соҳаи кишоварзӣ
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 87421,0 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 18904,2 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 27,6 фоизро ташкил додааст.
Дар ин давра дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 7273,4 тонна сабзавот, 620 тонна мевагиҳо, 5263 тонна картошка, 250 тонна сабзавот, 1173 тонна гӯшт, 5532 тонна шир, 1755,2 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шуда, афзоиш мутаносибан аз 8,5 то 14 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ чорводорони ноҳия 19750 тонна хошоки дурушт ҷамъоварӣ кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 13550 тонна зиёд мебошад.
Мелиоратсия ва захираҳои об
Дар давоми нимсолаи соли равон 40 километр шабакаҳои обтақсимкунӣ, 12 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шудаанд, ки кишоварзони ноҳия пурра бо оби полезӣ таъмин мебошанд.
Дар асоси қарори раиси ноҳия майдони 35 гектар замини боир, ки ба гардиши кишоварзӣ ворид шудаанд, ба намуди заминҳои корами обӣ гузаронида шудааст.
Маблағи қарзи истифодашудаи оби полезӣ ба 1-уми июни соли 2019-ум 2030,6 ҳазор сомонӣ боқӣ мондааст, ки нисбат ба аввали сол 633,4 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.
Соҳаи саноат
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 34 миллиону 778,4 ҳазор сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 890,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад (суръати афзоиш бо нархҳои муқоисавӣ 101,2 фоизро ташкил медиҳад).
Дар ин давра вобаста ба иҷрои нақшаи амал 9 адад коргоҳҳои хурди саноатӣ кор ва фаъолият доранд ва раванди зиёд намудани корхонаҳои саноатӣ таҳти назари доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ қарор дорад.
Соҳаи энергетика
Дар давоми шаш моҳи соли 2019-ум ба ноҳия 39,9 млн кВт/соат қувваи барқ ворид гардидааст, ки аз он 33,0 млн кВт/соат қувваи барқи фоиданок буда, 6,9 млн кВт/соат ё ин, ки 17,3 фоиз қувваи барқи технологиро ташкил медиҳад.
Ҷамъоварии маблағи нерӯи барқи истифодашуда дар давоми шаш моҳ ҳамагӣ 70 фоиз иҷро гардидааст. Аз ҷумла, аз ҳисоби аҳолӣ 72 фоиз, буҷети ҷумҳурявӣ – 44 фоиз, буҷети маҳаллӣ – 22 фоиз ва дигар корхонаҳо 60 фоиз иҷро гардида, қарзи истифодаи нерӯи барқ бо назардошти солҳои пешин 12,2 млн сомониро ташкил додааст.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 3929,5 ҳазор сомонӣ маблағи нерӯи барқ ҷамъоварӣ гардидааст.
Соҳаи сохтмон
– Дар ин давра маблағгузори асосӣ аз ҳамаи манбаъҳо 2222,6 ҳазор сомонӣ, корҳои сохтмону васлкорӣ аз ҳамаи манбаъҳо 1800 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шудааст.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 1 миллиону 996,5 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудаанд.
Инчунин, дар ноҳия 3184 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ва мағозаҳои тиҷоратӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 582 метри мураббаъ зиёд мебошад.
Дар ин давра 2 адад майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуда, сохтмони 2 адад майдончаи варзишии дигар оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ идома дорад.
Соҳаи нақлиёт ва роҳ
Дар давраи ҳисоботӣ боркашонӣ дар ҳаҷми 220 ҳазор тонна иҷро гардида, мусофиркашонӣ бошад, 405 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Ба муассисаи роҳсозии ноҳия аз ҳама манбаҳо ба маблағи 68686 сомонӣ барои таъмир ва нигоҳубини роҳҳо маблағгузорӣ шудааст.
Дар ин давра аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бошад, ба маблағи 185 ҳазор сомонӣ 11 километр роҳҳо сангфарш ва 1,5 км мумфарш гардида, 5 адад пулҳо ба маблағи 110 ҳазор сомонӣ навсозӣ ва барқарор карда шудаанд.
Соҳаи маориф
Шумораи умумии муассисаҳои таълими ноҳия 52 адад, аз ҷумла ибтидоӣ – 4, асосӣ – 3, миёна – 43, гимназия – 1, литсей – 1, муасисаҳои томактабӣ – 6, маркази инкишофи кӯдакон 17 ададро ташкил медиҳад.
Шумораи умумии омӯзгорон 1904 нафар, аз ҷумла, занҳо 1209 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 986 бо таҳсилоти олӣ, 119 нафар олии нопурра ва миёнаи махсус 639 нафарро ташкил медиҳад.
Соҳаи тандурустӣ
Айни ҳол дар ноҳия 46 муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дар сохтори госпиталӣ бошад, 1 адад беморхонаи марказӣ иборат аз 13 шуъба, 4 адад беморхонаи рақамӣ, 1 адад беморхонаи бемориҳои сил, 1 адад беморхонаи сироятии калонсолон ва 3 адад таваллудхона дар ҷамоати деҳоти ноҳия фаъолият менамоянд, ки ҷамъи умумии катҳо дар ин муаассисаҳо 546 ададро ташкил медиҳад.
Шумораи умумии кормандони соҳаи тиб дар ноҳия 1051 нафарро ташкил дода, дар муассисаҳои тандурустӣ 137 нафар табиб, 273 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд, ки ба ҳар 806 нафар аҳолӣ 1 табиб ва 413 нафар аҳолӣ корманди миёна хизмати тиббӣ расонида истодаанд.
Аз тарафи соҳибкорон дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолият бунёди бунгоҳи тиббию саломатӣ дар назар дошта шудааст.
Соҳаи фарҳанг
Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 33 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 18 китобхонаи оммавӣ, 12 муассисаи клубӣ, 1 боғи фарҳангӣ, 1 мактаби мусиқии бачагона фаъолият намуда истодаанд.
Муассисаҳои фарҳангии ноҳия 67 чорабинии оммавии фарҳангӣ ва сиёсӣ гузаронидаанд, ки дар онҳо зиёда аз 25 ҳазор нафар одамон иштирок кардаанд.
Дар ноҳия 1 адад китобхона ва 1 адад муассисаи клубӣ дар ҳолати садама қарор доранд.
Дар ин давра лоиҳаи ангоравии боғи фарҳангию фароғатии ноҳия таҳия гардида, корҳои сохтмонӣ оғоз гардидаанд, ки аллакай қисми аввали корҳои сохтмонӣ ба итмом расида, дар қисми дуюм корҳо бо суръати баланд идома доранд.
Бахши дин ва ҷашну маросимҳо
Дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 730 адад маърака ва ҷашну маросимҳо доир гардида, умуман қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Аз 123 нафар толибилмоне, ки дар муассисаҳои динии давлатҳои хориҷ таҳсил менамуданд, 121 нафари онҳо ба ватан баргардонида шудаанд.
2 нафари дигар то ҳол баргардонида нашудаанд, ки нисбати онҳо барои баргардонидан чораҷӯӣ карда шуда истодааст.
Муроҷиати шаҳрвандон
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи шаҳрвандон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1689 адад аризаҳои хаттиву шифоҳӣ ворид гардидааст, ки аз инҳо 1453 адад аз рӯи тобеият ба ташкилоту муассисаҳои дахлдор ирсол гардида, 236 адади он баррасӣ карда шудааст. Айни замон 10 адад ариза дар баррасӣ қарор дорад.
Зарари офати табиии 6-уми июн бартараф гардидааст
Дар таърихи рӯзи 6-уми июни соли 2019 дар натиҷаи боридани боронҳои пай дар пай ва омадани сели ҳаҷмаш калон дар ҷамоати деҳоти Намуна, Коммунизм, Пешқадам №1 ва Пешқадам №2-и ҷамоати деҳоти Намуна ба 114 адад хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар расонид. Дар вақти омадани сел аз деҳаҳои болозикр аз тарафи шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Панҷ 1500-1600 нафар аҳолӣ аз минтақаҳои хавфнок ба минтақаҳои бехвф эвакуатсия карда шудааст.
Маблағи умумии зарари расонидашуда 1 535000 (як миллиону панҷсаду сиюпанҷ ҳазор сомонӣ)-ро ташкил намуд. Талафоти ҷонӣ 1 нафар, ҳайвони майда 243 сар, чорвои калон 7 сар, паранда (мурғ) 100 сар ба қайд гирифта шуда буд.
Ҳангоми рух додани ҳодиса ба ҷойи ҳодиса раиси ноҳия, раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳия, муовинони раиси ноҳия, хадамотҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳайати комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ҳолатҳои фавқулодда сари вақт ҳозир шуданд.
То имрӯз хисороти расида ба ноҳия бо мададу дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурӣ, Ҳукумати вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорону эҳсонкорон ва мардуми маҳаллӣ пурра бартараф карда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки чунин хисорот соли 2018 низ ба ноҳия дар пайи бориши боронҳои пуршиддат ба амал омада буд.
Гарчанд давоми солҳои 2018-2019 офати табиӣ ба ноҳия зарарҳои басо ҷиддӣ ворид намуда бошаду ба каналу заҳбурҳо, заминҳои киштукор ва роҳҳо зарарҳои зиёдтар бошад ҳам, дар ду ҳолат ҳам таҳти роҳбарии раиси ноҳия Сайфиддинзода Маҳмадюнус дар муддати басо кӯтоҳ оқибатҳои ин офати табиӣ бартараф карда шуда, зиёда аз 22000 метр каналу заҳбурҳо ва беш аз 7000 метр роҳу ҷодаҳо тоза карда шуда, ба 114 оилаи зарардида ба маблағи 382 000 сомонӣ аз тарафи МИҲД-и ноҳияи Панҷ ёрии моддӣ расонида шудааст.
Дар соли 2018-ум бошад, зарари офати табиӣ 12 миллиону 220 ҳазор сомониро ташкил намуда буд, ки сел ба аҳолии 187 хоҷагии 187 ҷамоатҳои деҳоти Кабут Сайфиддинов, ба 343 хоҷагии ҷамоати Озодагон ва ба 477 ҳоҷагии ҷамоати Намуна дар маҷмуъ офати табиӣ ба 977 хоҷагӣ зарарҳои ҷиддӣ ворид намуда буд, ки аз тарфи МИҲД-и ноҳия ҳамаи зарарҳо бартараф карда шуда буд, ки ҷамъи маблағҳои умумии мадади расонидашуда 1 миллиону 848 ҳазору 329 сомониро ташкил менамояд, ки аз тарафи соҳибкорони саховатпеша ва ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ расонида шудааст.
Аз рӯи суханони раиси ноҳияи Панҷ Сайфиддинзода Маҳмадюнус ноҳияи Панҷ дар давраи ҷанги бародаркуш дар ҷумҳурӣ аз ҳама зиёд зарарҳои иқтисодӣ дида, метавон гуфт, маҳз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияро дуюмбора бо хизматҳои арзандаю дастгириҳои доимӣ то ба дараҷаи имрӯза барқарор намуд.
Имрӯз ноҳия дар тамоми самти иқтисодию иҷтимоӣ нисбат ба давраи Шӯравӣ пешравиҳои назаррасро соҳиб гардидааст.
– Ман, ки дар аёми ҷавонӣ аз падар маҳрум гардидаам, маҳз дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат сабаб гардид, то ба ин дараҷа расида, хизмати халқу ватанро намоям. Сухани падаронаи Сарвари давлат – “чун падарат ба Ватан хизмат кун” доимо дар гӯшам садо медиҳад. Бинобар ин, то ҷон дорам, ба халқу меҳанам хизмат хоҳам кард,- мегӯяд Сайфиддинзода Маҳмадюнус.
Ба ҷои охирсухан
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия айни замон тамоми нерӯ ва ғайратро ба он равона кардааст, ки аҳли меҳнати ноҳияи Панҷ бо масъулияти баланд кор кунанд, самаранокии меҳнатро баланд намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашну маросимҳои муҳимро бо дастовардҳои беназир дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гиранд.
Бо ин мақсад то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорону меҳандӯстон ва ҳамватанони бурунмарзӣ бунёди 140 иншооти гуногунро ба маблағи умумии 83 миллиону 994 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта, азм доранд мулки Панҷро ба як гулистони зебову афсонавӣ табдил дода, номи неки онро боз ҳам шуҳратёр гардонанд.
Дар доираи ин ободкориҳо зиёда аз 250 сокини ноҳия бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд.
Дар баробари дастовардҳои нимсолаи аввали соли 2019-ум, дар соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия имкониятҳои зиёди истифоданашуда ва масъалаҳои ҳалталаб ҷой доранд, ки барои ислоҳи онҳо фаъолияти дурусту самараноки масъулини шуъбаю бахшҳо, ташкилоту муассисаҳо ва идораҳо зарур мебошад.
Саиди Ҳайдар, МТЖТ
Душанбе-Панҷ-Душанбе
P.S. Воқеан, раиси ноҳияи Панҷ Сайфиддинзода Маҳмадюнус ягона раис мебошанд, ки тамоми рӯз вақти қабули шаҳрвандон дошта, ҳатто автомашинаи хизматӣ надоранд.