Ноҳияи Нуробод яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошад. Маркази маъмурии он шаҳраки Дарбанд буда, дар шарқи шаҳри Душанбе дар масофаи 135 км мавқеъ дорад. Айни замон аҳолии ноҳияи Нуробод 74 413 нафарро ташкил медиҳад. Ҷамъи заминҳои 92 797 гектар мебошад, ки аз ин ҳисоб 1 513 гектараш обиянд. Дар умум заминҳои корам дар ноҳия 3 062 га мебошанд.

Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат”, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳия Ҷобирзода Додарҷон Пӯлод суҳбат намуд, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони ҳафтанома мегардонем.

Раиси ноҳияи Нуробод Ҷобирзода Д. П. дар оғози суҳбат қайд намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо риояи талаботҳои  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии хизмати давлатӣ, амру фармонҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», дар нимсолаи якуми соли 2022, як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расондааст.

Сокинони ноҳияи Нуробод бо шукргузорӣ аз бузургтарин дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ-сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳти роҳбариву роҳнамоӣ ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор ва дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дили гарму меҳру муҳаббати самимӣ, ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати кишвар ва ноил шудан ба зиндагии босаодату шоиста меҳнат  карда истодаанд.

Меҳнаткашони ноҳия  бо вуҷуди буҳронҳои шадиди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст, аҳлона меҳнат намуда, нимсолаи якуми соли 2022-ро бо нишондиҳандаҳои баланд ва дастовардҳои шоён ҷамъбаст намуданд, -иброз дошт Ҷобирзода Д.

 Иҷрои буҷет

Номбурда ҳамчунин қайд намуд, ки дар нимсолаи аввали соли равон иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет аз ҳисоби андозҳои худӣ 109,9 фоиз таъмин гардида, аз ин ҳисоб ба хазинаи ноҳия ба маблағи 5 469 655 сомонӣ ворид  шудааст, ки ин  24,0 фоизи хароҷотҳои умумии буҷети ноҳияро дар давраи ҳисоботӣ ташкил медиҳад. Ҳамагӣ ба буҷети ноҳия дар  нимсолаи якуми соли 2022 аз ҳамаи манбаъҳо 25 миллиону 169 ҳазору 655 сомонӣ ворид гардидааст. Барои пардохти музди меҳнат ва андозҳои иҷтимоӣ 91,2 фоизи даромадҳои умумии ноҳия сарф карда шудааст. Қисми хароҷотии буҷети ноҳия дар ҳаҷми 93,9 фоиз таъмин гардид,-зикр намуд раиси ноҳия.

Маориф 

Дар ноҳия 84 муассисаи таҳсилоти умумӣ аз ҷумла, 19 муассисаи  таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 18 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 46 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим фаъолият дорад. Дар мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим 140 нафар тарбиятгиранда (36 нафар духтар) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. То ин давра дар ноҳия 2 кӯдакистон бо фарогирии 117 нафар кӯдак ва дар назди 17 муассисаи таълимӣ Маркази инкишофи кӯдакон бо фарогирии 301 нафар  кӯдак фаъолият доранд. Ҳамчунин, сохтмони як муассисаи таълимӣ ва таҷдиди ошёнаи дуюми боз як муассисаи таълимӣ дар деҳоти Ҳакимӣ, аз зумраи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар ин самт мебошанд. Дар ноҳия 928 нафар омӯзгор (аз ҷумла 159 нафар зан), бо таҳсилоти олӣ 693 нафар (107  нафар зан), бо таҳсилоти олии нопурра 45  нафар (13 нафар зан) ва бо таҳсилоти миёнаи касбӣ 190 нафар (39 нафар зан) ба таълиму тарбияи хонандагон   машғул мебошанд.  Шуъбаи маориф дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар байни хонандагону омӯзгорон як қатор чорабиниҳоро роҳандозӣ намуд. Бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2020, №1445 ва қарори раиси ноҳия аз 18.09.2020, №177 “Дар бораи бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040” тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар давраи ҳисоботӣ чорабиниҳои гуногун, аз қабили озмунҳо, викторинаҳо ва маҳфилҳои фаннӣ гузаронида шуд. Ҷиҳати дарёфти чеҳраҳои  болаёқат, сухандону суханвар ва иҷрои амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.02.2022, №АП-155 оид ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ва аз 3.02.2022, №АП-156 озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” даври нимсолаи озмунҳо баргузор гардиданд, -гуфт раиси ноҳия.

Тандурустӣ

Дар ҳудуди ноҳия 42 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла 1 Беморхонаи маркази ноҳиявӣ, 1 муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ, 5 маркази саломатии деҳот, 29 бунгоҳи саломатӣ, 1 маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ, инчунин, 1 дорухонаи давлатӣ ва 9 дорухонаи шахсӣ фаъолият доранд. Дар муассисаҳои тиббии ноҳия 216  нафар корманди миёнаи тиб ва 57 нафар мутахассиси дорои маълумоти олӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Дар ноҳия 214 кат барои бистаринамоӣ ва хизматрасонии аҳолӣ фаъолият менамояд.

Ободониҳо барои истиқбол аз 35-солагии Истиқлоли кишвар

-Дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дошта, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, сармоягузорон, ҷалби соҳибкорон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва сокинони шарафманди ноҳия сохтмону бунёди  97 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта  шудааст. 12 иншоот дар соҳаи маориф, фарҳанг 3 иншоот, тандурустӣ 7, маишиву маданӣ 3, варзиш 7, кишоварзӣ 3, роҳу нақлиёт 4, барқ 1, обу корезӣ 9, иншооти маъмурӣ 4, истеҳсолӣ 9, хизматрасонӣ 8, мағоза ва марказҳои савдо 26 ва 1 бинои истиқоматии панҷошёна аз ҷумлаи иншоотҳое мебошанд, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли Ватан ба нақша гирифта шудаанд. Дар давраи ҳисоботӣ корҳои сохмонӣ дар 69 иншооти ба нақша  гирифташуда оғоз гардидааст. Вобаста ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра 1 пули мошингузар ва 1 маркази савдо ба истифода дода шуд,- иброз намуд Ҷобирзода Д. П.

Фарҳанг 

Бахши фарҳанги ноҳияи Нуробод дорои 5 хонаи фарҳангӣ, 5 клуб, 2 осорхонаи таърихӣ ва 24 китобхонаи оммавии дорои 60 ҳазору 298 нусха китоб буда, ба аҳолии ноҳия хизмат мерасонад. Кормандони соҳаи фарҳанг бо мақсади баланд бардоштани маърифати фарҳангии аҳолӣ, ҷалби ҷомеа барои иштирок дар Фестивал-озмуни Ҷумҳуриявии “Биё, бо ҳам бихандем”, озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва Билиомарафон таҳти унвони “Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб” инчунин, як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонида, барои ба даст овардани ғолибият ва иштирок то даври ҷумҳуриявӣ довталабонро дастгирӣ менамоянд. Ҳамзамон, кормандони бахши фарҳанг дар гузаронидани чорабиниҳои Ҷашни “Сада” “Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Модар” ва Ҷашни “Наврӯзи байналмилалӣ” саҳми арзандаи хешро гузоштаанд.

Соҳибкорӣ

Тибқи маълумотҳои пешниҳодгардида, дар ноҳияи Нуробод 1 188 нафар соҳибкори инфиродӣ, аз ҷумла 267 нафар тибқи патент ва 73 нафар дар асоси шаҳодатнома ва 848 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият намуда истодаанд, ки аз ҳисоби онҳо дар ним сол ба буҷет ба маблағи 1 миллиону 16 ҳазору 966 сомонӣ ворид гардидааст. Ин нишондод дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 173 132 сомонӣ зиёд будааст.

Дар ин муддат аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба 292 нафар ба маблағи 4 миллиону 230 ҳазору 50 сомонӣ, аз ҷумла барои рушди соҳибкорӣ ба 28 нафар ба маблағи 440 ҳазор сомонӣ ва ба соҳаи кишоварзӣ ба 85 нафар ба маблағи 438 ҳазор сомонӣ қарз дода шудааст.

-Моҳи марти соли 2021 дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Нуробод барои солҳои 2021-2025” қабул гардид ва мавриди амал қарор дорад. Дар барномаи мазкур 152 лоиҳаи афзалиятнок бо маблағи 2  миллиарду 157 миллиону 203 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумлаи лоиҳаҳо 28- тоаш бо маблағи 14 миллиону 503 ҳазор сомонӣ ба соҳаи кишоварзӣ,  46 лоиҳа бо маблағи 17 миллиону 952 ҳазор сомонӣ ба соҳаи саноат,  10 лоиҳа бо маблағи 35 миллиону 700 ҳазор сомонӣ  ба соҳаи сохтмон, 10 лоиҳа бо  маблағи 10 миллиону 261 ҳазор сомонӣ ба соҳаи маориф,  11 лоиҳа ба маблағи 11 миллиону 507 ҳазор сомонӣ ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, 12 лоиҳа бо маблағи 33 миллиону 984 ҳазор сомонӣ ба соҳаи фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ,  9 лоиҳа бо маблағи 2 миллиарду 14 миллиону 866 ҳазор сомонӣ ба соҳаи нақлиёт, хоҷагии роҳҳо ва алоқа,  6 лоиҳа бо маблағи 8 миллиону 563 ҳазор сомонӣ ба соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ ва Хоҷагии манзиливу коммуналӣ, 9 лоиҳа бо маблағи 5 миллиону 616 ҳазор сомонӣ ба соҳаи таъминоти барқ ва 11 лоиҳа бо маблағи 4 миллиону 250 ҳазор сомонӣ ба соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва ҳифзи муҳити зист рост меояд.  Барномаи мазкур дар  нимсолаи якуми соли 2022 дар сатҳи 14% иҷро карда шуд,-гуфт Ҷобирзода Д.

Кишоварзӣ ва чорводорӣ

Кишоварзӣ аз соҳаҳое мебошад, ки амнияти озуқавории ҳар як кишвар аз он сахт вобаста аст. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат, кишоварзони ноҳияи Нуробод заминро самаранок истифода бурда, бо риояи технологияи агросаноатӣ ва истифодаи тухмиҳои хушсифат, кишти зироатҳои ғалладонагӣ, зироатҳои техникӣ ва кишти картошкаро ба роҳ мондаанд ва ҷиҳати баланд бардоштани маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

-Дар давраи ҳисоботӣ маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ба 69  миллиону  21  ҳазору 900 сомонӣ расонда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум  4  миллиону  482 ҳазору 900 сомонӣ зиёд мебошад,  ки ин 106,9 фоизро ташкил дод. Кишоварзони ноҳия то имрӯз дар майдони 1602 га ғалладонагиҳо (нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 260 га зиёд), 283 га зироатҳои техникӣ (назар ба ҳамин давраи соли 2021- ум155 га зиёд), 778 га картошка ( нисбат ба соли 2021-ум 121 га зиёд), 295 га сабзавот (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46 га зиёд) ва дар майдони 1171 га зироатҳои хӯроки чорво (нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 590 га кам) кишт намуданд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия бошад, то ин давра кишти зироатҳои кишоварзӣ дар майдони  4129 га гузаронида шуд. Чорводорӣ ҳам дар ноҳия рушд меёбад, ки аз ин ҳисоб гӯшти хушсифат истеҳсол карда мешавад. Дар ин давра истеҳсоли гӯшт ба 1442,8 тонна (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9,1 тонна зиёд), шир ба 3219,2 тонна (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 74,8 тонна зиёд ё 102,4%), тухм ба миқдори 5 миллиону 147 ҳазор 700 дона (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 275 ҳазору 100  дона зиёд ё 2,7 маротиба) расонида шуд,-қайд кард Ҷобирзода.

Саноат ва энергетика

Саноатикунонии босуръати кишвар аз ҳадафҳои чоруми Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Нуробод дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 2 миллиону 616 ҳазору 300  сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 317 ҳазору 300 сомонӣ зиёд мебошад.

Ба иттилои муҳтарам Ҷобирзода, дар ноҳия 4 корхонаи саноативу истеҳсолӣ, аз ҷумла коркарди шир ва маҳсулоти ширӣ, хишти пухта, сангу шағал ва хишти сементӣ аз ҳисоби ашёи хоми маҳаллӣ вобаста ба мавсим фаъолият менамоянд. Соли 2021 дар ноҳия 1 корхонаи парандапарварӣ барои 30 ҳазор сар мурғ ба истифода дода шуд. Дар нимсолаи якуми соли равон 5 миллиону 147 ҳазору 700 дона тухм истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 истеҳсоли тухм ба андозаи 3 миллиону 275 ҳазору 100 дона зиёд гардидааст. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 15 миллиону 482 ҳазор 246 кВт қувваи барқ истифода шуда, аз ин 9 миллиону 190 ҳазору 694 кВт ба аҳолӣ ва 6 миллиону 291 ҳазору 552 кВт ба ташкилотҳо рост омадааст.

 Муроҷиати шаҳрвандон 

Дар ним соли аввали 2022-юм  6922 аризаи хаттӣ ва 161аризаи  шифоҳии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Дар рӯзҳои қабули роҳбарияти ноҳия муроҷиати шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар муҳлатҳои муайяншуда ба онҳо ҷавоб ирсол мегардад.

Дар анҷоми суҳбат раиси ноҳияи Нуробод Ҷобирзода Додарҷон Пӯлод гуфт, мардуми шарафманд ва сарбаланди ноҳия сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд ва дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободониву пешрафт ва шукуфоӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳи миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини амният ва суботи комили кишвар ҳиссаи арзанда гузошта, дар ин замина баҳри сазовор истиқбол намудани Ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқололи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона заҳмат мекашанд.

-Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти роҳбарӣ ва сиёсати   хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, ҷиҳати расидан ба зиндагии шоистаи мардум, муаррифии кишвар ба ҷаҳониён чун кишвари дар ҳоли рушд, гузоштани мероси ғании илмиву фарҳангӣ ба наслҳои оянда, тадбирҳои зарурӣ меандешад-иброз намуд Ҷобирзода Д. П.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь