Сиёсати фарҳангии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон аз Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз бо заковати фитрии намояндагони мардумӣ ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Хусусан, ин раванд аз соли 1994, баъди бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза гирифт. Дар муддати панҷ соли минбаъда сиёсати фарҳангӣ комилан барои ноил шудан ба оштии миллӣ ва барқарору устувор гардонидани унсурҳои асосии давлат равона карда шуд.

Назари нек, муҳаббат ва самимияти комиле, ки Пешвои миллат нисбат ба таърихи халқи тоҷик дорад, ибрати бузургест ба ҷавонони имрӯза. Андешаи зерини Сарвари давлат дар китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” аз умқи қалби муаллиф ба қалам омадааст: “Ман аз саҳифаҳои куҳани таърихи диёр, аз осори шаҳристонҳои вайронаву нимвайронаи сарзамини аҷдодӣ, аз миёни гарду чанги асрҳо нақши гузаштаро меҷӯям. Мехоҳам пораҳои шикастаро васл кунам, риштаҳои гусастаро бо ҳам бипайвандам, ҳақро аз ноҳақ, ростро аз дурӯғ ҷудо карда, аз сабақҳои таърих панде биомӯзам”.

Таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба китоби диниву ахлоқӣ, қомусномаи ниёгон – “Авасто”, ки ҳамчун қадимтарин ва мукаммалтарин сарчашмаи хаттии ниёгони мо пазируфта шудаасту ҷавҳари онро “Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек” ташкил медиҳад, махсус аст. Пешвои миллат ҳамчун муаррихи нуктасанҷ зикр менамояд, ки “Авасто” дар зиндагии ҳамарӯзаи аҷдоди мо ҳамчун роҳнамои муҳим барои тамоми табақоти ҷомеа – кишоварзон, ҳунармандону косибон, сарлашкарону сипоҳиён, подшоҳону тоҷварон, муъбадону коҳинон хизмати арзандаро иҷро мекард. Ба андешаи Пешвои миллат, маҳз мазмуну мундариҷаи баланд, арзиши тарбиявию ахлоқии ин китоб буд, ки новобаста ба беадолатиҳои замона, кӯрдиливу бераҳмии ҳокимони ҷоҳил, гирумони таърих то ба имрӯз омада расид. Воқеан, қисматҳои боқимондаи “Авасто” аз камолоти фарҳангу маънавиёти аҷдодонамон дар давраҳои қадим шаҳодат медиҳанд. Аз мисолҳои фаровони дар асар овардашуда маълум мегардад, ки аҷдоди тоҷикон соҳиби донишу маърифати пешрафта будаанд, ки ба халқҳои Аврупо ва Осиё илҳом бахшидааст. Бешубҳа, имрӯз яке аз ҷанбаҳои муҳимми сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҷмуи назарияи ахлоқии ҳамидаи ниёгон маншаъ мегирад. Таълимоти Зардушт, ки ҷавҳараш даъват ба ваҳдат, некӣ, рӯшноӣ, ободонӣ, ростӣ, созандагӣ мебошад, яке аз он сарчашмаҳои ноб буда, дар рушди ахлоқии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла тоҷикон нақши муҳим гузоштааст. Таҳаммулпазирӣ, арҷгузории илму маърифат, пеш гирифтани роҳи ободониву созандагӣ, меҳнатдӯстӣ, ахлоқи ҳамида ва дигар падидаҳои неки зиндагӣ аслан самараи неки тамаддуни ориёӣ мебошанд.

Пешвои миллат бо китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” ба рисолати таърихии мардуми тоҷик бори аввал дар илми таърихнигорӣ баҳои сазовор дода, ҳамзамон аз арзишҳои ахлоқии таърихӣ ёд мекунад, ки барои насли имрӯз дарку маърифати он ҳатмист. Пеш аз ҳама, халқи тоҷик табиатан халқи созандаву бунёдкор, оромтабиату нексиришт, шикастанафсу меҳнатдӯст аст. Дар хуни аҷдоди ӯ пархошҷӯиву набардписандӣ ва ҷанг пеша кардан қариб набудааст. Сипас, таърихи ҳазорсолаи дуру наздик гувоҳ аст, ки оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронда, аз дунболи ҳар шикасту инқирози чашмрас боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон фарҳанги давлатдории тоҷикон номид. Ин баҳои сазовори Сарвари давлат мебошад, ки таъриху фарҳанги халқи хешро бо ҷиддияту масъулияти том омӯхтаву таҳқиқ намуда, баробари миллати худ роҳи пурпечутоби сулҳу созандагиро тай намудааст ва дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихи Ватан масъулияти гарони наҷоти халқро аз даргириҳо ва буҳронҳо бар дӯши худ гирифтааст.

Пешвои миллат бо таълифи китоби хеш насли имрӯзаро даъват менамояд, ки аз корномаи гузаштагон ибрати ватандорӣ омӯзанд. Чун дар ҷодаи созандагӣ дар баробари мавҷуд будани андешаи қавии миллӣ, ки омили музаффариятҳои минбаъда мебошад, ахлоқи некуи инсонӣ низ нақши бориз дорад.

Китоби дигари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои мондагор” низ дорои арзиши баланди илмиву таърихӣ ва аҳамияти бузурги тарбиявӣ мебошад. Китоби мазкур ифодагари таърихи пурғановати тоҷикон аст. Муаллиф дар бораи ҳаёт ва фаъолият, ҳамчунин фидокориву ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаву далери миллати хеш таҳқиқоти ҷолиб бурда, дар ниҳоди хонанда, хосса ҷавонони Ватан, эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ ва ватандориро такмил медиҳад. Китоб армуғони маънавии Пешвои миллат бахшида ба 25-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон буда, бори дигар собит месозад, ки эътиқоду эътимоди Сарвари кишвар ба таърих, адабиёт ва фарҳанг – такягоҳи устувори миллат, беандоза аст. Ӯ воқеаҳои таърихиро барои имрӯзиён дарси ибрат ва ҳаёт медонад. “Чеҳраҳои мондагор” беҳтарин намунаи осори таърихӣ, чи аз лиҳози мазмуну мундариҷа ва чи аз назари сабку услуб ва шеваи таҳқиқ аст, ки дар зоти худ беҳамтост. Дар китоб 25 нафар чеҳраи мондагори тамаддуни олам, ки решапайванди миллати бузурги тоҷик мебошанд, барои имрӯзиён муаррифӣ гардидаанд. Аксарияти ин чеҳраҳои таърихӣ шахсиятҳои барҷастае мебошанд, ки дар тағйири куллӣ бахшидани таърихи аҳли башар ё миллати сарбаланди тоҷик таъсири бузург расонидаанд. Махсусан, хидмати ин чеҳраҳои мондагор дар муаррифӣ намудани фарҳангу тамаддуни миллат дар арсаи ҷаҳонӣ назир надорад. Пешвои миллат ҳини таҳқиқот паҳлуҳои ибратбахши ҳаёт ва фаъолияти афроди таърихиро ба қалам додааст. Чунончи, аввалин чеҳраи мондагори таърихӣ дар китоби Пешвои миллат Куруши Кабир аст, ки дар тамаддуни ориёӣ ҳамчун асосгузори нахустин империя дар таърихи башар номбар мешавад. Дар заминаи сарчашмаҳои муътамади таърихиву археологӣ, маълумотномаҳои катибаҳо муаллифи китоб собит месозад, ки Куруши Кабир маҳз тавассути сиёсати оқилонаи кишваркушоӣ, сабку усул ва тартиби ҷадиди идоракунии давлат, адолатҷӯӣ, ободкорӣ ва, муҳимтар аз ҳама, бо эҷоди эъломияи таърихии худ, ки нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар эътироф шудааст, маъруфият дорад. Тақдири давлати муосири тоҷикон ба тақдири давлатдории Куруш шабоҳат дода шудааст.

Воқеан, ин ҷо метавон дар мавриди умумияти ҳукуматдории Куруши Кабир ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сухан кард. Ҳамоҳангӣ ва монандии давлатдорӣ аз хусусият ва сифатҳои фардии онҳо, аз қабили ифтихори ватандориву миллатпарварӣ, адолат ба мардум, масъулияти баланд дар назди тақдири Ватан ва соҳибони он, пуштибонии сулҳу ваҳдат ва монанди инҳо рӯи кор омадааст. Эъломияи Куруши Кабир, ки дар китоб сабт ёфтааст, бо сатрҳое хотима меёбад, ки дилу ният ва омоли Пешвои миллати моро ифода мекунанд: “Сулҳу оромиро ба тамоми мардум ато кардам”.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Куруши Кабир, аз ҷумла муҳорибаҳо, кишваркушоиҳо, муносибатҳои дипломатӣ дар заминаи сарчашмаҳои муътамади илмиву таърихӣ муфассал бо забони фасеҳ ҳикоят мекунад. Хулосаҳои илмии Сарвари давлат дар мавриди мақом ва манзалати Куруши Кабир раднопазир аст. Аз ҷумла, муаллиф Куруши Кабирро ҳаргиз дар қатори забткорону ҷаҳонкушоёни маъруфи олам – Чингиз, Темур, Искандари Мақдунӣ намегузорад. Зеро Куруши Кабир дар муҳорибаҳову лашкаркашиҳо ҳаргиз ба қатли ом роҳ намедод ва дар риояи ҳуқуқи инсон беназир буд ва ӯ бунёдгузори аввалин давлати мутамаддини инсонӣ маҳсуб меёфт. Хулосаи дигари Сарвари давлат дар китоб, ки низ бебаҳс аст, ин шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани Куруши Кабир дар бунёди давлатдории дунявӣ мебошад. Ба ибораи дигар, нахустин империяи пурқудрати давлати Форс ба шакли дунявӣ асос ёфта буд. Ин мақола собит менамояд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари давлат ва усули давлатдорӣ дар кишвари мо дуруст ва барҳақ аст.

Мақолаи “Парчамдори ҷодаи озодиву истиқлол” дар бораи чеҳраи мондагори таърих Спитамен қисса мекунад. Қаблан муаллиф ба зиндагӣ ва фаъолияти ҷаҳонгирии Искандари Мақдунӣ таваққуф намуда, оид ба ғояву ният ва амалдории ӯ маълумотҳои таърихии мушаххасро ироа месозад. Баъди омӯзиши сарчашмаҳои таърихӣ дар бораи Спитамен ба ин қаҳрамони тоҷик баҳои сазовор дода шудааст: “Талошҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастонаи Спитамен яке аз дурахшонтарин саҳифаи таърихи муборизаҳои муташаккилонаи ниёгони суғдию бохтарии мо мебошад”.

Пешвои миллат сарнавишти Спитаменро ба тариқи зайл маънидод мекунад, ки аз назари фарох ва ҷаҳоншиносии беназири ӯ дарак медиҳад: “Ҳарчанд муборизаҳои шадиди истиқлолхоҳӣ ва ватандӯстии ниёгони мо таҳти сарварии Спитамен оқибат ба шикасту бебарориҳо дучор шуданд, корнамоиҳои бемислу монанди онҳо дар сафҳаҳои таърих то ба рӯзгори мо ба ёдгор мондааст. Мо имрӯз корнамоиҳои Спитамени диловар ва ҳамсафони ӯро қадршиносӣ намуда, барои зинда доштани номи нек ва хотираи бегазанди фарзандони фидоии Ватан ордени “Спитамен”-ро таъсис додем, ки он барои шуҷоату корнамоиҳои ватандӯстона ва идомаи анъанаи неки ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ба ворисони воқеии ин марди қаҳрамон дода мешавад”.

Дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” Пешвои миллат дар бораи Зардушт – паёмбари оини ростин, Монӣ – наққоши беҳамто, Маздак – пешвои мардумдӯсти Эрони бостон, Муҳаммад (с) – Паёмбари дини барҳақ, Имоми Аъзам – асосгузор ва пешвои мазҳаби таҳаммулгаро, Исмоили Сомонӣ – абармарди хирад ва сиёсат бо санаду далелҳои раднопазири таърихӣ изҳори назар мекунад. Омӯзиши зиндагиномаи ин чеҳраҳои ҷаҳонӣ ба ҷавонони имрӯза неру, боварӣ ва эътимод ба худ эҷод мекунад.

Дар китоб ҳамчун чеҳраҳои мондагори таърихӣ, як қатор суханварон ва олимони классик, чун Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хисрав, Ҷалолуддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ муаррифӣ гардидаанд. Ҳамчунин, зиндагиномаи қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода зикр ёфтаанд, ки воқеан дар бунёди Тоҷикистони навин, дифои ҳуқуқи тоҷикон дар солҳои вазнини мавҷудияти миллат хидматҳои арзанда кардаанд.

Ҳамин тариқ, китоби “Чеҳраҳои мондагор” хонандаи тоҷикро бо таърихи воқеии миллати тоҷик, корномаҳо, шебу фарози таърих ва пойдории миллати мо ошно месозад. Китоб баёнгари ҳадафҳои олии инсонӣ, аз ҷумла некиву накукорӣ, ҷавонмардиву фарзонагӣ, садоқату вафодорӣ буда, барои ҷавонони имрӯза дарси бузурги одамият маҳсуб меёбад.

Дилшод УМАРОВ,

сармутахассиси бахши тарбия

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь