Муассисаи тандурустии шаҳри Гулистони вилояти Суғд фаъолияти худро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22-юми декабри соли 2016 ироа гардид, равона карда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳо нисбати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, татбиқи стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020, барномаи қабулгардидаи давлатӣ, тарғиби доимии ташаккули тарзи ҳаёти солим, таъмиру барқарорсозии муассисаҳои тандурустии шаҳр, ворид намудани таҷҳизоти нави замонавӣ, таъмин намудан бо кадрҳои тиббӣ бештар фаъолият намудааст.
Шаҳри Гулистон яке аз зеботарин шаҳрҳои Тоҷикистон буда, он дар соҳили Баҳри Тоҷик ҷойгир мебошад. Аз сабаби сол аз сол зиёд шудани сафи сайёҳону истироҳаткунандагон дар истироҳатгоҳҳову мавзеъҳои истироҳатии соҳили Баҳри Тоҷик кормандони соҳаи тандурустӣ низ оид ба қабул ва табобати истироҳаткунандагону меҳмонон омодагӣ гирифтаанд. Бо ин сабаб муассисаҳои тандурустии шаҳр шабонарӯзӣ ва ҳафтаю моҳҳо дар мавсими истироҳатии оммавӣ омодаи хизмати тиббӣ ба мардум мебошанд.
Давоми соли 2017 тамоми муассисаҳои тандурустии шаҳри Гулистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ пурра таъмиру таҷдид карда шудаанд. Бо ин мақсад маблағи 1 миллиону 574 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки аз ин ҳисоб ба маблағи 780 ҳазору 800 сомонӣ беморхонаи марказии шаҳр таъмиру таҷдид карда шуда, ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ таъмир дар беморхонаи №1-и шаҳраки Адрасмон ба охир расонида шуда, барои ободу зебо гардонидан ва сафолпӯш намудани ҳудудҳои маркази саломатии шаҳрӣ маблағи беш аз 298 ҳазор сомонӣ хароҷот карда шудааст. Дар Маркази саломатии шаҳраки Консой ва беморхонаи №2-и шаҳраки Консой таъмир ба маблағи беш аз 204 ҳазор сомонӣ идома дорад. Таъмири Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба маблағи беш аз 140 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, таъмири куллии шуъбаи эҳёи беморхонаи марказӣ оғоз ёфтааст.
Танҳо давоми нуҳ моҳи соли 2017 барои муассисаҳои тандурустии шаҳри Гулистон ба маблағи 328 ҳазору 520 сомонӣ таҷҳизоти таъиноташон табобатӣ харидорӣ карда шудааст. Алҳол ба мардуми шаҳр 5 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ хизмат расонида истода, иловатан боз як адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст.
Ҳифзи саломатии модару кӯдак самти афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Бо мақсади пешгирии таваллудҳои номатлуб ва бармаҳал корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ ба сомон расонида шуда, ҳар як сабаби фавти модару кӯдак дар шӯрои табибони шаҳр, ки ҳар моҳ як ҷаласа баргузор мегардад, ҷиддӣ муҳокима карда мешавад. Давоми 9-моҳаи соли 2017-ум 621 тифли навзод таваллуд шудааст. Дар давоми ин 9 моҳ 872 нафар занҳои ҳомила ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамаи онҳо зери назорати қатъии табибон қарор доранд.
Тамоми ҷавононе, ки оиладор мешаванд, аз муоинаи тиббии ҳатмии пеш аз издивоҷ гузаронида шуда, онҳо бо ҳуҷҷати махсус, ки аз муоинаи тиббии ройгон гузаштаанд, таъмин карда мешаванд. Давоми 9 моҳи соли 2017-ум 257 ҷуфт аз муоинаи тиббии никоҳшавандагон гузаронида шудаанд.
Давоми 9 моҳи соли 2017 дар муассисаҳои сохтори госпиталии шаҳри Гулистон 4878 нафар беморон бистарӣ кунонида шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 370 нафар зиёд мебошад. Дар ҳамаи шуъбаю беморхонаҳои рақамӣ ва марказҳои саломатию бунгоҳҳои тиббӣ гӯшаҳои гиёҳдармонӣ бо овезаҳои хусусияти ҳар як гиёҳ ташкил карда шудааст, ки дилхоҳ муроҷиаткунанда ва ё аёдаткунандаю бемор аз ин нӯшобаҳо метавонанд ройгон истифода баранд.
Аз ҷониби маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар якҷоягӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва аъзои шӯрои ҳамоҳангсозии барномаҳо барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии тиббии аҳолӣ доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, тарғиби доимии тарзи ҳаёти солим чорабиниҳои зиёде гузаронида шудааст. Аз ҷумла, 17 ҳазору 451 маротиба суҳбатҳо, 147 маротиба лексияҳо, 78 мулоқоту вохӯриҳо, 3 маротиба корвонҳои саломатӣ, 17 маротиба наворҳои телевизионӣ ва 18 мавод дар рӯзномаи маҳаллии «Соҳил» ба чоп омода карда шудааст. Бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Гулистон 13-уми май дар маркази ташхисию табобатии ба номи Закариёи Розӣ озмуни «Ҳамшираи беҳтарини сол» ва 15-уми августи соли 2017 озмуни «Табиби беҳтарини сол» дар шаҳри Гулистон гузаронида шудааст.
Баҳри иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1504 аз 30-юми августи соли 2013 «Дар бораи татбиқи стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар соҳаи тандурустии шаҳри Гулистон корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла, дар назди муассисаҳои тандурустии шаҳри Гулистон комиссияи махсус оид ба пешгирии коррупсия барои солҳои 2013-2020 ташкил карда шудааст, ки раисии ин комиссияро муовини менеҷери КАТС ва муовини раиси беморхонаи марказӣ ба уҳда доранд. Ин аст, ки маҳз дар доираи талаботҳои қатъии роҳбарияти тандурустии шаҳри Гулистон амалҳои номатлуби фасодкорӣ байни кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Гулистон ба қайд гирифта нашудааст.
Ба гуфтаи Ҷӯраев Аминҷон ном сокини шаҳри Гулистон, «дар чанд соли пешин тамоми муассисаҳои тандурустии шаҳри Гулистон дар ҳоли ҳузнангез қарор доштанд, вале имрӯз ба туфайли дастгириҳои бевоситаи раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси шаҳри Гулистон муҳтарама Матлубахон Аминзода, ки барои рушду нумӯи соҳаи тандурустӣ хизмати арзандаи худро арзонӣ доштаанд, метавон гуфт, соҳаи тандурустии шаҳр дар самти мусбат басо рушду нумуъ намуда, имрӯз ба таври доимӣ омодаи хизмат мебошад».
Дар суҳбат бо мо сартабиби беморхонаи шаҳри Гулистон, Аълочии тандурустии Тоҷикистон, духтури дараҷаи олӣ Гулсанам Пӯлодзода, ки дастпарвари соҳаи тандурустии шаҳри Гулистон мебошад, чунин иброз намуд: «Соҳаи тандурустии кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ он қадар рушду нумуъ намуд, ки дар гузаштаи начандон дур ин барои мо кормандони соҳаи тандурустии кишвар чун хобу хаёл буд. Имрӯз тамоми амалиётҳои ҷарроҳию табобатие, ки дар клиникаҳои машҳури ҷаҳонӣ гузаронида мешаванд, дар муассисаҳои тандурустии кишвар амалӣ карда мешаванд. Барои ин дастовардҳои бузурги касбӣ ман шахсан аз Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор мебошам».
Саиди Ҳайдар, МТЖТ
Душанбе – Суғд – Душанбе
ШАРҲИ МО:
Пӯлодиён Гулсанам Пӯлодзода дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашт таваллуд шудааст. Соли 1981 мактаби №1 ба номи Умари Хайёми ноҳияи Аштро хатм намуда, ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А. Сино дохил гардидааст. Соли 1986 донишгоҳро бо ихтисоси педиатр хатм намуда, дар беморхонаи вилоятии кӯдакона курси интернро соли 1987 хатм намудааст. Солҳои 1988-1999 духтури минтақавии поликлиникаи шаҳри Қайроққум. Соли 1999 курси такмили ихтисос бо ихтисоси ғадудшиносро дар беморхонаи эндокринологии вилоятӣ хатм намудааст. Солҳои 2000-2008 сарвари маркази бемориҳои дарунӣ, солҳои 2009-2010 такмили ихтисос оид ба тибби оилавӣ, солҳои 2009-2016 менеҷери КАТС-и шаҳри Гулистон буд Аз моҳи ноябри соли 2016 инҷониб сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Гулистон мебошад. Аълочии тандурустии Тоҷикистон, духтури дараҷаи олӣ, роҳбар ва оиладори намунавӣ, модари се фарзанд.