Паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣПешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, як дастурамали комил барои нишон додани роҳи рушди тамоми соҳоти кишвар ба ҳисоб меравад. Маҳз, баъди ироаи ин Паёми шодбошӣ тамоми кормандон, хизматчиёни давлатӣ, омӯзгорону устодон ба кору фаъолияти худ бо шавқи даҳчанд оғоз менамоянд. Зеро, тамоми нақшаву дурнамоҳҳои кору фаъолияти минбаъдаашон дар Паёми Пешвои миллат пешбинӣ гардидаанд. Яъне, Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ як навъ раҳбару роҳкушо барои тамоми кормандони чӣ давлатӣ ва чӣ ғайридавлатист.

Паёми имсолаи Президенти мамлакат фарогири тамоми самтҳои иҷтимои-иқтисодии рушди кишвар мебошад. Ҷиҳатҳои хоси Паёми имсола, аз он иборат аст, ки Ҷаноби Олӣ бештар ба масъалаи рушди илму маориф диққат дода, меҳвари асосии пешрафти кишвар онро медонад. Бахусус  рушд, ташаккул додан ва тақвият бахшидани  омӯзиши фанҳои даққиқ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилотро муҳим  арзёбӣ намуда, масъалаи баланд бардоштани маоши кормандони ин соҳаро ба миён гузошт. Ин далелҳо, тасдиқи он мебошанд, ки сарвари хирадманд ва дурандеши кишвар, воқен, ба зиёиёни кишвар боварии  комил дошта, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии онҳоро муҳим арзёбӣ намуданд.

Паёми имсолаи Пешвои миллат, барои тарбияи насли наврас ва ояндаи миллати тоҷик то андозае такони ҷиддӣ хоҳад дод. Аз ҷумла, ҳидоятҳои он барои мутолиаи китоб ба ҳама  қишрҳои ҷомеа, ки боиси баланд бардоштани маърифати инсонӣ ва маънавияти ҳар фард мегардад, боиси ифтихори миллати мост.

Сарваре, ки ба солимии ҷомеа ва тарбияи насли наврас аҳамияти ҷиддӣ медиҳад, ояндаи дурахшони давлати хешро таъмин намуда, заминаи устувори фарҳангӣ барои ташаккули насли наврас, фароҳам меоварад. Ҳавасмандгардонӣ дар “Фурӯғи субҳи доноӣ” барои муассисаҳои таълимии томактабӣ, мактабӣ ва калонсолон қадами устуворест дар ташаккули зеҳнии аҳли ҷомеа. Супориши роҳбари давлатро ба Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазифадор карда мешаванд, ки минбаъд ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…”-ро аз рӯи се самт: якум- миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм- таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм- дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд, шунида, ҳиссиёти ногуфтание маро фаро гирифт, ки  дар гузаштаҳо чунин шароит фароҳам набуд. Китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ, раҳнамоӣ мекунад.

Гузашта аз ин, ҳамасола дар паёмҳои Пешвои миллат, самт ва фаъолияти соҳаҳои гуногуни кишвар алоҳида таҳлил мешаванд. Аз бурду бохташон гуфта мешавад. Аз ҷумла, дар самти маориф, Пешвои миллат иброз дошта буданд, ки “…мо ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф мекунем”. Ва хушбахтона чунин ҳам ҳаст. Сол аз сол мо дигар қариб мушкилиро дар самти маориф намебинем. Ҳоло дар кишвар тамоми макотиби миёна бо муосиртарин таҷҳизотҳо муҷаҳҳазанд.

Дигар нуқтаи хушоянд зимни ҳар Паёми Пешвои миллат он аст, ки тамоми кормандон аз ҷониби Сарвари давлат ба кору фаъолияташон ҳавасманд мешаванд. Ва барои иҷрои бо сифатии корҳояшон аз ҷониби Роҳбари кишвар дастуру ҳидоятҳо мегиранд. Аз ҷумла, Презденти кишвар дар Паёмашон ба Маҷлисӣ Олӣ соли қабл чунин иброз намуда буданд: “Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем”.

Наметавон гуфт, ки дар Паёми имсола, бартарият ба кадом як масъала дода шуд. Паём фарогир буд ва ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт дар он таҷассум ёфтанд. Нуқтаи дигаре, ки дар Паём ироа гардид, ин таваҷҷуҳ ба сиёсати хориҷии кишвар аз ҷониби Роҳбари давлат муҳиму ҷолиб буд. Як чиз маълум аст, ки Тоҷикистон зинаҳои душвор ва марҳилаҳои мураккаби сиёсати дохилиро муваффақона, паси сар кардааст. Хушбахтона, қадамҳои устувори Тоҷикистон дар ин самт ба назар мерасанд. Тоҷикистон аллакай ҳамчун кишвари ташаббускор эътироф гардидааст. Бо тасмимҳои Тоҷикистон бузургтарин ҳамоишҳову нишастҳо, баргузор гардида истодаанд, ки аҳамияти амиқи глобалӣ доранд. Сиёсати дарҳои боз, тавонист миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд ва дар оянда тақвият ёфтани он махсус таъкид карда шуд. Аз ҷониби Пешвои миллат дуруст ишора гардид, ки муносиботи судманд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон, аҳамият дорад. Дар ҳақиқат оини ҳамсоядорӣ моро водор менамояд, ки дар ҳалли аксар масъалаҳо, зиракиро аз даст надиҳем. Геополитикаи Осиёи Марказӣ дар оянда, шиддат хоҳад дошт ва танҳо ҳамгироии кишварҳои минтақа онро барҳам зада метавонад, ки ин нозукиро Пешвои миллат хуб дарк менамоянд.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ин доман паҳн кардани кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошад. Роҷеъ ба ин масъал дар ҳар як Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, нигаронии худро аз ин кирдорҳои зиддиинсонӣ баён менамоянд, аз ҷумла, дар Паёми худ, соли 2019 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки дар марҳилаи душвор ва сагини бархурди манфиатҳои абарқудратҳо ва афзоиш ёфтани гуруҳҳои  террористию экстремистӣ, ҳамзамон содир шудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта, аз ҷониби ин гуруҳҳо ва то рафт шидат гирифтани муқовиматҳои мусалаҳона, дар кишвари ҳаммарзи  мо,  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамзамон, давлату халқи  моро зарур аст, ки сари вақт ба ҳар як масъалае, ки боиси таҳдиди манфиатҳои миллӣ мегардад, вокунишҳо нишон дода, барои ҳимоя ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои муассир андешем.

Хулоса, ҳар ҳарфу калимаи Паёми Пешвои миллат барои мо- омӯзгорону хонандгон ва умуман барои тамоми халқи тоҷик чун паёми руҳбахшу хурсандкунанда, ба ҳисоб меравад. Ҳамасола, бо тамоми хоҳишу ихлос, садо додани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мунтазир мешавем.

Талабшо Азизов

омӯзгори фани таърих ва ҳуқуқ

МТМУ №15-и д. Лухч

ҷамоати Сғирдашт н. Дарвоз

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь