Ҳамагон, хурду бузург, коргару барзгар, омӯзгору табиб, шоиру нависанда, хизматчии давлатию соҳибкору тоҷир, хонанишину муҳоҷир интизори Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар буданду онро бо майли тамом тамошо карданд, шуниданд, бо воситаи ахбори омма онро хонданд ва омӯхтанд, зеро аз шунидану дидану хондан то омӯхтан фосилаест, ки бояд ба умқи ғояи сухан бояд расад кас.

Дар баробари таҳлили вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар ҳафтсолаи гузашта ва хоса соли 2019, мавқеи байналхалқии он Пешвои муаззами миллат ба самтҳои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарварӣ, донистани асосҳои илмҳои дақиқ, шинохти мавқеи таърихии миллати тоҷик аз ҷониби ватандорон, роҳҳои дар солҳои минбаъда ба ин мақсадҳои наҷиб расидан диққати махсус дода, барномаи мушаххаси амалиро пешниҳод карданд. Мустаҳкам кардани пояҳои моддӣ ва маънавии истиқлолияти давлатӣ, дар зинаи нави амалӣ баровардани ваҳдати миллӣ дар Паём бо хати сурх таъкид шудааст. Дар ин дастури раҳнамо пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ба ташаккули худшиносӣ ва равнақ додани тарбияи насли наврас диққати асосӣ дода шудааст. Дар ин раванд дар назди аҳли зиё, адибон, кормандони соҳаҳои вобаста ба маърифаткунонии халқ вазифаҳои азиме гузошта шудаанд ва мо ин ҷо чанде доир ба масъалаҳои марбут ба забон иброзкардаи Пешвои миллат андеша меронем.

Таъкидҳои Сарвари давлат борҳо аз минбарҳою ба воситаи китобҳояшон оид ба пок нигоҳ доштани забони модарӣ садо додаву баён гардидаанд. Дар китоби “Забони миллат – ҳастии миллат”, дар супориши бознигарии имлои забони адабӣ ба ин нукта бо мисолҳои таърихию амалӣ муроҷиат шудааст. Дар Паёми имсола низ ба ин масъала Пешвои миллат диққати аҳли ҷомеаро нигаронидаанд. “Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем” гуфтани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки Пешвои муаззами мо ба забони модарӣ ҳамчун ба як рукни пурқуввати давлатдорӣ ва шинохти ҳуввияти миллӣ муносибат мекунанд. Дар поварақи ин гуфтаҳо ба коҳилии соҳаҳои марбутаи ба тозагии забон алоқаманд ишора шудааст. Баҳси имлои забони тоҷикӣ дар байни аҳли ҷомеа солҳои тӯлонӣ давом дорад ва олимони муҳтарами мо, мақомоти марбута ҳеҷ ба як хулосаи саҳеҳ омада наметавонанд ва хараҷу мараҷ дар ин соҳа давом дорад. Ҳатто дар матбуоти даврӣ, ки яке аз воситаҳои асосии саводноккунии аҳолӣ ба шумор меравад, ба покии забони модарӣ аҳамият дода намешавад. Масалан, дар хати равони телевизион қариб ҳар рӯз ибораи “дар ин соҳа бисёр кушиш кардем” чандин маротиба ба чашм мехӯрад. Ба ҷойи “ӯ” истифода шудани “у” маъноро то ба куҷо мебараду то кадом поя дигар мекунад, худатон қазоват кунед. Наход аз “кушиш” то “кӯшиш” чӣ фарсах роҳ аст, дастандаркорон нафаҳманд!? Ҳамин ҳол дар истифодаи ҳарфи дар аъроф монда дар калимаҳои бисёре (аз қабили “бур – бӯр”, хурд – хӯрд, сум – сӯм, гӯй – гуй, шуй – шӯй…) ба назар мерасанд. Бо ҳарфи “ъ” оғоз кардани калимаҳое, ки дар замонаш бо айн сар мешуданд, то ҳол аз ҷониби олимону муҳаққиқон давом дорад. Мусаллам аст, ки овозҳои забони тоҷикӣ тарзи талаффузи гуногун доранд. Як ба тадқиқоти Т. Хаскашови раҳматӣ назар андозем, аз ҷиҳати таҳлили илмии ҳозиразамон тобишҳои талаффузи овозҳо чандин вариант доранд. Бар замми ин, кайҳо собит шудааст, ки дар забонҳои ҷаҳон ҳеҷ вақт имло инъикоскунандаи пурраи садои овозӣ набуд. Имло воситаи якнавохт навиштани овоз аст. Вақти он расидааст, ки барои дар як қолаб саводнок кардани аҳолӣ ба хулосаи аниқи навишти калимаю садоҳо оем. Ҳоло аз ҳаргуна навиштани калимаю садоҳо кор ба ҷое расидааст, ки ҳар омӯзгор такягоҳи худро дорад ва сартароширо дар сари хонандааш меомӯзад.

Таъкиди Пешвои миллат доир ба омӯхтани забонҳои муоширати байналхалқӣ – русӣ ва англисӣ дар заминаи хуб донистани забони модарӣ ба даст меояд. Вақте ки кас суханони “забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем”-ро мешунаваду мехонад, беихтиёр ифтихор аз чунин сарвар, чунин Пешво, чунин раҳбар тамоми вуҷудашро фаро мегирад.

Ҳамасола шудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”, нишон додани самтҳои он, таъкиди ҳар сол ақаллан панҷ китоби бадеӣ хондани кормандону роҳбарон, ба ташкили китобхонаҳо ташвиқ намудани сарварони зинаҳои гуногуни роҳбарӣ воситаи баланд бардоштани масъулияти роҳбарони зинаҳои гуногун аст. Мутаассифона, дар бисёр ҳолат мушоҳида мекунем, ки роҳбарони баъзе зинаҳо ба аз рӯйи коғаз хондани матн сахт одат кардаанд ва баробари сар аз коғаз бардоштан ё ба лаҳҷаю шеваи хонаводагӣ мегузаранд ва ё гапро гум мекунанд.

Забони адабӣ, чуноне ки медонем, ба ду шоха – забони адабии китобӣ ва гуфтугӯйӣ ҷудо мешавад. Ҳар кас бояд донад, ки ҷой ва мавқеи истифодаи онҳо дар куҷост ва то куҷост, махсусан роҳбар. Барои ҳамаи мо ибрат суханрониҳои Пешвои миллат бояд бошад. Мебинем, ки он кас дар баробари истифода аз матни расмӣ, ки албатта дар машваратҳо истифода аз он мувофиқи мақсад аст, ҳангоми суханрониҳо ва суҳбатҳо то чӣ андоза бо забони шевою ширин муошират мекунанд. Барои тақлиду пайравӣ дур рафтан даркор нест, як маротиба ба садою талаффузи Пешво диққат додан лозим асту бас.

“Дониш аз хонишу хониш аз китоб” гуфтаанд. Ин нуктаро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ хеле равшан ва дилрас таъкид кардаанд: “Ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд”.

Солҳои охир чоп шудани китобҳои таърихӣ, бадеӣ барои амалӣ кардани ин дастур шароити мусоид фаро овард, аммо дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо ҷойи мағозаҳои китобро гирифтани ошхонаю дорухонаҳо, аз мадди назари роҳбарони маҳаллӣ дур мондани ин масъала ташвишовар аст. Аз дастури Президенти кишвар дар мавриди дар ҳар маркази шаҳру ноҳия ва ҷамоатҳо кушодани мағозаҳои китобфурӯшӣ беш аз даҳ сол гузашт. Дар вақташ ҳама роҳбарон росту дурӯғ ҳисобот доданд, тантанаҳо оростанд, бо воситаи телевизион намоишҳо пахш карданд. Баъди муддате боз ҷойи китобро маводи дигар гирифт. Сабаб чист? Ба андешаи мо, мағозаи китобро ба нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва дорухонаю дигар нуқтаҳо баробар донистани андозситонон сабаби аз фаъолият бозмондани ин нуқтаҳо шуд. Ҳамагон медонанд, ки мағозаи китоб ҳеҷ гоҳ он фоидаеро, ки дигар нуқтаҳо меоранд, надорад. Баҳонаро ба сифату муҳтавои китобҳо бор кардан ҳеҷ гоҳ нашояд. Китобҳои хонданӣ бисёранд, адибони номдори мо асарҳои ҷолиб меофаранд, аммо харидор онҳоро бо осонӣ дастрас карда наметавонад. Соли гузашта нашриёти “Адиб” дар пойтахт ва маркази шаҳру ноҳияҳо фурӯши сайёри китобҳоро ташкил кард ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки шумораи китобхару китобдӯстдор дар маҳалҳо бисёр аст. Агар дар партави Паёми Пешвои миллат мағозаҳои китобфурӯшӣ, нуқтаҳои савдои маҷаллаю рӯзномаҳо дар маҳалҳо ташкил шавад, андозбандии онҳо ба низом дароварда шавад, нуран алонур мешуд.

Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон бори дигар собит сохт, ки Президенти муаззами кишвар барои ба зинаи баланди иқтисодиёт ва маънавиёт расонидани мамлакатамон роҳҳои равшан ва мақсаднокро ба мардуми кишвар нишон додаанд ва амалӣ сохтани онҳо ба ҳар фарди Тоҷикистони азиз вобаста аст.

Султонмуроди ОДИНА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь