Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ як дастурамали комил барои нишон додани роҳи рушди тамоми соҳоти кишвар ба ҳисоб меравад. Маҳз баъди ироаи ин Паёми шодбошӣ тамоми кормандон, хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорону устодон ба кору фаъолияти худ бо шавқи даҳчанд оғоз менамоянд. Зеро тамоми нақшаву дурнамоҳои кору фаъолияти минбаъдаашон дар Паёми Пешвои миллат пешбинӣ гардидаанд. Яъне, Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ як навъ раҳбару роҳкушо барои тамоми кормандони чӣ давлатӣ ва чӣ ғайридавлатист.

Пешбинӣ шудани имтиёзу дастгириҳо дар Паёми ҳамасолаи Сарвари кишвар, чун навиди хушҳолкунанда, ҳамаро ба он дилгарм сохтааст. Бахшидани солҳо ба соҳаҳои гуногун аз иқдомҳои неку шоёни Паёми ҳамасолаи Пешвои миллат мебошад. Чун маҳз рӯи кор омадани иқдоми мазкур, бахшидани соле ба соҳаҳо, ба рушди дараҷаи аълои он оварда мерасонад. Ба таври мисол метавон эълон гаштани соли 2018-ро овард, ки “Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида буд. Мо худ шоҳиди рушди кайҳонии самти сайёҳӣ буда метавонем. Чуноне Роҳбари давлат дар Паёмашон соли 2018 қайд намуданд: “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест. Дар баробари ин, соли ҷорӣ “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шаванд”. Маҳз бо шарофати ҳамин пешниҳод, ки дар Паёми Роҳбари давлат садо дод, соҳаи сайёҳӣ рушд намуду ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ ва дубора эҳё шуданд. Ҳамчунин, эълони солҳои 2019-2021 чун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” алахусус ба ҳалли мушкилиҳои деҳот оварда расонида истодааст.

Гузашта аз ин, ҳамасола дар паёмҳои Пешвои миллат самт ва фаъолияти соҳаҳои гуногуни кишвар алоҳида таҳлил мешаванд. Аз бурду бохташон гуфта мешавад. Аз ҷумла, дар самти маориф Пешвои миллат иброз дошта буданд, ки “… мо ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф мекунем”. Ва хушбахтона, чунин ҳам ҳаст. Сол аз сол мо дигар қариб мушкилиро дар самти маориф намебинем. Ҳоло дар кишвар тамоми макотиби миёна бо муосиртарин таҷҳизот муҷаҳҳазанд.

Дигар нуктаи хушоянд зимни ҳар Паёми Пешвои миллат он аст, ки тамоми кормандон аз ҷониби Сарвари давлат ба кору фаъолияташон ҳавасманд мешаванд. Ва барои иҷрои босифати корҳояшон аз ҷониби Роҳбари кишвар дастуру ҳидоятҳо мегиранд. Аз ҷумла, Презденти кишвар дар Паёмашон ба Маҷлисӣ Олӣ соли қаблӣ чунин иброз намуда буданд: “Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳақи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем”.

Хуллас, ҳар ҳарфу калимаи Паёми Пешвои миллат барои мо – омӯзгорон ва умуман барои тамоми халқи тоҷик чун паёми руҳбахшу хурсандкунанда ба ҳисоб меравад. Ҳамасола бо тамоми хоҳишу ихлос садо додани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мунтазир мешавем.

Ҳабиба БОБОҶОНОВА,

омӯзгори Литсейи инноватсионии шаҳри Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь